Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ил-Ислом (китоб)
Нависанда | Муҳаммадҳасани Наҷафӣ |
---|---|
Санаи таълиф | қарни 13ҳ.қ. |
Мавзуъ | фиқҳ |
Сабк | истидлолӣ |
Теъдоди ҷилд | 43 ҷилд |
Ношир | Ҷомеаи мударрисини Қум |
Тарҷумаи форсӣ |
Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом (арабӣ: جَواهرُ الکَلام فی شَرحِ شَرایعِ الاسلام) ё Ҷавоҳир-ул-калом навиштаи Муҳаммадҳасан Наҷафӣ (ваф.1266ҳ.қ.), шарҳи муфассале бар Шароеъ-ул-Ислом - китоби фиқҳии навиштаи Муҳаққиқи Ҳиллӣ аст. Комил будани ҳамаи бобҳои фиқҳӣ, таҳлилӣ ва истидлолӣ будан, ироаи дидгоҳҳои гуногуни фиқҳӣ дар ҳар масъала ва адабиёти равонро аз вижагиҳои ин китоб шуморидаанд. Ҷавоҳир-ул-калом, чанд шарҳ, гузида ва ҳошия дорад.
Аз назароти хосси Наҷафӣ дар ин китоб метавон ба лозим набудани иҷтиҳод барои қозӣ, ҷоиз будани шунидани овози зан барои мард (бар хилофи дидгоҳи машҳур), кофӣ набудани муъотот дар муомилот ва васеъ будани доманаи ихтиёроти ҳокими шаръ ишора кард. Нахустин бор ин китоб дар замони нависанда, ба шакли сангӣ чоп шуд.
Ҷойгоҳи китоб
Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, яке аз муфассалтарин китобҳои фиқҳи истидлолии шиа, навиштаи Муҳаммадҳасани Наҷафӣ – яке аз муҷтаҳидон ва мароҷеъи тақлиди қарни сездаҳуми қамарӣ аст.[1]
Оқобузурги Теҳронӣ Ҷавоҳир-ул-каломро китоби ҷомеъе шуморидааст, ки аз аввал то интиҳои фиқҳро дарбар гирифтааст.[2] Ҳамчунин онро китобе бисёр таҳлилӣ,[3] истидлолӣ ва дақиқ тавсиф кардааст.[4]
Муҳсини Амин дар Аъён-уш-шиъа аз Шайх Ансорӣ нақл кардааст, ки ду китоби Ҷавоҳир ва Васоил дар канори бархе навиштаҳои фақеҳони мутақаддим, барои иҷтиҳод кофӣ аст.[5] Амин Ҷавоҳир-ул-каломро ҳамвора такягоҳи муҷтаҳидон ва толибъилмони ҳавзаҳои амалия донистааст.[6]
Муртазо Мутаҳҳарӣ Ҷавоҳир-ул-каломро доиратулмаорифи фиқҳи шиа номидааст,[7] ки акнун низ ҳеҷ фақеҳе аз он бениёз нест.[8]
Оятуллоҳ Хумайнӣ - марҷаъи тақлиди қарни чаҳордаҳум ва раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, бо ибдоъи истилоҳи фиқҳи ҷавоҳирӣ[9] ба ҳавзаҳои илмия тавсия мекард, ки фиқҳи ҷавоҳириро асоси мутолиоти фиқҳии худ қарор диҳанд[10] ва онро тақвият кунанд[11] ва тахаллуф аз онро ҷоиз намедонист.[12]
Ангезаи таълиф
Наҷафӣ дар муқаддимаи китоби Ҷавоҳир навиштааст: Аз онҷо ки Шароеъ-ул-Ислом як китоби ҷомеъ, дақиқ ва улгӯе барои фақеҳон будааст, тасмим гирифт шарҳе бар он бинависад, то нукоти муҳиму сӯдманди пинҳонашро ошкор кунад, хатоҳои шореҳонашро гузориш диҳад ва бо тавзеҳи муносиби матолиб ва зикри дидгоҳҳои гуногуни фиқҳӣ ва далоилашон, китобро аз иҷмолу ибҳом берун оварад.[13]
Муҳаммад Ҳирзуддин (1273 - 1365ҳ.қ.) дар Маориф-ур-риҷол навиштааст: Соҳиби Ҷавоҳир ибтидо қасди навиштани шарҳе бар Шароеъ надошт, балки фақат мехостааст дидгоҳҳои фақеҳонро дар масоили фиқҳӣ барои истифодаи шахсӣ ёддошт кунад, аммо шогирдонаш ба дастнавиштаҳояш даст пайдо карданд ва ҳамин, заминаи таълифи китоб шуд.[14] Бар асоси изҳори соҳиби Ҷавоҳир, китоби Ҷавоҳир дар шаби сешанбеи 23-уми моҳи рамазон, дар яке аз шабҳои Қадри соли 1254ҳ.қ., поён ёфтааст.[15] [Ёддошт 1]
Мазмун
Ҷавоҳир-ул-калом, сохторе монанди Шароеъ-ул-Ислом дорад; матолиби он ба чаҳор бахши куллии ибодот,[16] уқуд,[17] иқоъот[18] ва аҳком[19] тақсим шудааст. Ҷавоҳир бо китоби таҳорат ва баҳс дар бораи маънои китоб ва калимаи таҳорат шурӯъ, ва бо мулҳақоти баҳси диёт дар қолаби масоили панҷгона хотима ёфтааст. Мазмуни масоил муртабит бо ҳукми дияи мусулмон бар ғайри мусулмон ва баръакс аст.[20]
Вижагиҳо
- Як давраи комили фиқҳ аст.[21]
- Ҷавоҳир шарҳи мазҷӣ бар Шароеъ аст; яъне дар он, матни Шароеъ зимни шарҳи шореҳ омада ва ҳар ду матн як матн шудаанд.[22]
- Дар нақли аҳодис, ғолибан манобеъ ва силсилаи санади он зикр нашудааст. Аҳодис танҳо бо унвонҳое чун саҳеҳа, муътабара, ҳасана, мувассақа, мурсала ва заифа тавсиф шудаанд.[23]
- Дар ривоятҳои тулонӣ ғолибан танҳо бахше ки мавриди ниёз буда, зикр шудааст.[24]
- Ироаи дидгоҳҳои фақеҳони мухталиф.[25]
Нақд
Дар мавориде, санади аҳодис, иштибоҳ гузориш шуда, ё ҳадисе бо ҳадиси дигар иштибоҳ гирифта шудааст, ҳамчунин чанд иборати фиқҳӣ, ҳадис пиндошта шуда ё дар мавориде ирҷоъоти нависанда ба матолиби қабл ё баъди ин китоб, дуруст нест. Далели ин иштибоҳот, нақли бо воситаи аҳодис ва дидгоҳҳои олимон гуфта шудааст.[26]
Дидгоҳҳои фиқҳӣ ва усулии хос
- Лозим набудани иҷтиҳод барои қозӣ[27]
- Ҷоиз будани шунидани овози зан барои мард (бар хилофи дидгоҳи машҳур)[28]
- Кофӣ набудани муъотот дар муомилот[29]
- Васеъ будани доманаи ихтиёроти ҳокими шаръ[30]
Афзун бар дидгоҳҳои фиқҳӣ, бархе аз дидгоҳҳои усулии Наҷафӣ дар Ҷавоҳир омадааст, ки бо тавваҷуҳ ба аз байн рафтани китоби усулии ӯ, боиси ошноии хонандагон шудааст. Аз ҷумлаи онҳо мухолифати шадид бо диққатҳои фалсафӣ ва ақлӣ дар истинботи аҳком аст.[31] Ӯ ҳамчунин барои шӯҳрати фатвоӣ аҳамияти бисёр қоил буда, барои ҳамин, бисёре аз дидгоҳҳояш дар Ҷавоҳир, бо дидгоҳҳои иҷмоъӣ ё машҳури шиа мутобиқ аст. Аз ин рӯ, бархе аз фуқаҳои ӯро «лисон-ул-машҳур» (сухангӯи дидгоҳи машҳур) хондаанд.[32]
Шарҳ, ҳошия, гузида
- Ал-Инсоф фи таҳқиқи масоил-ил-хилоф мин Ҷавоҳир-ил-калом, асари Муҳаммадтоҳо Наҷафи Табрезӣ (ваф.1323ҳ.қ.)
- Баҳр-ул-ҷавоҳир, аз Алӣ ибни Муҳаммадбоқири Буруҷинӣ ба забони форсӣ (навишташуда дар авоили қарни чордаҳуми қамарӣ)
- Ал-Ҳидоят ило-л-маром мин мубҳамоти Ҷавоҳир-ил-калом, навиштаи Сайидмуҳаммадбоқир Мусавии Ҳамадонӣ (интишори 1379ҳ.ш.).[33]
Сайид Ҳусайни Буруҷердӣ, Сайид Абдулъалӣ ибни Ҷаъфари Хонсорӣ, Сайид Абдуллоҳ Беҳбаҳонӣ, Муллоалии Канӣ ва Зайнулъобидини Мозандаронӣ бар Ҷавоҳир-ул-калом ҳошия навиштаанд.[34]
- Феҳристи Ҷавоҳир-ул-калом (Теҳрон 1322ҳ.ш.), аз Алӣ ибни Зайнулъобидини Мозандаронӣ. Дар ин китоб, Ҷавоҳир-ул-калом ва матолиби муҳими он ба таври муфассал муаррифӣ шудааст.[35]
- Ал-Бадр-уз-зоҳир фи тароҷуми аъломи китоб-ил-ҷавоҳир (Қум 1424ҳ.қ.), навиштаи Носири Карамӣ. Ин китоб шомили шарҳи ҳоли шахсиятҳои муҳимме аст, ки дар Ҷавоҳир аз онҳо ном омадааст.[36]
- Муъҷаму фиқҳ-ил-Ҷавоҳир (Бейрут 1419ҳ.қ.). Дар ин китоб истилоҳоти фиқҳии Ҷавоҳир, ҳамроҳ бо чакидаи дидгоҳҳои фиқҳии дар бораи онҳо омадааст.[37]
- Ҷавоҳир-ул-калом фи савбиҳ-ил-ҷадид. Дар ин китоб, дар болои ҳар саҳифа, матни Шароеъ-ул-Ислом ба ҳамроҳи дидгоҳҳои соҳиби Ҷавоҳир ва дар поини он, дидгоҳҳои мувофиқон ва мухолифони соҳиби Ҷавоҳир ва низ истидлолҳои мувофиқ ва мухолифи ҳар як омадааст.[38]
Нусхаҳо ва нашр
Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ, нусхаи аслии Ҷавоҳир-ул-калом тавассути худи соҳиби Ҷавоҳир тасҳеҳ шудааст.[39] Ин нусха дар 44 ҷилди хурд танзим шуда ва ҳамакнун низ мавҷуд аст.[40] Нусхаҳои хаттии бисёре аз ҷилдҳои мухталифи Ҷавоҳир дар бархе китобхонаҳои Наҷаф, Қум, Теҳрон, Машҳад ва Ҳамадон вуҷуд дорад.[41]
- Нахустин чопи китоб дар 1262ҳ.қ., дар замони нависанда, ба сурати сангӣ дар шаш ҷилди раҳлӣ анҷом гирифт. Ин нусха то 1376ҳ.қ., 24 бор чоп шуд.
- Аз соли 1377ҳ.ш. то 1398ҳ.ш., бо таҳқиқи Аббоси Қучонӣ, Алии Охундӣ, Маҳмуди Қучонӣ ва Ризо Устодӣ дар 43"ҷилд, дар Наҷаф ва Теҳрон ба чоп расид.
- Чоп дар қатъи бузург дар понздаҳ ҷилд (Бейрут 1992м./1412ҳ.қ.)
- Чопи муассисаи Нашри исломӣ ба сурати таҳқиқӣ.[42]
Такнигорӣ
- "Ошноӣ бо фиқҳи Ҷавоҳирӣ" навиштаи Абдуллоҳ Умедифард, интишороти донишгоҳи Қум, ки дар соли 1385ҳ.ш., чоп ва мунташир шудааст. فهرست کتاب در خانه کتاب و ادبیات ایران
Эзоҳ
- ↑ Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.149.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.276; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.149.
- ↑ Бахши фиқҳ, Улуми қуръонӣ ва ҳадис, “Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.672.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.276; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.149.
- ↑ Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.149.
- ↑ Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.149.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.86; бахши фиқҳ, Улуми қуръонӣ ва ҳадис, “Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.672.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.86.
- ↑ Аёзӣ, Фиқҳи ҷавоҳирӣ ва фиқҳи пӯё.
- ↑ Хумайнӣ, Саҳифаи имом, ҷ.21, саҳ.380.
- ↑ Хумайнӣ, Саҳифаи имом, ҷ.18, саҳ.72.
- ↑ Хумайнӣ, Саҳифаи имом, ҷ.21, саҳ.289.
- ↑ Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., саҳ.2 - 3.
- ↑ Ҳирзуддин, Маориф-ур-риҷол, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.226.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1981м., ҷ.43, саҳ.453.
- ↑ Ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.2; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.2.
- ↑ Ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.2; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.3.
- ↑ Ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.2; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.2.
- ↑ Ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.153; Наҷафӣ Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.7.
- ↑ Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Соҳиби Ҷавоҳир, 1981м., ҷ.1, саҳ.3, ҷ.43, саҳ.448 - 451.
- ↑ Андалеб, “Сабкшиносии Ҷавоҳир 2”, саҳ.23.
- ↑ Андалеб, “Сабкшиносии Ҷавоҳир 1”, саҳ.31 - 32.
- ↑ Андалеб, “Сабкшиносии Ҷавоҳир 2”, саҳ.27.
- ↑ Андалеб, “Сабкшиносии Ҷавоҳир 2”, саҳ.27.
- ↑ Андалеб, “Сабкшиносии Ҷавоҳир 2”, саҳ.28.
- ↑ Ҳошимӣ, “Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.294.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.40, саҳ.16, ба нақл аз Астарободӣ, “Нигоҳе ба китоби нафиси Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.168.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.40, саҳ.16, ба нақл аз Астарободӣ, “Нигоҳе ба китоби нафиси Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.169.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.241 - 244, ба нақл аз Астарободӣ, “Нигоҳе ба китоби нафиси Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.169.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.385, 394 396, ба нақл аз Астарободӣ, “Нигоҳе ба китоби нафиси Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.170 - 171.
- ↑ Ҳошимӣ, “Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.292.
- ↑ Бахши фиқҳ, Улуми қуръонӣ ва ҳадис, “Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.672.
- ↑ Бахши фиқҳ, Улуми қуръонӣ ва ҳадис, “Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.674.
- ↑ Бахши фиқҳ, Улуми қуръонӣ ва ҳадис, “Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.674.
- ↑ Бахши фиқҳ, Улуми қуръонӣ ва ҳадис, “Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.674.
- ↑ Бахши фиқҳ, Улуми қуръонӣ ва ҳадис, “Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.674.
- ↑ Ҳошимӣ, “Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.294.
- ↑ Ҳошимии Шоҳрудӣ, “Ҷавоҳир-ул-калом фи савбиҳ-ил-ҷадид”, ҷ.1, саҳ.6.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.276.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.276.
- ↑ Ҳошимӣ, “Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.294 - 295.
- ↑ Ҳошимӣ, “Ҷавоҳир-ул-калом”, саҳ.294 - 295.
Ёддошт
- ↑ Соҳиби Ҷавоҳир дар поёни китоби диёт, ки охирин китоби Ҷавоҳир аст, тасреҳ карда, ки дар соли 1254ҳ.қ., аз нигориши китоби диёт фориғ шудааст ва низ худаш дар поёни китоби ҷиҳод тасреҳ карда, ки дар соли 1257 қамарӣ онро навиштааст. Зоҳиран кутуби тадвиншуда дар Ҷавоҳир-ул-калом ба тартиби мавҷуд навишта нашудааст ва китоби ҷиҳод охирин китоби навишташуда тавассути соҳиби Ҷавоҳир дар Ҷавоҳир аст.
Сарчашма
- Аёзӣ, Сайид Муҳаммадалӣ, Фиқҳи ҷавоҳирӣ ва фиқҳи пӯё, мусоҳибаи мундараҷ дар сайти Ҳавзанет. Муроҷиа: 21 обони 1401ҳ.ш.
- Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1403ҳ.қ.
- Андалеб, Муҳаммад, “Сабкшиносии Ҷавоҳир 1”, дар Пажуҳишҳои иҷтимои исломӣ, № 2, 1374ҳ.ш.
- Андалеб, Муҳаммад, “Сабкшиносии Ҷавоҳир 2”, дар Пажуҳишҳои иҷтимои исломӣ, № 4, 1375ҳ.ш.
- Астарободӣ, Муҳаммадфозил, “Нигоҳе ба китоби нафиси Ҷавоҳир-ул-калом”, фиқҳи Аҳли Байт, № 8, 1375ҳ.ш.
- Бахши фиқҳ, Улуми қуръонӣ ва ҳадис, “Ҷавоҳир-ул-калом”, дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.18, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1389ҳ.ш.
- Муҳаддиси Нурӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, Бейрут, чопи аввал, 1408ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалии Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Охунди Хуросонӣ, Муҳаммадкозим, Китобун фи-л-вақф, Қум, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Хумайнӣ (имом), Сайидрӯҳуллоҳ, Саҳифаи имом, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, Теҳрон, 1378ҳ.ш.
- Ҳирзуддин, Муҳаммад, Маориф-ур-риҷол фи тароҷум-ил-уламои ва-л-удабо, Қум, 1405ҳ.қ.
- Ҳоирӣ, Сайидмирзо Ҷаъфари Таботабоӣ, Иршод-ул-ибод ило лубс-ис-савод ала Сайид-иш-шуҳадо ва-л-аиммат-ил-амҷод алайҳимус-салом, таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайид Муҳаммадризо Ҳусайнии Аъраҷӣ Фаҳом, Қум, чопхонаи Илмия, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
- Ҳошимӣ, Сайидризо, “Ҷавоҳир-ул-калом”, дар донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, ҷ.11, чопи аввал, 1386ҳ.ш.
- Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, Ҳошият-ул-макосиб, Қум, муассисаи Исмоилиён, чопи аввал, 1410ҳ.қ.