Авдоҷи арбаа
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштаи тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манбаъҳои дигар муроҷиат намоед. |
Авдоҷи арбаа (форсӣ: اَوداج اَربَعه) ё рагҳои чаҳоргона (форсӣ: رگهای چهارگانه) ба сурхной, ҳалқум ва ду шоҳраги атрофи он гуфта мешавад, ки қатъи якҷояи онҳо аз шароити тазкия ва забҳи шаръӣ дар фиқҳи шиа маҳсуб мешавад.
Уламои аҳли суннат низ бо вуҷуди ихтилофи назар дар бораи ҳадди ақали шароити тазкияи шаръӣ, комилтарин навъи забҳро қатъи комили авдоҷи арбаа медонанд.
Мафҳум ва ҷойгоҳ
Рагҳои чаҳоргона[1] ё авдоҷи арбаа[2] ба чор шоҳраг ё маҷрои аслии ҳайвонот ишора дорад:[3] сурхрӯда (маҷрои об ва ғизо), ҳалқум (маҷрои нафас) ва ду шоҳраги бузурги ду тарафи ҳалқум.[4] Қатъи ин чор раг боиси аз байн рафтани ҳаёти ҳайвон мешавад.[5]
Дар фиқҳи исломӣ, аз авдоҷи арбаа дар боби таҳорат[6] ва сайду забҳ сухан ба миён омадааст.[7]
Қатъи авдоҷи арбаа аз шароити панҷгонаи забҳи шаръӣ аст.[8] Бино ба фатвои машҳури фақеҳони шиа, барои таҳаққуқи тазкия ва ҳиллияти забиҳа, қатъи комили ин авдоҷ воҷиб аст.[9] Мустанади ин ҳукм ривояте аз Абдурраҳмон ибни Ҳаҷҷоҷ[10] аст.[11] Дар муқобил, ривоёте аз Зайди Шаҳҳом низ нақл шудааст, ки зоҳири онҳо бо ин дидгоҳ носозгор аст.[12] Баъзе саъй карданд, ки миёни ин ривоёт ҷамъ кунанд.[13]
Аз назари фақеҳони шиа, агар ҳайвоне авдоҷи арбаа надошта бошад, қобилияти тазкияро надорад; ҳарчанд ин ҳукм шомили ҳайвоноти қобили сайд намешавад.[14] Дар шутур низ пас аз наҳр (фурӯ кардани корд дар миёни ду устухони тарқува)[15] авдоҷи арбаа қатъ мешавад.[16]
Авдоҷи арбаа аз қисматҳое дониста шудааст, ки хӯрдани он ҳаром аст.[17]
Муҳаммадбоқири Беҳбаҳонӣ, аз фақеҳони шиа, шарти қатъи авдоҷи арбааро аз аҳкоми мухсуси Ислом дониста ва эътиқод дорад, ки яҳудиён, масеҳиён ва маҷусиён ин шартро риоя намекунанд ва ҳайвонро ба шеваҳои дигар забҳ мекунанд.[18]
Шароити қатъи авдоҷи арбаа
Дар фиқҳ барои таҳаққуқи саҳеҳи қатъи авдоҷи арбаа шароите зикр шудааст, аз ҷумла:
- Бино ба назари бештари фақеҳон[19] агар авдоҷи арбаа ба таври комил бурида нашавад ва ё баъзе аз онҳо қатъ гардад, забиҳа ҳалол нахоҳад буд[20] ва ҳукми митаро дорад.[21] Баъзе ин дидгоҳро машҳур байни фақеҳон дониста[22] ва ҳатто барои он даъвои иҷмоъ низ шудааст.[23] Муқаддаси Ардабилӣ, эътиқод дорад, ки аз баъзе ривоёт, танҳо зарурати буридани ду шоҳраг истифода мешавад, на қатъ кардани комили онҳо.[24] Бар ҳамин асос, баъзе фақеҳон қатъи ҳалқум ва хуруҷи хунро барои таҳаққуқи забҳ кофӣ медонанд; ҳарчанд эҳтиётро дар қатъи авдоҷи арбаа донистаанд.[25] Гурӯҳе эътиқод доранд, ки авдоҷи арбаа ба якдигар пайвастаанд ва бо буридани ҳалқум, дигар рагҳо низ қатъ мешавад; аз ин рӯ, ривоёте, ки танҳо ба буридани ҳалқум ишора кардаанд, нозир ба ҳамин маъно медонанд.[26]
- Рагҳои чаҳоргона бояд аз поёни баромадагии зери гулӯ ба таври комил бурида шаванд;[27] зеро дар ғайри ин сурат, ҳамаи авдоҷи арбаа қатъ намешавад.[28]
- Баъзе эътиқод доранд, ки буридани авдоҷ бояд аз самти пеши гулӣ анҷом шавад,[29] аммо гурӯҳе забҳ аз қафо(пушт гардан)-ро, дар сурате, ки ҳайвон пас аз қатъи авдоҷ зинда бошад, низ саҳеҳ донистаанд;[30] ҳарчанд онро макруҳ медонанд.[31]
- Буридани авдоҷи арбаа бояд пайваста ва пеш аз ҷон додани ҳайвон анҷом гирад;[32] яъне риояти пайдарҳамии урфӣ дар забҳ воҷиб аст.[33]
- Пас аз қатъи авдоҷи арбаа бояд сабр кард, то ҳаракат ва ҳисси ҳайвон аз байн биравад ва сипас дигар узвҳо ҷудо шавад; дар ғайри ин сурат, ҳайвон дучори ранҷу дарди шадид хоҳад шуд.[34]
- Баъзе эътиқод доранд, ки дар сурати шакк дар таҳаққуқи тазкия ва набуди итминон ба он, бар асоси қоидаи истисҳоб, тазкия таҳаққуқ наёфтааст[35] ва асл бар набудани тазкия хоҳад буд.[36]
Назари аҳли суннат
Фақеҳони аҳли суннат низ дар бораи ҳадди ақалли миқдори зарурӣ барои қатъи авдоҷи арбаа, ихтилофи назар доранд; бо ин ҳол, ҳамагӣ қатъи комили авдоҷи арбааро комилтарин ва беҳтарин шеваи тазкия медонанд.[37] Шайхи Тӯсӣ дар китоби ал-Хилоф пас аз нақли баъзе орои фақеҳони аҳли суннат, тасреҳ мекунад, ки ин дидгоҳҳо устувории заруриро надоранд ва муқтазои эҳтиёт он аст, ки ҳар чаҳор раги гардан ба таври комил бурида шавад.[38]
Эзоҳ
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Аҳкоми ҷавонон, 1427ҳ.қ., саҳ.173.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.105; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Қум, ҷ.2, саҳ.147; Омилӣ, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳия, 1413ҳ.қ., саҳ.25.
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.523; Мунтазирӣ, Рисолаи истифтоот, Қум, ҷ.1, саҳ.287.
- ↑ Барои намуна ниг.: Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.47; Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.624; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.105; Ибни Ҷунайд, Маҷмуаи фатавои Ибни Ҷунайд, 1416ҳ.қ., саҳ.315.
- ↑ Файюмӣ, ал-Мисбоҳ-ул-мунир, Қум, ҷ.2, саҳ.652; Ҳимярӣ, Шамс-ул-улум, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.7105.
- ↑ Хӯӣ, ат-Танқиҳ, 1418ҳ.қ., ат-Таҳора 2, саҳ.15; Табрезӣ, Танқиҳ мабоний-ил-урва - китоб-ут-таҳора, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.54.
- ↑ Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.715.
- ↑ Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.107; Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.95; Наҷафӣ, Сафинат-ун-наҷот, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.16.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.47; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.160; Наҷафӣ, Сафинат-ун-наҷот, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.16; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.473; Файзи Кошонӣ, Мафотиҳ-уш-шароеъ, Қум, ҷ.2, саҳ.201; Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.702; Ҷамъе аз муаллифон, Маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт (а), Қум, ҷ.9, саҳ.176.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.228; Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақеҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.326.
- ↑ Ҷамъе аз муаллифон, Маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт (а), Қум, ҷ.9, саҳ.176.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.228; Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.51.
- ↑ Ҷамъе аз муаллифон, Маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт (а), Қум, ҷ.9, саҳ.176.
- ↑ Садр, Моваро-ул-фиқҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.272.
- ↑ Наҷафӣ, Сафинат-ун-наҷот, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.16.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.119; Баҳҷат, Ҷомеъ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.515.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.343.
- ↑ Беҳбаҳонӣ, Ҳошияи маҷмаъ-ул-фоида, 1417ҳ.қ., саҳ.650.
- ↑ Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.95.
- ↑ Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.624; Нароқӣ, Мустанад-уш-шиа, 1415ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.405; Наҷафӣ, Сафинат-ун-наҷот, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.16.
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, ҷ.1, саҳ.354.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.160; Ҷазирӣ, ал-Фиқҳ, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.973.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.105, ба нақл аз Ибни Барроҷ.
- ↑ Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.95.
- ↑ Файзи Кошонӣ, ан-Нухба, 1418ҳ.қ., саҳ.236.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ.; Ҳоирии Шерозӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.318; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.64; Мунтазирӣ, ал-Аҳком-уш-шаръия, 1413ҳ.қ., саҳ.503.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.120; Наҷафӣ, Сафинат-ун-наҷот, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.16; Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили муҳашшо, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.571; Фозили Ланкаронӣ, Аҳкоми ҷавонон, 1427ҳ.қ., саҳ.173; Арокӣ, ал-Масоил-ул-возиҳа, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.126; Шабирии Занҷонӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, 1430ҳ.қ., саҳ.564.
- ↑ Исфаҳонӣ, Василат-ун-наҷот, 1422ҳ.қ., саҳ.606; Фозили Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариъа, 1424ҳ.қ., саҳ.370.
- ↑ Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.334.
- ↑ Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.108; Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.703.
- ↑ Шерозӣ, Мунтахаб-ул-масоил, бетаърих, саҳ.121.
- ↑ Мунтазирӣ, ал-Аҳком-уш-шаръия, 1413ҳ.қ., саҳ.503; Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.703.
- ↑ Баҳҷат, Ҷомеъ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.522.
- ↑ Мансуб ба Имом Ризо (а), Тибб ар-Ризо (а), саҳ.223.
- ↑ Табрезӣ, Танқиҳ мабоний-ил-урва, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.54; Ҷамъе аз муаллифон, Маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт (а) - арабӣ, ҷ.9, саҳ.177.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.120.
- ↑ Ҷамъе аз муаллифон, Маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт (а) - арабӣ, ҷ.9, саҳ.177.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.48.
Сарчашма
- Ардабилӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон фи шарҳи иршод-ил-азҳон, таҳқиқ: Оқо Муҷтабои Ироқӣ ва Алипаноҳи Иштиҳордӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1403ҳ.қ.
- Арокӣ, Муҳаммадалӣ, ал-Масоил-ул-возиҳа, Қум, Интишороти дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, 1414ҳ.қ.
- Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, Дафтари муаззамунлаҳ, 1426ҳ.қ.
- Беҳбаҳонӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳошияи маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, Қум, Муассисат-ул-алломат-ул-муҷаддид ал-Ваҳид ал-Беҳбаҳонӣ, 1417ҳ.қ.
- Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил ли-л-Гулпойгонӣ, Қум, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
- Ибни Ҷунайди Искофӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Маҷмуаи фатавои Ибни Ҷунайд, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1416ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Истифтоот, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1422ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо - Имом Хумайнӣ), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, Муассисаи матбуоти Дор-ул-илм, бетаърих.
- Исфаҳонӣ, Сайид Абулҳасан, Василат-ун-наҷот (бо ҳавошии Имом Хумайнӣ), Қум, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1422ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Мансуб ба Имом Ризо (а), Тибб ал-Имом ар-Ризо (а), (тиб ва беҳдошт аз Имом Ризо), тарҷумаи Теҳрон, Меъроҷӣ, чопи шашум, 1381ҳ.ш.
- Маҳмуд, Абдурраҳмон, Муъҷам-ул-истилоҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳия, бемакон, бетаърих.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Мироот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Оли-р-Расул, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
- Мунтазирии Наҷафободӣ, Ҳусайналӣ, ал-Аҳком-уш-шаръия ало мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Нашри тафаккур, 1413ҳ.қ.
- Мунтазирии Наҷафободӣ, Ҳусайналӣ, Рисолаи истифтоот, Қум, бемакон, бетаърих.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-ислом фи масоил-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
- Нароқӣ, Муллоаҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, Мустанад-уш-шиа фи аҳком-иш-шариъа, Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт (а), 1415ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Кошифулғито, Аҳмад ибни Алӣ, Сафинат-ун-наҷот ва мишкат-ул-ҳудо ва мисбоҳ-ус-саодот, Наҷафи Ашраф, Муассисаи Кошифулғито, 1423ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Омилӣ, Ёсин Исо, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳия фи-р-расоил-ил-амалия, Бейрут, Дор-ул-балоға ли-т-тибоъа ва-н-нашр ва-т-тавзеъ, 1413ҳ.қ.
- Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Муассисаи ал-манор, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
- Садр, Сайид Муҳаммад, Моваро-ул-фиқҳ, Бейрут, Дор-ул-азвоъ ли-т-тибоъа ва-н-нашр ва-т-тавзеъ, 1420ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақеҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Табрезӣ, Ҷавод ибни Алӣ, Танқиҳ мабоний-ил-урва - китоб-ут-таҳора, Қум, Дор-ус-садиқат-иш-шаҳида (с), 1426ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1407ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқ: Хурсон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад Муҳсин, ан-Нухба фи-л-ҳикмат-ил-амалия ва-л-аҳком-иш-шаръия, Теҳрон, Маркази чоп ва нашри Созмони таблиғоти исломӣ, чопи дувум, 1418ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад Муҳсин, аш-Шофӣ фи-л-ақоид ва-л-ахлоқ ва-л-аҳком, Теҳрон, Дор-ун-нашр-ил-лавҳ-ил-маҳфуз, 1425ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад Муҳсин, Мафотиҳ-уш-шароеъ, Қум, Интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, бетаърих.
- Файюмӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад Муқрӣ, ал-Мисбоҳ-ул-мунир фи ғариб-иш-шарҳ-ил-кабир-ир-рофеъӣ, Қум, Маншуроти Дор-ур-разӣ, бетаърих.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Аҳкоми ҷавонон, Қум, Интишороти Амири қалам, чопи сию панҷум, 1427ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, Қум, бемакон, чопи саду чаҳордаҳум, 1426ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариъа - ал-вақф, ал-васия, ал-аймон ва-н-нузур, ал-каффорот, ас-сайд, Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳор (а), 1424ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариъа фи шарҳи таҳрир-ил-васила - ан-наҷосот ва аҳкомуҳо, Қум, Муаллиф, 1409ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-масоил (форсӣ), Қум, Интишороти Амири қалам, чопи ёздаҳум, бетаърих.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, ат-Танқиҳ фи шарҳ-ил-урват-ул-вусқо, Қум, таҳти ишрофи ҷаноби Оқои Лутфӣ, 1418ҳ.қ.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъа ал-Имом ал-Хӯӣ, Қум, Муассисаи эҳёи осор-ил-имом ал-Хӯӣ (р), 1418ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Иршод-ул-азҳон ило аҳком-ил-имон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталиф-уш-шиа фи аҳком-иш-шариъа, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ала мазоҳиб-ил-имомия, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1420ҳ.қ.
- Ҳимярӣ, Нашвон ибни Саид, Шамс-ул-улум ва давои калом-ил-араб мин-ал-кулум, Бейрут, Дор-ул-фикр-ил-муосир, 1420ҳ.қ.
- Ҳоирии Шерозӣ, Сайид Алӣ ибни Муҳаммад, Риёз-ул-масоил, Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт (а), 1418ҳ.қ.
- Ҷазирӣ, Абдурраҳмон, Сайид Муҳаммади Ғаравӣ, Ёсири Мозеҳ, ал-Фиқҳ ала-л-мазоҳиб-ил-арбаа ва мазҳаби Аҳли Байт (а), Бейрут, Дор-ус-сақалайн, 1419ҳ.қ.
- Ҷамъе аз муаллифон, Маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт (а), арабӣ, Қум, Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), бетаърих.
- Ҷамъе аз пажӯҳишгарон зери назари Сайид Маҳмуди Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1426ҳ.қ.
- Шабирии Занҷонӣ, Сайид Мӯсо, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, Қум, Интишороти Салсабил, 1430ҳ.қ.
- Шабр, Сайид Алӣ, ал-Амал-ул-абқо фи шарҳ-ил-урват-ул-вусқо, Наҷафи Ашраф, Матбаъат-ун-Наҷаф, 1383ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-димишқия фи фиқҳ-ил-имомия, Муҳаммадтақӣ ва Алиасғари Марворид, Бейрут, Дор-ут-турос, 1410ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқиҳи шароеъ-ил-ислом, Қум, Муассисат-ул-маориф-ил-исломия, 1413ҳ.қ.
- Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, Мунтахаб-ул-масоил-ил-исломия, бемакон, бетаърих.