Аъзои вузу
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштаи тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манбаъҳои дигар муроҷиат намоед. |
Аъзои вузу (форсӣ: اعضای وضو) дар ояти 6 сураи Моида шомили дастҳо то оринҷ, масҳи сар ва пойҳо то каъбайн (баромадагии болои по) мебошад.[1] Шиа бар асоси ривоёт тарзи вузуро ҳамон тавре медонад, ки Ҷабраил (а) ба Пайғамбар (с) омӯхтааст; бар ин асос, дастҳо аз оринҷ ба сӯи ангуштон шуста мешаванд ва сару пойҳо масҳ карда мешаванд.[2] Дар муқобил, аҳли суннат дастҳоро аз нӯги ангуштон то оринҷ мешӯянд ва шустан аз оринҷ ба сӯи ангуштонро ҷоиз намедонанд[3] ва пойҳоро дар вузу ба ҷои масҳ, мешӯянд.[4] Ҳамчунин дар мазҳабҳои аҳли суннат низ асли масҳи сар пазируфта шудааст, ҳарчанд дар миқдор ва ҷузъиёти он ихтилофи назар вуҷуд дорад.[5]
Баъзе манобеъ, сарчашмаи ин ихтилоф дар тарзи вузуро ба давраи хилофати Усмон нисбат додаанд[6] ва изҳор кардаанд, ки дар замони Пайғамбар (с) ва халифаҳои аввал ва дувум ихтилофе дар ин замина вуҷуд надоштааст.[7] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки Усмон низ дар ибтидои хилофати худ вузуро мисли пешиниён анҷом медодааст.[8]
Марҷаъҳои тақлиди шиа, пок будани узвҳои вузу ҳангоми шустан ва масҳро шарти саҳеҳ будани вузу медонанд. Бо вуҷуди ин, агар пас аз шустан ё масҳ, узве пеш аз поёни вузу наҷис шавад, вузу саҳеҳ аст.[9]
Мавҷудияти ҳар гуна монеъе ба монанди часпак ё ранг дар узвҳои вузу бояд бартараф шавад. Агар рафъи монеъ мумкин набошад, дар сурате ки танҳо як бахше аз узвро пӯшида бошад, вузуи ҷабираӣ анҷом дода мешавад. Аммо агар монеъ тамоми узвро фаро гирифта бошад, баъзе марҷаъҳо таяммумро лозим мешуморанд ва баъзе дигар вузуи ҷабираро кофӣ дониста ва анҷоми таяммумро ба унвони эҳтиёт тавсия мекунанд.[10]
Эзоҳ
- ↑ Макорми Шерозӣ, Тафсири Намуна, ҷ.4, саҳ.285.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.1, саҳ.399, ҳ.24; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.3, саҳ.25 - 26, ҳадиси 4 ва 5; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.5, саҳ.219 - 220.
- ↑ Фахри Розӣ, Тафсири Кабир, ҷ.11 - 12, саҳ.160.
- ↑ Шофеъӣ, ал-Умм, ҷ.1, саҳ.23; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, ҷ.6, саҳ.99.
- ↑ Қумӣ, «Фиқҳи ҳаҷ; чигунагии анҷоми вузу назди фариқайн (3) масҳ», саҳ.45.
- ↑ Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, ҷ.9, саҳ.193, ҳ.26890.
- ↑ Шаҳристонӣ, Лимоза-л-ихтилоф фи-л-вузу, саҳ.31.
- ↑ Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳи Муслим, ҷ.1, саҳ.206, ҳадиси 229.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили чордаҳ марҷаъ, ҷ.1, саҳ.213.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.442-443; Ҳаким, Мустамсак-ул-урват-ул-вусқо, ҷ.2, саҳ.540; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили чордаҳ марҷаъ, ҷ.1, саҳ.247.
Сарчашма
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммад Ҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили марҷаъҳо, Қум, Муассисаи интишороти исломӣ, 1393ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ, «Чигунагии анҷоми вузу назди фариқайн (3) (Масҳ)», дар маҷаллаи Миқоти Ҳаҷ, №90, зимистони 1393ҳ.ш.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти Носири Хусрав, 1364ҳ.ш.
- Макорми Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи сиву дувум, 1374ҳ.ш.
- Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳи Муслим, таҳқиқи Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1415ҳ.қ.
- Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисом, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақвол ва-л-афъол, Бейрут, Дор-ул-илмия, 1419ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммад Ҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламий ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммад Козим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1420ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак-ул-урват-ул-вусқо, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1391ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт алайҳимуссалом, 1409ҳ.қ.
- Шаҳристонӣ, Сайид Алӣ, Лимоза-л-ихтилоф фи-л-вузу, талхиси Файс Аттор, Теҳрон, Нашри Машъар, 1426ҳ.қ.
- Шофеъӣ, Муҳаммад ибни Идрис, ал-Умм, Бейрут, Дор-ул-маърифа.