Моҳии фалсдор

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Моҳии фалсдор (форсӣ: ماهی فَلْس‌دار) ё моҳии пулакдор (форсӣ: ماهی پولَک‌دار) моҳие аст, ки хӯрданаш ҳалол аст. Дар фиқҳи шиа, фалсдор будани моҳӣ меъёре барои ҳалол будани моҳӣ аст. Иддае аз фақеҳон ин ҳукмро аз аҳкоми махсуси имомия медонанд.

Дар ривоёти исломӣ, бар асоси ин ҳукм, ба бархе аз моҳиёни ҳалолгӯшт ва ҳаромгӯшт ишора шудааст.

Фақеҳон, хариду фурӯши моҳиёни бефалсу пулакро барои хӯрдан, ботил ва ҳаром медонанд. Тибқи фатвои онон, агар бахше аз бадани моҳӣ ҳам пулак дошта бошад, кифоят мекунад ва хӯрданаш ҳалол аст. Дар ҳукми моҳиёне, ки дорои пулакҳои заррабинӣ ҳастанд, яъне бо заррабин дида мешаванд ва бо чашми оддӣ имкони дидани пулаки онҳо вуҷуд надорад, байни уламо ихтилоф вуҷуд дорад.

Моҳии фалсдор

Муаррифӣ

Моҳии фалсдор ба моҳие мегӯянд, ки пӯшиши берӯнии бадани он пӯлакдор бошад.[1] Дар фиқҳи исломӣ, аз моҳии фалсдор дар бобҳои сайду зибоҳа ва атъимаю ашриба (хӯрданиҳою нӯшиданиҳо) сухан ба миён омадааст.[2] Фалсдор будани моҳӣ, меъёре барои ҳалол будани моҳӣ аст.[3] Дар манобеи ривоии шиа, ривоёте дар заминаи ҳукми моҳиёни фалсдор ҷамъоварӣ шудааст.[4]

Ҳукми фиқҳӣ

Фуқаҳои имомия хӯрдани моҳии пулакдорро ҳалол ва моҳие, ки пулак надошта бошадро ҳаром донистаанд.[5] Манзур аз моҳии бидуни фалс моҳие аст, ки зотан пулак надорад.[6] Аз ин рӯ, моҳиҳое, ки пулак доранд, аммо пулакашон рехта бошадро шомил намешавад.[7]

Дар бораи чароии ҳаром будани хӯрдани гӯшти моҳиёни бепулак гуфтаанд, ин моҳиҳо усулани гӯшт‎хор ё мурдорхоранд ва гӯшти баданашон, ба далели надоштани пулак, олудагӣ дорад.[8]

Ҳукми тухми моҳӣ

Бар тибқи фатвои аксари фуқаҳо, ҳукми хӯрдани тухми (ховиёр) моҳӣ, тобеъи худи моҳӣ аст. Аз ин рӯ, агар хӯрдани моҳие ҳалол бошад, хӯрдани ховиёри он ҳам ҳалол хоҳад буд.[9] Иддае, роҳкорҳои дигаре овардаанд; аз ҷумла он ки агар тухми моҳие зибру хашин бошад, ҳалол аст ва агар нарм бошад, ҳаром аст,[10] аммо бархе ин роҳкорро барои ҷое донистаанд, ки ҳалолгӯшт ва ҳаромгӯшт будани моҳӣ мушаххас набошад.[11]

Ҳалол донистани моҳии фалсдор, ҳукме махсуси шиа аст

Бархе аз фақеҳони шиа, ҳамчун Шайх Тусӣ ва Сайиди Муртазо, ҳалол будани моҳии фалсдор ва ҳаром будани боқии ҳайвоноти дарёиро аз аҳкоми махсуси имомия донистаанд.[12] Бархеи дигар, бо ишора ба тавотури ривоёт дар ин замина[13] ва шӯҳрати он байни асҳоб,[14] барои он иддаои иҷмоъ карда[15] ва онро аз вижагиҳои мазҳаби шиа донистаанд.[16]

Фуқаҳои ғайри имомия ҳалол буданро махсуси моҳии фалсдор намедонанд. Абуҳанифа, тамоми моҳиёнро ҳалол донистааст. Ҳамчунин Шофеӣ ва Молик ибни Анас, тамоми ҳайвоноти дарёиро ҳалол муаррифӣ кардаанд.[17] Аз ин рӯ, шуморе аз фуқаҳо, ҳалол будани моҳии фалсдорро иҷмоъи мусулмонон ва ҳаром будани моҳии бефалс ва ҳайвоноти дарёие, ки моҳӣ маҳсуб намешавандро иҷмоъи асҳоби имомия донистаанд.[18]

Мисдоқҳои ривоӣ

Иддае аз фуқаҳо, бо тавваҷуҳ ба ривоёти гуногун, ба бархе аз номҳои моҳиёни ҳалолгӯшт ва ҳаромгӯшт ишора карда[19] ва ҳукми уламо дар ин заминаро ҷамъоварӣ кардаанд.[20]

Сулаҳфот (сангпушт), зифдаъ (қурбоқа) ва саратон (каждум) аз ҳайвоноти дарёие ҳастанд, ки дар ривоёт, ба далели моҳӣ набудан ё надоштани пулак, ҳукм ба ҳаром будани онҳо шудааст.[21] Ҳамчунин канъат (ё канъад= озодмоҳӣ), рубайсо (моҳии майда бо пулакҳои зариф), арбаён (малахи обӣ ё мегу), тимр в тимронӣ аз қисмҳои моҳии ҳалол дониста шудаанд.[22]

Фақеҳоне ҳамчун Шайх Тусӣ,[23] Муҳаққиқи Ҳиллӣ[24] ва Кидрӣ - нависандаи китоби Исбоҳ-уш-шиъа[25] бо истинод ба ривоёт, хӯрдани гӯшти бархе аз ҳайвоноти дарёие монанди ҷиррӣ (мормоҳӣ), заҳву зиморро макруҳ дониста ва бархеи дигар, аз он ҷиҳат, ки онҳоро моҳӣ намешуморанд ё дорои пулак намедонанд, ҳаром донистаанд.[26] Ин гурӯҳ ривоёте, ки далолат бар кароҳат мекунадро ҳамли бар тақия кардаанд.[27] Дар мисдоқ будани шуморе аз моҳиёне ки дар ривоёт ба онҳо ишора шудааст низ ихтилоф вуҷуд дорад.[28]

Андоза ва мисдоқи фалс

Тибқи фатвои бархе аз муҷтаҳидон, лозим нест тамоми бадани моҳӣ фалс дошта бошад ва агар қисмате аз бадани моҳӣ фалс дошта бошад, кофӣ аст.[29] Ташхиси он ки бадани моҳӣ фалс дорад ё на бо худи шахс аст[30] ё он ки аҳли хибра моҳиро дорои фалс бидонад.[31]

Иддае муътақиданд, ки агар шахсе ба доштани пулаки моҳӣ шак кунад, бояд биноро бар ҳаром будани он бигузорад,[32] магар он ки дар бозори мусулмонон фурухта шавад[33] ё шоҳиди одиле ба пулакдор будани он шаҳодат диҳад.[34] Бинобар ин, агар ба моҳиёне ки дар бозори ғайри мусулмонон фурухта мешавад, машкук бошад, бояд аз хӯрдани он парҳез кунад.[35]

Миёни фуқаҳо, дар ҳалол будани моҳиёне, ки фалсҳои заррабинӣ доранд бо чашми ғайримусаллаҳ дида намешаванд, ихтилоф вуҷуд дорад. Азунбурун, филмоҳӣ, тосмоҳӣ,[36] кусамоҳӣ[37] ва моҳии ховиёр[38] аз ҷумлаи моҳиёне ҳастанд, ки аз фуқаҳо дар мавриди ҳалол будани онон суол шудааст.

Бархе аз мароҷеъ муътақиданд, ки пулаки моҳӣ бояд бо чашми оддӣ ва бе заррабин дида шавад ва дар назари урфи ҷомеъа, ба он фалс гуфта шавад.[39] Аз ин рӯ, Оятуллоҳ Табрезӣ бар ин бовар аст, ки фалсдор будани моҳии ховиёр ба исбот нарасидааст.[40] Бархеи дигар монанди Оятуллоҳ Баҳҷат дидан бо чашми мусаллаҳро низ кофӣ медонанд.[41] Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ дар ҷавоби суол аз ҳалол будани кусамоҳӣ, назари урф[42] ё тасдиқи аҳли иттилоъро[43] дар ҳалол будани моҳӣ кофӣ медонад.

Ҷамъе аз муҳаққиқон муътақиданд, ки раво будани хӯрдани моҳӣ, вуҷуди фалс аст, чи бо чашми мусаллаҳ дида шавад ё бо чашми ғайримусаллаҳ.[44]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ҷамъе аз муаллифон, маҷаллаи Фиқҳи Аҳли Байт (а), Қум, ҷ.9, саҳ.268.
  2. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт, фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.291.
  3. Ниг.: Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Қум, ҷ.2, саҳ.155.
  4. Барои намуна ниг.: Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.323; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.129; Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.2.
  5. Барои намуна ниг.: Шариф Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.400; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.169.
  6. Ғаффорӣ, тарҷума ва шарҳи Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.444.
  7. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.324; Ғаффорӣ, тарҷума ва шарҳи Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.444; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.263.
  8. علت حرام گوشت بودن ماهیان بدون پولک چیست؟, сайти Машриқ.
  9. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия, Машҳад, ҷ.2, саҳ.160; Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқийя, 1410ҳ.қ., саҳ.235.
  10. Дайламӣ, ал-Маросим-ул-Алавийя, 1404ҳ.қ., саҳ.207.
  11. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия, Машҳад, ҷ.2, саҳ.160; Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқийя, 1410ҳ.қ., саҳ.235.
  12. Тусӣ, ал-Мабсут, 1378ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.276; Шариф Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.400.
  13. Куҳкамараӣ, “Таҳқиқ бар ат-Танқиҳ-ур-роиъ”, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.31.
  14. Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.187.
  15. Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.249.
  16. Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.99.
  17. Фозили Миқдод, Канз-ул-Ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.328.
  18. Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1403ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.187.
  19. Барои намуна ниг.: Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.576; Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.576; Тусӣ, ал-Мабсут, 1378ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.276; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.169; Аллома Ҳиллӣ, Табсират-ул-мутаъаллимин, 1411ҳ.қ., саҳ.163.
  20. Фозили Обӣ, Кашф-ур-румуз, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361.
  21. Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқийя, 1410ҳ.қ., саҳ.235.
  22. Шайхи Баҳоӣ, Ҷомеъи Аббосӣ, 1429ҳ.қ., саҳ.754.
  23. Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.576.
  24. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.169.
  25. Кидрӣ, Исбоҳ-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., саҳ.387.
  26. Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.99.
  27. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръийя, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8.
  28. Ниг.: Шаъронӣ, тарҷума ва шарҳи Табсират-ул-мутаъаллимин, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.634.
  29. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт, фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.291.
  30. Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.63.
  31. Баҳҷат, Истифтоъот, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.376.
  32. Ҳаким, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.367.
  33. Табрезӣ, Истифтоъоти ҷадид, Қум, ҷ.2, саҳ.393.
  34. Хуӣ, Сирот-ун-наҷот, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.406; Буҷнурдӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳийя, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.41.
  35. Табрезӣ, Сирот-ун-наҷот, 1427ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.406.
  36. Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.63 - 64.
  37. Табрезӣ, Истифтоъоти ҷадид, Қум, ҷ.1, саҳ.402; Баҳҷат, Истифтоъот, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.376; Макорими Шерозӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.286; Софии Гулпойгонӣ, Ҷомеъ-ул-аҳком, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.286.
  38. Табрезӣ, Сирот-ун-наҷот, 1427ҳ.қ., ҷи 5, саҳ.406; Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.63.
  39. Табрезӣ, Истифтоъоти ҷадид, Қум, ҷ.2, саҳ.390.
  40. Табрезӣ, Сирот-ун-наҷот, 1427ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.406.
  41. Баҳҷат, Истифтоъот, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.376.
  42. Истифтоъоти ҷадиди Макорим, ҷ.1, саҳ.282.
  43. Макорими Шерозӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.286.
  44. Ҷамъе аз муаллифон, маҷаллаи Фиқҳи Аҳли Байт (а), ҷ.43, саҳ.237.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Табсират-ул-мутаъаллимин фи аҳкоми-д-дин, таҳқиқи Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ, Теҳрон, муассисаи чоп ва нашр, 1411ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ала мазҳаб-ил-имомия, Машҳад, муассисаи Олулбайт (а), бе то.
  • Ардабилӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон фи шарҳи иршод-ул-азҳон, таҳқиқи Оқо Муҷтабо Ироқӣ ва Алипаноҳ Иштиҳордӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Истифтоъот, Қум, Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Баҳҷат, 1428ҳ.қ.
  • Буҷнурдӣ, Сайидҳасан, ал-Қавоъид-ул-фиқҳийя, таҳқиқи Маҳдии Маҳризӣ ва Муҳаммадҳасан Дироятӣ, Қум, нашри ал-Ҳодӣ, 1419ҳ.қ.
  • Ғаффорӣ, Алиакбар ва Муҳаммадҷавод Садри Балоғӣ, тарҷума ва шарҳи Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1409ҳ.қ.
  • Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоили ли-л-Гулбойгонӣ, Қум, Дорул-Қуръонил-Карим, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Дайламӣ, Салор, ал-Маросим-ул-Алавийя ва-л-аҳком-ун-набавийя, таҳқиқи Маҳмуд Бастонӣ, Қум, Маншуротул-Ҳарамайн, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатовӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • "Иллати ҳаромгӯшт будани моҳиёни бидуни пулак чист?", сайти Машриқ, таърихи интишор : 1395/11/10, таърихи боздид: 1398/10/25.
  • Кидрӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Исбоҳ-уш-шиъа би мисбоҳ-уш-шариъа, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1416ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтоъоти ҷадид, Қум, интишороти мадрисаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1427ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа ли дурари ахбори-л-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, муассисаи ал-Табъ вал-нашр, 1410ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт, фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1426ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Муқниъа, Қум, конгресси ҷаҳонии Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, муассисаи Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Ровандӣ, Қутбиддин, Фиқҳ-ул-Қуръон ли-р-Ровандӣ, Қум, интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, 1405ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Ҷомеъ-ул-аҳком, Қум, интишороти ҳазрати Маъсума (с), 1417ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Ҷавод, Истифтоъоти ҷадид, Қум, беҷо, бе то.
  • Табрезӣ, Ҷавод, Сирот-ун-наҷот, Қум, Дорул-Сиддиқатиш-шаҳида, 1427ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳи-л-имомия, таҳқиқи Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, мактабатул-Муртазавийя, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷарради-л-фиқҳи ва-л-фатовӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-арабӣ, чопи дувум, 1400ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқи Ҳасан ал-Мусавӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, интишороти Муртазавӣ, 1425ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳи Сиварӣ, ат-Танқиҳ-ур-роиъ ли мухтасари-ш-шароиъ, Қум, интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Фозили Обӣ, Ҳасан ибни Абитолиб, Кашф-ур-румуз фи шарҳи мухтасари-н-нофеъ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи сеюм, 1417ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Сирот-ун-наҷот (ал-Муҳашшо), Қум, мактаби нашри ал-Мунтахаб, 1416ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, муассисаи матбуоти Дорул-илм, бе то.
  • Ҳаким, Сайидмуҳсин, Минҳоҷ-ус-солеҳин (ал-Муҳашшо), Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1410ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1409ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз муаллифон, маҷаллаи Фиқҳи Аҳли Байт (а), форсӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаъорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), бе то.
  • Шайх Баҳоӣ, Баҳоуддин, Ҷомеъи Аббосӣ ва такмили он муҳашшо, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи ҷадид, 1429ҳ.қ.
  • Шариф Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн Мусавӣ, ал-Интисор фи инфиродот-ил-имомия, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръийя фи фиқҳи-л-имомийя, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1417ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-димишқийя фи фиқҳ-ил-имомия, Муҳаммадтақӣ ва Алиасғар Марворид, Бейрут, Дорул-турос, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳи-л-лумъат-ид-димишқийя, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароиъ-ул-Ислом, Қум, муассисаи ал-Маъорифул-исломия, 1413ҳ.қ.
  • Шаъронӣ, Абулҳасан, Табсират-ул-мутаъаллимин фи аҳкоми-д-дин, тарҷума ва шарҳ, Теҳрон, Маншуроти исломия, чопи панҷум, 1419ҳ.қ.