Каломи имомия

Аз wikishia

Ин навиштор дар бораи илми калом ва илоҳиёт дар шиаи имомия аст. Барои илми калом дар байни мусулмонон, илми каломро бибинед.

Каломи имомия яке аз мазҳабҳои каломии Ислом аст, ки муҳимтарин хусусияти фарқкунандаи он, эътиқод ба масъалаи имомат аст.

Каломи имомия дар равиш ва манобеъ, аз Қуръон, суннати Пайғамбар (с), суннати имомони маъсум (а) ва далели ақлӣ истифода мекунад.

Гуфта мешавад, оғози пайдоиши каломи имомия ҳамзамон аст бо рӯзҳои аввали баъд аз даргузашти Пайғамбар (с) ва баҳс дар бораи яке аз муҳимтарин масоили илми калом; яъне мавзӯи имомат ва хилофати Пайғамбар (с).

Бархе муҳаққиқон бар ин боваранд, ки Имом Алӣ (а) аввалин шахсияти мусалмон буд, ки дар мавзӯъҳое чун зот ва сифатҳои Худованд, ҳудус ва қидам, басит будани вуҷуди Худо, ваҳдат ва касрат сухан гуфтааст.

Баъд аз ӯ, имомони дигар (а) дар мавзуъҳои динию каломӣ, баҳсҳое матраҳ карданд ва дар баробари суолҳову ишколҳо бо мутакаллимону диншиносон ва донишмандони дин ва мазҳабҳои дигар мунозира карданд ва мутакаллимони барҷастае чун Ҳишом ибни Ҳакам ва Муъмин ут-Тоқро тарбият намуданд.

Каломи имомия баъд аз Асри Ғайбат, давраҳои мухталифи таърихиеро аз сар гузаронда ва бо эҷоди мактабҳои сершумори каломӣ, дар се руйкарди мухталиф: 1- руйкарди нассгароӣ (матншиносӣ), 2- руйкарди ақлгароӣ (рационализм) 3 – омехтае аз руйкарди ақлгароию нақлгароӣ ба рушду боландагии худ идома додааст.

Усули куллии каломи имомия ғайр аз асли куллии Тавҳид, Набувват ва Қиёмат, ки дигар мазҳабҳои каломии исломӣ низ ба он эътиқод доранд, ду асли дигар; яъне асли имомат ва адлро ҳам дарбар мегирад ва ингуна, аз дигар мазҳабҳои исломӣ фарқ мекунад.

Бархе аз муҳимтарин китобҳои каломии имомия инҳоянд: «Авоил-ул-мақолот», «Тасҳеҳ-ул-эътиқод», «Таҷрид-ул-эътиқод» ва «Кашф-ул-мурод».

Нависандагони ин китобҳо ҳам аз барҷастатарин мутакаллимон ва илоҳиётшиносони имомия дониста мешаванд, ки ба тартиб иборатанд аз: Шайхи Муфид (336 ё 338-413ҳ.қ.), Шайх Тусӣ (385-460ҳ.қ.), Хоҷа Насируддини Тусӣ (597- 672ҳ.қ.) ва Аллома Ҳиллӣ (648-726ҳ.қ.).

Таъриф

Каломи имомия аз мазоҳиби каломии исломӣ аст, ки дар заминаи боварҳо, равиш ва манобеъ, аз Қуръон, суннати Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а), ва далели ақлӣ баҳра мегирад.

Ин мазҳаби каломӣ дар таъомул бо фарҳангҳо ва тамаддунҳои дигар ва таҳти таъсири онҳо, рушд ва тадовум ёфтааст.[1] Гуфтаанд, бо тавваҷуҳ ба манобеи таърихӣ ва мустанадоти ривоӣ, масъалаи имомат ҳувиятбахши аслии каломи имомия дар миёни дигар мазоҳиби каломи исломӣ аст.[2] Албатта бархе низ масъалаи Тавҳиди баргирифта аз Қуръон, суннати Пайғамбар ва имомони шиа (а)-ро асоси масоили каломии имомия ва ҳувиятбахши он донистаанд.[3]

Пайдоиш

Оғози пайдоиши каломи имомияро аввалин рӯзҳои баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) медонанд;[4] чароки нахустин масъалаи каломие, ки дар он давра байни мусулмонон матраҳ шуд, масъалаи имомат ва хилофати Пайғамбар буд, ки ду назарияи куллие дар бораи он иброз шуд: 1- инки ҷонишини Пайғамбар аз ҷониби Худо ва тавассути Пайғамбар (с) таъйин мешавад, 2- инки ба интихоби мусулмонон вогузор шудааст.[5]

Имом Алӣ (а) ва гуруҳе аз бузургони муҳоҷиру ансор, тарафдори назария аввал буданд ва барои муддаои худашон ба ду далели умда истинод мекарданд: 1- нусус (матн ва ҳадис)-и воридшуда аз Пайғамбар (с), 2 - афзалияти Имом Алӣ (а).[6] Ҳамчунин дар масоиле аз қабили сифоти Худованд, қазову қадар, ҷабру тафвиз, ки аз куҳантарин масоили каломии ҷаҳони Ислом ба шумор мераванд низ шиаён пешқадам будаанд.[7]

Гуфта мешавад, Имом Алӣ (а) нахустин шахсияти мусулмон буд, ки барои аввалин бор дар бораи масоиле ҳамчун зот ва сифоти Худованд, ҳудусу қидам, басотати вуҷуди Худо, ва ваҳдату касрат матолиби амиқе матраҳ намуд.[8]

Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, яке аз бахшҳои асосии Наҳҷулбалоға масоили марбут ба Илоҳиёт аст ва дар маҷмӯи хутбаҳо, номаҳо ва калимоти қисори он, ҳудуди чиҳил бор дар бораи ин матолиб баҳс шудааст.[9]

Баъд аз Имом Алӣ, имомони дигаре чун Имом Саҷҷод (а), Имом Боқир (а), Имом Содиқ (а), Имом Ризо (а), Имом Ҷавод (а) ва Имом Ҳодӣ (а) дар заминаи масоили каломӣ, баҳсҳое матраҳ намуданд ва дар баробари пурсишҳо ва ишколоти матраҳшуда, барои дифоъ аз таълимоати дини Ислом, ба мунозира бо мутакаллимон ва донишмандони адён ва мазоҳиби дигар пардохтанд ва шогирдони зиёде дар илми калом тарбият карданд.[10]

Усули куллии каломи имомия

Каломи имомия ғайр аз се асли куллии тавҳид, набувват ва қиёмат, ки соири ниҳлаҳои каломии мусулмон ба онҳо муътақид ҳастанд,[11] усули дигаре дорад, ки онро мутамойиз мекунад.[12] Ин усул иборатанд аз:

  • Имомат: мутакаллимони имомия муттафиқанд, ки имомат мансаб ва ҷойгоҳе аст, ки Худованд ба бархе бандагони баргузидааш эъто кардааст.[13] Онҳо ҳамчунин бар ин ақида иттифоқи назар доранд, ки баъд аз реҳлати Пайғамбар (с), Имом Алӣ (а) аз сӯи Худованд ба имомат расид ва ҷонишини билофасли Пайғамбар (с) шуд ва пас аз вай, мансаби имомат ба Имом Ҳасан (а) ва сипас Имом Ҳусайн (а) ва баъд аз вай ба нуҳ нафар аз фарзандони ӯ; яъне Имом Саҷҷод (а), Имом Боқир (а), Имом Содиқ (а), Имом Козим (а), Имом Ризо (а), Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а), Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ва ҳазрати Маҳдӣ (а) расидааст.[14]
  • Адл: шиаён ҳамчун муътазила[15] ба ҳусн ва қубҳи ақлӣ эътиқод доранд.[16] Ҳусн ва қубҳи ақлӣ ба ин маъност, ки ақл, сарфи назар аз ҳукм ва дастури Худованд, ба «ҳусн» (некуӣ) ва «қубҳ» (зиштӣ)-и корҳо ҳукм мекунад[17] ва Худо низ бархилофи он амал намекунад ва аз ин ҷиҳат аст, ки одил аст;[18] яъне анҷом намедиҳад, магар чизеро ки ҳусн (некӯ) аст. Кори қабеҳ аз Ӯ сар намезанад ва бандагонашро ба чизе фаротар аз тоқаташон таклиф намекунад ва ҳеҷкасеро магар дар ивази гуноҳонаш маломат ва азоб намекунад.[19]

Ба хотири бовар ба ин маънои адл, шиа ва муътазиларо адлия номидаанд.[20] Бархилофи ин назар, ашоира ба ҳусн ва қубҳи шаръӣ ақида доранд;[21] яъне мегӯянд, ҳарчӣ Худо ба он амр кунад, хуб ва ҳарчӣ аз он наҳй кунад, нописанд аст, бинобарин, ҳар ончи Худо анҷом диҳад, он ҳусн (хубу зебо) аст.[22]

Давраҳои таърихии каломи имомия

Муҳаммадсафар Ҷабраилӣ (каломпажуҳ ва мударриси илми калом) дар китоби «Сайри татаввури каломи шиа» давраҳои таърихии каломи имомияро аз ду ҷиҳати сохторӣ ва рӯйкардӣ баррасӣ кардааст, ки ба шарҳи зер аст:[23]

Сохтор

Каломи имомия аз ҷиҳати таҳаввули сохторӣ, муштамил бар чанд марҳала аст:

  • Шаклгирӣ: оғози ин марҳаларо, ки дар он масоили каломӣ ба сурати ғайри мудавван матраҳ буд, нахустин рӯзҳои баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) донистаанд.[24]
  • Густариш: баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) то авоили қарни дувуми қамарӣ.[25] Каломи имомия дар ин давра бо Имом Алӣ (а) оғоз шуд ва сипас аз сӯи соири аимма (а) идома ёфт ва дар давраи Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) ба авҷ расид.[26] Ҳишом ибни Ҳакам, Ҳишом ибни Солим, Муъминут-Тоқ ва Ҳумрон ибни Аъян аз касонеанд, ки Имом Содиқ (а) аз онҳо бо унвони мутакаллим ёд кардааст.[27]
  • Тадвини мавзӯӣ: қарни дувум ва сеюми қамарӣ.[28] Ба гуфтаи Ибни Надим, китобшиноси қарни чаҳоруми қамарӣ, аввалин шахсе, ки дар каломи шиа, ба тадвини мавзӯии асаре дар калом пардохт, Алӣ ибни Исмоили Майсамӣ (аз ровиёни Имом Ризо (а) ва мутаваффои 215ҳ.қ.) буд.[29] Ӯ ду асар бо номҳои “Китоб-ул-имомат” ва “Китоб-ул-истиҳқоқ” навишт.[30] Баъд аз ӯ низ рисолаҳое дар мавзӯъоти каломӣ, ба хусус дар бораи тавҳид ва адл навишта шуд.[31]
  • Табйин ва танзими мавзӯӣ: қарни сеюм ва чаҳоруми қамарӣ.[32] Дар ин марҳала, ки оғози давраи Ғайбат аст, мутакаллимони имомӣ бо тавваҷуҳ ба зуҳур ва бурузи тафаккурҳои рақиб, монанди муътазила ва ашоира, масоили каломиро бар асоси мактаби Аҳли Байт (а) табйин карданд ва онҳоро дар мавзӯъоти хоссе танзим намуданд ва ишколоти воридшударо посух гуфтанд.[33] Дар ҳамин давра Абусаҳли Навбахтӣ китобе бо номи “ат-Танбиҳ” дар бораи имомат навишт,[34] Ибни Қуббаи Розӣ “ал-Инсоф”-ро дар ҳамин мавзӯъ таълиф кард[35] ва Шайхи Садуқ, “ат-Тавҳид”-ро дар мавзӯи сифот ва нафйи ташбиҳ,[36] ва “Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат”-ро дар мавзӯи Ғайбат[37] тадвин намуд.
  • Сохтормандӣ: қарни панҷум ва шашуми қамарӣ.[38] Каломи имомия дар ин давра ба дасти се мутакаллими машҳури шиа; яъне Шайхи Муфид, Сайиди Муртазо ва Шайхи Тусӣ, сохторманд шуд.[39]
  • Таҳаввул ва такомул: қарни ҳафтум ва ҳаштум.[40] Ин марҳала бо зуҳури мактаби каломии Ҳилл, ба хусус бо осори Садидуддин Ҳиммасӣ оғоз шуд ва бо Хоҷа Насируддини Тусӣ ба авҷ расид.[41] Хоҷа Насир бо равиши наву ибтикорӣ ва бо истифода аз усул ва қавоиди фалсафӣ, каломи имомияро таҳаввул бахшид.[42] Ӯ бо таълифи китоби “Таҷрид-ул-эътиқод” чиниши ҷадиде дар ироаи масоили каломӣ эҷод кард ва бар мутакаллимони баъд аз худ таъсир гузошт.[43]
  • Марҳалаи шарҳу талхис: қарни нуҳум то чаҳордаҳум.[44] Бештари осори каломӣ дар ин давра, шарҳ ё талхиси осори гузашта ва ба хусус китоби “Таҷрид-ул-эътиқод” аст.[45] Шавориқ-ул-илҳом, ки шарҳи муфассале бар китоби Таҷрид-ул-эътиқод аст, аз осори маъруфи ин давра ба шумор меравад.[46]
  • Марҳалаи ислоҳгарӣ ва пӯёӣ: аз нимаи дувуми қарни чаҳордаҳум.[47] Ин давра бо ворид шудани масоили ҷадиде ба илми калом, бо Сайидҷамолиддини Асадободӣ оғоз шуд ва бо пажуҳишҳои каломии афроде ҳамчун Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Сайидҳиббатуддини Шаҳристонӣ, Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ ва Муртазо Мутаҳҳарӣ, то кунун идома ёфтааст.[48]

Руйкард

Бархе рӯйкардҳои роиҷи каломи имомӣа ба шарҳ зераст:

  • Насгароӣ: руйкарде дар каломи имомия аст, ки бар асоси он танҳо ковиш дар маҳдудаи манобеи нақлӣ муҷоз аст ва ақл ба унвони як манбаи шинохт дар таҳлил ва таъвили ахбор ва баррасии таълимоти динӣ, ба наҳви мустақил дахолат надорад.[49] Руйкарди насгароиро дунболарави ҷараёни ҳадисгароии шиа дар асри ҳузури имомони маъсум (а), ба хусус дар асри Имом Ризо (а) донистаанд.[50] Ин руйкард дар асри Ғайбат бо мутакаллимоне ҳамчун Шайхи Садуқ ва Муҳаммад ибни Ҳасан Саффори Қумӣ, ба ҷараёни ғолиби мадрасаи каломии Қум табдил шуд.[51]
  • Ақлгароии таъвилӣ: дар ин руйкард, ақл манбаъе барои шинохт, исбот ва арзёбии таълимоти динӣ дар назар гирифта мешавад ва дар ҷое, ки далели ақлии қатъӣ бо далели нақлӣ зидд бошад, далели ақлӣ муқаддам ва далели нақлӣ таъвил мешавад.[52] Бархе муҳаққиқон, хонадони Навбахтиро ба хотири ошноияшон бо фалсафаи Юнон ва каломи муътазилӣ, поягузори ақлгароӣ дар каломи имомия муаррифӣ кардаанд.[53] Ин руйкард, ҷараёни ғолиби мадрасаи каломии Бағдод буд, ки бо осори мутакаллимоне ҳамчун Шайхи Муфид, Сайиди Муртазо, Шайхи Тусӣ ба авҷ расид.[54] Баъд аз он низ дар мадрасаи каломии Ҳилла идома ёфт.[55]
  • Ақлгароии фалсафӣ: мутакаллим дар ин руйкард бо истифода аз равиши фалсафӣ ба табйин, таҳким ва дифоъ аз таълимоти динӣ мепардозад.[56] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, ақлгароии фалсафӣ ба воситаи Хоҷа Насируддини Тусӣ бо таълифи китоби “Таҷрид-ул-эътиқод” дар каломи имомия падид омад[57] ва баъд аз он, ба василаи бархе дигар аз мутакаллимони шиа, монанди Муҳаққиқи Лоҳиҷӣ идома ёфт.[58]

Фарқҳо ва иштирокоти каломи имомия бо дигар мазоҳиби каломӣ

Каломи имомия дар бархе масоили каломӣ ва ҳамчунин дар равиши пардохтан ба ин масоил, фарқҳо ва иштирокоте бо дигар ниҳлаҳои каломии мусулмон, ба хусус муътазила ва ашоира дорад:[59]

Дар масоили эътиқодӣ

Бархе аз масоили ихтилофии каломи имомия бо ниҳлаҳои каломии дигар аз ин қарор аст:

  • Айнияти зоту сифот: имомия ва бархе аз муътазила дар боби сифоти зотии Худованд монанди илм ва қудрат муътақиданд, ин сифот айни зоти Худованд ҳастанд,[60] аммо ашоира бар ин назаранд, ки сифоти зотӣ қадиманд ва зоид бар зоти Худованд ҳастанд.[61]
  • Ҳусн ва қубҳи ақлӣ: имомия ва муътазила аз қоилон ба ҳусн ва қубҳи ақлӣ ҳастанд; дар ҳоле ки ашоира ва бархе аз ахбориҳои шиа аз мункирони ҳусн ва қубҳи ақлӣ ба шумор мераванд.[62]
  • Ҷабру ихтиёр: муътазила ба назарияи тафвиз бовар доранд; яъне муътақиданд, инсон дар анҷоми афъолаш маҷбур нест ва онҳоро комилан мустақил ва муттакӣ ба қудрат ва ихтиёри худ анҷом медиҳад.[63] Дар муқобил, ашоира ба назарияи касб қоил шудаанд.[64] Бино ба назарияи касб, Худованд холиқи ҳамаи чиз, ҳатто афъоли инсон аст ва инсон сирфан касбкунандаи афъоли худ аз Худост; ба ин манзур, ки афъоли инсон дар партави қудрате аст, ки ҳангоми судури феъл, Худованд дар ӯ падид меоварад.[65] Шиа дар баробари ин ду дидгоҳ, ба назарияи “амрун байна-л-амрайн” эътиқод дорад, ки мухтасси каломи имомия аст.[66] Бар асоси ин назария, дар афъоли ихтиёрии инсон, ҳам иродаи худи ӯ ва ҳам иродаи Худованд муассир аст, аммо ин ду дар тули якдигаранд, на, дар арзи ҳам.[67]
  • Иҳбот: имомия ва ашоира иҳбот (нобуд шудани савоби ибодот ва аъмоли нек бар асари гуноҳ)-ро қабул надоранд ва танҳо дар баъзе гуноҳони хос, монанди ширк онро ҷорӣ медонанд, аммо муътазила муътақиданд, гуноҳ, савоби аъмоли қаблии моро аз байн мебарад.[68]
  • Анҷомдиҳандаи гуноҳи кабира: аз назари имомия ва ашоира анҷомдиҳандаи гуноҳи кабира муъмин, аммо фосиқ аст. Хавориҷ (ғайр аз фирқаи абозия) чунин шахсеро кофир медонанд. Муътазила ҳам муътақиданд, ин шахс на, муъмин аст на, кофир, балки дар рутбае байни куфру имон қарор дорад, ки онро манзилатун байнал-манзилатайн меноманд.[69]

Дар равиш

Аз ҷиҳати равиш низ байни каломи имомия ва бархеи дигар аз ниҳлаҳои каломӣ фарқҳо ва монандиҳое вуҷуд дорад.[70] Чунин маъруф шудааст, ки каломи муътазила, дар равиши ақлгароӣ, роҳи ифротро паймуда аст ва муътазилиҳо дар сурати таъорузи далели ақлӣ бо нақлӣ, зоҳири далели нақлиро ба нафъи далели ақлӣ таъвил мекунанд.[71] Дар муқобил, аҳли ҳадис ниҳлаи каломие ҳастанд, ки дар масоили эътиқодӣ, ҳамаи тамаркуз ва такяашон бар зоҳири ҳадис аст ва бо ҳаргуна таъвил ва таҳлили ақлӣ дар умури эътиқодӣ мухолифанд.[72] Ниҳлаҳои каломии ашъария ва мотуридия низ равиши миёна ва омехатае аз ақлгароию нақлгароиро гирифтаанд.[73]

Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, каломи имомия на, монанди аҳли ҳадис аст, ки аз асос, мункири ба кор бурдани истидлоли ақлӣ дар ақоиди мазҳабӣ буданд, на, ҳамчун тафаккури ашъарӣ аст, ки асолатро аз ақл мегираду онро тобеъи завоҳири алфоз мекунад. Каломи имомия барои ақл ҷойгоҳи вижае қоил аст, аммо ақлгароии муътазилиро низ ифротӣ медонад. Тафаккури муътазила ақлӣ аст, вале бар ҷадал такя мекунад, дар ҳоле ки каломи имомия (ба хусус баъд аз Хоҷа Насируддини Тусӣ) ба равиши ақлии бурҳонӣ, гароиш пайдо мекунад.[74] Албатта гуруҳҳое низ монанди ахбориён дар суннати фикрии шиа вуҷуд доштаанд, ки сирфан бар завоҳири нусус (матни ҳадису ривоёт) барои фаҳми таълимоати эътиқодӣ такя мекарданд.[75]

Осори барҷастаи каломӣ ва мутакаллимони бузург

Бархе аз муҳимтарин китобҳои каломии имомия иборат аст аз: Авоил-ул-мақолот, Тасҳиҳ-ул-эътиқод, Таҷрид-ул-эътиқод ва Кашф-ул-мурод.[76] Нависандагони ин китобҳо, ки ба тартиби Шайхи Муфид (336 ё 338 - 413ҳ.қ.), Шайхи Тусӣ (385 - 460ҳ.қ.), Хоҷа Насируддини Тусӣ (597 - 672ҳ.қ.) ва Аллома Ҳиллӣ (648 - 726ҳ.қ.) ҳастанд аз барҷастатарин мутакаллимони имомия ба шумор мераванд.[77]

Дар идома, тавзеҳоте дар бораи бархе аз ин китобҳо ва дигар китобҳои каломии имомия омадааст:

  • Китоб-ут-тавҳид: маҷмӯаи ривоёте дар бораи тавҳид ва шинохти зот, сифот, асмо ва афъоли Илоҳӣ ва дигар масоили каломие аст, ки ба дасти Шайхи Садуқ тасниф шудааст.[78]
  • Ал-Эътиқодот: навиштаи Шайхи Садуқ. Нависанда дар 45 боб ва дар ибтидои ҳар боб бо унвони «боб-ул-эътиқоди фи ...» муҳимтарин масоили эътиқодии шиаро баён кардааст.[79] Китоби Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомия, таълифи Шайхи Муфид аз ҷумлаи китобҳои каломии шиа аст, ки дар нақд ва баррасии китоби Эътиқодоти Шайхи Садуқ ба нигориш даромадааст.[80]
  • Ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳл-ил-лиҷоҷ: аз китобҳои ривои шиа ва навиштаи Аҳмад ибни Алии Табарсӣ, мутакаллим ва фақеҳи қарни шашуми ҳиҷрӣ аст. Ин китоб ривоёте аз имомони маъсумин (а)-ро дарбар дорад, ки муҳтавои он истидлол ва эҳтиҷоҷ дар муқобили мухолифон аст.[81]
  • Таҷрид-ул-эътиқод: бархе аз вижагиҳои ин китоби Хоҷа Насируддини Тусӣ иборат аст аз: баёни масоили каломӣ бо равиши бурҳонӣ, навоварӣ дар чиниш ва танзими масоили каломӣ ва омехта шудани масоили каломӣ бо фалсафа. Ин вижагиҳо китобро аз соири осори каломии пеш аз худ мутамойиз карда ва бар осори каломии баъд аз худ таъсир гузоштааст.[82] Шарҳҳои зиёде бар китоби Таҷрид-ул-эътиқод навишта шудааст,[83] ки китоби Кашф-ул-мурод, навиштаи Аллома Ҳиллӣ, аввалин ва яке аз муҳимтарин шарҳҳо бар ин китоб аст.[84]
  • Маншури ақоиди имомия: китобе ба забони форсӣ аз Ҷаъфари Субҳонӣ аст, ки ақоиди шиаро дар қолаби даҳ бахшу яксаду панҷоҳ асли эътиқодӣ, ба ихтисор, баён кардааст.[85]

Макотиби каломии имомия

Дар каломи имомия равишҳо ва макотиби каломии мухталифе вуҷуд дорад,[86] ки бархе аз онҳо, ба тартиби замонӣ, ба шарҳи зер аст:

Радиф номи мактаб таърихи таъсис (ба қамарӣ) Рӯйкарди ғолиб мутакаллимони барҷаста осори каломӣ вижагиҳо
1 Қум қарни сеюм ва чаҳорум насгароӣ Ибни Валиди Қумӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан Саффори Қумӣ, Шайхи Садуқ Басоир-уд-дараҷот, ат-Тавҳид, ал-Эътиқодот тадвини осори ҳадисии каломӣ, мубориза бо тафвизу ғулув, бовар ба ҳуҷҷияти хабари воҳид ва истинод ба он дар эътиқодот[87]
2 Бағдод қарни чаҳорум ақлгароӣ Шайхи Муфид, Сайиди Муртазо, Муҳаммад ибни Алии Кароҷакӣ Авоил-ул-мақолот, ал-Шофӣ, Танзиҳ-ул-анбиё, Канз-ул-фавоид гуфтугӯ ва мунозира бо мазоҳиб ва адёни дигар, рушди ақлгароӣ дар каломи шиъӣ, бовар ба адами ҳуҷҷияти хабари воҳид дар эътиқодот[88]
3 Наҷаф қарни панҷум ҷамъи насгароӣ ва ақлгароӣ Шайхи Тусӣ, Абуалии Тусӣ, Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ ал-Иқтисод-ул-ҳодӣ ило тариқ-ир-рашод, Китоб-ул-ғайбат, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо тасбити мазҳаби имомия бар асоси иҷтиҳод, бовар ба адами ҳуҷҷияти хабари воҳид дар эътиқодот[89]
4 Рай қарни шашум ақлгароӣ Садидуддин Ҳиммасии Розӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммади Дуристӣ, Абдулҷалил Қазвинӣ ал-Мунқаз мин-ат-тақлид, Нақз эътидолу миёнаравӣ, мунозира бо мазоҳиби мухталифи каломӣ[90]
5 Ҳилла қарни ҳафтум ақлгароии фалсафӣ ва насгароӣ Хоҷа Насируддини Тусӣ, Аллома Ҳиллӣ, Ибни Майсами Баҳронӣ, Сайид ибни Товус, Фозил Миқдод Таҷрид-ул-эътиқод, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, Қавоъид-ул-маром, ал-Лавомиъ-ул-илоҳийя ривоҷи каломи фалсафӣ, эътидолу миёнаравӣ, озодандешӣ, густариши каломи татбиқӣ[91]
6 Шероз қарни даҳум ақлгароии фалсафӣ Ҷалолиддин Давонӣ, Мирсайидшариф Ҷурҷонӣ Ҳошият-ут-таҷрид, Нур-ул-ҳидоят фи исбот-ил-имомат озодандешӣ, гароиш ба мабоҳиси илоҳиёти фалсафӣ[92]
7 Исфаҳон қарни ёздаҳум талфиқи ақлгароӣ ва насгароӣ Мулломуҳсин Файзи Кошонӣ, Муҳаққиқи Лоҳиҷӣ, Аллома Маҷлисӣ Ҳаёт-ул-қулуб, Илм-ул-яқин фи усул-ид-дин, Шавориқ-ул-илҳом шарҳи мутуни ривоӣ, мубориза бо тасаввуф, нашр ва густариши маорифи шиъӣ, тарҷума ва тадвини таълифоти динӣ ба форсӣ[93]
8 Хуросон қарни чаҳордаҳум ҷамъи насгароӣ ва ақлгароӣ Мирзомаҳдии Исфаҳонӣ, Мирзоҷаводи Теҳронӣ, Муҳаммадризо Ҳакимӣ, Муҳаммадбоқир Малакии Миёнаҷӣ Абвоб-ул-ҳудо, Баён-ул-фурқон, Тавҳид-ул-имомия таъкид бар ҷудосозии маорифи динӣ аз андешаҳои фалсафӣ ва ирфонӣ, радди ҳаргуна таъвилҳои фалсафӣ ва ирфонӣ дар таълимоти ваҳёнӣ[94]
9 Қум қарни чаҳордаҳуму понздаҳум ақлгароӣ Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ҷаъфари Субҳонӣ, Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ Шиа дар Ислом, Муқаддамае бар ҷаҳонбинии исломӣ, Маншури ақоиди имомия Тарҳи масоили каломии ҷадид, Мубориза бо илҳоду моддигарӣ, таъсиси марокиз ва муассисаҳои каломӣ[95]

Эзоҳ

  1. Кошифӣ, Каломи шиа (моҳият, мухтассот ва манобеъ), 1386ҳ.ш., саҳ.110.
  2. Кошифӣ, Каломи шиа (моҳият, мухтассот ва манобеъ), 1386ҳ.ш., саҳ.110.
  3. Ҷабраилӣ, Даромаде бар каломи шиа, 1400ҳ.ш., саҳ.39.
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1363ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.278 - 279.
  5. Раббонии Гулпойгонӣ, “Калом ва андешаҳои каломии имомия”, саҳ.135.
  6. Раббонии Гулпойгонӣ, “Калом ва андешаҳои каломии имомия”, саҳ.135.
  7. Раббонии Гулпойгонӣ, “Калом ва андешаҳои каломии имомия”, саҳ.135 - 136.
  8. Барои намуна нигоҳ кунед ба Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 1, саҳ.39 - 40.
  9. Мутаҳҳарӣ, Сайре дар Наҳҷ-ул-балоға, 1395ҳ.ш., саҳ.49.
  10. Кошифӣ, Каломи шиа (моҳият, мухтассот ва манобеъ), 1386ҳ.ш., саҳ.114.
  11. Субҳонӣ, Расоил ва мақолот, 1433ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.246 - 248.
  12. Субҳонӣ, Расоил ва мақолот, 1433ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.248.
  13. Субҳонӣ, Расоил ва мақолот, 1433ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.248.
  14. Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.93; Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1379ҳ.ш., саҳ.198 - 199.
  15. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.58.
  16. Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, 1982м., саҳ.82.
  17. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, саҳ.280 - 281.
  18. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1430ҳ.қ., саҳ.417; Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, 1982м., саҳ.72.
  19. Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.3, саҳ.340.
  20. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.333, 417, 418.
  21. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.115.
  22. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1430ҳ.қ., саҳ.417.
  23. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насириддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.48 - 66.
  24. Раббонии Гулпойгонӣ, “Калом ва андешаҳои каломии имомия”, саҳ.135.
  25. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.49.
  26. Ҷамъе аз нависандагон, Муъҷаму табақот-ил-мутакаллимин, муассисаи Имом Содиқ (а), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.79 - 80; Кошифӣ, Каломи шиа (моҳият, мухтассот ва манобеъ), 1386ҳ.ш., саҳ.148.
  27. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.94.
  28. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.49.
  29. Ибни Надим, ал-Феҳрист, Дорул-маърифат, саҳ.249.
  30. Ибни Надим, ал-Феҳрист, Дорул-маърифат, саҳ.249.
  31. Ҷабраилӣ, “Каломи шиъӣ; давраҳои таърихӣ, руйкардҳои фикрӣ”, саҳ.93.
  32. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.51.
  33. Ҷабраилӣ, “Каломи шиъӣ; давраҳои таърихӣ, руйкардҳои фикрӣ”, саҳ.94.
  34. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.438.
  35. Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1416ҳ.қ., саҳ.375.
  36. Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, 1423ҳ.қ., саҳ.17 - 18.
  37. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.2 - 4.
  38. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.51.
  39. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.52.
  40. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.52.
  41. Каримӣ, Нақши ҳадис дар истинботи каломии Ҳилла, 1398ҳ.ш., саҳ.36; Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.52.
  42. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.52.
  43. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.326 - 328.
  44. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.53.
  45. Ҷабраилӣ, “Каломи шиъӣ; давраҳои таърихӣ, руйкардҳои фикрӣ”, саҳ.94.
  46. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.54.
  47. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.55.
  48. Субҳонӣ, Мадхали масоили ҷадид дар илми калом, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.9; Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.55.
  49. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1390ҳ.ш., саҳ.78.
  50. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.98.
  51. Обидӣ, Мактаби каломии Қум, 1384ҳ.ш., саҳ.20 - 21; Кошифӣ, Каломи шиа (моҳият, мухтассот ва манобеъ), 1386ҳ.ш., саҳ.154.
  52. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.156.
  53. Кошифӣ, Каломи шиа (моҳият, мухтассот ва манобеъ), 1386ҳ.ш., саҳ.153.
  54. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.73 - 74.
  55. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.82 - 83.
  56. Ҷамъе аз нависандагон, Каломи фалсафӣ, тарҷумаи Иброҳими Султонӣ ва Ораш Нароқӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.7.
  57. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.88.
  58. Кошифӣ, Каломи шиа (моҳият, мухтассот ва манобеъ), 1386ҳ.ш., саҳ.159.
  59. Барои намуна нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, Расоил ва мақолот, 1433ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.367.
  60. Барои намуна нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, Расоил ва мақолот, 1433ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.369.
  61. Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.2, саҳ.89.
  62. Субҳонӣ, Рисолатун фи-т-таҳсин ва-т-тақбиҳ-ил-ақлияйн, 1420ҳ.қ., саҳ.120.
  63. Субҳонӣ, Расоил ва мақолот, 1433ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.376.
  64. Субҳонӣ, ал-Инсоф фи масоил дома фиҳо-л-хилоф, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.105.
  65. Ашъарӣ, ал-Лумаъ фи-р-радди аҳл-из-зайғи ва-л-бидаъ, ал-Мактабатул-азҳарияту лил-турос, саҳ.76; Субҳонӣ, Ҷабр ва ихтиёр, 1423ҳ.қ., саҳ.270.
  66. Субҳонӣ, Расоил ва мақолот, ҷ.5, саҳ.228.
  67. Субҳонӣ, ал-Инсоф фи масоил дома фиҳо-л-хилоф, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.97.
  68. Субҳонӣ, Расоил ва мақолот, 1433ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.369.
  69. Субҳонӣ, Расоил ва мақолот, 1433ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.373.
  70. Нигоҳ кунед ба Ҷабраилӣ, Даромаде бар каломи шиа, 1400ҳ.қ., саҳ.273 - 295.
  71. Ҷабраилӣ, Даромаде бар каломи шиа, 1400ҳ.қ., саҳ.272 - 273.
  72. Ҷабраилӣ, Даромаде бар каломи шиа, 1400ҳ.қ., саҳ.279.
  73. Ҷабраилӣ, Даромаде бар каломи шиа, 1400ҳ.қ., саҳ.287.
  74. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.93.
  75. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.107.
  76. Кошифӣ, Каломи шиа (моҳият, мухтассот ва манобеъ), 1386ҳ.ш., 1387ҳ.ш, саҳ.52.
  77. Кошифӣ, Каломи шиа (моҳият, мухтассот ва манобеъ), 1386ҳ.ш., саҳ.52.
  78. Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, 1423ҳ.қ., саҳ.17 - 18.
  79. Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.127 - 129.
  80. Шаҳристонӣ, «Муқаддима», дар тасҳеҳи эътиқодот-ул-имомия, 1414ҳ.қ., саҳ.19 - 20.
  81. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.13.
  82. Ҳусайнии Ҷалолӣ, «Муқаддима», дар китоби Таҷрид-ул-эътиқод, 1407ҳ.қ., саҳ.71; Кошифӣ, Каломи шиа (моҳият, мухтассот ва манобеъ), 1386ҳ.ш., саҳ.158.
  83. Барои намуна нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, «Муқаддима», дар китоби Шавориқ-ул-илҳом, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9 - 20; Кошифӣ, Каломи шиа (моҳият, мухтассот ва манобеъ), 1386ҳ.ш., саҳ.158.
  84. Ашмитка, Андешаҳои каломии Аллома Ҳиллӣ, тарҷумаи Аҳмад Намоӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.57.
  85. Барои намуна нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, Маншури ақоиди имомия, 1376ҳ.ш., 301 - 346.
  86. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (аз асри Ғайбат то Хоҷа Насири Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.66; Атоии Назарӣ, «Нигоҳе ба адвор ва макотиби каломии имомия дар қуруни миёнӣ», саҳ.171.
  87. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.66 - 68; Фармониён ва Содиқии Кошонӣ, Нигоҳе ба таърихи тафаккури имомия аз оғоз то зуҳури Сафавия, 1394ҳ.ш., саҳ.36.
  88. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.73 - 74; Ҷаъфарӣ, «Муқоисае миёни ду мактаби фикрии шиа дар Қум ва Бағдод дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ», саҳ.20 - 23.
  89. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Эҳёул-туросил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.3; Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.77; Разавӣ, Таърихи каломи имомия; ҳавзаҳо ва ҷараёнҳои каломӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.286.
  90. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), 1389ҳ.ш., саҳ.79 - 80.
  91. Кошифӣ, Каломи шиа (моҳият, мухтассот ва манобеъ), 1386ҳ.ш., саҳ.157; Ҷабраилӣ, “Мадрасаи Ҳилла”, саҳ.26 - 28.
  92. Ҷабраилӣ, Шахсиятҳо, осор, мадорис ва манобеи каломии шиа, 1397ҳ.ш., саҳ.219 - 220; Разавӣ, Таърихи каломи имомия; ҳавзаҳо ва ҷараёнҳои каломӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.439.
  93. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҷабраилӣ, Шахсиятҳо, осор, мадорис ва манобеи каломии шиа, 1397ҳ.ш., саҳ.220 - 225.
  94. Ҳакимӣ, “Ақли худбунёди динӣ”, саҳ.127 - 129.
  95. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҷабраилӣ, Шахсиятҳо, осор, мадорис ва манобеи каломии шиа, 1397ҳ.ш., саҳ.232 - 237.

Сарчашма

  • Ашмитка, Зобина, Андешаҳои каломии Аллома Ҳиллӣ, тарҷумаи Аҳмад Намоӣ, Машҳад, Остони қудси Разавӣ, 1389ҳ.ш.
  • Ашъарӣ, Алӣ ибни Исмоил, ал-Лумаъ фи-р-радди аҳл-из-зайғи ва-л-бидаъ, Қоҳира, ал-Мактабатул-азҳария лил-турос, бе то.
  • Ибни Надим, Муҳаммад Исҳоқ, ал-Феҳрист, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Каримӣ, Маҳдӣ, Нақши ҳадис дар истинботи каломии Ҳилла, Қум, маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо, чопи сеюм, 1398ҳ.ш.
  • Кошифӣ, Муҳаммадризо, Каломи шиа (моҳият, мухтассот ва манобеъ), Қум, Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1386ҳ.ш.
  • Машкур, Муҳаммадҷавод, Фарҳанги фирақи исломӣ, Машҳад, Остони қудси Разавӣ, 1375ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Қум, интишороти Садро, 1390ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Сайре дар Наҳҷ-ул-балоға, Қум, интишороти Садро, 1395ҳ.ш.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, таҳқиқи Мусо Шубайрии Занҷонӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Обидӣ, Аҳмад, Мактаби каломии Қум, Қум, Остонаи муқаддасаи Қум, интишороти зоир, чопи аввал, 1384ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Қум, интишороти Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, “Калом ва андешаҳои каломии имомия”, Кайҳони андеша, № 54, хурдод ва тири 1373ҳ.ш.
  • Разавӣ, Расул, Таърихи каломи имомия; ҳавзаҳо ва ҷараёнҳои каломӣ, Қум, интишороти Дорул-ҳадис, чопи дувум, 1396ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Муқаддима», дар Шавориқ-ул-илҳом, таълифи Муҳаққиқи Лоҳиҷӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1425ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Инсоф фи масоил дома фиҳо-л-хилоф, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1423ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, бе то.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Мадхали масоили ҷадид дар илми калом, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1382ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ақоиди имомия, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1376ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Расоил ва мақолот, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1433ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Рисолатун фи-т-таҳсин ва-т-тақбиҳ-ил-ақлияйн, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1420ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Ҷабру ихтиёр, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1423ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Ҳамд ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳл-ил-лиҷоҷ, тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Хирсон, шаҳд, нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадкозим, Таърихи ҳадиси шиа, Қум, муассисаи илмии фарҳангии Дорул-ҳадис, 1390ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Бунёди илмӣ ва фикрии Аллома Таботабоӣ, 1363ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Шиа дар Ислом, Қум, интишороти Бустони китоб, 1379ҳ.ш.
  • Фармониён, Маҳдӣ ва Мустафо Содиқии Кошонӣ, Нигоҳе ба таърихи тафаккури имомия; аз оғоз то зуҳури Сафавия, Қум, Пажуҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, чопи аввал, 1394ҳ.ш.
  • Ҳакимӣ, Муҳаммадризо, “Ақли худбунёди динӣ”, нашрияи Бозтоби андеша, № 21, озари 1380ҳ.ш.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи Таҷрид-ул-эътиқод, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1430ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, Бейрут, Дорул-китобил-лубнонӣ, 1982м.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Муҳаммадҷавод, «Муқаддима», дар Таҷрид-ул-эътиқод, таълифи Хоҷа Насируддини Тусӣ, Теҳрон, Мактабул-эъломил-исломӣ, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Ҷабраилӣ, Муҳаммадсафар, “Каломи шиъӣ; давраҳои таърихӣ, руйкардҳои фикрӣ”, Қабасот, № 38, деймоҳи 1384ҳ.ш.
  • Ҷабраилӣ, Муҳаммадсафар, Даромаде бар каломи шиа, Қум, Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, чопи аввал, 1400ҳ.ш.
  • Ҷабраилӣ, Муҳаммадсафар, Мадрасаи Ҳилла, фаслномаи Фарҳанги зиёрат, № 12, меҳрмоҳи 1391ҳ.ш.
  • Ҷабраилӣ, Муҳаммадсафар, Сайри татаввури каломи шиа (дафтари дувум: аз асри Ғайбат то Хоҷа Насируддини Тусӣ), Қум, Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Ҷабраилӣ, Муҳаммадсафар, Шахсиятҳо, осор, мадорис ва манобеи каломии шиа, Қум, мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1397ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Каломи фалсафӣ, тарҷумаи Иброҳим Султонӣ ва Аҳмади Нароқӣ, Теҳрон, интишороти Сирот, 1384ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Муъҷаму табақот-ил-мутакаллимин, муассисаи Имом Содиқ (а), Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1424ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, «Муқоисае миёни ду мактаби фикрии шиа дар Қум ва Бағдод дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ», дар мақолоти форсӣ (маҷмӯаи мақолоти конгресси Шайхи Муфид, ҷ.69), Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, таҳқиқ: Сайидҳошим Ҳусайнии Теҳронӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, Теҳрон, интишороти исломия, 1395ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи-т-тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, таҳқиқи Амиралии Маҳно ва Алӣ Ҳасан Фоъур, Бейрут, Дорул-маърифат, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Ҳибатуддин, «Муқаддама», дар Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомия, таълифи Шайхи Муфид, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.