Росихун дар илм
Росиxун дар илм (форсӣ: راسِخون در علم) таъбири Қуръонӣ аст, ки ба шахсони собитқадам дар дониш ишора дорад. Уламои шиа, бо такя ба ривоёт, мисдоқи ин таъбирро Пайғамбари акрам (с) ва Аҳли Байт (а) медонанд. Бархе дигар мафҳуми васеътаре барои он қоиланд, ки шомили ҳамаи донишмандон ва мутафаккирон мешавад ва дар ин миён Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а) масодиқи барҷастаи он ҳастанд.
Миёни муфассирони мусулмон дар бораи ин ки оё росихон дар илм, таъвили оёти муташобеҳро медонанд ё на, ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бархе муфассирони шиа, бо истинод ба ривоёте, ки дар Ал-Кофӣ нақл шуда, росихон дар илмро олим ба таъвили оёти муташобеҳ медонанд. Дар муқобил, бархе дигар муфассирони шиа ва аҳли суннат муътақиданд танҳо Худо олим ба таъвили оёти муташобеҳ аст ва росихон дар илм иттилое аз он надоранд.
Дар сураи Нисо ба росихон дар илм ишора шуда, ки ба Пайғамбари Ислом ва он чи пеш аз ӯ нозил шуда, имон доранд. Бархе муфассирон мисдоқи «росихон дар илм»-ро дар ин сура яҳудиёни огоҳ ба Таврот донистаанд, ки Пайғамбари Исломро таъйид карданд.
Мафҳумшиносӣ
Бар асоси ривояте аз Имом Боқир (а), росихон дар илм касонеанд, ки дар донишашон ихтилофе нест.[1] Табарсӣ, аз муфассирони шиа, росихон дар илмро шахсони собит ва решадор дар илм, муаррифӣ кардааст.[2] Бархе дигар аз муфассирон, росихон дар илмро касоне медонанд, ки ба далели фаровонии дониш, собитқадам буда[3] ва илмро абзоре барои шинохти зиндагӣ қарор додаанд.[4] Дар китоби ад-Дурр-ул-мансури Суютӣ, ривояте аз Пайғамбари Ислом (с) нақл шудааст, ки росихон дар илмро афроде медонад, ки пойбанд ба савганд ҳастанд, забонашон ростгӯ, қалбҳояшон устувор ва дар баробари шикам ва шаҳват, афифанд.[5]
Таъбири «الرَّاسِخُونَ فِی الْعِلْمِ» (Ар-Росихуна фи-л-илм) дар сураи Оли Имрон омадааст: «Таъвили оёти Илоҳиро ҷуз Худо касе намедонад ва росихон дар илм мегӯянд мо ба он имон овардем».[6] Қисмате аз ин оят ба фаҳми таъвили оёти муташобеҳи Қуръон ишора дорад.[7] Ҳамчунин дар сураи Нисо низ ин таъбир омадааст: «Росихон дар илм, ба он чи бар ту ва пеш аз ту нозил шуда имон доранд».[8]
Оё росихон дар илм таъвили оёти муташобеҳро медонанд؟
Дар ояти 7 сураи Оли Имрон омадааст, ки таъвили оёти муташобеҳ танҳо бар Худованд ва росихон дар илм равшан аст.[9] Перомуни мафҳуми «الرَّاسِخُونَ فِی الْعِلْمِ» (Ар-Росихуна фи-л-илм), ду назария матраҳ аст:
- Назарияи аввал: Бархе муфассирон, муътақиданд, ки «росихон» ба касоне ишора дорад, ки олим ба таъвили оёти муташобеҳ ҳастанд,[10] Муғния, аз муфассирони шиа, ин дидгоҳро таъйид карда ва гуфтааст, нузули ояте бе он ки касе маънои онро донад, қабеҳ аст.[11] Ҳамчунин тафсири Маҷмаъ-ул-баён дар таъйиди ин назар оварда, ки асҳоб ва тобеин бар асли тафсири ҳамаи оёти Қуръон, иҷмоъ доштаанд ва ҳаргиз дар тафсири ояте таваққуф намекарданд ва намегуфтанд: ин оят муташобеҳ аст ва танҳо Худованд тафсири онро медонад.[12]
- Назарияи дуюм: Бархе муфассирони шиа[13] ва аҳли суннат,[14] муътақиданд, ки «вов»-и «وَالرَّاسِخُونَ» (Ва-р-росихун) истиноф аст ва ба маънои шуруи ҷумлаи наве аст, ки иртиботе бо ҷумлаи қабл надорад. Бар асоси ин дидгоҳ, танҳо Худованд олим ба таъвили оёти муташобеҳ аст ва росихон дар илм фақат имон ба оёт доранд ва аз таъвили оёти муташобеҳ иттилое надоранд.
Алломa Таботабоӣ ин мавзуъро монанди илми ғайб медонад, ки бархе оёт, фаҳми илми ғайбро махсуси Худо медонанд ва дар бархе оёт[15] истисноҳое барои он зикр шудааст.[16]
Мисдоқ
Дар таъини мисдоқи росихон дар илм дидгоҳҳои гуногуне матраҳ аст:
Пайғамбари Ислом ва Аҳли Байт (а):Табарсӣ[17] ва Алӣ ибни Иброҳими Қумӣ,[18] аз уламои шиа, ривоёте нақл кардаанд, ки Пайғамбари Ислом (с)-ро афзали росихон дар илм муаррифӣ карда ва пас аз ӯ, авсиёяшро аз росихон дар илм донистаанд. Имом Боқир (а) дар ривояте имомон (а) ва дар ривояти дигар Оли Муҳаммад (а)-ро ба унвони росихон дар илм муаррифӣ кардааст.[19] Бар асоси ривоёте, ки Кулайнӣ, дар Ал-Кофӣ нақл карда, росихон дар илм, Имом Алӣ (а) ва имомони пас аз ӯ ҳастанд.[20] Имом Алӣ (а) касонеро, ки гумон мекунанд ба ҷои онон, росихон дар илм ҳастандро дурӯғгӯ ва ситамгор хондааст.[21]
Ҳамаи донишмандон ва мутафаккирон: Бархе уламо росихон дар илмро дорои мафҳуми васее донистаанд, ки ҳамаи донишмандон ва мутафаккиронро дар бар мегирад. Албатта дар миёни онҳо афроди мумтозе ҳастанд, ки дар дараҷаи аввал, мисдоқи ин калима қарор гирифтаанд.[22] Табарсӣ, муфассири шиа, нақл мекунад, ки Ибни Аббос худашро аз росихон дар илм медонистааст.[23] Ривоёти мутааддиде, ки «росихон дар илм»-ро ба Пайғамбари Ислом (с) ва имомон (а) тафсир кардаандро ба ҷиҳати баёни мисдоқи мумтози он донистаанд.[24] Алломa Таботабоӣ низ ин ривоётро аз боби татбиқи куллӣ бар мисдоқи хосси Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а) донистааст.[25]
Росихон дар илм аз яҳудиёни мусулмоншуда
Худованд дар сураи Нисо аз росихон дар илм ном мебарад, ки бар Пайғамбари Ислом (с) ва он чи пеш аз вай нозил шуда, имон доранд.[26] Бархе муфассирон, мисдоқи ин оят аҳли китоб[27] ва яҳудиёни[28] огоҳ ба Таврот донистаанд, ки ба Пайғамбари Ислом (с) гуфтанд он чи овардаӣ ҳақ аст.[29] Ҳамчунин бархе муфассирон, Абдуллоҳ ибни Салом ва пайравонаш, ки муъмин ба Таврот будаандро мисдоқи ин оят донистаанд.[30] Ин оят дар ситоиши яҳудиёни боимон ва покдомане шумурда шуда, ки дар илму дониш росих ҳастанд, имон ба Худо доранд ва ба он чи бар Пайғамбари Ислом (с) ва бар пайғамбарони пешин, нозил шуда имон овардаанд.[31]
Эзоҳ
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.245
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.698-699
- ↑ Ҳусайнии Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, 1423ҳ.қ., саҳ.61
- ↑ Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.251
- ↑ Суютӣ, Тафсири ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.7
- ↑ Сураи Оли Имрон, ояти 7
- ↑ Қумӣ, Тафсир-ил-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.96-97
- ↑ Сураи Нисо, ояти 162
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.2, саҳ.400
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.649
- ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.14
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.701
- ↑ Балхӣ, Тафсири Муқотил ибни Сулаймон, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.264; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.28
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.145; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.7
- ↑ Сураи Ҷин, ояти 27
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.28
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.700
- ↑ Қумӣ, Тафсир-ил-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.96-97
- ↑ Ҳувайзӣ, Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.315
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.213
- ↑ Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 144, саҳ.201
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.439
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.700
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.439
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.70
- ↑ Сураи Нисо, ояти 162
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.138
- ↑ Ҳусайнии Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, 1423ҳ.қ., саҳ.114
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.215
- ↑ Балхӣ, Тафсири Муқотил ибни Сулаймон, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.264
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.210
Сарчашма
- Балхӣ, Муқотил ибни Сулаймон, Тафсири Муқотил ибни Сулаймон, таҳқиқи Абдуллоҳ Маҳмуд Шаҳота, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ил-Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Сайид Таййиб Мусоӣ Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи севум, 1404ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
- Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор муҳибб-ил-Ҳусайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Сайид Разавӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷ-ул-балоға, муҳаққиқ: Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Суютӣ, Ҷалолуддин, ад-Дурр-ул-мансур фи тафсир-ил-маъсур, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи севум, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи севум, 1420ҳ.қ.
- Ҳувайзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, таҳқиқи Сайид Ҳошими Расулӣ Маҳаллотӣ, Қум, Интишороти Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
- Ҳусайнии Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, Табйин-ул-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-улум, чопи дувум, 1423ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъма, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Шайх Оқобузурги Теҳронӣ, таҳқиқ: Аҳмад Қасирулъомилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.