Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Сабъ-ул-масонӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сабъулмасонӣ)
Сураи Фотиҳа
Фотиҳа
Рақами сура1
Ҷузъ1
Нузул
Тартиби нузул5
Маккӣ/МаданӣМаккӣ
Иттилооти оморӣ
Теъдоди оятҳо7
Теъдоди калимаҳо29
Теъдоди ҳарфҳо143


Сабъ-ул-масонӣ (арабӣ: سَبْعُ الْمَثانِی Ҳафттои такроршаванда) аз номҳои сураи Ҳамд аст.[1] Далели ин номгузорӣ, доштани ҳафт оят ва такрори пайвастаи он дар намозҳои рӯзона зикр шудааст.[2] Далелҳои дигар иборатанд аз: ду бор нозил шудани ин сура, як бор дар Макка ва як бор дар Мадина[3] ва ташкил шудан аз ду бахши ҳамди Илоҳӣ ва талаби бандагон.[4]

Таъбири «сабъан мина-л-масонӣ» дар ояти «ва лақад отайнака сабъан мина-л-масонӣ ва-л-Қуръона-л-азим» омадааст.[5] Бар асоси гузорише, шаъни нузули ин оят ба вуруди ҳафт қофилаи тиҷорӣ барои яҳуди Банӣ Қурайза ва Банӣ Назир бо бори порча, атр ва ҷавоҳир ба Мадина ишора дорад. Мусалмонон бо дидани ин қофилаҳо гуфтанд, агар ин амвол барои мо буд, қавӣ ва тавонгар мешудем ва дар роҳи Худо инфоқ мекардем. Пас аз он, ин оят нозил шуд ва Пайғамбар (с) фармуд: ҳафт оят ба шумо додам, ки аз ин ҳафт қофила беҳтар аст.[6]

Дидгоҳҳои тафсирӣ:

  • Ҳафт сураи оғозини Қуръон: «Сабъ» ба ҳафт сураи оғозини Қуръон ва «масонӣ» ба худи Қуръон ишора дорад.[7] Муртазо Муттаҳарӣ, далели номгузории Қуръон ба Сабъ-ул-масониро ҳамроҳии башорат (навид) ва инзор (ихтор) медонад.[8]
  • Ҳафт саҳифаи нозилшуда бар анбиё[9]
  • Ҳафт амр шомили амр, наҳй, башорат, инзор, амсол, шумориши неъматҳо ва ахбори умматҳо.[10]
  • Чордаҳ маъсум: Бар асоси баъзе ривоёт, манзур аз «ду ҳафтто», чордаҳ маъсум (ҳазрати Пайғамбар (с), ҳазрати Фотима ва имомон (а)) ҳастанд.
  • Сураи Ҳамд: Аллома Таботабоӣ муътақид аст, ки «Сабъ-ул-масонӣ» фақат бар сураи Ҳамд далолат дорад ва дидгоҳҳои дигар дар ин замина далели равшане аз Қуръон ё ривоёт надоранд.[11]
Бар асоси сураи Ҳамд лавҳи тилисми Сабъ-ул-масонӣ сохта шудааст. Дар он қоидаҳои илми адад ва уфуқҳои дувоздаҳгонаи бурҷҳо мундариҷ аст.[12]

Эзоҳ

  1. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.191.
  2. Айёшӣ, Тафсири Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.19; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.129.
  3. Хӯӣ, ал-Баён, Дор-уз-заҳро, ҷ.1, саҳ.418.
  4. Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.17.
  5. Сураи Ҳиҷр, ояти 87.
  6. Воҳидии Нишобурӣ, Асоб-ун-нузул, 1411ҳ.қ., саҳ.276.
  7. Айёшӣ, Тафсири Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.19.
  8. Муттаҳарӣ, Сайре дар сираи набавӣ, 1402ҳ.ш., саҳ.181; Муттаҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон, 1402ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.103.
  9. Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, Бейрут, ҷ.14, саҳ.78.
  10. Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, Бейрут, ҷ.14, саҳ.78.
  11. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.46, саҳ.200.
  12. «کلیات آثار و اشعار شیخ بهایی - بدون تحریف؛ خواب‌نامه (تعبیر خواب منظوم شیخ بهائی)».

Сарчашма

  • Абуубайда, Муаммар ибни Мусанно, Маҷоз-ул-Қуръон, таҳқиқи Фуоди Сазгин, Қоҳира, 1962м.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-айёшӣ, Теҳрон, Мактабат-ул-илмия, 1380ҳ.қ.
  • Алома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Воҳидии Нишобурӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асоб-ун-нузул, таҳқиқ: Камол Басюнӣ Зағлул, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1411ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1373ҳ.ш.
  • Муттаҳарӣ, Муртазо, Ошноӣ бо Қуръон, Нашри Садро, 1402ҳ.ш., 1445ҳ.қ.
  • Муттаҳарӣ, Муртазо, Сайре дар сираи набавӣ, Нашри Садро, 1402ҳ.ш., 1445ҳ.қ.
  • Олусӣ, Маҳмуд, Рӯҳ-ул-маонӣ, офсети Бейрут, бетаърих.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷма-ул-баён фи-т-тафсир-ил-Қуръон, Дор-ул-маърифа, Бейрут, 1408ҳ.қ.
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, ал-Баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-уз-заҳро, бетаърих.
  • «کلیات آثار و اشعار شیخ بهایی - بدون تحریف؛ خواب‌نامه (تعبیر خواب منظوم شیخ بهائی)» («Куллиёти осор ва ашъори Шайхи Баҳоӣ - бидуни таҳриф; хобнома (таъбири хоби манзуми Шайхи Баҳоӣ)»).