Сураи Нос
Фалақ Сураи Нос Фотиҳа | |
Рақами сура | 114 |
---|---|
Ҷузъ | 30 |
Нузул | |
Тартиби нузул | 21 |
Маккӣ/Маданӣ | Маккӣ |
Иттилооти оморӣ | |
Теъдоди оятҳо | 6 |
Теъдоди калимаҳо | 20 |
Теъдоди ҳарфҳо | 78 |
Сураи Нос, саду чаҳордаҳумин (охирин) сура ва аз сураҳои маккии Қуръон аст, ки дар ҷузъи сиюм ҷой гирифтааст. Сураи Нос ҷузви чаҳорқул аст. Худованд дар ин сура ба Пайғамбар (с) дастур медиҳад дар муқобили васвасагарони пинҳон ба Худо паноҳ барад.
Дар бархе аз тафосири аҳли суннат омадааст ин сура ҳангоме нозил шуд, ки марди яҳудие, Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро сеҳр кард ва Пайғамбар ба сабаби он бемор шуд. Пас аз омадани Ҷабраил ва нузули сураи Фалақу Нос, оёти он бар Пайғамбар (с) хонда шуд ва ӯ аз бистари беморӣ бархост. Бархе аз олимони шиъа ба ин сухан ишкол кардаанду гуфтаанд, сеҳру ҷодӯ бар Пайғамбар (с) асар намекунад.
Сураи Нос ва Фалақро муъаввазатайн гӯянд; чароки барои таъвиз хонда мешаванд. Дар фазилати тиловати сураи Нос, аз ҷумла нақл шуда аст ҳар кас ду сураи Нос ва Фалақро бихонад, монанди он аст, ки ҳамаи китобҳои пайғамбарони Илоҳиро қироат кардааст. Ҳамчунин нақл шудааст Пайғамбар (с) ду сураи Носу Фалақро маҳбубтарини сураҳо назди Худованд медонист.
Муаррифӣ
* Номгузорӣ
Ин сураро сураи Нос номидаанд. Нос ба маънои «мардум» аст ва аз ояти аввал гирифта шудааст. Сураи Носро «муъавваза» низ мегӯянд. Ин ном ба хотири он аст, ки инсон бо хондани ин сура худро аз васвасаҳои шайтон муҳофизат (таъвиз) мекунад ва дар паноҳи Худо қарор медиҳад. Ҳамчунин ба хотири ин ки инсон ҳангоми эҳсоси хатар, ин сураро мехонад, то паноҳ ва наҷот ёбад, ин сураро мушақшақа ном ниҳодаанд. Ду сураи Нос ва Фалақро мушақшақатайн ва муъаввазатайн гӯянд.[1]
* Тартиб ва маҳалли нузул
Сураи Нос ҷузви сураҳои маккӣ ва дар тартиби нузул, бистуякумин сурае аст, ки бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Ин сура дар чиниши кунунии мусҳаф, саду чаҳордаҳумин сура аст[2] ва дар ҷузъи сиюми Қуръон ҷой дорад. Аллома Таботабоӣ - нависандаи ал-Мизон, сураро монанди сураи Фалақ маданӣ медонад ва бар асоси ривоёти нозилшуда бар ин бовар аст, ки сураи Фалақу Нос бо ҳам нозил шудаанд.[3] Ҷаводии Омулӣ - муффасири шиъии муосир, бар ин бовар аст, ки сура ҳам метавонад маккӣ бошад ва ҳам маданӣ, зеро хусусмяти сураҳои Мадинаро надорад ва аз хусусияти сураҳои Макка ҳам бархӯрдор аст.[4]
* Теъдоди оёт ва дигар вижагиҳо
Сураи Нос 6 оят, 20 калима ва 78 ҳарф дорад. Ин сура аз назари ҳаҷмӣ ҷузви сураҳои муфассалот (дорои оёти кӯтоҳ) аст. Сураи Нос ҷузви чаҳорқул аст; чаҳор сурае ки бо калима «қул» оғоз мешаванд.[5]
Муҳтаво
Худованд дар сураи Нос ба Расули худ дастур медиҳад аз шарри васвоси ханнос (васвасагари ниҳонӣ) ба Худо паноҳ барад.[6] Мазмуни ин сура монанди сураи Фалақ аст. Ҳар ду дар бораи паноҳ бурдан ба Худо аз шарр ва офатҳо сухан мегӯянд, бо ин фарқ ки дар сураи Фалақ анвоъи мухталифи шарур матраҳ шудааст, вале дар ин сура фақат бар рӯи шарри васвасагарони нопайдо (васвоси ханнос) такя шудааст.[7]
Силсилаи маротиб дар низоми ҳастӣ
Ҷаводии Омулӣ - муффасири машҳури муосир, дар тафсири сура ва такрори калимаи раб мегӯяд, ки инсон вақте мушкилие пайдо кард аввал ба валии худ ва ба роҳнамои худ ва ба сарпараст ва мудиру мудаббири худ паноҳанда мешавад (рабб-ин-нос) ва агар мушкили ӯ аз он роҳ ҳал нашуд, ба ҳокими мамлакат, султони мамлакат, амини мамлакат, амири мамлакат паноҳанда мешавад (малик-ин-нос) ва агар коре аз масъулон, мудирон ва мудаббирони заминӣ ба самар нарасид, ба «рабб-ул-оламин» (Илоҳ-ин-нос) паноҳанда мешавад.
Носҳои сегона дар сураи Нос
Бархе аз муффасирон муътақиданд, ки носе, ки дар аввали ин сура омадааст, яъне мутлақи мардум, ин носе, ки дар мобайн омадааст (الَّذِي يُوَسْوِسُ فِي صُدُورِ النَّاسِ) афроде, ки душманони ҷинну инс ба ӯ ҳамла мекунанд, ин носе, ки дар поён омадааст (مِنَ الْجِنَّةِ وَالنَّاسِ) дар радифи ҷин, носе аст, ки худаш васвасагар аст ва ин сура ва низ сураи Фалақ зилъҳои сегонаи истиъозаро нишон медиҳанд.[8]
Маъмурияти васвоси ханнос
Шайхи Садуқ дар китоби Амолӣ аз Имом Содиқ (а) ривоят карда, ки вақте ояти «و الذین اذا فعلوا فاحشه او ظلموا انفسهم ذکروا الله فاستغفروا لذنوبهم»[Ёддошт 1] нозил шуд Иблис ба болои кӯҳи Сувайри Макка рафт ва бо овози баландтаринаш ифритҳо (фарзандони васвасагару фиребкор)-и худро фарёд кард, ҳама наздаш ҷамъ шуданд, пурсиданд эй бузурги мо, магар чӣ шуда аст, ки моро назди худ хондӣ? Гуфт: ин оят нозил шуда аст, аз байни шумо кист, ки асари онро хунсо созад, ифрите аз шайтонҳо бархосту гуфт: ман аз ин роҳ онро хунсо мекунам.
Шайтон гуфт: на, ин кор аз ту барнамеояд. Ифрити дигаре бархост ва монанди ҳамон суханро гуфт, ва ҳамон посухро низ шунид. Васвоси ханнос гуфт: ин корро ба ман вогузор, пурсид аз чӣ роҳе онро хунсо хоҳӣ кард? Гуфт: ба онон ваъда медиҳам, орзӯмандашон мекунам, то муртакиби хато ва гуноҳ шаванд, вақте дар гуноҳ воқеъ шуданд, истиғфорро аз ёдашон мебарам. Шайтон гуфт: оре, ту, ба дарди ин кор мехурӣ, ва ин корро то рӯзи қиёмат ба ӯ вогузор кард.[9]
Шаъни нузул
Дар бораи шаъни нузули ин сура, ривояте дар манобеи аҳли суннат нақл шуда аст, ки олимони шиъа онро напазируфтаанд.[10] Дар китоби «ад-Дурр-ул-мансур» аз китобҳои тафсирии аҳли суннат омада аст марди яҳудие, Пайғамбар (с)-ро сеҳр кард. Ҷабраил назди Пайғамбар (с) омада муъаввазатайн (сураи Фалақ ва Нос)-ро оварду гуфт марди яҳудие туро сеҳр карда, ва сеҳри ӯ дар фалон чоҳ аст. Пайғамбар (с) Алӣ ибни Абутолибро фиристод, то сеҳрро биоварад; сипас дастур дод гиреҳҳои онро боз кунад ва барои ҳар гиреҳ, як оят аз муъаввазатайнро бихонад. Чун гиреҳҳо боз ва ин ду сура тамом шуд, Пайғамбари Ислом (с) саломатии худро боз ёфт.[11]
Алломаи Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон менависад, далеле вуҷуд надорад, ки Пайғамбар (с) аз назари ҷисмӣ дар баробари сеҳру ҷодӯ муқовим бошад ва ҷодӯе натавонад дар бадани ӯ беморие эҷод кунад, балки оёти Қуръон бар ин далолат доранд, ки дил, ҷон ва ақлу андешаи Пайғамбар (с) аз сеҳр ва нуфузи шаётин дар амон аст.[12]
Фазилат ва хавос
- Навиштори аслӣ: Фазоили сураҳо
Аз Пайғамбар (с) ривоят шудааст ҳар кас ду сураи Нос ва Фалақро бихонад, монанди он аст, ки ҳамаи китобҳои пайғамбарони илоҳиро қироат карда бошад.[13] Аз Имом Боқир (а) низ нақл шудааст ҳар касе дар намози ватр, сураҳои муъаввазатайн (сураи Нос ва Фалақ) ва Ихлосро бихонад, ба ӯ гуфта мешавад, ки эй бандаи Худо, мужда бод бар ту, ки Худованд намози туро қабул кард.[14] Нақл шудааст Пайғамбар (с) ду сураи Фалақ ва Носро маҳбубтарини сураҳо назд Худованд муаррифӣ мекард.[15]
Дар бораи хавосси сураи Нос нақл шуда аст, Пайғамбар (с) бо хондани сураи Нос ва Фалақ, Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а)-ро таъвиз мекард.[16] Дар нақли дигаре аз Пайғамбар (с) омада аст ҳар кас сураҳои Тавҳид, Нос ва Фалақро ҳар шаб 10 маротиба бихонад, монанди ин аст, ки тамоми Қуръонро қироъат карда ва аз гуноҳонаш хориҷ мешавад монанди рӯзе, ки аз модар таваллуд шуда ва агар дар он рӯз ё шаб бимирад, ба марги шаҳодат мурда аст.[17]
Матн ва тарҷума
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон (1) | (بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ (۱ |
---|---|
Бигӯ: Паноҳ мебарам ба Парвардигори мардум (1) подшоҳи мардум (2) маъбуди мардум (3) аз шарри васвасагари ниҳонӣ (4) он касе ки дар синаҳои мардум васваса мекунад (5) аз ҷинси ҷинн бошад ё аз ҷинси инсон (6). |
Эзоҳ
- ↑ Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, 1271 - 1272.
- ↑ Маърифат, Омузиши улуми Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.166.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.395.
- ↑ http://javadi.esra.ir/-/%D8%AA%D9%81%D8%B3%DB%8C%D8%B1-%D8%B3%D9%88%D8%B1%D9%87-%D9%86%D8%A7%D8%B3-1399-01-29
- ↑ Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, 1271 - 1272.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1974м, ҷ.20, саҳ.395.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Баргузидаи тафсири намуна, 1382ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.538 ва 632.
- ↑ http://javadi.esra.ir/-/%D8%AA%D9%81%D8%B3%DB%8C%D8%B1-%D8%B3%D9%88%D8%B1%D9%87-%D9%86%D8%A7%D8%B3-1399-01-29
- ↑ Шайхи Садуқ, Амолӣ, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.551.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1974м, ҷ.20, саҳ.394.
- ↑ Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.417.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1974м, ҷ.20, саҳ.394.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.491.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.491.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.92, саҳ.368.
- ↑ Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1271 - 1272.
- ↑ Омилии Кафъамӣ, ал-Балад-ул-амин, саҳ.33.
Матни унвон
Сарчашма
- Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1418ҳ.қ./ 1376ҳ.ш.
- Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, ҷ.2, Теҳрон, дӯстон - Ноҳид, 1377ҳ.ш.
- Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, Қум, китобхонаи умумии оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Садуқ, ал-Амолӣ, Қум, нашри Беъсат, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, чопи дувум, 1974м.
- Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, Теҳрон, Мактабат-ул-аъламийя, чопи аввал, 1338ҳ.ш.
- Омилии Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Балад-ул-амин ва-д-даръ-ул-ҳасин.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1403ҳ.қ.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омузиши улуми Қуръон, [бе ҷо], Маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1371ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Баргузидаи тафсири намуна, Аҳмад Алибобоӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1382ҳ.ш.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found