Оёти Бароъат
- Ин мақола дар бораи оёти оғозини сураи Тавба аст. Барои ошноӣ бо иблоғи ин оёт, мадхали Иблоғи оёти Бароъатро бибинед.
Оятҳои Бароъат аввалин оятҳои сураи Тавба аст, ки аҳкоми ниҳоии равобити мусалмонон ва мушриконро баён мекунад.
Худо дар ин оятҳо ба Пайғамбар (с) ва мусалмонон фармон медиҳад, безорӣ аз мушриконро ошкор созанд ва аз паймонҳое, ки бо онҳо бастаанд, даст кашанд ва агар Ислом наоваранд, бо онҳо ҷанг эълон кунанд. Ин оятҳоро Имом Алӣ (а) дар рӯзи иди Қурбон ба мушрикон иблоғ кардааст.
Ба гуфтаи муфассирон, лағви якҷонибаи паймон бо мушрикон бе муқаддима набуд, балки паймоншиканӣ, аввал аз чониби мушрикон сурат гирифтааст. Ба ҳамин далел, паймон бо мушриконе, ки аҳди худро нашикаста буданд, тибқи ҳамин оёт, то охири муҳлаташ аз ҷониби мусулмонон муҳтарам эътироф шуд. Ҳамчунин гуфтаанд, ин паймонҳо аз аввал муваққатан баста шуда буданд.
Ба бовари Муҳаммадҷавод Муғния, таъкиди оятҳои Бароъат бар маҷбур кардани мушрикони нимҷазираи Араб ба дини Ислом ё омода шудани онҳо ба ҷанг, бо ихтиёрӣ будани қабули дини Ислом, ки дар оятҳои дигар бар он тасреҳ шудааст, зиддият надорад; чароки мушрикони Ҷазиратулъараб паймонҳои худро пайваста мешикастанд ва ҷомеаи навбунёди исломиро низ таҳдид мекарданд. Аз ин рӯ, ин ҳукм фақат ба онон ихтисос дошт.
Муаррифии матн ва тарҷума
Оёти ибтидоии сураи Тавбаро оёти Бароъат номидаанд.[1]
بَرَاءَةٌ مِّنَ اللَّـهِ وَرَسُولِهِ إِلَى الَّذِينَ عَاهَدتُّم مِّنَ الْمُشْرِكِينَ ﴿١﴾ فَسِيحُوا فِي الْأَرْضِ أَرْبَعَةَ أَشْهُرٍ وَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللَّـهِ ۙ وَأَنَّ اللَّـهَ مُخْزِي الْكَافِرِينَ ﴿٢﴾ وَأَذَانٌ مِّنَ اللَّـهِ وَرَسُولِهِ إِلَى النَّاسِ يَوْمَ الْحَجِّ الْأَكْبَرِ أَنَّ اللَّـهَ بَرِيءٌ مِّنَ الْمُشْرِكِينَ ۙ وَرَسُولُهُ ۚ فَإِن تُبْتُمْ فَهُوَ خَيْرٌ لَّكُمْ ۖ وَإِن تَوَلَّيْتُمْ فَاعْلَمُوا أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللَّـهِ ۗ وَبَشِّرِ الَّذِينَ كَفَرُوا بِعَذَابٍ أَلِيمٍ ﴿٣﴾ ...
[Ин оёт] эъломи безорӣ [ва адами таъаҳҳуд] аст аз тарафи Худо ва Пайғамбараш, нисбат ба он мушриконе, ки бо эшон паймон бастаед. Пас [эй мушрикон!] чаҳор моҳ [-и дигар бо амнияти комил] дар замин бигардед ва бидонед, ки шумо наметавонед Худоро ба сутуҳ оваред, ва ин Худост, ки расвокунандаи кофирон аст. Ва [ин оёт] эъломе аст аз ҷониби Худо ва Пайғамбараш ба мардум дар рӯзи Ҳаҷҷи Акбар, ки Худо ва Пайғамбараш дар баробари мушрикон тааҳҳуде надоранд. [бо ин ҳол] агар [аз куфр] тавба кунед, он барои шумо беҳтар аст, ва агар рӯй бигардонед, пас, бидонед ки шумо Худоро дармонда нахоҳед кард; ва касонеро ки куфр варзиданд аз азобе дарднок хабар деҳ...!
Моҷарои нузул ва иблоғи оёт
Мақолаи аслӣ: Иблоғи оёти Бароъат
Оёти Бароъат дар поёни соли нуҳуми қамарӣ ва пас аз бозгашти мусулмонон аз ҷанги Табук нозил шуд.[2] Пайғамбар (с) маъмур шуд дар зилҳаҷҷаи ҳамон сол, ҳангоми иҷтимои мушрикон дар Макка, ин оётро ба онон иблоғ кунад.[3]
Дар бораи чароии нузули оёти Бароъат гуфта шудааст, бо вуҷуди Фатҳи Макка ба дасти мусулмонон дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ,[4] бархе қабоил ва мушрикон дар баробари Ислом муқовимат мекарданд[5] ва мушриконе низ, ки бо Пайғамбар (с) паймон баста буданд, борҳо паймоншиканӣ мекарданд.[6] Бо тағйири шароит ва густариши Ислом,[7] ин оёт нозил шуд ва вуҷуди ширкро таҳаммулнопазир хонд.[8]
Дар бораи моҷарои иблоғи ин оёт ба мушрикон, дар манобеи таърихӣ ва ҳадисии шиаю суннӣ омадааст, ҳангоме, ки оёти аввали сураи Бароъат нозил шуд, Пайғамбар (с) ибтидо Абубакр ибни Абуқуҳофаро барои иблоғи оёт ба сӯи мардуми Макка фиристод, вале пас аз хуруҷи Абубакр аз Мадина, Ҷабраил бар Пайғамбар (с) нозил шуду гуфт, ин оётро худат ё касе ки аз хонадони туст, бояд ба мушрикон иблоғ кунад. Дар пайи ин фармони Илоҳӣ, Пайғамбар (с), Имом Алӣ (а)-ро ба ҷои Абубакр ба сӯи Макка фиристод.[9]
Аҳмад ибни Абияъқуб дар Таърихи Яъқубӣ мегӯяд, Алӣ (а) баъд аз зуҳри рӯзи иди Қурбон ба Макка расид ва дар миёни мардум, оёти Бароъат ва паёми Пайғамбар (с)-ро хонду пас аз он гуфт, аз ин пас, ҳеҷ кас набояд урён тавоф кунад ва ҳеҷ мушрике ҳақ надорад соли оянда ба зиёрати Каъба биёяд. Ба гуфтаи Яъқубӣ, Алӣ (а) пас аз он, ба мардум амон доду гуфт, ҳаркас аз мушрикон, ки бо Расули Худо паймон бастааст, эътибори паймонаш чаҳор моҳ аст ва касе ки аҳду паймон надорад, панҷоҳ шаб муҳлат дорад.[10]
Муҳтаво
Муҳаммадҷавод Муғния дар тафсири ал-Кошиф муътақид аст, оёти Бароъат, ки дар зимни сураи Тавба нозил шуд, аҳкоми ниҳоӣ дар бораи равобити мусулмонон бо мушриконро табйин кардааст.[11] Ба гуфтаи муфассирон, дар оёти оғозини сураи Тавба, Худованд ба Пайғамбараш ва мусулмонон дастур медиҳад, безорӣ аз мушриконро ошкор созанд ва аз паймонҳое, ки бо онон бастаанд, хориҷ шаванд ва дар сурати Ислом наёвардан, ба онҳо эъломи ҷанг кунанд. Ин ҳушдор тамоми мушрикон ва ҳатто касонеро ки бо Пайғамбар (с) паймони сулҳу созиш имзо карда буданд, дарбар мегирифт ва эълом мекард онон пас аз муҳлати чаҳормоҳа барои андешидан дар бораи вазъияти худ, бояд таклифи худро дар хусуси Ислом овардан ё ҷанг бо мусулмонон маълум кунанд.[12]
Иллати лағви якҷонибаи паймон
Дастури лағви якҷонибаи паймон бо мушрикон дар оёти Бароъат, бо вуҷуди таъкиди фаровон ба вафои ба аҳд дар дини Ислом, мавриди суол воқеъ шудааст.[13] Аллома Таботабоӣ аҳдшикании мушриконро иллати бардошта шудани амон аз онон ва муҷаввизе барои мусулмонон барои муқобила ба мисл; яъне лағви паймонҳои басташуда бо мушрикон медонад.[14] Ба бовари Табарсӣ дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён, лағви якҷонибаи паймони сулҳ аз тарафи Пайғамбар (с) се далел дошт: 1- муваққат будани паймони сулҳ бо мушрикон, 2 - машрут будани он ба нарасидани дастур аз ҷониби Худо 3 - ҳамчунин хиёнат ва аҳдшикании мушрикон.[15]
Макорими Шерозӣ низ муътақид аст, ки лағви паймон аз сӯи мусулмонон бидуни муқаддима набудааст; зеро тибқи шавоҳид, мушаххас буд мушрикон дар сурати тавоноии нақзи паймон, як зарбаи корие ба мусулмонон ворид мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, паймонҳое, ки дар шароити хос бар миллате таҳмил мешавад, пас аз қудратгирии онон, имкони нақзашон вуҷуд хоҳад дошт.[16]
Ба бовари муфассирон, эъломи умумии лағви паймони мусулмонон бо мушрикон дар маркази иҷтимои онон дар Макка ва дар рӯзи иди Қурбон ва ҳамчунин додани фурсати чаҳормоҳа ба онон барои тафаккур, барои адами ғофилгирии мушрикон аст ва ин нишон аз пойбандии Ислом ба усули инсонӣ дорад.[17] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, Худо бо ин дастури худ, мусулмононро ҳатто аз ин миқдор хиёнат ҳам манъ кардааст.[18]
Чароии иҷбори мушрикон бар қабул кардани дини Ислом
Дар бораи чароии иҷбори мушрикон бар қабул кардани дини Ислом, бо вуҷуди оёте чун ояти 256 сураи Бақара, ки икроҳ дар пазириши динро нафй мекунад, гуфта шудааст, дини Ислом танҳо бо ҳикмату далел инсонҳоро ба сӯи дин фаро мехонад ва ҳеҷ касро маҷбур ба пазириши дин намекунад, вале гоҳ масолеҳи ҷомеъаи исломӣ дар шароити хос эҷоб мекунад мушрикон дар он ҳузур надошта бошанд; зеро боиси осеб расондан ба ҷомеъа ва фасод дар он мешаванд. Ба гуфтаи Муҳаммадҷавод Муғния, ҳукми иҷбор бар қабул кардани дини Ислом ихтисос ба мушрикони ҷазиратулъараб дошт; зеро онон бо вуҷуди доштани қарордоди сулҳ, бо нақзи мукаррари он ба ҷомеъаи навпои исломӣ зарба мезаданд, аз ин рӯ, ҳукми Худо дар бораи онҳо ин буд, ки ё кушта шаванд, ё Ислом биоваранд.[19]
Эҳтиром ба паймони аҳдношиканон
Аллома Таботабоӣ бо истинод ба ояти чаҳоруми сураи Тавба, байни куффори аҳдшикан ва куффори вафодор ба паймон фарқ гузошта, мегӯяд, мушриконе ки ба паймон бо мусулмонон пойбанд буданд ва онро на ба сурати мустақим ва на ба сурати ғайримустақим нашикастанд, аз умумияти бароъат аз мушрикон истисно мешаванд ва мусулмонон бояд аҳди чунин касонеро муҳтарам шуморанд ва то поёни муддати паймон, онро ҳифз кунанд.[20] Албатта ба гуфтаи ӯ, бештари мушрикон аҳди худро шикаста буданд ва барои дигарон ҳам итминоне боқӣ нагузошта буданд.[21]
Эзоҳ
- ↑ Содиқии Теҳронӣ, ат-Тафсир-ул-мавзуъӣ ли-л-Қуръон-ил-Карим, 1406ҳ.қ., Қум, ҷ.7, саҳ.202; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.305; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.69, саҳ.152.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.3; Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.73.
- ↑ Раҷабӣ, Имом Алӣ дар аҳди Пайғамбар”, саҳ.209; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1398ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.36ـ37.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, ҷ.3, саҳ.42.
- ↑ Раҷабӣ, Имом Алӣ (а) дар аҳди Паёмбар”, саҳ.209.
- ↑ Шуббар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.199; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.272.
- ↑ Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.9.
- ↑ Раҷабӣ, Имом Алӣ (а) дар аҳди Паёмбар, саҳ.209.
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснад, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.427; Ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.703, ҳадиси 1203; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.348, ҳадиси 8929; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, ҷ.1, саҳ.168; Муфид, ал-Амолӣ, Қум, саҳ.56.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорул-Бейрут, ҷ.2, саҳ.76.
- ↑ Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.8.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.5; Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.8; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.282.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.283.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.147.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.5.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.283.
- ↑ Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.145; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.284.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.147.
- ↑ Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.9 - 10.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.150.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.147.
Сарчашма
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, ат-Тафсир, муҳаққиқ: Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, Мактабатул-исломийя, 1380ҳ.қ.
- Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дорул-фикр, 1415ҳ.қ.
- Ибни Касир, Абулфидоъ Исмоил Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, омодасозӣ: Халил Шаҳодат, Бейрут, Дорул-фикр, 1398.
- Ибни Саъд, Муҳаммад Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дору Бейрут, [бе то].
- Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Муснад, таҳқиқи Шуъайб ал-Арнаъут, Одил Муршид ва дигарон, [беҷо], муассисатур-Рисолат, 1421ҳ.қ./2001м.
- Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Фазоил-ус-саҳоба, таҳқиқи Васиюллоҳ Муҳаммад Аббос, Бейрут, муассисатур-Рисолат, 1403ҳ.қ./1983м.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-Кошиф, Қум, Дорул-китобил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Амолӣ, таҳқиқи Ҳусайн Устодвалӣ ва Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, маншуроти ҷамоъатул-мударрисин фил-ҳавзатил-илмийя, [бе то].
- Раҷабӣ, Муҳаммадҳусайн, Имом Алӣ (а) дар аҳди Паёмбар, дар донишномаи Имом Алӣ алайҳис-салом, зери назари Алиакбари Рашод, ҷ.8, Теҳрон, интишороти пажӯҳишгоҳи Фарҳангу андеша, 1380ҳ.ш.
- Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, 1387ҳ.ш.
- Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Фурқон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Фарҳанги исломӣ, 1406ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, [бено], [бе то].
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1390ҳ.қ.
- Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, Теҳрон, Маркази табъ ва интишори вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
- Шуббар, Абдуллоҳ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1410ҳ.қ.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорул-Бейрут, бе то.