Иблоғи оятҳои Бароъат

Аз wikishia
Ин мақола дар бораи иблоғи оёти Бароъат аст. Барои ошноӣ бо оёте ба ҳамин ном, мадхали Оятҳои Бароъатро бибинед.

Иблоғи оёти Бароъат, хондани оёти оғозини сураи Тавба тавассути Имом Алӣ (а) дар иҷтимои мушрикон дар Макка дар зилҳаҷҷаи соли нуҳуми қамарӣ аст.

Пайғамбар (с) ибтидо ин корро ба Абубакр ибни Абиқуҳофа супорида буд, вале ба дастури Худованд онро баргардонда, бар уҳдаи Имом Алӣ (а) гузошт. Ҳадисе, ки ин воқеаро баён мекунад, ба таври мутавотир ва дар манобеи шиа ва аҳли суннат омадааст.

Ин воқеа дар манобеъ, ҷузви фазоили Имом Алӣ (а) дониста шудааст. Ҳамчунин тибқи ривоёте, ки дар манобеи шиаю суннӣ нақл шудааст, Имом Алӣ (а) барои исботи бартарии хеш бар дигар саҳоба ва истеҳқоқаш барои хилофат, ба ин воқеа истидлол кардааст.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Хондани оёти Бароъат тавассути Имом Алӣ (а) дар соли нуҳуми қамарӣ дар иҷтимои мушрикони Макка аз фазоили Имом Алӣ (а) ба шумор меояд.[1] Аллома Аминӣ дар ал-Ғадир овардааст, ин воқеа дар манобеи мухталифи шиа ва аҳли суннат нақл шудааст.[2]

Шарҳи воқеа

Оёти Бароъат дар поёни соли нуҳуми ҳиҷрӣ нозил шуд[3] ва Пайғамбар (с) маъмур шуд дар зилҳаҷҷаи ҳамон сол ҳангоми иҷтимои мушрикон дар Макка, оётро ба онон иблоғ кунад.[4] Дар бораи чигунагии ин иблоғ дар манобеи таърихӣ ва ҳадисии шиа ва суннӣ омадааст, чун даҳ оят аз сураи Бароъат бар Пайғамбар (с) нозил шуд, Пайғамбар (с) Абубакр ибни Абиқуҳофаро фаро хонд ва ӯро фиристод то оётро барои мардуми Макка бихонад. Сипас Пайғамбар (с) Имом Алӣ (а)-ро фаро хонд ва аз ӯ хост ба дунболи Абубакр биравад ва ҳар куҷо ба ӯ расид, навиштаро аз ӯ бигираду онро ба сӯи мардуми Макка бурда, бар онон бихонад. Имом Алӣ (а) дар Ҷуҳфа ба Абубакр расид ва навиштаро аз ӯ гирифт. Абубакр ба пеши Пайғамбар (с) бозгашту гуфт: эй Пайғамбари Худо! Оё дар ҳаққи ман чизе нозил шудааст? Фармуд: на, аммо Ҷабраил назди ман омаду гуфт: [паёми] аз ҷониби туро ғайри худат ё марде аз [хонадони] ту намерасонад.[5]

Ба гуфтаи Аллома Аминӣ, ин воқеа ба таври мутавотир аз ровиёни гуногун нақл шудааст.[6] Албатта байни ин нақлҳо ихтилофоти ҷузъие ҳам вуҷуд дорад, монанди инки Пайғамбар (с) паёмро ибтидо ба Абубакру Умар дод (на фақат Абубакр), сипас Алӣ (а)-ро ба дунболи онон фиристод[7] ё маконе ки Алӣ (а) ба Абубакр расид, Зулҳулайфа буд.[8]

Чароии нузули оёти Бароъат

Мақолаи аслӣ: Оёти Бароъат

Макка, ки бузургтарин пойгоҳи ширк дар муқобили Пайғамбар (с) буд,[9] дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ дар Фатҳи Макка ба дасти мусулмонон афтод;[10] бо ин ҳол, бархе аз қабилаҳо дар баробари Ислом муқовимат мекарданд.[11] То инки дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ, ки машҳур ба санатул-вуфуд даст,[12] қабилаҳои бисёре ҳайатҳоеро ба сӯи Пайғамбар (с) фиристоданд ва Ислом овардани хешро эълом карданд.[13] Бо тағйири муодилаи сиёсӣ ба нафъи Ислом, оёти Бароъат нозил шуд, ки вуҷуди ширкро напазируфтанӣ ва таҳаммулнопазир мехонд.[14] Ҳамчунин дар бораи нузули ин оёт гуфтаанд, мушрикон паймоне, ки дар сулҳи Ҳудайбия бо Пайғамбар (с) баста буданд, ки се рӯз Маккаро барои ҳаҷҷи мусулмонон хилват кунанд[15]-ро нақз карданд ва дар мавсими ҳаҷ урён тавоф мекарданд.[16] Дар Тафсири Намуна дар тафсири ин оёт, аз нақзи мукаррари паймон тавассути мушрикон сухан гуфта шудааст.[17]

Муҳтавои паёми Пайғамбар (с)

Имом Алӣ (а) баъд аз зуҳри рӯзи иди Қурбон ба Макка расид ва худро фиристодаи Пайғамбар (с) муаррифӣ карда, оёти оғозини сураи Тавбаро қироат карду сипас фармуд: «аз ин ба баъд, касе набояд урён тавоф кунад ва ҳеҷ мушрике ҳақ надорад соли оянда ба зиёрат бияёд! Ва ҳаркас аз мушрикон бо Расули Худо паймон бастааст, эътибораш чаҳор моҳ аст».[18] Дар китоби Таърихи Яъқубӣ омадааст, Имом Алӣ (а) оётро бар аҳли Макка хонд, амон дод ва сипас фармуд: «ҳар кас бо Расули Худо (с) паймони чаҳормоҳа дорад, он ҳазрат бар паймони худ устувор аст ва ҳар кас аҳду паймоне надорад, ӯро панҷоҳ шаб муҳлат додааст!».[19]

Гуфта шудааст, бардоштани амон аз мушрикон, ба хотири аҳдшикании онон буд; чароки Худованд дар идомаи оёти ибтидоии сураи Тавба мефармояд, бо мушриконе ки аҳдшиканӣ накардаанд, аҳдро то поёни муддаташ идома диҳед.[20]

Аз фазоили Имом Алӣ (а)

Дар китоби ал-Эҳтиҷоҷи[21] Табарсӣ – олими шиа ва китоби Маноқиб-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб,[22] асари Ибни Мағозелӣ – олими аҳли суннат омадааст, Имом Алӣ (а) барои исботи бартарии худ бар дигар саҳоба ва истеҳқоқаш барои хилофат, ба ин воқеа истидлол кардааст.

Ҳамчунин иблоғи оёти Бароъат, дар осори шиаю суннӣ ҷузви фазоили Имом Алӣ (а) баён шудааст. Аз осори шиа метавон ба китоби ал-Иршоди Шайхи Муфид (ваф.413ҳ.қ.),[23] Кашф-ул-яқини Аллома Ҳиллӣ (ваф.726ҳ.қ.)[24] ва Маноқиби Ибни Шаҳрошуб (ваф.588ҳ.қ.)[25] ва аз байни осори аҳли суннат метавон ба китоби ал-Бидоя ва-н-ниҳояи Ибни Касир[26] ва ал-Маноқиби Муваффақ ибни Аҳмади Хоразмӣ (ваф.568ҳ.қ.)[27] ишора кард.

Бархе аз уламои аҳли суннат гуфтаанд, ки барканории Абубакр дар ин ҳодиса ва фиристодани Алӣ (а) далели бартарии ҳазрати Алӣ (а) нест; чароки сабаби ин фиристодан дар он аст, ки дар он замон дар миёни арабҳо одат буд, ки бекор кардани паймонро шахсе, ки онро бастааст ё яке аз хешовандони ӯ бояд анҷом диҳад,[28] аммо уламои шиа бар онанд, ки маъмурияти Имом Алӣ (а) гувоҳ бар муштарак будани рисолати Имом Алӣ (а) ва Пайғамбар (с) аст; зеро ин маъмурият фақат бароъат ҷустан аз мушрикон набуд, ки вазифа ва рисолати ҳамаи муъминон аст, балки эълом ва иблоғи аҳкоми Илоҳии ҷадид низ буд.[29]

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.65; Хоразмӣ, ал-Маноқиб, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.165.
  2. Аминӣ, ал-Ғадир, 1368, ҷ.6, саҳ.338-341.
  3. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.3; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.545; Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.73.
  4. Донишномаи Имом Алӣ, 1380ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.209; ниг.: Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1398, ҷ.5, саҳ.36-37.
  5. Барои намуна ниг.: Ибни Ҳанбал, Муснад, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.427; Ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.703, ҳадиси 1203; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.348, ҳадиси 8929; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, ҷ.1, саҳ.168; Муфид, ал-Амолӣ, Қум, саҳ.56.
  6. Аминӣ, ал-Ғадир, 1368, ҷ.6, саҳ.338-341.
  7. Ниг.: Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак ала-с-саҳиҳайн, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.1652, ҳадиси 4374.
  8. Ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.562, ҳадиси 946; Ибни Ҳанбал, Муснад, 1421ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.423, ҳадиси 13213.
  9. Донишномаи Имом Алӣ, 1380ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.209.
  10. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, ҷ.3, саҳ.42.
  11. Донишномаи Имом Алӣ, 1380ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.209.
  12. Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом Муҳаммад, 1378, саҳ.537.
  13. Оятӣ, Таърихи Паёмбари Ислом Муҳаммад, 1378, саҳ.537.
  14. Донишномаи Имом Алӣ, 1380ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.209.
  15. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.54.
  16. Ниг.: Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.89 - 90.
  17. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.272.
  18. Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.74; ҳамчунин ниг.: Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1398, ҷ.537.
  19. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.76.
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.147.
  21. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, нашри ал-Муртазо, ҷ.1, саҳ.144.
  22. Ибни Мағозелӣ, Маноқибу Амир-ил-муъминин, 1424ҳ.қ., саҳ.170.
  23. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.65.
  24. Ҳиллӣ, Кашф-ул-яқин, 1411ҳ.қ., саҳ.172.
  25. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, интишороти Аллома, ҷ.2, саҳ.126.
  26. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1398, ҷ.7, саҳ.357.
  27. Хоразмӣ, ал-Маноқиб, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.165.
  28. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1411ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.523; Рашид Ризо, Тафсир ал-Манор, 1990м., ҷ.10, саҳ.139.
  29. Донишномаи Имом Алӣ, 1380ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.210. Ҳамчунин ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.164-168.

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, таҳқиқ: Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, Мактабатул-илмийятил-исломийя, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1368.
  • Донишномаи Имом Алӣ (а), зери назари Алиакбари Рашод, Теҳрон, маркази нашри осори пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, чопи аввал, 1380ҳ.ш.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, таҳқиқ: Алии Ширӣ, Бейрут, Дорул-фикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, омодасозӣ: Халил Шаҳода, Бейрут, Дорул-фикр, 1398.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, таҳқиқи Муҳаммадҳусайни Шамсиддин, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Мағозелӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Маноқибу Амир-ил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб разияллоҳу анҳу, таҳқиқ: Абуабдурраҳмон Турк ибни Абдуллоҳ ал-Водиъӣ, Санъо, Дорул-осор, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дори Бейрут, бе то.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Муснад, таҳқиқ: Шуъайб ал-Арнаъут, Одил Муршид ва дигарон, [беҷо], муассисатур-Рисолат, 1421ҳ.қ./2001м.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Фазоил-ус-саҳоба, таҳқиқ: Васиюллоҳ Муҳаммад Аббос, Бейрут, муассисатур-Рисола, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, тасҳеҳ: Иброҳим Обёрӣ, Мустафо Саққо, Абдулҳафиз Шиблӣ, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, тасҳеҳ: Ҳошим Расулӣ ва Муҳаммадҳусайн Оштиёнӣ, Қум, интишороти Аллома, бе то.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1371ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Амолӣ, таҳқиқ: Ҳусайн Устодвалӣ, Алиакбари Ғаффорӣ, Қум: маншуроти Ҷамоъатул-мударрисин фил-ҳавзатил-илмийя, бе то.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, таҳқиқ ва тасҳеҳ: муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Оятӣ, Муҳаммадиброҳим, Таърихи Паёмбари Ислом Муҳаммад, бо таҷдиди назар ва изофати Абулқосими Гурҷӣ, чопи шашум, Теҳрон, муассисаи интишорот ва чопи донишгоҳи Теҳрон, 1378ҳ.ш.
  • Рашид Ризо, Муҳаммад, Тафсир ал-Манор, Қоҳира, ал-Ҳайъатул-мисрийятул-оммати лил-китоб, 1990м.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Қум, китобхонаи умумии ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ (раҳ), чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут: бено, бе то.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, тасҳеҳ: Муҳаммадбоқир Мусавии Хирсон, Машҳад, нашри ал-Муртазо, бе то.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳ: Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ ва Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъалмӣ лил-матбуъот, чопи 2, 1390ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1411ҳ.қ.
  • Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, ал-Маноқиб, таҳқиқ: Шайх Молик ал-Маҳмудӣ, беҷо, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-яқин фи фазоили Амир-ил-муъминин, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадрак ала-с-саҳиҳайн, Бейрут, ал-Мактабатул-асрийя, 1420ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.