Эвтаназия
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Эвтаназия (англисӣ: Euthanasia) куштани инсон аз рӯи раҳмдилӣ аст, ки бо сабаби мавҷуд будани бемории табобатнашаванда ва азобовар анҷом дода мешавад. Эвтаназия одатан бо истифодаи моддаи кушандаи бедард ё тарки нигоҳубини зарурӣ анҷом мешавад. Усули аввалро эвтаназияи фаъол ва усули дуюмро эвтаназияи ғайрифаъол меноманд; аммо баъзан доруҳоро дар ихтиёри бемор мегузоранд то ӯ худ бо истеъмоли онҳо ба ҳаёти худ хотима диҳад. Ба ин амал эвтаназияи ғайримустақим гуфта мешавад. Эвтаназия аз масоили навини фиқҳӣ ба ҳисоб меравад.
Фиқеҳон эвтаназияи фаъолро ҳаром медонанд ва мегӯянд агар бе иҷозати бемор анҷом шудааст, валии бемор ҳаққи қисос ё дия дорад. Аммо дар бораи он ки бемор ба ин амал иҷозат дода бошад, миёни онҳо ихтилофи фатво вуҷуд дорад: бархе мегӯянд валии бемор ҳаққи қисос ё дия дорад ва бархе мегӯянд не. Дар мавриди эвтаназияи ғайрифаъол низ ихтилофи фатво вуҷуд дорад: бархе онро ҳаром медонанд ва бархе мегӯянд, агар шахс бемории табобатнашаванда дошта бошад ва аз идомаи беморӣ азоб кашад, муолиҷа барояш воҷиб нест.
Фиқеҳон эвтаназияи ғайримустақим, яъне истеъмоли доруи марговар аз тарафи худи беморро худкушӣ мешуморанд ва фатвои ҳаром будани онро медиҳанд.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
«Эвтаназия» ба маънои куштани шахсе аст, ки ба бемории табобатнашаванда ва азобовар гирифтор шудааст.[1] Ин амал аз рӯи раҳму шафқат ва бо усули бедард,[2] ва бо истифода аз моддаи кушанда ё тарки нигоҳубини зарурӣ анҷом мешавад.[3] Эвтаназия ба се шакл анҷом мешавад: фаъол, ғайрифаъол ва ғайримустақим. Агар бо дору марги беморро ба вуҷуд оваранд, онро эвтаназияи фаъол меноманд.[4] Агар танҳо аз табобат ва муолиҷа даст кашанд, то бемор бимирад, онро эвтаназияи ғайрифаъол меноманд.[5] Дар эвтаназияи ғайримустақим низ доруҳоро дар ихтиёри бемор мегузоранд, то худ онҳоро истеъмол карда, ба ҳаёти худ хотима диҳад.[6]
Дар осори фиқҳии қадимаи шиа (замони ҳаёти Шайх Тусӣ ва қабл аз он) дар бораи ҳаром будани куштани касе ки ба марги худ ризоят дода, сухан гуфта шудааст; аммо дар заминаи аҳкоми эвтаназия баҳсе нашудааст.[7] Аз ҳамин сабаб, ин мавзӯъ аз масоили навини фиқҳӣ ба ҳисоб меравад.[8] Баҳси фиқҳӣ дар бораи эвтаназия аз мавзӯи марги мағзӣ ҷудост; ба ин тартиб мумкин аст фиқеҳе ҷудо кардани дастгоҳ аз бемори марги мағзӣ ё касе ки ба кома рафта ва умеде ба табобати ӯ нестро ҷоиз бидонад; аммо ҳамон фиқеҳ эвтаназияи ғайрифаъол, яъне тарки муолиҷа аз рӯи раҳму шафқатро ҳаром бидонад.[9]
Ҳукми таклифии эвтаназия
Назари фақиҳони шиа дар бораи ҳукми таклифии эвтаназия, яъне ҳаром ё ҳалол будани он ба шарҳи зерин аст:
- Эвтаназияи фаъол: Бар асоси истифтоот аз фақеҳони муосири шиа, эвтаназияи фаъол куштор ҳисоб мешавад ва ҳаром аст.[10] Ба гуфтаи фақеҳон, иҷозат ва ризояти бемор барои анҷоми эвтаназия ҳам таъсире дар тағйири ҳукми таклифӣ, яъне ҳукми ҳаром будани он надорад.[11]
- Эвтаназияи ғайрифаъол: Баъзе аз фақеҳон монанди Лутфуллоҳи Софии Гулпойгонӣ ва Ҳусайналии Мунтазирӣ худдорӣ аз муолиҷаи бемори табобатнашавандаро, ки аз бемориаш ранҷ мекашад, ҳаром медонанд.[12] Дар муқобили ин назар, фатвои фақеҳоне чун Мирзоҷаводи Табрезӣ, Сайид Абулқосими Хӯӣ ва Сайид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ ин аст, ки идомаи муолиҷа дар чунин шароит воҷиб нест.[13]
- Эвтаназияи ғайримустақим: Ба фатвои фақеҳони шиа, эвтаназияи ғайримустақим ё истеъмоли доруи марговар тавассути худи бемор барои хотима додан ба ҳаёт худкушӣ ҳисоб мешавад ва ҳаром аст.[14]
Ҳукми вазъии эвтаназия
Ҳукми вазъӣ дар мавриди эвтаназия, ба масъалаи доштани замонат ё набудани қисос ё дия мумкин аст, ки бар души иҷрокунанда қарор гирад. Фатвоҳои фақеҳон дар ин замина ба шарҳи зерин аст:
Эвтаназияи фаъол
Агар духтур ё шахси дигаре бемори табобатнашавандаро, ки аз беморияш ранҷ мекашад, бе иҷозати ӯ ва бо қасди куштан бикушад, ин амал куштори қасдӣ ҳисоб мешавад; ҳатто агар аз рӯи раҳму шафқат бошад. Ин амал боиси собит шудани ҳаққи қисос ё дия барои валии қурбонӣ мешавад;[15] аммо дар сурати он ки бемор ба маргаш розӣ бошад ва иҷозат дода бошад, миёни фақеҳон ихтилоф вуҷуд дорад:
- Ҳаққи қисос ва дия вуҷуд надорад: Ба назарияи фақеҳоне мисли Сайид Абдулаълои Сабзаворӣ, Имом Хумайнӣ ва Сайид Муҳаммадсодиқи Рӯҳонӣ, азбаски шахси кушташуда ба кушта шуданаш иҷозат додааст, ҳаққи қисос ва дияро аз байн бурдааст.[16]
- Ҳаққи қисос ва дия вуҷуд дорад: Фақеҳоне монанди Сайид Абулқосими Хӯӣ, Мирзоҷаводи Табрезӣ ва Ҷаъфари Субҳонӣ бар инанд, ки ҳатто бо вуҷуди ризоият ва иҷозати шахси кушташуда, ҳаққи қисос ва дия аз байн намеравад;[17] зеро инсон ҳақ надорад худро талаф диҳад.[18]
Эвтаназияи ғайрифаъол
Ба фатвои фақеҳон, ҳар касе инсонеро дар ҳолати ҳалокат бубинад ва дар ҳолати тавоноӣ барои наҷот, ӯро наҷот надиҳад, агарчи гуноҳ кардааст, дия ё қисос бар уҳдаи ӯ нест.[19] Аз ин рӯ, агар табибе бемореро муолиҷа накунад ва ӯ бар асари тарки муолиҷа бимирад, табиб гуноҳ кардааст; вале замонат надорад ва вориси фавтида ҳаққи дия ё қисос надорад.[20]
Эзоҳ
- ↑ Анварӣ, Фарҳанги рӯз сухан, 1383ҳ.ш., саҳ.38
- ↑ Анварӣ, Фарҳанги рӯз сухан, 1383ҳ.ш., саҳ.38–39
- ↑ Яздонифар, Эвтаназия аз нигоҳи фиқҳ ва ҳуқуқ, 1393, саҳ.28
- ↑ Қосимӣ, Донишномаи фиқҳи пизишкӣ, 1395ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.323
- ↑ Қосимӣ, Донишномаи фиқҳи пизишкӣ, 1395ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.323
- ↑ Қосимӣ, Донишномаи фиқҳи пизишкӣ, 1395ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.323
- ↑ Барои мисол ниг.: Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.180
- ↑ Худоёр, Саъдӣ, «Истифода аз қоидаи иҷозат барои машруъияти эвтаназияи ихтиёрии фаъол», саҳ.36
- ↑ Барои мисол ниг.: Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.479–480; Хӯии Табрезӣ, Аҳкоми ҷомеи масоили пизишкӣ, 1432ҳ.қ., саҳ.280; Хӯӣ, Фиқҳ-ул-аъзор-иш-шаръия ва-л-масоил-ит-тиббия, 1422ҳ.қ., саҳ.198
- ↑ Мунтазирӣ, Аҳкоми пизишкӣ, 1381, саҳ.122; Фозили Ланкаронӣ, Аҳкоми беморон ва табибон, 1427ҳ.қ., саҳ.152; Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.479; Макорими Шерозӣ, Аҳкоми пизишкӣ, 1429ҳ.қ., саҳ.116; Хӯӣ ва Табрезӣ, Аҳкоми ҷомеи масоили пизишкӣ, 1432ҳ.қ., саҳ.280–281; Софии Гулпойгонӣ, Истифтооти пизишкӣ, 1395, саҳ.100; Алавии Гургонӣ, Истифтооти пизишкӣ, 1396, саҳ.40; Қосимӣ, Донишномаи фиқҳи пизишкӣ, 1395, ҷ.3, саҳ.305
- ↑ Фозили Ланкаронӣ, Аҳкоми беморон ва табибон, 1427ҳ.қ., саҳ.152; Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.479
- ↑ Софии Гулпойгонӣ, Истифтооти пизишкӣ, 1395, саҳ.100; Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.479; Мунтазирӣ, Аҳкоми пизишкӣ, 1381, саҳ.122
- ↑ Ниг.: Хӯӣ, Фиқҳ-ул-аъзор-иш-шаръия ва-л-масоил-ит-тиббия, 1422ҳ.қ., саҳ.198; «Аҳкоми эвтаназия (куштани инсон аз рӯи раҳм)», Пойгоҳи иттилоотии дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ; Хӯӣ ва Табрезӣ, Аҳкоми ҷомеи масоили пизишкӣ, 1432ҳ.қ., саҳ.281
- ↑ Ниг.: Мунтазирӣ, Аҳкоми пизишкӣ, 1381, саҳ.123; Қосимӣ, Донишномаи фиқҳи пизишкӣ, 1395, ҷ.3, саҳ.303
- ↑ Софии Гулпойгонӣ, Истифтооти пизишкӣ, 1395, саҳ.100; Ансории Қумӣ, «Қатл аз рӯи тараҳҳум», саҳ.138
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, ҷ.28, саҳ.199; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.489; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-содиқ, ҷ.26, саҳ.34
- ↑ Хӯӣ, Мабонии такмилат-ул-минҳоҷ, ҷ.42, саҳ.18; Табрезӣ, Танқиҳу мабони-л-аҳком, 1429ҳ.қ., саҳ.47–48; Субҳонӣ, Аҳком-ул-қисос фи-ш-шариат-ил-исломият-ил-ғарро, саҳ.93
- ↑ Хӯӣ, Мабонии такмилат-ул-минҳоҷ, ҷ.42, саҳ.18; Табрезӣ, Танқиҳу мабони-л-аҳком, 1429ҳ.қ., саҳ.47–48; Субҳонӣ, Аҳком-ул-қисос фи-ш-шариат-ил-исломият-ил-ғарро, саҳ.93
- ↑ Ниг.: Алломаи Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, ҷ.5, саҳ.551; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.43, саҳ.153
- ↑ Ансории Қумӣ, «Қатл аз рӯи тараҳҳум», саҳ.141
Сарчашма
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Маркази танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1434ҳ.қ.
- Ансорӣ, Муҳаммадризо, «Қатл аз рӯи тараҳҳум», дар маҷаллаи Фиқҳи Аҳлибайт (а), №43, тирамоҳи 1384ҳ.ш.
- «Аҳкоми эвтаназия (куштани инсон аз рӯи тараҳҳум)», пойгоҳи иттилоотии дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, санаи боздид: 30 меҳри 1401ҳ.ш.
- Анварӣ, Ҳасан, Фарҳанги рӯзи сухан, Теҳрон, Сухан, нашри 24-ум, 1383ҳ.ш.
- Табрезӣ, Мирзоҷавод, Танқиҳу мабони-л-аҳком (қисоси Шароиъ-ул-ислом), Қум, Дор-ус-Сидиқат-уш-шаҳида, нашри 3-юм, 1429ҳ.қ.
- Худоёр, Ҳусайн ва Ҳусайналӣ Саъдӣ, «استناد به قاعده اذن برای مشروعیت اتانازی داوطلبانه فعال», Фиқҳи тиббӣ, №5–6, 1390ҳ.ш.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим; Табрезӣ, Мирзоҷавод, Аҳкоми ҷомеи масоили пизишкӣ, Қум, Дор-ус-Сидиқат-уш-шаҳида, нашри аввал, 1432ҳ.қ.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Фиқҳ-ул-аъзор-иш-шаръия ва-л-масоил-ит-тиббия, Қум, Дор-ус-Сидиқат-уш-шаҳида, 1422ҳ.қ.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Мабонии Такмилатул-Минҳоҷ, Қум, Муассисаи эҳёи осори Имоми Хӯӣ, бе сана.
- Рӯҳонӣ, Сайид Муҳаммадсодиқ, Фиқҳ-ус-содиқ, Қум, Нашриёти Иҷтиҳод, бе сана.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Аҳком-ул-қисос фи-ш-шариат-ил-исломият-ил-ғарро, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), бе сана.
- Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Дор-ут-тафсир, бе сана.
- Содиқӣ, Муҳаммадҳодӣ, «بررسی فقهی و حقوقی اتانازی», Улуми ҳуқуқӣ, №2, шаҳривари 1394ҳ.ш.
- Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Истифтооти пизишкӣ, Қум, Дафтари танзим ва нашри осори Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, 1395ҳ.ш.
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 142ҳ.қ.
- Алавии Гургонӣ, Сайид Муҳаммадалӣ, Истифтооти пизишкӣ, Қум, Фақеҳи Аҳли Байт (а), 1396ҳ.ш.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Аҳкоми беморон ва табибон, Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳар (а), нашри аввал, 1427ҳ.қ.
- Қосимӣ, Муҳаммадалӣ, Донишномаи фиқҳи пизишкӣ, Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳар (а), 1395ҳ.ш.
- Муртазавӣ, Сайид Муҳсин, Қатл аз рӯи тараҳҳум (эвтаназия) дар оинаи фиқҳ, Қум, Муассисаи Имом Хумайнӣ, 1395ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Аҳкоми пизишкӣ, Қум, Мактаби Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1429ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Байрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, нашри ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтооти ҷадид, Қум, Мактаби Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), нашри дуюм, 1427ҳ.қ.
- Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-ислом, Қум, Муассисаи Исмоилиён, нашри дуюм, 1408ҳ.қ.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Аҳкоми пизишкӣ, Теҳрон, Нашри Соя, 1381ҳ.ш.
- Яздонифар, Солеҳа, اتانازی از منظر فقه و حقوق, Қум, Дафтари нашри маъориф, 1393ҳ.ш.