Аҷал

Аз wikishia

Аҷал поёни замони ҳар чиз ва ба маънои замони марги инсон аст.

Калимаи аҷал ва муштақоташ 56 бор дар мавзӯъҳои гуногун дар Қуръон истифода шудааст, барои мисол омадааст, ки ҳар уммате аҷали муайяне дорад, ки каму зиёд намешавад.

Ба эътиқоди баъзе муфассирон, тибқи оёти Қуръон, инсон ду навъ аҷал дорад: аҷали мусаммо ё замони ҳатмии марг ва аҷали муаллақ ё замони тағйирёбандаи он.

Дар мабоҳиси каломи исломӣ дар масъалаи ҷабру ихтиёр, аз аҷал ҳам баҳс шудааст.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Ба давраи замонӣ ё охири давраи замонии ҳар чиз аҷал мегӯянд;[1] ин калима дар хусуси инсон, ба маънои замони поёни зиндагӣ; яъне замони марги ӯ аст.[2]

Калимаи аҷал ва муштақоти он 56 бор дар Қуръони Карим дар заминаҳои мухталиф ба кор рафтааст;[3] аз ҷумла омадааст:

  • Офариниши осмону замини аҷали муайян (мусаммо) дорад ва умри онҳо пас аз замони муайяне тамом хоҳад шуд.[4]
  • Гардиши хуршеду моҳ то аҷали муайяне аст.[5]
  • Худованд кайфари гуноҳонро то аҷали муайяне, ки ҳамон ҳангоми марг ё қиёмат бошад, ба таъхир меандозад.[6]
  • Даранги ҷанин дар раҳими модар аҷали муайян дорад.[7]
  • Умматҳо аҷал доранд ва ҳангоме, ки он аҷал фаро расад, на кӯтоҳ ва на дароз мешавад.[8]
  • Худованд барои ҳар инсон, умри мушаххас ва аҷали муайяне қарор додааст.[9]

Ақсоми аҷал

Ҳамчунин бибинед: Аҷали мусаммо ва аҷали муаллақ

Бархе аз муфассирон бар пояи ояти 2-и сураи Анъом (هُوَ الَّذِى خَلَقَكُم مِّن طِينٍ ثُمَّ قَضىَ أَجَلًا وَ أَجَلٌ مُّسَمًّى عِندَهُ»; Ӯ касе аст, ки шуморо аз гил офарид; онгоҳ аҷале муқаррар кард ва аҷали муайян назди Ӯст), мегӯянд, инсон ду аҷал дорад: аҷали мусаммо ва аҷали муаллақ.[10]

Аҷали мусаммо, замони ҳатмӣ ва тағйирнопазири марги инсон аст, ки фақат Худо ба он огоҳӣ дорад. Аҷали муаллақ замони табиъии марги инсон аст, ки мумкин аст тағйир кунад.[11] Сайидмуҳаммадҳусайни Таботабоӣ дар тавзеҳи ин ду аҷал навиштааст: аҷали муаллақ, замони марги ҳар шахсе бар асоси шароити бадании ӯ аст. Аҷали мусаммо ҳам замоне аст, ки марги он шахс ба таври ҳатм фаро мерасад. Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст шахсе бар асоси шароити баданиаш битавонад сад сол умр кунад, ки ин аҷали муаллақи ӯ аст, аммо эҳтимол дорад марги ҳамин фард, ба иллате, зудтар ё дертар фаро расад ва ин аҷали мусаммоии ӯст.[12]

Аҷал дар илми калом

Мутакаллимони мусулмон дар масоили марбут ба ҷабр ва ихтиёри инсон, аз аҷал ҳам гуфтугӯ мекунанд.[13] Мегӯянд, нахустин бор ашоира барои ишкол ба муътазила, ки ба ихтиёр қоиланд, ба оёти марбут ба аҷал истинод карданд.[14] Онон мегӯянд, аз онҷо ки ин оёт аҷал ҳар чизеро таъйиншуда аз сӯи Худо муаррифӣ мекунанд, ҳамаи корҳоро бояд ба Худо нисбат дод. Барои мисол дар қатли як инсон, қотил аз худ ихтиёре надорад; чароки аҷали мақтул (замони марги ӯ)-ро Худо мушаххас кардааст.[15]

Муътазила мегуфтанд: инсон аъмоли нодуруст ҳам анҷом медиҳад ва аз онҷо ки наметавон аъмоли нодурустро ба Худованд нисбат дод, бояд онҳоро кори худи ӯ донист.[16]

Эзоҳ

  1. Қаршӣ, Қомуси Қуръон, зайли вожаи «аҷал».
  2. Абутолибӣ, “Аҷал”, саҳ.161.
  3. Абутолибӣ, “Аҷал”, саҳ.161.
  4. Рум, ояти 8.
  5. Раъд, ояти 2.
  6. Тоҳо, ояти 129.
  7. Ҳаҷ, ояти 5.
  8. Аъроф, ояти 34; Юнус, ояти 49.
  9. Анъом, 2; Зумар, 42.
  10. Баёт, “Аҷали муаллақ ва аҷали мусаммо аз манзари оёт ва таҷаллии он дар ривоёт”, саҳ.8.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.10.
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.10.
  13. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, “Аҷал”, саҳ.614.
  14. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, “Аҷал”, саҳ.614.
  15. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, “Аҷал”, саҳ.614.
  16. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, “Аҷал”, саҳ.614.

Сарчашма

  • Абутолибӣ, “Аҷал”, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, ҷ.1, Қум, Бустони китоб, 1382ҳ.ш.
  • Баёт, Муҳаммадҳусайн, “Аҷали муаллақ ва аҷали мусаммо аз манзари оёт ва таҷаллии он дар ривоёт”, Сироҷи мунир, № 22, 1395ҳ.ш.
  • Қаршии Бунобӣ, Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-сломия, чопи шашум, 1371ҳ.ш.
  • Қуръон.
  • Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Муҳаммад, “Аҷал”, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.2, Теҳрон, маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1373ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломии Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.