Лаҳад

Аз wikishia

thumbnail|Тасвири лаҳад, ки дар канори қабр канда шудааст.

Лаҳад (ба арабӣ: لَحَد) як сурохи росткунҷаест, ки дар охири қабр дар тарафи қибла канда мешавад ва мусулмонон мурдагони худро дар он дафн мекунанд. Сабаби бастани лаҳад ин аст, хок ба ҷасад нарасад.

Фақеҳони мусалмон, бастани лаҳадро мустаҳаб медонанд ва фақеҳони шиа амр кардаанд, ки ҳангоми гузоштани санги лаҳад онро бо лой муҳкам кунанд ва дуои хос бихонанд.

Тибқи фатвои фақеҳони шиа, агар замин суст бошад, беҳтар аст, ки ба ҷои лахад аз шақ (сурохи росткунҷае дар умқи қабр, ки мурда дар он ҷо гузошта мешавад ва сақфи онро мепӯшонанд) истифода шавад.


Мафҳумшиносӣ

Ду сохтори «лаҳад» ва «шақ» дар қабр.

Лаҳад, шикофи мустатилшакле аст, ки аз кандани канораи қабр ба вуҷуд меояд. Барои сохти лаҳад, канораи интиҳои самти қиблаи қабрро ба дарозо, ба андозае, ки мурдаро дар он бихобонанд, мекананд.[1] Деҳхудо дар таърифи лаҳад гуфтааст: шикофи каронаи гӯр. Шикофи ба дарозо дар як каронаи қабр, ки мурдаро дар он ҷой диҳанд.[2]

Ба хишт, санг, ё чизеи монанди он ки лаҳадро бо он мепӯшонанд, санги лаҳад гуфта мешавад.[3]

Ҳукми фиқҳӣ

Ба гуфтаи фақеҳони шиа, кандани лаҳад барои дафни мурда мустаҳаб аст.[4] Агар замин суст бошад, беҳтар аст ба ҷои лаҳад, аз шақ (шикофи мустатилшакл дар умқи қабр, ки мурдаро дар он мегузоранд ва сақфи онро мепӯшонанд) истифода шавад.[5]

Бар пояи фиқҳи шиа, бастани лаҳад бо хишт мустаҳаб аст.[6] Фалсафаи он нарасидани хок ба ҷасади мурда дониста шудааст.[7] Ба кор бурдани санг, най, чӯб ё ҳар чизе ки аз расидани хок ба мурда ҷилавгирӣ кунад низ ҷоиз аст.[8] Албатта Муҳаммадҳасани Наҷафӣ (вафот: 1266ҳ.қ.), нависандаи китоби Ҷавоҳир-ул-калом, бастани лаҳад бо хиштро беҳтар донистааст.[9] Бар пояи ривояте дар китоби Таҳзиб, Имом Алӣ (а) низ ба Ҳасанайн васият кард, лаҳади ӯро бо хишт бипӯшонанд.[10] Бино бар ривояти дигаре, Имом Алӣ (а) лаҳади Пайғамбар (с)-ро бо хишт пӯшонд.[11] Дар баробар, ба гуфтаи Сайид Муҳаммадсаиди Ҳаким (1354ҳ.қ.), аз мароҷеъи тақлид, ончӣ мустаҳаб аст муҳкам кардани қабр аст, агарчи бо ғайри хишт бошад.[12]

Бархе аз фақеҳони аҳли суннат, истифода аз чӯб ва хишти пухташударо барои бастани лаҳад макрӯҳ донистаанд.[13]

Одоб

Фақеҳони шиа[14] бар пояи ривоёт[15] гуфтаанд, беҳтар аст санги лаҳад бо гил муҳкам шуда ва ҳангоми чидани санг, ин дуо хонда шавад:

اللَّهُمَّ صِلْ وَحْدَتَهُ، وَ آنِسْ وَحْشَتَهُ، وَ أَسْکِنْ إِلَیْهِ مِنْ رَحْمَتِکَ رَحْمَةً تُغْنِیهِ عَنْ رَحْمَةِ مَنْ سِوَاکَ

Худоё! Ӯро аз танҳоӣ ба висол бирасон ва тарсашро ҳамдам бош ва аз раҳмати худ чунон ба ӯ оромиш деҳ, ки аз раҳмати ғайри Ту бениёз шавад.[16]

Аз Қутби Ровандӣ муҳаддис ва фақеҳи шиаи қарни шашуми ҳиҷрӣ, нақл шудааст, шиаён чидани санги лаҳадро аз сари мурда оғоз мекунанд.[17] Ба гумони Муҳаммадҳасани Наҷафӣ (вафот: 1266ҳ.қ.), нависандаи китоби Ҷавоҳир-ул-калом, далели ин кор муҳимтар будани сар, аз дигар аъзои бадан аст.[18]

Ҷусторҳои вобаста

Дафн

Талқини маййит

Эзоҳ

  1. Шаҳиди Cонӣ, Ҳошият-ул-мухтасар-ин-нофеъ, 1380ҳ.ш., саҳ.21.
  2. Деҳхудо, Луғатнома, зайли лаҳад
  3. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.94.
  4. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дору эҳёи туроси арабӣ, ҷ.4, саҳ.301.
  5. Шаҳиди Cонӣ, Ҳошият-ул-мухтасар-ин-нофеъ, 1380ҳ.ш., саҳ.21; нигоҳ кунед ба: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1388ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.245.
  6. Мусавии Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141; нигоҳ кунед ба: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.4, саҳ.308 ва имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.94.
  7. Мусавии Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.4, саҳ.308; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.94.
  8. Аллома Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.389; нигоҳ кунед ба: Ибни Зуҳра, Ғанят-ун-нузуъ, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.106.
  9. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.4, саҳ.309.
  10. Шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.107.
  11. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.331.
  12. Таботабоии Ҳаким, Мисбоҳ-ул-минҳоҷ, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.395.
  13. Ибни Обидин, Радд-ул-муҳтор ала-д-дурр-ил-мухтор, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.236; нигоҳ кунед ба: Ибни Қудома, ал-Муқниъ фи фиқҳ-ил-имом Аҳмад ибни Ҳанбал, 1421ҳ.қ., саҳ.80.
  14. Шайхи Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ.‏, саҳ.427; Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.441.
  15. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.500; шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.458.
  16. Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.186; Мусавии Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141; Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63.
  17. Фозили Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.391.
  18. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.4, саҳ.309.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мунтаҳа-л-матлаб фи таҳқиқ-ил-мазҳаб, муқаддамаи Маҳмуд Бастонӣ ва Сафоуддин Басрӣ, таҳқиқи маҷмаъулбуҳусил-исломия қисмулфиқҳ, Машҳад, остонаи ал-Разавият-ул-муқаддаса, маҷмаъулбуҳусил-исломия, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Барроҷ, Абдулазиз ибни Наҳрир, ал-Муҳаззаб, муқаддамаи Ҷаъфари Субҳонӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Зуҳра, Ҳамза ибни Алӣ, Ғанят-ун-нузуъ ило илмай-ил-усули ва-л-фуруъ, Қум, муассисатул-Имомис-Содиқ (а), 1417ҳ.қ.
  • Ибни Қудома, Муҳаммад Абдуллоҳ ибни Аҳмад, ал-Муқниъ фиқҳ-ил-имом Аҳмад ибни Ҳанбал ал-Шайбонӣ, таҳқиқи Маҳмуд ал-Арнаъут ва Ёсин Маҳмуд ал-Хатиб, Ҷадда, мактабатул-Саводӣ, 1421ҳ.қ.
  • Ибни Обидин, Муҳаммадамин ибни Абдулазиз, Радд-ул-муҳтор ала-д-дурр-ил-мухтор, Бейрут, Дорулфикр, 1412ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осорил-имоми ал-Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Дорулҳадис, Қум, Дорулҳадис, 1429ҳ.қ.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбат-ул-масоил, таҳқиқи муассисаи Олулбайт (а), Бейрут, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёилтурос, 1408ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоъид, таҳқиқи муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёилтурос, Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёилтурос, 1414ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан ибни Боқир, Ҷавоҳир-ул-калом, таҳқиқи Ризо Устодӣ ва дигарон, тасҳеҳи Иброҳими Миёнҷӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Таботабоии Ҳаким, Муҳаммадсаид, Мисбоҳ-ул-минҳоҷ (ал-таҳорат), беҷо, бено, 1417ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим ибни Абдулазим, ал-Урват-ул-вусқо ва ал-таълиқот алайҳо, эъдоди муассиса алсибтайн алайҳимоссаломилъоламия, Қум, муассисаи алсабтайн алайҳимоссалом алъоламия, 1388ҳ.ш.
  • Фозили Ҳиндӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Кашф-ул-лисом ан қавоид-ил-аҳком, таҳқиқи дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи Олулбайт (а), Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи албеъсат, Қум, Дорулсақофа, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Беҳбудӣ ва Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, мактабатул-Муртазавия, 1387ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳасан ал-Мусавии Хирсон, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Шаҳиди Cонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Ҳошият-ул-мухтасар-ин-нофеъ, таҳқиқи марказулбуҳус ва алдиросотил-исломия, Қум, маркази алнашр алтобеъ лимактабил-эъломил-исломӣ, 1380ҳ.ш./1422ҳ.қ.