Аҷали мусаммо
Аҷали мусаммо (форсӣ: اَجَل مُسَمَّی) истилоҳи қуръоние аст ба маънои поёни муайян ва ҳатмии як чиз. Аҷали мусаммо дар муқобили аҷали муаллақ қарор дорад, ки ба поёни чизе мегӯянд, ки мумкин аст каму зиёд шавад.
Дар Қуръон аҷали мусаммо дар хусуси инсон истифода шудааст, ки муфассирон дар ин бораи дидгоҳҳои мухталифе баён кардаанд; аз ҷумла гуфтаанд: манзур аз аҷали мусаммо, замони қатъии марги инсон аст. Ҳамчунин, ба ақидаи баъзеҳо, аҷали мусаммо ҳамон ҷаҳони охират аст.
Мафҳумшиносӣ
Мақолаи аслӣ: Аҷал
Аҷали мусаммо аз ду калимаи аҷал ва мусаммо ташкил шудааст: аҷал ба давраи замонӣ ё охири давраи замонии чизе мегӯянд;[1] мусаммо низ ба маънои муайян ва мушаххас аст.[2]
Дар Қуръон, аҷал гоҳ бо қайди «мусаммо» ба кор рафтааст, ки муфассирон ба он аҷали мусаммо мегӯянд ва гоҳ бидуни қайд омадааст, ки дар бархе маворид монанди ояти дувуми сураи Анъом, аз он бо номҳои аҷали ғайри мусаммо, қазои ғайри маҳтум ва аҷали муъаллақ таъбир мешавад.[3]
Тафсирҳои мухталиф
Аҷали мусаммо истилоҳи қуръонӣ аст ва 21 бор дар заминаҳои мухталиф дар Қуръон ба кор рафтааст.[4] Барои мисол дар ояти 282 сураи Бақара дар хусуси қарз ба кор рафтааст, ки маънояш таъйини замони муайяне барои ин кор аст.[5]
Дар Қуръон калимаи аҷали мусаммо дар бораи инсон дар ояти 2 сураи Анъом ба кор рафтааст: «هُوَ الَّذِى خَلَقَكُم مِّن طِينٍ ثُمَّ قَضىَ أَجَلًا وَ أَجَلٌ مُّسَمًّى عِندَهُ» (ӯ касе аст, ки шуморо аз хок офарид, онгоҳ аҷале муқаррар кард ва аҷали муайян назди ӯст).
Дар хусуси маънои аҷали мусаммо дар ин гуна оёт, дидгоҳҳои мухталифе байни муфассирон шакл гирифтааст:[6]
- Гуруҳе мегӯянд манзур аз он, давраи замонии зиндагии инсон, аз замони марг то оғози қиёмат аст; дар муқобили давраи зиндагии инсон дар дунё, ки аҷали ғайри мусаммо аст.[7]
- Бархе аҷали мусамморо ҳамон ҷаҳони охират медонанд.[8]
- Дидгоҳи баъзе ин аст, ки манзур аз аҷали мусаммо поёни умри инсонҳое аст, ки ҳануз зиндаанд; дар муқобил поёни умри касоне ки мурдаанд.[9]
- Бархе бар ин боваранд, ки маънои аҷали мусаммо, марги инсон аст.[10]
- Ба бовари Аллома Таботабоӣ, аҷали мусаммо ва аҷали ғайри мусаммо (муаллақ) ҳарду ба маънои замони поёни зиндагии инсон аст; бо ин фарқ, ки аҷали мусаммо замоне аст, ки инсон қатъан дар он замон мемирад ва танҳо Худо ба он илм дорад, аммо аҷали муаллақ замони марги ҳар инсон бар асоси шароити ҷисмии ӯ аст, ки мумкин аст ботаваҷҷуҳ ба авомили хориҷӣ, каму зиёд шавад.[11]
Фарқ бо аҷали муаллақ
Ҳамчунин бибинед: Аҷали муаллақ
Ба бовари Аллома Таботабоӣ, фарқи аҷали мусаммо ва аҷали муаллақ ин аст, ки аҷали мусаммо ҳатмӣ аст ва дар он бадо (тағйир ва дигаргунӣ) ҳосил намешавад, аммо дар аҷали муаллақ бадо ҳосил мешавад. Ба иборати дигар, дар аҷали мусаммо дуо, садақа ва ҳар коре ки дар аҷали муаллақ муассир аст, ҳеҷ таъсире надорад.[12] Ҳамчунин бар асоси оёти Қуръон ба вижа ояти 2 сураи Анъом, ки аҷали мусамморо назди Худо медонад, натиҷа гирифтаанд, ки замони аҷали мусамморо танҳо Худованд медонад.[13]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Қурашӣ, Қомуси Қуръон, зайли вожаи «аҷал».
- ↑ Қурашӣ, Қомуси Қуръон, зайли вожаи «исм».
- ↑ Баёт, “Аҷали муаллақ ва аҷали мусаммо аз манзари оёт ва таҷаллии он дар ривоёт”, саҳ.8.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири Нур, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.410
- ↑ Макорим, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.383.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.423 ва 424.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.423.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.424.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.424.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.424.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.9 ва 10.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.9.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.8.
Сарчашма
- Баёт, Муҳаммадҳусайн, “Аҷали муаллақ ва аҷали мусаммо аз манзари оёт ва таҷаллии он дар ривоёт”, Сироҷи мунир, № 22, 1395ҳ.ш.
- Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, Теҳрон, маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1383ҳ.ш.
- Қурашии Бунобӣ, Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи шашум, 1371ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.