Аҷали муаллақ
Аҷали муаллақ (форсӣ:اَجَل مُعَلََّقْ), замони номуайян ва тағйирпазири марги инсон аст, ки дар муқобили аҷали мусаммо (вақти ҳатмии марги инсон)) қарор дорад. Ба эътиқоди Аллома Таботабоӣ, аҷали муаллақ, замони марги ҳар як шахс бар асоси вазъи ҷисмии ӯ аст, ки шояд дер ё зуд бар асари омилҳои берунӣ зудтар ё дертар иттифоқ афтад.
Муфассирон оятҳои зерини Қуръон, аз ҷумла ин фарози " ثُمَّ قَضىَ أَجَلًا وَ أَجَلٌ مُّسَمًّى عِندَهُ " аз ояти 2-и сураи Анъом, ба баррасии аҷали муаллақ ва аҷали мусаммо пардохтаанд.
Тибқи таълимоти исломӣ, чизҳое монанди садақа, намоз, силаи раҳим, рафтори нек бо ҳамсояҳо, тарки гуноҳ ва зиёрати Имом Ҳусайн (а) марги инсонро ба таъхир меандозанд. Дар муқобил, корҳое мисли зино кардан, озори додани падару модар, қасами дуруғ ва қатъи иртибот бо хешовандон умрро кӯтоҳ мекунад.
Мафҳумшиносӣ
Мақолаи аслӣ: Аҷал
Дар забони арабӣ ба давраи замонии ҳар чизе ё охири давраи замонии он «аҷал» мегӯянд.[1] Аҷал ҳангоме, ки дар бораи инсон ба кор меравад, ба маънои замони поёни ҳаёт ё ҳамон замони марги ӯст.[2] Дар Қуръон аз ду навъ аҷал барои инсон сухан омадааст: яке бо қайди «мусаммо» ва дигаре бидуни қайд, ки муфассирон аз он бо номҳои аҷали ғайри мусаммо, қазои ғайри маҳтум[3] ва аҷали муаллақ ёд мекунанд.[4]
Ба ақидаи Аллома Таботабоӣ аҷали мусаммо, замони ҳатмӣ; яъне тағйирнопазири марги инсон аст, ки танҳо Худо замони онро медонад. Дар муқобил, аҷали муаллақ ба маънои замони табиъии марги инсон аст, ки имкони тағйири он вуҷуд дорад.[5] Ба бовари вай аҷали муаллақ, замони марги шахс бар асоси шароити бадании ӯст; яъне шахсе, ки бар асоси шароити баданиаш, масалан метавонад сад сол умр кунад, аҷали муаллақи ӯ (яъне замони маргаш) дар садсолагӣ аст, аммо мумкин аст ҳамин шахс бар асари авомиле, маргаш зудтар ё дертар рӯй диҳад ва ин аҷали мусаммои ӯст.[6]
Ҳамчунин бибинед: Аҷали мусаммо
Маншаи шаклгирии масъалаи аҷали муаллақ
Баҳсҳо дар бораи аҷали муаллақ ва аҷали мусаммо, зайли оёти Қуръон, ва аз ҷумла ояти дувуми сураи Анъом шакл гирифтааст,[7] ки дар он аз вуҷуди ду аҷал барои инсон сухан омадааст: «هُوَ الَّذِى خَلَقَكُم مِّن طِينٍ ثُمَّ قَضىَ أَجَلًا وَ أَجَلٌ مُّسَمًّى عِندَهُ» (ӯ касе аст, ки шуморо аз гил офарид; онгоҳ аҷале муқарар кард ва аҷали муайян назди Ӯст).
Бар пояи ин оят, бархе аз муфассирон гуфтаанд: ду аҷали ҳатмӣ ва ғайриҳатмӣ барои инсон вуҷуд дорад:[8] аввалӣ ҳамон аҷали мусаммо аст, ки бо ҳамин ном дар оят омадааст; дувумиро ҳам аҷали муаллақ номидаанд.[9]
Албатта тафсирҳои дигаре ҳам дар хусуси ду навъи аҷали мазкур дар оят матраҳ шудааст.[10] Барои мисол бархе гуфтаанд: манзур аз аҷали мусаммо дар оят, давраи зиндагии инсон, аз марг то оғози қиёмат ва манзур аз аҷали ғайри мусаммо, давраи замонии зиндагии инсон дар дунё аст.[11] Ҳамчунин гуфтаанд: манзур аз аҷали мусаммо поёни умри инсонҳое аст, ки ҳануз зиндаанд; дар муқобили аҷали дигар, ки поёни умри касоне аст, ки мурдаанд.[12]
Авомили муассир бар аҷали муаллақ
Бар пояи оёти Қуръон ва аҳодис, анҷом додани баъзе аз корҳо, сабаби ба таъхир афтодан ё пеш афтодани аҷали муаллақ мешавад.[13] Сайидмуҳаммадҳусайни Таботабоӣ бо истинод ба оёти сеюм ва чаҳоруми сураи Нуҳ, навиштааст: ибодати Худо, тақво ва итоат аз Пайғамбар, маргро ба таъхир меандозад.[14]
Шайхи Тусӣ аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст: «касоне ки бар асари гуноҳонашон мемеринд, бештар аз касонеанд, ки ба марги табиӣ мемиранд ва касоне ки бо некӯкорӣ умрашон дароз мешавад, бештар аз касонеанд, ки ба таври табиӣ умрашон зиёд аст!».[15]
Дар ривоёти исломӣ, умуре чун садақа, силаи раҳм, хушрафторӣ бо ҳамсоягон, тарки гуноҳ, зиёрати Имом Ҳусайн (а), шукри фаровон ва хондани сураи Тавҳид пас аз ҳар намоз, аҷали муаллақро ба таъхир меандозанд.[16] Ҳамчунин иртикоби бархе аз гуноҳон монанди зино, озори падару модар, қасами дуруғ ва қатъи иртибот бо бастагон, аҷали муаллақро пеш меандозанд.[17]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Қурашӣ, Қомуси Қуръон, зайли вожаи «аҷал».
- ↑ Абутолибӣ, «Аҷал», саҳ.161.
- ↑ Баёт, “Аҷали муаллақ ва аҷали мусаммо аз манзари оёт ва таҷаллии он дар ривоёт”, саҳ.8.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.9 ва ҷ.12, саҳ.30.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.10.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.10.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.423 ва 424; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.8 то 10.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.9;
- ↑ Нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.30.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.423 ва 424.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.423.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.424.
- ↑ Абутолибӣ, «Аҷал», саҳ.163.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.28.
- ↑ Шайхи Тусӣ, Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.305.
- ↑ Абутолибӣ, “Аҷал”, саҳ.163.
- ↑ Абутолибӣ, “Аҷал”, саҳ.163 ва 164.
Сарчашма
- Абутолибӣ, “Аҷал”, Доиратулмаорифи Қуръони Карим, Қум, Бустони китоб, 1382ҳ.ш.
- Баёт, Муҳаммадҳусайн, “Аҷали муаллақ ва аҷали мусаммо аз манзари оёт ва таҷаллии он дар ривоёт”, Сироҷи мунир, № 22, 1395ҳ.ш.
- Қурашӣ, Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи шашум, 1371ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, тасҳеҳ: муассисатул-беъсат, ал-Амолӣ, Қум, Дорул-сақофа, 1414ҳ.қ.