Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои эъмоли динӣ бошад. Барои эъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Кафан (форсӣ: کفن) пӯшиши бадани маййити мусулмон пеш аз дафн аст. Ин пӯшиш ҳаддиақал аз се қитъаи порча ташкил шудааст: лунг, пероҳанӣ ва сартосарӣ. Кафан кардан ё такфини мусулмон, фарзи кифоӣ аст. Ин кор набояд бо порчаи ғасбӣ ё наҷас анҷом шавад. Мустаҳаб аст кафан дар замони ҳаёт таҳия шавад.

Таъриф ва воҷибот

Кафан, ба порчае гуфта мешавад, ки қабл аз дафн, бояд бадани маййити мусулмонро бо он пӯшонанд.[1] Такфин, ё кафан кардани мард ё зани мусулмон, фарзи кифоӣ аст.[2] Таъмини кафани зан, бар шавҳар фарз аст,[3] аммо таъмини кафани дигарон аз моли худашон аст[4] ва бар ҳеҷкас фарз нест[5] ва бино бар фатвои фуқаҳо агар дороии маййит ба андозаи хариди кафан набошад, метавон онро аз закот таъмин кард.[6]

Кафан аз се қисмат ташкил мешавад:[7]

  1. Миъзар ё лунг, бояд аз ноф то зону, ҳамаи атрофи баданро бипушонад ва беҳтар аст аз сина то рӯи по бирасад.[8]
  2. Қамис ё пероҳан, бояд аз саршонаҳо то нисфи соқи по, ҳамаи атрофи баданро бапушонад[9] ва беҳтар аст, ки то рӯи по бирасад.[10]
  3. Изор ё сартосарӣ, бояд саросари бадан аз сар то поро бипушонад ва паҳнои он бояд ба ҳадде бошад, ки як тарафи он рӯи тарафи дигар биравад.[11] Беҳтар аст дарозии он, онқадар бошад, ки аз тарафи сару пойҳои маййит баста шавад.[12]

Кафан кардани маййит бо порчаи ғасбӣ ё наҷас ва ҳамчунин бо порчаи абрешимии холис ё порчае, ки аз пашм ё мӯи ҳайвони ҳаромгӯшт таҳия шудааст, дар ҳоли ихтиёр ҷоиз нест.[13]

Қабл аз такфини маййит ё дар ҳини он, бояд миқдоре кофур ба ҳафт нуқта аз бадан, ки дар ҳангоми саҷда бо замин тамос дорад, молида шавад.[14] Ин кор ки ҳанут хонда мешавад, фарз аст.[15]

Мустаҳабот ва макрӯҳот

Мустаҳаб аст кафан дар замони ҳаёт[16] ва аз бурди ямонӣ таҳия шавад[17] ва макрӯҳ аст, ки аз ҷинси катон бошад.[18]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.402 ва 403.
  2. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.402; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.456.
  3. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.405; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.531 - 533.
  4. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.535 - 536; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.407.
  5. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.538; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.407.
  6. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.409; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.539.
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.456.
  8. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.402; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.457 - 458.
  9. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.402 - 403; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.461 - 462.
  10. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.402 - 403.
  11. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.402 - 403; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.463.
  12. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.402 - 403.
  13. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.404; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.465ў469.
  14. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.413 - 414.
  15. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.413 - 414.
  16. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.755.
  17. Ал-Мусавӣ ал-Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1390ҳ.қ, ҷ.1, саҳ.75.
  18. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.465 ва 469.

Сарчашма

  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа: ило таҳсили масоил-иш-шариъа, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, Бейрут, 1412ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Наҷаф, матбаъатулодоб, 1390ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи савбиҳ-ил-ҷадид: услубун ҷадид фи таҳлили абҳоси китоби Ҷавоҳирулкалом ва арзҳо биминҳаҷайҳи мавзуъия, Қум, Доиратулмаорифил-фиқҳил-исломӣ тибқан лимазҳаби Аҳл-ил-Байт (а), 1426ҳюқ./2005м.
  • Таботабоии Яздӣ, Муҳаммадкозим, ал-Уърват-ул-вусқо, Бейрут, муассисат ал-аъламӣ лилматбуъот, 1409ҳ.қ./1988м.