Мутаваккили Аббосӣ
Мутаваккили Аббосӣ (ба арабӣ: مُتَوکِّل عَبّاسی) (247-207ҳ.қ.), даҳумин халифаи аббосие буд, ки дар соли 232 қамарӣ, ба ҳукумат расид ва тамоми даврони хилофаташ бо имомати Имом Ҳодӣ (а) ҳамзамон буд. Ӯ носибӣ буд ва ба Аҳли Байт (а) дашном медод ва онҳоро масхара мекард.
Дар соли 236 қамарӣ, ба дастури Мутаваккил, қабри Имом Ҳусайн (а) вайрон шуд ва дар замини он, кишоварзӣ карданд. Ин амал эътирози мардумро дар пай дошт. Имом Ҳодӣ (а) дар 233 қамарӣ, дар пайи гароиши мардум ва бадгӯии бархе мансубони Мутаваккил, ба Сомирро эҳзор шуд ва то поёни умр дар он ҷо монд. Ба гуфтаи таърихпажӯҳон, Мутаваккил дар зоҳир ба Имом Ҳодӣ (а) эҳтиром мегузошт, аммо пайваста ӯро таҳқир ва бар зиддаш дасиса мекард.
Ба назари пажӯҳишгарон, дар даврони Мутаваккил, шиаён сахтиҳои бисёреро таҳаммул карданд. Бисёре ба қатл расиданд ё зиндонӣ шуданд. Ҳамчунин ба дастури Мутаваккил, фишори иқтисодии бисёре бар Алавиҳо ворид омад.
Дар соли 234 қамарӣ, бо дастури Мутаваккил, мазҳаби каломии аҳли ҳадис мазҳаби расмии ҳукумат шуд ва ақоиди онҳо монанди имкони руъяти Худо ва махлуқ набудани Қуръон тарвиҷ ёфт. Мутаваккил бар хилофи Маъмун ва Мӯътасими Аббосӣ ба муқобила бо мӯътазила пардохт ва қонунҳои сахтеро бар аҳли зимма қарор дод.
Мутаваккил бо ёрии туркҳо ба қудрат расида буд ва ба гуфтаи бархе муҳаққиқон бо рӯи кор омадани ӯ, асри нуфузи туркҳо дар ҳукумати исломӣ оғоз шуд. Ӯ ибтидо робитаи хубе бо онҳо дошт, аммо бо дидани қудрати рӯзафзунашон, эҳсоси хатар кард ва ба муқобила бо онҳо пардохт. Бо шиддат ёфтани душмании туркҳо ва Мутаваккил, ҳаряк тавтеъаҳое алайҳи якдигар анҷом доданд, то он ки Мутаваккил бо ёрии туркҳо, ба дасти фарзандаш Мунтасири Аббосӣ ба қатл расид. Бо кушта шудани ӯ, иқтидори ҳукумати аббосиён ба уфул рӯй ниҳод.
Мутаваккил ба сохтани қасрҳо ва биноҳои фохир алоқа дошт ва ҳазинаҳои бисёреро барои он сарф мекард. Масҷиди ҷомеъи Сомирро аз боқимондаи биноҳои ӯ дар он рӯзгор аст.
Муаррифии иҷмолӣ
Ҷаъфар ибни Муътасим, машҳур ба Мутаваккили Аббосӣ, фарзанди Муътасими Аббосӣ (ҳукумат: 218 - 227ҳ.қ.) ва набери Ҳорунаррашид (ҳукумат: 170-193ҳ.қ.) даҳумин халифаи Аббосиён аст.[1] Вай дар 207 қамарӣ, ба дунё омад.[2] Дар 227 қамарӣ, аз сӯи бародараш Восиқ, халифаи аббосӣ, амирулҳоҷ шуд.[3] Баъд аз даргузашти Восиқ дар 232 қамарӣ, Ҷаъфар ибни Муътасим дар 26-солагӣ, ба дасти сардорони турк ва бузургони давлати аббосӣ ба хилофат баргузида шуд ва ба пешниҳоди яке аз дарбориён ба номи Аҳмад ибни Абудовуд, ал-Мутаваккилу ала-л-лоҳ хонда шуд.[4]
Гуфта шудааст, ин аввалин бор дар таърихи Ислом буд, ки туркон дар таъйини халифа дахолат карданд ва муваффақ шуданд шахси мадди назари худро халифа кунанд.[5] Ба ҳамин далел бархе нависандагон оғози хилофати Мутаваккилро оғози асри нуфузи туркҳо донистаанд;[6] асре, ки бо хилофати Мутаваккил оғоз шуд ва то соли 334 қамарӣ идома дошт.[7]
Мутаваккилро халифае хунрезу ситамгар ва дар шаробхорию ширкат дар маҷолиси гуноҳ, пештоз муаррифӣ кардаанд.[8] Бар асоси пешгӯии Имом Алӣ (а) даҳумин халифаи Банӣ Аббос, яъне Мутаваккил, кофиртарини онҳост.[9]
Душманӣ бо Аҳли Байт (а)
Мутаваккили Аббосӣ ба Аҳли Байти Пайғамбар (с), хусусан Алӣ ибни Абитолиб буғзи бисёр дошт.[10] Ба гуфтаи Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мутаваккил дар бадрафторӣ бо хонадони алавӣ, аз тамомии хулафои аббосӣ пешқадамтар буд, то он ҷо ки қабри Имом Ҳусайн (а)-ро тахриб кард.[11] Вай ҳар касеро, ки гумон мекард дӯстдори Алӣ ва Оли Алист мекушт ва амволашро мусодира мекард.[12]
Ба гуфтаи Заҳабӣ, таърихнигори қарни ҳаштум, Мутаваккил носибӣ буд ва дар носибӣ будани ӯ ҳеҷ ихтилофи дидгоҳе вуҷуд надорад.[13] Ӯ бо носибиҳои дигаре монанди Алӣ ибни Ҷаҳм, Умар ибни Фараҳ ва Ибни Утруҷа ҳамнишинӣ дошт,[14] ки дар бораи Имом Алӣ (а) бисёр бадгӯӣ мекарданд.[15] Мутаваккили Аббосӣ хидматкоре дошт, ки бо шабеҳ кардани худ ба Имом Алӣ (а), ба тамасхури ӯ мепардохт.[16]
Мутобиқи нақли Хатиби Бағдодӣ, таърихнигори қарни панҷум, фарде ба номи Наср ибни Алӣ назди Мутаваккил, ҳадисе дар фазилати Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн нақл кард ва Мутаваккил ба гумони шиа будани ӯ, дастур дод ӯро ҳазор шаллоқ бизананд.[17] Заработи шаллоқ пайваста бар Наср ибни Алӣ ҷорӣ шуд, то он ки ба суннӣ будани Наср шаҳодат доданд ва Мутаваккил аз шаллоқ задан даст кашид.[18]
Вайрон кардани мазори Имом Ҳусайн(а)
- Мақолаи аслӣ: Тахриби ҳарами Имом Ҳусайн (а)
Мутаваккили Аббосӣ дар соли 236 қамарӣ, дастур дод, қабри Ҳусайн ибни Алӣ (а)-ро вайрон кунанд.[19] Аз ин рӯ, тамомии осоре, ки дар атрофи он буд вайрон шуд, аммо касе барои вайрон кардани қабри Имом Ҳусайн иқдом накард, то он ки гурӯҳе аз яҳудиён ба вайрон кардани қабр маъмурият ёфтанд.[20] Баъд аз вайрон сохтани қабрҳо ба он ҷо об монданд, заминҳоро шухм заданд, дар онҳо зироат карданд[21] ва зоирон таҳти таъқиб қарор гирифтанд.[22] Гуфта шудааст, Мутаваккил ду бор ба тахриби қабри Имом Ҳусайн иқдом кард: як бор дар 233 қамарӣ ва бори дигар дар 236 қамарӣ. Дар ин фосила, буқъа таъмир шуда буд. Вайронии дуввум муҳимтар будааст.[23]
Тахриби мазори Имом Ҳусайн (а), мусулмононро хашмгин кард, то он ҷо ки мардуми Бағдод бар дару девори масҷидҳо шиорҳое алайҳи Мутаваккил навиштанд ва шоирон бо сурудани шеърҳое ба ҳаҷви ӯ пардохтанд.[24]
Эҳзори Имом Ҳодӣ ба Сомирро
Мутаваккили Аббосӣ дар соли 233 қамарӣ, Имом Ҳодӣ (а)-ро водор кард аз Мадина ба Сомирро биравад.[25] Шайхи Муфид аз фақеҳон ва мутакаллимони имомия, ин иқдоми Мутаваккилро марбут ба соли 243 қамарӣ шуморидааст;[26] аммо Расули Ҷаъфариён, пажӯҳишгари таърихи Ислом, ин таърихро носаҳеҳ медонад.[27] Гуфта шудааст, далели ин кори Мутаваккил бадгӯии волии Мадина, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад[28] ва Бурайҳаи Аббосӣ имом ҷамоати мансуби халифа дар Ҳарамайн, алайҳи Имом Ҳодӣ[29] ва ҳамчунин гузоришҳое аз майли мардум ба Имоми даҳуми шиаён будааст.[30]
Имом Ҳодӣ (а) дар номае ба Мутаваккил, бадгӯиҳо алайҳи хешро рад кард,[31] аммо Мутаваккил дар посух, бо эҳтиром аз ӯ хост ба сӯи Сомирро ҳаракат кунад.[32] Матни номаи Мутаваккил, дар китобҳои Кофӣ ва ал-Иршод зикр шудааст.[33] Бар ҳамин асос, Яҳё ибни Ҳарсама аз сӯи Мутаваккили Аббосӣ, маъмури интиқоли Имом Ҳодӣ ба Сомирро шуд.[34]
Аз Яҳё ибни Ҳарсама нақл шудааст, ки мардуми Мадина бо шунидани дастури Мутаваккил, бисёр барошуфта, нолаю шеван ба роҳ андохтанд, дар ҳоле ки то он замон, Мадина чунин вазъе ба худ надида буд.[35]
Ҳазрати Ҳодӣ дар Сомирро ба зоҳир мавриди эҳтироми Мутаваккил буд, вале Мутаваккили алайҳ ӯ дасиса мекард,[36] то аз азамати он ҳазрат дар чашми мардум бикоҳад.[37] Мутаваккил, пайваста Имомро таҳқир мекард.[38] Бар асоси ривояте, ки Сайид ибни Товус дар Муҳаҷ-уд-даъавот зикр карда, дар ҷараёни яке аз ин таҳқирҳо, Имом Ҳодӣ (а) дуои мазлум бар золимро хонд ва танҳо се рӯз баъд аз он Мутаваккил кушта шуд.[39]
Вазъияти шиаён
Мутаваккил ошкоро бо шиаён душманӣ мекард ва ба афроде, ки шиаро масхара мекарданд, ҷоиза медод.[40] Ӯ ба хотири нафраташ аз шиаён, дар бораи хулафое, ки бо шиа нармхӯ буданд бадгӯӣ мекард.[41] Фадак, ки дар замони Маъмуни Аббосӣ ба алавиён баргардонда шуда буд, дар замони Мутаваккил аз онҳо гирифта шуд.[42]
Мутаваккил бисёре аз шиаёнро зиндонӣ кард ва бисёреро ба қатл расонд.[43] Ба дастури Мутаваккил, Яҳё ибни Умар аз наводагони Зайд ибни Алӣ дастгир шуд ва мавриди зарбу шатм қарор гирифт.[44] Ҳамчунин Ҳасан ибни Зайд маъруф ба Доии Кабир дар даврони Мутаваккил ба Табаристон ва Дайлам паноҳанда шуд.[45] Ба дастури Мутаваккил, Оли Абитолиб аз Миср ихроҷ шуданд.[46] Ба гузориши Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Оли Абитолиб дар даврони хилофати Мутаваккил пароканда шуда, зиндагии махфӣ доштанд,[47] ки аз ҷумлаи онҳо Аҳмад ибни Исо ибни Зайд аст, ки дар ҳамон даврон даргузашт.[48]
Вазъияти номуносиби шиаён дар давраи Мутаваккили Аббосӣ дар ҳоле буд, ки онҳо дар замони се халифаи пеш аз ӯ, яъне Маъмун, Муътасим ва Восиқи Аббосӣ, аз озодии нисбӣ бархӯрдор буданд.[49] Бар хилофи душмании бисёри Мутаваккил бо шиа, бархе шиаён тавонистанд ба дарбори ҳукумат нуфуз кунанд. Аз ҷумлаи онҳо метавон ба ҳузури Ибни Сиккит дар дарбори халифа ишора кард,[50] ки тарбияти фарзандони Мутаваккилро бар уҳда дошт.[51]
Иқдомот
Ба гузориши Ёқути Ҳамавӣ, ҷуғрофидони қарни ҳафтум, Мутаваккил ба сохтани қасрҳо ва биноҳои фохир алоқа дошт; ба гунае, ки ҳеҷ халифае монанди ӯ чунин биноҳое насохтааст.[52] Дар китоби Маосир-ул-кубро фи таърихи Сомирро номи беш аз сӣ қаср зикр шудааст, ки Мутаваккил дар Сомирро барои худ (ба ғайр аз кохҳои дигар барои атрофиёни худ) сохт.[53] Мутаваккил барои маҷмуи биноҳо, наздик ба сесад миллион дирҳам ҳазина кард.[54]
Ӯ дастур дод барои Сомирро масҷиди ҷомеъе сохта шавад.[55] Ба гузориши Ибни Ҷавзӣ, таърихнигори қарни шашум, барои бинои ин масҷид, ки сохти он дар 234 қамарӣ оғоз ва дар 237 қамарӣ, поён ёфт, беш аз 380 ҳазор динор ҳазина шуд.[56] Ин масҷид, ки ба ҷомеъи Мутаваккил низ шинохта мешавад, ба хотири доштани манорае ҳалазунишакл ба «Ҷомеъи малвия» шуҳрат дорад.[57] Имрӯза бақоёи ин масҷид дар фосилаи яккилометрии шаҳр дида мешавад.[58]
Ҷонибдорӣ аз аҳли ҳадис
Мутаваккили Аббосӣ дар соли 234 қамарӣ, дастур дод мазҳаби каломии аҳли ҳадис тарвиҷ,[59] ва мазҳаби расмии ҳукумат шавад.[60] Мутаваккил бар хилофи хулафои қабл,[61] ба муқобила бо мӯътазила пардохт ва дастур дод мутакаллимон дар бораи мумкин будани руъяти Худо гуфтугӯ кунанд.[62] Мутаваккил ақидаи махлуқ будани Қуръонро мамнуъ кард.[63] Ва афроде, ки Восиқи Аббосӣ онҳоро ба далели эътиқод надоштан ба махлуқ будани Қуръон, зиндонӣ карда буд, озод сохт,[64] ки Аҳмад ибни Ҳанбал аз он ҷумла аст.[65]
Фишор бар аҳли зимма (ғайри мусулмонон)
Мутаваккили Аббосӣ дар соли 235 қамарӣ, қонунҳои сахтеро бар аҳли зимма қарор дод.[66] Мамнуъияти пӯшидани либосҳои мусулмонон ва лузуми пӯшидани либосе ҳамчун либоси кишоварзон, дӯхтани порчаҳои мутамойиз бар аммома (салла), мамнуъ шудани савор бар асбу қотир, мамнуъияти бакоргирии аҳли зимма дар корҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ, гирифтани ҷизя аз онҳо, тахриби калисоҳои ҷадид ва ҳамсатҳ шудани қубури онон бо сатҳи замин аз ҷумлаи ин дастурҳо буд.[67] Ҷурҷӣ Зайдон, нависандаи китоби Таърих-ут-тамаддун-ил-исломӣ, ин рафтори Мутаваккил бо аҳли зиммаро ношӣ аз ҳамроҳии масеҳиёни Ҳимс бо мусулмонон дар шӯриш алайҳи волии Мутаваккил дар Ҳимс донистааст.[68] Бо вуҷуди фишори камназири Мутаваккил бар аҳли зимма, бархе аз донишмандони масеҳӣ аз ҷумла Ҳунайн ибни Исҳоқ (табиб ва мунаҷҷим) дар дастгоҳи хилофат хизмат мекарданд.[69]
Рӯёрӯӣ бо туркҳо
Мутаваккил, ки бо ёрии туркҳо ба қудрат расида буд, дар ибтидо корҳоеро барои ҷалби ризояти онҳо анҷом дод ва ба онон дар анҷоми умури сиёсӣ қудрат дод, аммо пас аз муддате ин равишро канор гузошт ва саъй кард қудрати туркҳоро маҳдуд кунад.[70] Мутаваккили Аббосӣ се фарзандаш, Муҳаммад, Абуабдулло ва Иброҳимро валиаҳд кард; Муҳаммад бо лақаби Мунтасир, валиаҳди халифаи аббосӣ шуд, Абуабдулло бо лақаби Муътазз, валиаҳди Мунтасир ва Иброҳм бо лақаби Муайяд, валиаҳди Муътазз шуд.[71] Ҳукумати Африқову Мағриб ба Мунтасар, Хуросон ва Рай ба Муътазз ва Шому Фаластин ба Муайяд супорида шуд.[72] Муҳаммад Суҳайл Тақуш, нависандаи китоби Таърих-уд-давлат-ил-аббосия ин иқдоми Мутаваккилро дар ростои тазъифи қудрат ва нуфузи турконе донистааст, ки дар давраи хилофати Муътасим ва Восиқи Аббосӣ, бахшҳое аз сарзаминҳои таҳти ҳукумати аббосиёнро дар даст доштанд.[73]
Тақуш мӯътақид аст, туркҳо, ки аз тасмими Мутаваккил барои кам кардани нуфузи онҳо бохабар шуда буданд, дасисаҳои бисёре анҷом доданд, ва ба ҳамин иллат буд, ки Мутаваккил барои дурӣ аз тавтеъаи онҳо тасмим ба интиқоли пойтахт гирифт.[74] Мутаваккил дар 244 қамарӣ, ба Димишқ рафт, то он ҷоро пойтахти ҳукумати худ қарор диҳад, аммо обуҳаво ва шароити зиндагиро дар он ҷо муносиб надид. Аз ин рӯ, баъд аз ду моҳ он ҷоро тарк кард ва ба Сомирро бозгашт.[75] Ба гуфтаи Тақуш, баъд аз бозгашти халифа ба Сомирро, душмании туркҳо ва халифа ба марҳалаи ғайриқобили бозгашт расид ва ҳар як дар садади ҳазфи рақиб баромаданд.[76]
Марг
Мутаваккили Аббосӣ дар соли 247 қамарӣ, баъд аз чаҳордаҳ солу даҳ моҳ хилофат, дар сини чиҳилсолагӣ ба дасти фарзандаш Мунтасир кушта[77] ва дар қасри худ дар шаҳри Моҳуза[Ёддошт 1] дафн шуд.[78] Агарчӣ Мутаваккил фарзандаш Мунтасирро халифаи худ карда буд, робитаи хубе бо ӯ надошт ва дар бисёре мавоқеъ вайро ба тамасхур мегирифт ва гоҳе дашном медоду ба куштанаш таҳдид мекард.[79] Дар гузориши дигаре, ки Табарӣ, таърихнигори қарни чаҳорум онро нақл кардааст, Мутаваккил тасмими гирифта буд Мунтасир ва теъдоде аз фармондеҳони туркро бикушад.[80] Ҳамчунин Ибни Халдун, таърихнигори қарни ҳаштум мӯътақид аст, дар ҷараёни тавҳини Мутаваккил ба Алӣ ибни Абитолб, ки Мунтасир дар баробараш истод ва ӯро аз амалаш наҳй кард, Мутаваккил вайро аз хилофат азл ва ба қатл таҳдид кард.[81] Мунтасир, ки аз рафторҳои падараш хашмгин шуда буд, бо ҳамкории фармондеҳони турк, Мутаваккилро дар ҳоли бодагусорию мастӣ, ба қатл расонд.[82]
Дар баъзе гузоришҳо ин воқеа дар ҷараёни тавҳини Мутаваккил ба ҳазрати Заҳро нақл шудааст.[83] Муҳаммадҷаводи Муғния, нависандаи китоби аш-Шиату ва-л-ҳокимун навиштааст рӯзе Мунтасир шунид, ки падараш ба Фотимаи Заҳро (с) дашном медиҳад ва ба ҳамин далел назди яке аз фақеҳон рафта, ҳукми ин амали падарашро пурсид.[84] Фақеҳ, падарашро маҳдуруддам хонд, аммо бо баёни ин ки ҳар кас падари худро бикушад умраш кӯтоҳ мешавад, вайро аз куштани падар барҳазар дошт.[85] Бо ин ҳол, Мунтасир Мутаваккилро ба қатл расонд ва танҳо пас аз ҳафт моҳ, худ низ кушта шуд.[86]
Бо кушта шудани Мутаваккил, туркҳо қудрат ва нуфузи бештаре дар ҳукумат пайдо карданд[87] ва иқтидору ҳайбати хулафои Банӣ Аббос рӯ ба уфул ниҳод, то андозае, ки танҳо дар як сада баъд аз Мутаваккил, ёздаҳ халифа, ки ҳамаи онҳо дастнишондаи туркҳо буданд, рӯи кор омаданд ва сипас ба қатл расиданд ё азл шуданд.[88]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.178
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.178
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.123
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.33 - 34
- ↑ Хизрӣ, Таърихи хилофати аббосӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.107
- ↑ Тақуш, Таърих-уд-давлат-ил-аббосия, 1430ҳ.қ., саҳ.154 - 156
- ↑ Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Нақши шиаён дар сохтори ҳукумати аббосиён, 1392ҳ.ш., саҳ.27
- ↑ Ҷаъфариён, Аз пайдоиши Ислом то Эрони исломӣ, саҳ.312
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.322; Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1430ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.170
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.55 - 56.
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.478.
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.478.
- ↑ Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.552.
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.56.
- ↑ Ибни Халдун, Таъриху Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.349.
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.55 - 56.
- ↑ Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.289.
- ↑ Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.289.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.237
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.479
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.237
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.479
- ↑ Мударрис, Шаҳри Ҳусайн (а), 1380ҳ.ш., саҳ.206 - 207
- ↑ Суютӣ, Таърих-ул-хулафо, 1425ҳ.қ., саҳ.253
- ↑ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.484; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.92; Ашъарии Қумӣ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.100
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.310
- ↑ Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии Аимма, 1381ҳ.ш., саҳ.503
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.309
- ↑ Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.233
- ↑ Сибти ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.493
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.309
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.309
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.501; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.309
- ↑ Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.233
- ↑ Сибти ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.492
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311
- ↑ Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.126
- ↑ Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.510
- ↑ Ибни Товус, Муҳаҷ-уд-даъавот, 1411ҳ.қ., саҳ.265 - 271
- ↑ Саҷҷодӣ, “Банӣ Аббос”, саҳ.674
- ↑ Саҷҷодӣ, “Банӣ Аббос”, саҳ.674
- ↑ Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988м., саҳ.42 - 43
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.478
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.506
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.490
- ↑ Киндӣ, Китоб-ул-вулот, 1424ҳ.қ., саҳ.149
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.490
- ↑ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.492
- ↑ Пурсанда, Баррасии сиёсатҳои мазҳабии Мутаваккили Аббосӣ, дар маҷаллаи Таърихи Ислом дар оинаи пажӯҳиш, баҳори 1388ҳ.ш., саҳ.60
- ↑ Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Нақши шиаён дар сохтори ҳукумати Аббосиён, 1392ҳ.ш., саҳ.144
- ↑ Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.552
- ↑ Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., саҳ.367.
- ↑ Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро фи таърихи Сомирро, 1384ҳ.ш., саҳ.67 - 111.
- ↑ Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., саҳ.368.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.252.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.252.
- ↑ Арҷаҳ, “Ҷомеъи кабир”, саҳ.353.
- ↑ Арҷаҳ, “Ҷомеъи кабир”, саҳ.353.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.206
- ↑ Хизрӣ, Таърихи хилофати аббосӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.109
- ↑ Саҷҷодӣ, “Банӣ Аббос”, саҳ.674
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.207
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.316
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.251
- ↑ Ибни Халликон, Вафаёт-ул-аъён, 1900м., ҷ.1, саҳ.64
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.313 - 314
- ↑ Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.313 - 314
- ↑ Зайдон, Таърих-ут-тамаддун-ил-исломӣ, Дору мактабатилҳаёт, ҷ.4, саҳ.412
- ↑ Қифтӣ, Таърих-ул-ҳукамо, 1371ҳ.ш., саҳ.234 - 235
- ↑ Хизрӣ, Таърихи хилофати аббосӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.107.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.487.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.176.
- ↑ Тақуш, Таърих-уд-давлат-ил-аббосия, 1430ҳ.қ., саҳ.163.
- ↑ Тақуш, Таърих-уд-давлат-ил-аббосия, 1430ҳ.қ., саҳ.163.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.210.
- ↑ Тақуш, Таърих-уд-давлат-ил-аббосия, 1430ҳ.қ., саҳ.163.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.356 - 357.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.492.
- ↑ Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.356.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.225.
- ↑ Ибни Халдун, Таъриху Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.349.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.225.
- ↑ Муғния, аш-Шиъату ва-л-ҳокимун, 1421ҳ.қ., саҳ.171.
- ↑ Муғния, аш-Шиъату ва-л-ҳокимун, 1421ҳ.қ., саҳ.171.
- ↑ Муғния, аш-Шиъату ва-л-ҳокимун, 1421ҳ.қ., саҳ.171.
- ↑ Муғния, аш-Шиъату ва-л-ҳокимун, 1421ҳ.қ., саҳ.171.
- ↑ Хизрӣ, Таърихи хилофати аббосӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.112.
- ↑ Хизрӣ, Таърихи хилофати аббосӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.112.
Ёддошт
- ↑ Шаҳре дар се фарсахии Сомирро, ки ба дастури Мутаваккил сохта шуд (Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.492.) ва бо кушта шудани ӯ рӯ ба харобӣ ниҳод ва вайрон гардид. (Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.15).
Сарчашма
- Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, Мақотил-ут-толибин, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
- Арҷаҳ, Акрам, “Ҷомеъи кабир”, дар донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.9, Теҳрон, бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1384ҳ.ш.
- Ашъарии Қумӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, Теҳрон, маркази интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1360ҳ.ш.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дору мактабатилҳилол, 1988м.
- Ёқути Ҳамавӣ, Ибни Абдиллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, 1995м.
- Зайдон, Ҷурҷӣ, Таърих-ут-тамаддун-ил-исломӣ, Бейрут, Дору мактабатилҳаёт, бе то.
- Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, Бейрут, Дорулкутубилъарабӣ, 1413ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
- Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорулфикр, 1407ҳ.қ.
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Муҳаҷ-уд-даъавот ва манҳаҷ-ул-ибодот, Қум, Дорулзахоир, 1411ҳ.қ.
- Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таъриху Ибни Халдун, Бейрут, Дорулфикр, 1408ҳ.қ.
- Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1412ҳ.қ.
- Киндӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Китоб-ул-вулот ва китоб-ул-қузот, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1424ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Қифтӣ, Алӣ ибни Юсуф, Таърих-ул-ҳукамо, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, 1371ҳ.ш.
- Масъудӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, Исбот-ул-васият ли-л-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), Қум, Ансориён, 1426ҳ.қ.
- Маҳаллотӣ, Забеҳуллоҳ, Маосир-ул-кубро фи таърихи Сомирро, Қум, алмактабатул-Ҳайдария, 1384ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
- Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Разиясодот, Нақши шиаён дар сохтори ҳукумати аббосиён, Қум, интишороти шиъашиносӣ, 1392ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, аш-Шиъату ва-л-ҳокимун, Бейрут, Дорулҷавод, 1421ҳ.қ.
- Мударрис, Муҳаммадбоқир, Шаҳри Ҳусайни алайҳиссалом, Қум, Дорулъилм, 1380ҳ.ш.
- Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, Бейрут, Дорулазвоъ, 1404ҳ.қ.
- Пурсанда, Муҳаммдаъзам, «Баррасии сиёсатҳои мазҳабии Мутаваккили Аббосӣ», дар маҷаллаи Таърихи Ислом дар оинаи пажӯҳиш, шумораи 21, баҳори 1388.
- Саҷҷодӣ, Содиқ, “Банӣ Аббос”, дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.12, Теҳрон, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1383ҳ.ш.
- Сибт ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Қазовуғлӣ, Тазкират-ул-хавос мин-ал-уммат фи зикри хасоис-ил-аимма, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), 1426ҳ.қ.
- Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, Таърих-ул-хулафо, беҷо, мактабат Назор Мустафо Албоз, 1425ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, Дорултурос, 1387ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1417ҳ.қ.
- Тақуш, Муҳаммадсуҳайл, Таърих-уд-давлат-ил-аббосия, Бейрут, Дорулнафоис, 1430ҳ.қ.
- Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1417ҳ.қ.
- Хизрӣ, Сайид Аҳмадризо, Таърихи хилофати аббосӣ: аз оғоз то поёни Оли Бӯя, Теҳрон, интишороти самт, чопи панҷум, баҳори 1384.
- Ҳусайнии Теҳронӣ, Муҳаммадҳусайн, Имомшиносӣ, Машҳад, интишороти Аллома Таботабоӣ, 1430ҳ.қ.
- Ҷаъфариён, Расул, Аз пайдоиши Ислом то Эрони исломӣ, Қум, бено, бе то.
- Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, Қум, Ансориён, 1381ҳ.ш.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.