Таносух

Аз wikishia

Таносух ё реинкарнатсия ба маънои интиқоли рӯҳи инсон аз ҷисме ба ҷисми дигар аст. Дар миёни шиаён, бовар ба таносух ботил ва эътиқод ба он, ба далели инкори қиёмат куфр маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин ривоятҳое аз имомони шиа (а) дар радди таносух ворид шуда ва муфассирону диншиносони шиа низ дар радди он истидлолҳое овардаанд.

Аз назари муҳаққиқон, бовар ба таносух дар ақоиди аксарияти мусулмонон, аз ҷумла шиаён, вуҷуд надоштааст, ҳарчанд бархе аз мусулмонон дар мувоҷиҳа бо тамаддунҳо ва адёни дигар ба таносух гароиш пайдо кардаанд. Ғулотро аз аввалин муътақидон ба таносух ба шумор бурдаанд, албатта аз назари бархе, ақидаи бархе фирқаҳои ғолӣ дар ҳулули рӯҳи Илоҳӣ дар рӯҳи имомони шиа (а), аз сари тасомуҳи фирқашиносон бо ақидаи таносух яксон дониста шудааст.

Ҳамчунин бархе аз олимони аҳли суннат, таносухро бо ақидаи раҷъат дар бовари шиа як донистаанд. Аз назари олимони шиа, раҷъат бо таносух фарқи асосӣ дорад ва раҷъат бархилофи таносух мӯҷиби тааддуди бадан барои як нафс намешавад.

Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ аваллин файласуфи исломии муътақид ба таносух ва Ибни Сино аввалин файласуфи исломие дониста шудааст, ки ба тафсил ба радди таносух пардохтааст. Аз назари бархе муҳаққиқон, Муллосадро, бар мабнои назарияи ҳаракати ҷавҳарӣ, наҳваи эҷод ва бақои нафсро ба гунае таъриф мекунад, ки исботи таносух номумкин мешавад.

Бархе муътақиданд, ки мабонии ирфони исломӣ, аз ҷумла: шавқи орифон ба тарки комили дунё, наметавонад бо таносух созгор бошад; чун таносух навъе бозгашти рӯҳ ба бадани дунявӣ аст. Бовар ба бунёдҳои ақидатии исломӣ, монанди ақидаи қиёмат, дар андешаи орифон ва суфиёни мусулмонро низ аз далоили радди таносух тавассути онон донистаанд. Гуфта шудааст, ки эътиқоди бархе суфиёни мусулмон ба ҳулул ва таҷаллӣ (зуҳури Илоҳӣ дар мавҷудот) мӯҷиби муттаҳам шудани онон ба таносух шудааст.

Таъриф ва ҷойгоҳ

Таносух ё бозпайдоиро ба маънои интиқоли рӯҳи инсон аз ҷисме ба ҷисми дигар донистаанд.[1] Гуфта шудааст, ки дар фароянди таносух, зиндагии гузаштаи инсон чигунагии ҷисми ҷадиди ӯро таъйин мекунад.[2] Ҳастаи аслии мафҳуми таносухро ҳузури рӯҳ пас аз марг дар ҷаҳони ҷисмонӣ баршумурдаанд; ҳузуре, ки далоили он дар низомҳои мухталифи динӣ ва фалсафии бисёр мутанаввеъ таҳлил шудааст.[3]

Ақидаи таносухро яке аз муътақадоти оми аксари адёни таърихи башар, аз адёни ибтидоӣ то адёни ҷадид, баршумурдаанд.[4]

Таносух бо бархе эътиқодоти адёни иброҳимӣ, ба хусус бо эътиқод ба қиёмат, носозгор қаламдод шудааст.[5] Дар миёни мусулмонон, бутлони таносух ва куфромез будани он, мавриди иҷмоъ талаққӣ шудааст.[6]

Бархе муҳаққиқон эътиқод ба азалӣ будани арвоҳ, нотавонӣ дар тавҷеҳи ранҷҳо, талош барои эҷоди созгорӣ байни шурур ва адли Илоҳӣ ва тавҷеҳи аъмоли интиқомҷӯёнаро аз далоили рушди бовар ба таносух дар бархе аз афрод донистаанд.[7]

Анвоъи таносух

  • Таносухи нузулӣ: ба интиқоли рӯҳи ғайрикомил ба мартабаи поинтари инсонӣ, ҳайвонӣ, гиёҳӣ ва ҷамодӣ гуфта шудааст.[8]
  • Таносухи суъудӣ: ба интиқоли рӯҳ аз як мартабаи инсонӣ, ҳайвонӣ, гиёҳӣ ва ҷамодии поинтар ба марҳалаи болотар гуфта шудааст.[9] Танҳо ваҷҳи иштироки байни анвоъи таносух ақидаи интиқоли рӯҳ аз ҷисме ба ҷисми дигаре дониста шудааст.[10]

Фарқи таносух бо масх

Таносух бо масх фарқ дорад:[11] дар таносух, рӯҳ пас аз ҷудоӣ аз бадан ба бадани дигар тааллуқ мегирад, вале дар масх, рӯҳ аз бадан ҷудо намешавад, балки танҳо шакли бадан тағйир мекунад то инсони гуноҳкор худро ба шакли ҳайвон бибинад ва аз он ранҷ барад.[12]

Имом Ризо (а):

مَنْ قَالَ بِالتَّنَاسُخِ فَهُوَ کافِرٌ بِاللَّهِ الْعَظِیمِ مُکذِّبٌ بِالْجَنَّةِ وَ النَّارِ

Ҳар кас муътақид ба таносух бошад ба Худои бузург кофир шуда ва биҳишту ҷаҳаннамро такзиб кардааст.[13]

Куфромез будан ва радди таносух дар андешаи шиаён

Дар миёни шиаён, бовар ба таносух ботил, ва эътиқод ба он, ба далели инкори қиёмат, куфр дониста шудааст.[14] Ривоёте аз имомони шиа (а) дар радди таносух ворид шудааст.[15] Дар яке аз тавқиъоти Имоми Замон (а), аз бархе аз ғолёни шиа, ки муътақид ба таносух будаанд, табарӣ ҷуста шудааст.[16] Дар аҳодис, инкори биҳишт ва дӯзахи ухравӣ ба унвони омили аслии такфири муътақидони таносух қаламдод шудааст.[17] Бархе олимони риҷоли шиа низ ба тазъифи ровиёни муътақид ё муттаҳам ба таносух пардохтаанд.[18]

Муфассирони шиа бо такя бар оёти қиёмат дар Қуръон ба радди назарияи таносух пардохтаанд.[19] Онон истидлолҳои ироашуда аз сӯи бархе муътақидони таносух бо истифода аз оёти Қуръонро нақд кардаанд.[20] Мутакаллимони шиа барои радди таносух далелҳое ироа кардаанд.[21] Ҳамчунин, онон далоили тарҳшуда барои пазириши таносух аз сӯи муътақидон ба таносухро нақд ва рад кардаанд;[22] барои намуна, Шайх Тусӣ ҳикмати ранҷи инсон дар дунёро мунҳасир дар азоб надониста ва ба ин тариқ истидлоли муътақидон ба таносух мабнӣ бар инки ранҷи инсонҳои бегуноҳ дар ин дунё ба далели гуноҳ дар зиндагии қаблии онон астро рад кардааст.[23]

Оё раҷъат ҳамон таносух аст?

Бархе аз олимони аҳли суннат, таносухро бо ақидаи раҷъат дар бовари шиа як донистаанд[24] ва ба ҳамин далел ононро аз муътақидони таносух донистаанд.[25] Баъзе олимони шиа бо талош барои равшан кардани фарқи байни раҷъат ва таносух ин боварро рад кардаанд; барои намуна, Ҷаъфари Субҳонӣ муътақид аст, ки раҷъат ду хусусияти аслии таносух, ки мӯҷиби маҳол будани он астро надорад: аввал, раҷъат монанди таносух сайри қаҳқароии нафси инсонӣ ба нафаси ҳайвонӣ, наботӣ ва ҷамодӣ нест; дувум, раҷъат монанди таносух мӯҷиби тааддуди бадан барои як нафс намешавад.[26] Аз назари Субҳонӣ, раҷъат чизе ҷуз зинда кардани мурдагон нест, ки дар зимни он рӯҳи инсон ба бадани собиқи худ бозмегардад, бидуни онки аз ҷойгоҳи вуҷудии худ таназзул карда бошад.[27] Ӯ раҷъатро амре монанди муъҷизаи ҳазрати Исо (а) дар зинда кардани мурдагон бармешуморад, ки касе аз мусулмонон ва насрониён онро аз синхи таносух надонистааст.[28]

Дар бораи таносух, нақди он ва табйини фарқҳои он бо раҷъат осоре навишта шудааст; аз ҷумла, китоби Таносухи гузашта ва имрӯз аз маншуроти донишгоҳи адёну мазоҳиб,[29] китоби Таносух аз маншуроти пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ ва донишгоҳи Боқирулъулум (а)[30] ва китоби Таносух дар андешаи исломӣ, навиштаи Алиризо Бирҷандӣ.[31]

Илали ривоҷи имон ба таносух назди бархе аз мусулмонон

Мувоҷиҳаи мусулмонон бо тамаддунҳо ва адёни дигар, аз ҷумла будоиён, монавиён, юнониён ва мaздaкиёнро аз авомили гароиши бархе мусулмон ба таносух донистаанд.[32] Эътиқод ба вуҷӯуи масх дар адёни иброҳимиро низ яке дигар аз роҳҳои ошноии мусулмонон бо ақидаи таносух ба шумор бурдаанд.[33] Нишонаҳое аз вуҷуди ақидаи таносух дар миёни арабҳои пеш аз Ислом дар бархе манобеъ омадааст.[34]

Қадимитарин муътақид ба таносух аз миёни мусулмононро бархе Абдуллоҳ ибни Ҳорис[35] ва бархе Абдуллоҳ ибни Сабаъ ба қалам овардаанд.[36] Дар миёни фирқаҳои исломӣ, ғулотро аз аввалин муътақидон ба таносух донистаанд.[37] Аз назари муҳаққиқон, бархе фирқашиносони исломӣ ақидаи бархе фирқаҳои ғолии шиа, монанди кайсония, дар ҳулули рӯҳи Илоҳӣ дар рӯҳи имомони шиа (а)-ро бо ақидаи таносух яксон донистаанд;[38] амре ки аз сӯи муҳаққиқон ношӣ аз вуҷуди шабоҳатҳое дар ҳулул ва таносух ва тасомуҳи фирқашиносон дар ин маврид қаламдод шудааст.[39] Ҳамчунин, исмоилияро, ба далели доштани ақоиде шабеҳ ба ақоиди муътақидон ба таносух, муътақид ба таносух қаламдод кардаанд.[40]

Дар манобеъ, аз дигар муътақидон ба таносух ба афрод ва гуруҳҳои дигаре низ ишора шудааст; аз ҷумла Ибни Абилъавҷоъ,[41] бархе олимони муътазилӣ,[42] насирия,[43] дарузия,[44] аҳли ҳақ,[45] ровандия,[46] сапедҷомагон,[47] хуррамдиния,[48] ва бархе фирқаҳои илтиқотие монанди, язидиён, озаркивониён, нуқтавиён ва пасихониён.[49]

Таносух дар фалсафаи исломӣ

Мақолаи аслӣ: Таносух дар фалсафа ва ирфон

Бархе муҳаққиқон муътақиданд, ки дар таърихи фалсафаи исломӣ вуҷуди файласуфони муътақид ё мутамойил ба таносух мӯҷиби амиқтар шудани адиллаи мувофиқони таносух ва ба табаъи он адиллаи мухолифони он шудааст.[50] Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (251-313ҳ.қ.)[51]-ро барҷастатарин файласуфи исломии муътақид ба таносух донистаанд.[52] Дар миёни дигар файласуфони исломӣ, Ихвонуссафо ва Форобиро низ дорои гароиш ба таносух, бо тафсирии хос, ба шумор бурдаанд.[53]

Ибни Сино нахустин файласуфи исломие дониста шудааст, ки ба тафсил ба таносух пардохтааст.[54] Гуфта шудааст, ки дар миёни файласуфони исломӣ, Ибни Сино ва пайравони ӯ, бо фарзи инки асоси таносух эътиқод ба қадим будани нафси инсонӣ аст, барои радди таносух талош карданд; талоше, ки маътуф ба нафйи қадим будан ва исботи ҳодис будани нафси инсонӣ будааст.[55] Ибни Сино тайи истидлоле талош мекунад, то нишон диҳад, ки лозимаи таносух тааллуқи ду нафс ба як бадан хоҳад буд ва аз муҳол будани он, бутлони таносухро исбот кунад.[56] Ба гузориши бархе муҳаққиқон, ин истидлоли Ибни Сино аз сӯи соири файласуфони машшоӣ мавриди истиқбол қарор гирифт ва дар осорашон такрор шуд.[57]

Вазъияти Шайхи Ишроқ дар қиболи таносухро вазъияте норавшан қаламдод кардаанд:[58] муҳаққиқон муътақиданд, ки ӯ бо пайравӣ аз файласуфони машшоӣ дар бисёре аз осораш, чун Партавнома, ал-Муториҳот ва алвоҳи имодия, таносухро ботил донистааст.[59] Онон муътақиданд, ки ӯ дар муҳимтарин асараш, Ҳикмат-ул-ишроқ, бо тардид дар бархе аз далоили имтиноъи таносух ва нокофӣ донистани далоили исботи таносух ба бархе аз вуҷуҳи таносух мутамойил шуда ва ниҳоятан аз изҳориназри ниҳоӣ дар бораи таносух нотавон мондааст.[60]

Аз назари бархе муҳаққиқон, Муллосадро, бар мабнои назарияи ҳаракати ҷавҳарӣ, наҳваи эҷод ва бақои нафсро ба гунае таъриф мекунад, ки исботи таносух номумкин мешавад.[61] Ба гузориши манобеъ, тибқи ин назария, нафс ва бадан дар ибтидои пайдоиши худ умуре билқувва ва дорои ҳаракати ҷавҳарии зотӣ ҳастанд.[62] Онҳо бо гузарондани ҳаёти табиъӣ аз қувва хориҷ мешаванд ва дар ҷиҳати саодат ё шақоват ба феълият мерасанд.[63] Аз назари Муллосадро, таносух монанди бозгашти мавҷуде аз ҳолати феълият ба қувва аст, ки амре муҳол аст.[64]

Таносух дар ирфони исломӣ

Мақолаи аслӣ: Таносух дар фалсафа ва ирфон

Бархе муҳаққиқон муътақиданд, ки мабонии ирфони исломӣ, аз ҷумла: шавқи орифон ба тарки комили дунё ва андешаи фанои филлоҳ, наметавонад бо таносух созгор бошад.[65] Ин адами созгорӣ аз назари онон ба далели он аст, ки таносух худ навъе бозгашти рӯҳ ба бадани дунявӣ аст.[66] Ҳузури бунёдҳои ақидатии исломӣ, монанди ақидаи маъод, дар андешаи орифон ва суфиёни исломиро низ аз ҷумлаи далоили радди таносух тавассути онон донистаанд;[67] ончунон ки суфиёни барҷастае чун Абунасри Сироҷ[68] (ваф.378ҳ.қ.), Ибни Арабӣ[69] (560 - 638ҳ.қ.), Шайх Маҳмуди Шабистарӣ[70] ва Алоуддавла Симнонӣ (659 - 736ҳ.қ.)[71] ба нақд ва радди таносух пардохтаанд. Барои намуна, Маҳмуди Шабистарӣ таносухро ҳосили нигоҳи «тангчашмона» ба офариниш медонад;[72] нигоҳе, ки шореҳони Гулшани роз онро ба маънои нодида гирифтани бадани барзахӣ ва мунҳасир донистани бадани моддӣ ба унвони маҳалли қарор гирифтани рӯҳ пас аз марг донистаанд.[73]

Ваҷҳи дигари тавваҷуҳи орифон ва суфиёни исломӣ ба таносух, эътиқод ба ҳулул дар миёни бархе суфиён дониста шудааст; эътиқоде, ки бо як гирифта шудани таносуху ҳулул дар миёни андешмандони мусулмон, мӯҷиби муттаҳам шудани ҳамаи суфиён ва орифони исломӣ ба эътиқод ба таносух шудааст.[74] Ҳамчунин, эътиқод ба мафҳуми таҷаллӣ (зуҳури Илоҳӣ дар мавҷудот) дар ирфон ва тасаввуфи исломиро омили дигаре барои муттаҳам шудани орифон ва суфиёни мусулмон ба эътиқод ба таносух донистаанд.[75] Ин иттиҳом мӯҷиби посухгӯии бархе орифони аҳли таҳқиқ шуда ва онон бо нақд ва радди таносух мафоҳиме монанди таҷаллиро ғайр аз таносух донистаанд.[76]

Эзоҳ

  1. Миноӣ, “Таносух”, саҳ.86.
  2. Витман, Таърих ва хостгоҳи оини ҳиндӯ, 1382ҳ.ш., саҳ.29.
  3. Миноӣ, “Таносух”, саҳ.88.
  4. Нос, Таърихи ҷомеъи адён, 1354ҳ.ш., саҳ.105.
  5. Миноӣ, “Таносух”, 228.
  6. Ибни Ҳазми Анделусӣ, ал-Фасл, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.110.
  7. Макорими Шерзоӣ, “Таносух ё бозгашти арвоҳ”, саҳ.47 - 50; Миноӣ, “Таносух”, саҳ.90 - 93.
  8. Аздуддини Иҷӣ, ал-Мавоқиф, Бейрут, саҳ.374.
  9. Аздуддини Иҷӣ, ал-Мавоқиф, Бейрут, саҳ.374.
  10. Миноӣ, “Таносух”, 227.
  11. Мозандаронӣ, Шарҳи усули ал-Кофӣ, ҷ.12, саҳ.315; Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1388ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.132; Субҳонӣ, Маншури ақоиди имомия, 1376ҳ.ш., саҳ.195.
  12. Субҳонӣ, Маншури ақоиди имомия, 1376ҳ.ш., саҳ.195.
  13. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.200.
  14. Шайх Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63.
  15. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.200; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.320 - 321.
  16. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.474 - 475.
  17. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.320.
  18. Аллома Ҳиллӣ, Хулосат-ул-ақвол, 1381ҳ.ш., саҳ.77.
  19. Заҳабӣ, “Таносух дар ҷаҳони Ислом”, саҳ.181.
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.17, 1393ҳ.қ., саҳ.313; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.164 - 165.
  21. Шайх Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63; Муфид, Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомия, 1413ҳ.қ., саҳ.87 - 90; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.305 - 312.
  22. Сайиди Муртазо, аз-Захира, 1411ҳ.қ., саҳ.234 - 238; Муфид, Масоил-ус-сарвийя, саҳ.47 - 49.
  23. Тусӣ, ал-Иқтисод, 1400ҳ.қ., саҳ.87 - 88.
  24. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабатус-сақофатид-динийя, ҷ.5, саҳ.130.
  25. Амин, Аҳмад, Фаҷр-ул-Ислом, 1969м., саҳ.277.
  26. Субҳонӣ, ал-Фикр-ул-холид фи баён-ил-ақоид, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228 - 229.
  27. Субҳонӣ, ал-Фикр-ул-холид фи баён-ил-ақоид, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228 - 229.
  28. Субҳонӣ, ал-Фикр-ул-холид фи баён-ил-ақоид, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228.
  29. “Таносухи гузашта ва имрӯз”, торнамои Донишгоҳи адён ва мазоҳиб.
  30. “Китоби Таносух мунташир шуд”, торнамои хабаргузории ЭСНО.
  31. “Таносух дар андешаи исломӣ”, торнамои Гесум.
  32. Заҳабӣ, “Таносух дар ҷаҳони Ислом”, саҳ.180.
  33. Миноӣ, “Таносух”, 228.
  34. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.119.
  35. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404, саҳ.34 - 35.
  36. Бағдодӣ, ал-Фарқ байна-л-фирақ, 1408ҳ.қ., саҳ.254 - 255.
  37. Заҳабӣ, “Таносух дар ҷаҳони Ислом”, саҳ.180.
  38. Мултӣ, ат-Танбиҳ ва-р-радд, 1413ҳ.қ., саҳ.29; Исфароинӣ, ат-Табсир фи-д-дин, Қоҳира, саҳ.27; Бағдодӣ, ал-Фарқ байна-л-фирақ, 1408ҳ.қ., саҳ.227.
  39. Заҳабӣ, “Таносух дар ҷаҳони Ислом”, саҳ.180.
  40. Минҳоҷии Исютӣ, Ҷавоҳир-ул-уқуд, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.274.
  41. Исфароинӣ, ат-Табсир фи-д-дин, Қоҳира, саҳ.115.
  42. Бағдодӣ, ал-Фарқ байна-л-фирақ, 1408ҳ.қ., саҳ.261 - 262; Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, ҷ.1, саҳ.60 - 62
  43. Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.246 - 247.
  44. Нависандаи ношинос, китоби ан-Нуқат ва-д-давоир, 1902ҳ.қ., саҳ.30 - 32.
  45. Хоҷаддин, Сарсупурдагон, 1349ҳ.ш., саҳ.14.
  46. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1410ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.81.
  47. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1410ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.154 - 155.
  48. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1410ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.270.
  49. Заковатии Қарогизлӯ, “Таносух ва ниҳлаҳои Шуайбии мутааххир”, саҳ.62 - 73.
  50. Миноӣ, “Таносух”, саҳ.233 - 234.
  51. Ибни Ҳазми Анделусӣ, ал-Фасл, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.109.
  52. Заҳабӣ, “Таносух дар ҷаҳони Ислом”, саҳ.184.
  53. Миноӣ, “Таносух”, саҳ.234.
  54. Заҳабӣ, “Таносух дар ҷаҳони Ислом”, саҳ.184 - 185.
  55. Миноӣ, “Таносух”, саҳ.93.
  56. Ибни Сино, ал-Мабдаъ ва-л-маъод, 1363ҳ.ш., саҳ.108 - 109.
  57. Миноӣ, “Таносух”, саҳ.93.
  58. Юсуфӣ, “Таносух аз дидгоҳи Шайхи Ишроқ”, саҳ.118; Миноӣ, “Таносух”, саҳ.236.
  59. Юсуфӣ, “Таносух аз дидгоҳи Шайхи Ишроқ”, саҳ.118; Миноӣ, “Таносух”, саҳ.236.
  60. Юсуфӣ, “Таносух аз дидгоҳи Шайхи Ишроқ”, саҳ.118.
  61. Миноӣ, “Таносух”, саҳ.94.
  62. Муллосадро, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия, 1981м., ҷ.9, саҳ.7 - 9.
  63. Муллосадро, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия, 1981м., ҷ.9, саҳ.7 - 9.
  64. Муллосадро, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия, 1981м., ҷ.9, саҳ.7 - 9.
  65. Заҳабӣ, “Таносух дар ҷаҳони Ислом”, саҳ.184.
  66. Заҳабӣ, “Таносух дар ҷаҳони Ислом”, саҳ.184.
  67. Заҳабӣ, “Таносух дар ҷаҳони Ислом”, саҳ.184.
  68. Абунасри Сироҷ, ал-Лумаъ, 1380ҳ.қ., саҳ.541 - 542.
  69. Ибни Арабӣ, ал-Футуҳот-ул-маккийя, 1407ҳ.қ., саҳ.199 - 200.
  70. Шабистарӣ, Гулшани роз, 1368ҳ.ш., саҳ.71.
  71. Алоуддавла Симнонӣ, Мусаннафоти форсӣ, 1369ҳ.ш., саҳ.222 - 225.
  72. Шабистарӣ, Гулшани роз, 1368ҳ.ш., саҳ.71.
  73. Лоҳиҷӣ, Мафотиҳ-ул-эъҷоз, 1313ҳ.қ., саҳ.33.
  74. Миноӣ, “Таносух”, саҳ.233.
  75. Миноӣ, “Таносух”, саҳ.233.
  76. Шабистарӣ, Гулшани роз, 1368ҳ.ш., саҳ.81.

Сарчашма

  • Абунасри Сироҷ, Абдуллоҳ ибни Алӣ, ал-Лумаъ, таҳқиқи Тоҳо Абдулбоқӣ Сарвар ва Абдулҳалим Маҳмуд, Миср, Дорул-кутубил-ҳадиса, 1380ҳ.қ.
  • Аздуддини Иҷӣ, Абдураҳмон ибни Аҳмад, ал-Мавоқиф фи илми-л-калом, Бейрут, Оламул-кутуб, бе то.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тартиби Хулосат-ул-ақвол фи маърифат-ир-риҷол, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии остони Қудси Разавӣ, 1381ҳ.ш.
  • Алоуддавла Симнонӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Мусаннафоти форсӣ, таҳқиқи Наҷиб Моил Ҳиравӣ, Теҳрон, Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1369ҳ.ш.
  • Амин, Аҳмад, Фаҷр-ул-Ислом, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1969м.
  • Ашъарӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, таҳқиқи Муҳаммадҷаводи Машкур, Теҳрон, Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1360ҳ.ш.
  • Бағдодӣ, Абдулқоҳир ибни Тоҳир, ал-Фарқ байна-л-фирақ ва баёну фирқат-ин-ноҷия минҳум, Бейрут, Дорул-ҷил, 1408ҳ.қ.
  • Заковатии Қарогизлӯ, Алиризо, “Таносух ва ниҳлаҳои Шуайбии мутааххир”, дар Маориф, № 50, мурдод - обони 1379ҳ.ш.
  • Заҳабӣ, Аббос, “Таносух”, дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.16, Теҳрон, маркази доиратуллмаорифи бузурги исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, мактабат Оятуллоҳилъузмо ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Арабӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Футуҳот-ул-маккийя, таҳқиқи Усмон Яҳё ва Иброҳим Мадкур, Қоҳира, ал-Ҳайатул-мисрийятул-омма лил-китоб, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Сино, ал-Мабдаъ ва-л-маъод, таҳқиқи Абдуллоҳ Нуронӣ, Теҳрон, Муассисаи мутолиъоти исломии донишгоҳи Теҳрон - донишгоҳи макгил, 1363ҳ.ш.
  • Ибни Ҳазми Анделусӣ, ал-Фасл фи-л-милали ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, таҳқиқи Аҳмад Шамсиддин, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1416ҳ.қ.
  • Исфароинӣ, Шаҳфур ибни Тоҳир, ат-Табсир фи-д-дин ва тамйиз-ул-фирқат-ин-ноҷия ан-ил-фирақ-ил-ҳоликин, таҳқиқи Муҳаммад Зоҳид ибни-л-Ҳасан ал-Кавсарӣ, Қоҳира, ал-Мактабатул-азҳария лил-турос, бе то.
  • "Китоби Таносух мунташир шуд”, торнамои хабаргузории ЭСНО, интишор: 6 баҳмани 1400ҳ.ш., боздид: 25 озари 1402ҳ.ш.
  • Лоҳиҷӣ, Муҳаммад ибни Яҳё, Мафотиҳ-ул-эъҷоз (шарҳи Гулшани роз), нашри Мирзо Муҳаммади Шерозӣ Маликулкитоб, Бомбай, 1313ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, “Таносух ё бозгашти арвоҳ”, дар маҷмуаи мақолоти конгресси Шайх Муфид, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайх Муфид, 1372ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, беҷо, Мактабатус-сақофатид-динийя, бе то.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвори-л-ҷомеъа ли дурари ахбори-л-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Муассисатул-вафо, 1403ҳ.қ.
  • Миноӣ, Фотима, “Таносух”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.8, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, 1383ҳ.ш.
  • Миноӣ, Фотима, “Таносух”, дар Нақду назар, № 43 - 44, поиз ва зимистони 1385ҳ.ш.
  • Минҳоҷии Исютӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Ҷавоҳир-ул-уқуд ва муин-ул-қузоти ва-л-мувқиъина ва-ш-шуҳуд, таҳқиқи Масъад Абдулҳамид Муҳаммад Саъданӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1417ҳ.қ.
  • Муллосадро, Муҳаммад ибни Иброҳим Садриддини Шерозӣ, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия фи-л-асфори-л-ақлийят-ил-арбаъа, Теҳрон, 1337ш.
  • Муллосадро, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ҳикмат-ул-мутаъолия фи-л-асфори-л-ақлийят-ил-арбаъа, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1981м.
  • Мултӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ат-Танбиҳ ва-р-радд ала аҳл-ил-аҳвои ва-л-бидаъ, таҳқиқи Муҳаммад Зайнуҳум Муҳаммади Азб, Қоҳира, Мактабат Мадбулӣ, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Масоил-ус-сарвийя, Қум, ал-Муътамарул-оламӣ ли алфиятиш- Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомия, таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ, Қум ал-Муътамарул-оламӣ ли алфиятиш- Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, таҳқиқи Муҳаммадсодиқ Оли Баҳрулъулум, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1404ҳ.қ.
  • Нависандаи ношинос, китоби ан-Нуқат ва-д-давоир (ва ҳува мин кутубил-дарузи аддиния), таҳқиқи Кристиён Фридриш Зибулд, Киршҳойм (Олмон), чопхонаи Шамрсу, 1902м.
  • Нос, Ҷон Бойир, Таърихи ҷомеъи адён, тарҷумаи Алиасғари Ҳикмат, Теҳрон, интишороти Пирӯз, 1354ҳ.ш.
  • Садрулмутааллиҳин, Садриддин Муҳаммад, аш-Шавоҳид-ур-рубубийя фи-л-маноҳиҷ-ис-сулукийя, тасҳеҳ ва таълиқ: Сайидҷалолиддин Оштиёнӣ, Машҳад, ал-Марказул-ҷомеъӣ лин-нашр, 1360ҳ.ш., чопи дувум.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, Қум, ал-Муътамарул-оламӣ ли алфиятиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Бейрут, муассисатул-оламӣ лил-матбуъот, 1404ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аз-Захира фи илм-ил-калом, таҳқиқ, Сайид Аҳмад Ҳусайнии Ашкурӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёт ала ҳудот-ил-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл, Қум, муассисатул-Имом-ис-Содиқ (а), 1413ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Фикр-ул-холид фи баёни ақоид, Қум, муассисатул-Имом ас-Содиқ (а), 1425ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ақоиди имомия, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1376ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, таҳқиқи Сайид Муҳаммадбоқир Мусавии Хирсон, Машҳад, нашрул-Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1393ҳ.қ.
  • "Таносух дар андешаи исломӣ”, торнамои Гесуам, боздид: 25 озари 1402ҳ.ш.
  • "Таносухи гузашта ва имрӯз”, торнамои Донишгоҳи адён ва мазоҳиб, боздид: 25 озари 1402ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иқтисод-ул-ҳодӣ ила тариқи-р-рашод, Исфаҳон, Мактабат Чиҳил сутунил-ома ва мадрасатуҳо, 1400ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Хоҷаддин, Сайид Муҳаммадалӣ, Сарсупурдагон (таърих ва шарҳи ақоиди динии аҳли ҳақ), Табрез, чопхонаи Хуршед, 1349ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним (тафсири Қуръони Карим), таҳқиқи Аҳмад Қудсӣ, Қум, маркази нашри Исро, 1387ҳ.ш.
  • Шабистарӣ, Маҳмуд ибни Абдукарим, Гулшани роз, таҳқиқи Самади Муваҳҳид, Теҳрон, китобхонаи Таҳурӣ, 1368ҳ.ш.
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммаднабӣ Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, таҳқиқи Алӣ Ҳасан Фоъур ва Амиралии Маҳно, Бейрут, Дорул-маърифат, 1415ҳ.қ.