Азоби қабр
Азоби қабр ба форсӣ: عذاب قبر сахтиҳо ва фишорҳои баъд аз марг аст, ки дар олами барзах бар инсон ворид мешавад. Тибқи ривоёт, суханчинӣ, бе диққатӣ дар бораи таҳорату наҷосат, рафтори номуносиби мард бо ҳамсараш, бадахлоқӣ бо хонавода ва сабук шуморидани намоз, аз асбоби азоби қабр аст; аз сӯи дигар, зиёрати Имом Ҳусайн (а), дафн шудан дар Наҷаф, муҳаббати Аҳли Байти Пайғамбар (с), мурдан дар фосилаи зуҳри панҷшанбе то зуҳри ҷумъа ва ғ. дар бартараф шудани азоби қабр муассири шуморида шудааст.
Ба ҷуз Зурор ибни Умар аз шогирдони Восил ибни Ато, ҳамаи мусулмонон ба азоби қабр эътиқод доранд. Мутакаллимон барои исботи масъалаи азоби қабр ба ояти 11 сураи Ғофир истинод мекунанд. Дар бораи инки бадани мисолӣ азобро дарак мекунад, ё бадани дунёӣ, ихтилофи назар вуҷуд дорад, аммо бештари мутакаллимон бар ин боваранд, азоби қабр бар бадани барзахӣ ворид мешавад.
Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ аз уламои аҳли суннат дар китоби Саҳеҳи худ, ривояте аз Пайғамбари Ислом (с) нақл кардааст, ки майит ба хотири гиряи бастагон бар сари қабраш азоб мешавад. Ба гуфтаи Яҳё ибни Шарафи Нававӣ, шореҳи Саҳеҳ Муслим, олимони аҳли суннат ин ривоятро таъвил кардаанд; чароки азоби мурдагон ба хотири гиряи зиндагон, бо ояти ҳаждаҳуми сураи Фотир, ки ҳеҷ касе бори дигаронро бар дӯш намекашад, созгор нест. Ҳамчунин ба гуфтаи Оиша, ривояти мазкур ба сурати саҳеҳ аз Пайғамбар (с) нақл нашудааст.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
Азоби қабр сахтиҳо ва фишорҳое аст, ки баъд аз марг дар барзах бар инсон ворид мешавад. Олами қабр, ҳамон олами барзах аст, ки аз вақти дафни мурда шурӯъ мешавад ва то қиёмат идома дорад.[1] Дар ривоёт, ҳарорати оташ, фишори замин, газидани ҷонварон ва ваҳшати зиёд, ба унвони намунаҳое аз азоби қабр муаррифӣ шудааст.[2]
Бино ба ривояте аз Имом Содиқ (а) дар китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, азоби қабр шомили ҳамаи касоне мешавад, ки аз дунё мераванд, агарчӣ дар замин дафн нашуда бошанд.[3] Ҳамчунин бар асоси ривояти дигаре аз Имом Содиқ (а) дар китоби Биҳор-ул-анвор, бештари инсонҳо фишори қабр доранд.[4]
Дар дуо ва муноҷотҳое, ки аз маъсумон нақл шудааст, аз шиддати азоби қабр ба Худо паноҳ бурда шудааст.[5] Ба унвони мисол Пайғамбар (с) ҳангоме, ки духтараш Руқияро дафн кард, барои бардошта шудани азоби қабри ӯ дуо кард,[6] ё пеш аз дафни Фотима бинти Асад, дар қабри Фотима хобид, то тибқи ваъдае, ки ба ӯ дода буд, Худованд Фотимаро аз фишори қабр дар амон бидорад. [Ёддошт 1][7] Ҳазрати Фотима (с) низ дар васияташ аз Имом Алӣ (а) хост, ки баъд аз хоксупории ӯ бар сари қабраш Қуръон бихонад ва дуо кунад.[8]
Дар ҷавомеъи ривоӣ, аҳодиси марбут ба қабр дар боби ҷудогонае ҷамъоварӣ шудааст ва Аллома Маҷлисӣ дар боби “Аҳвол-ул-барзахи ва-л-қабр ва азобуҳу ва суолуҳу ва соиру мо ятаъаллақу бизалик” Биҳор-ул-анвор, 128 ривоят дар ин бора нақл кардааст.[9]
Асбоб
اَللَّهُمَّ إِنِّی أَعُوذُ بِک مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ وَ مِنْ ضِیقِ الْقَبْرِ وَ مِنْ ضَغْطَةِ الْقبر[10]
(тарҷума: Худовандо, аз азоб, тангӣ ва фишори қабр ба Ту паноҳ мебарам.)
Бар пояи ривояте, ки дар Илал-уш-шароеъ аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст, азоби қабр ношӣ аз суханчинӣ, бе муболотӣ дар бораи таҳорату наҷосат ва канорагирии мард аз ҳамсараш аст.[11]
Шайх Аббоси Қумӣ бо ишора ба ривояти мазкур, умдаи азоби қабрро марбут ба ин се донистааст.[12] Бархе дигар аз чизҳое, ки сабаби азоби қабр мешаванд иборатанд аз:
- Бадахлоқӣ: бар асоси ривояти нақлшуда аз Пайғамбар (с), далели азоби қабри Саъд ибни Муоз, бадахлоқӣ бо хонавода будааст.[13]
- Аҳамият надодан ба намоз: бар пояи ривояте, ки дар китоби ал-Мавоъиз-ул-ададияи Алии Мишкинӣ нақл шудааст, сустӣ дар ба ҷо овардани намоз сабаби тангӣ ва фишори қабр мегардад.[14]
- Зоеъ кардани неъматҳои Худо:[15] бар пояи ҳадисе, азоби қабри мӯъмин каффораи неъматҳое аст, ки зоеъ кардааст.[16]
Ҳамчунин бар асоси ривоёт, ғайбат,[17] надоштани вилояти имомони маъсум (а),[18] ёрӣ накардани мазлум[19] ва бе вузӯъ намоз хондан[20] сабаби азоби қабр мешавад. Дар китоби Ҷомеъ-ус-саъодот, сакароти марг ва азоби қабри касе ки модараш аз ӯ норозӣ бошад, шадидтар дониста шудааст.[21]
Авомили коҳиши азоби қабр
Дар китобҳои ривоӣ, авомиле барои раҳоӣ аз фишори қабр ё коҳиши он зикр шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
- Муҳаббати Аҳли Байт (а): бино бар ривояте, ки аз Пайғамбар (с) дар Биҳор-ул-анвор нақл шудааст, муҳаббати Пайғамбар (с) ва Аҳли Байташ дар ҳафт ҷо сӯдманд аст; аз ҷумла дар қабр.[22]
- Хондани намозҳои мустаҳабии хос: бар пояи ривоёте, ки Сайид ибни Товус дар Иқбол-ул-аъмол аз маъсумон нақл кардааст, хондани намозҳои хос дар моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон, сабаби бартараф шудани азоби қабр мегардад.[23]
- Дафн шудан дар Наҷаф: ба гуфтаи Ҳасан ибни Муҳаммади Дайламӣ дар китоби Иршод-ул-қулуб чунонки дар ривоёт омада, аз вижагиҳои хоки Наҷаф ин аст, ки азоби қабр ва муҳосибаи суоли накиру мункар аз дафншудагони дар он бардошта мешавад.[24]
- Қироати Қуръон: дар манобеи равоӣ, ҳадисҳое дар боби фазоилуссувар (фазилатҳои сураҳо) нақл шудааст, ки бар асоси онҳо хондани бархе аз сураҳои Қуръон, сабаби бартараф шудани азоби қабр мешавад; аз он ҷумла аст мудовимат бар хондани сураи Зухруф ва сураи Нисо дар ҳар ҷумъа[25] ва хондани сураи Такосур дар ҳангоми хоб.[26]
- Қарор додани ду чӯби тар дар қабр дар канори майит: бар пояи ривояте, ки дар китоби ҳадисии ал-Кофӣ аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, фалсафаи қарор додани ду чӯби тар ба ҳамроҳи майит дар қабр бартараф шудани азоби қабр аст.[27] Ҳамчунин бар пояи ривояти дигаре, пошидани об бар рӯи қабри майит пас аз дафн, сабаби бартараф шудани азоби қабр аз ӯ мегардад.[28]
Бархеи дигар аз мавориде, ки бар асоси ривоёт сабаби бартараф шудан ё коҳиши азоби қабр мешавад, иборатанд аз:
- Зиёрати Имом Ҳусайн (а).[29]
- Ба ҷо овардани рукӯъи комил дар намоз.[30]
- Хондани намози шаб.[31]
- Рӯза гирифтани чаҳор рӯз аз моҳи Раҷаб.[32]
- Марг дар фосилаи зуҳри панҷшанбе то зуҳри ҷумъа.[33]
- Созиши зан бо шавҳари бадахлоқ ё фақир.[34]
- Бахшидани маҳрия ба шавҳар.[35]
- Корҳои неки фарзанд баъд аз марг.[36]
- Ба гуфтаи имом Хумайнӣ дар китоби Шарҳи чиҳил ҳадис, мизон дар тӯл кашидани қабр ва олами барзах, тааллуқоти дунявӣ ва муҳаббат ба дунё аст ва бар ин асос ҳарчӣ тааллуқоти дунявӣ камтар бошад, барзах ва қабри инсон равшантару кушодатар ва макси инсон дар он камтар аст.[37]
Оё гиряи наздикони майит сабаби азоби қабраш мешавад?
Дар манобеи ривоии аҳли суннат, ривояте ба Пайғамбар (с) нисбат дода шудааст, ки бар асоси он мурда ба хотири гиряи атрофиёнаш бар сари қабраш азоб мешавад.[38] Ровиёни ин ҳадис халифаи дувум ва Абдуллоҳ ибни Умар ҳастанд, ки ба гуфтаи Оиша онро ба сурати саҳеҳ аз Пайғамбар (с) нақл накардаанд;[39] чароки Пайғамбар (с) фармуда буд: «мурда дар қабр ба хотири гуноҳонаш азоб мешавад, дар ҳоле ки наздиконаш низ дар он ҳангом барои ӯ мегирянд».[40] Ба гуфтаи Нававӣ, шореҳи Саҳеҳ Муслим, олимони аҳли суннат дар бораи таъвили ривояти мазкур ихтилофи назар доранд; бархе онро марбут ба мурдагоне донистаанд, ки васият кардааст баъд аз маргашон бар онҳо гиря кунанд ва бархеи дигар, азоб кардани мурдагон ба хотири корҳои зиндагонро бо ояти «وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَىٰ; ҳеҷ кас бори (гуноҳи) дигаронро бар дӯш намекашад»[41] созгор намедонанд.[42]
Азоби бадани барзахӣ ё дунявӣ?
Дар бораи инки азоби қабр бо бадани дунявӣ дарк мешавад? ё бадани барзахӣ, ихтилофи назар вуҷуд дорад. Гуфта шудааст ба бовари машҳури мутакаллимону фалосифа, рӯҳи инсон пас аз марг, ба бадани мисолӣ (бадане монанди бадани дунёӣ, бо ин фарқ, ки мода ва хавоси он, монанди ҷирм ва вазнро надорад) тааллуқ мегирад.[43] Бо ин ҳол ба Сайиди Муртазо ва Садидуддини Ҳимсии Розӣ аз мутакаллимони имомия нисбат дода шудааст, ки мӯътақиданд пас аз марг, рӯҳ ба бадан бозмегардад ва фишори қабр бо бадани дунёӣ дарк мешавад.[44] Ба гуфтаи Абдурразоқи Лоҳиҷӣ, касоне ки мӯътақиданд рӯҳ боқӣ нест, азоби қабрро мухтасси бадан медонанд, аммо касоне ки қоил ба бақои рӯҳанд, мӯътақиданд, ки пас аз марг, рӯҳ ба бадан бозмегардад ва азоби қабр мухтасси рӯҳ аст, ё инки рӯҳ ва бадан ҳар дуро шомил мешавад.[45]
Ба гуфтаи Абулҳасани Ашъарӣ, бунёнгузори мактаби Ашъарӣ, дар бораи азоби қабр байни мусулмонон ихтилофи назар вуҷуд дорад; ӯ аксари мусулмононро мӯътақид ба азоби қабр дониста ва ба мӯътазила ва хавориҷ нисбат додааст, ки ба азоби қабр бовар надоранд.[46] Аммо ибни Абилҳадид аз қозиюлқузот дар Табақот-ул-муътазила нақл кардааст, ки чун Зурор ибни Умар аз шогирдони Восил ибни Ато ба азоби қабр бовар надошта, онро ба ҳамаи мӯътазила нисбат додаанд, дар ҳоле ки мӯътазила азоби қабрро ҷоиз медонанд, ҳарчанд шумори андаке аз онон ба азоби қабр яқин надоранд, аммо бештарашон мӯътақиданд, азоби қабр вуҷуд дорад бо ин фарқ, ки онро марбут ба рӯҳ медонанд, на ҷисм.[47]
Истиноди қуръонӣ
Бино бар ончи ки Аллома Маҷлисӣ аз Шайхи Баҳоӣ нақл кардааст, дар китобҳои каломӣ барои исботи азоби қабр ба ояти «قالُوا رَبَّنا أَمَتَّنَا اثْنَتَيْنِ وَ أَحْيَيْتَنَا اثْنَتَيْنِ; Парвардигоро! Моро ду бор мирондӣ ва ду бор зинда кардӣ»[48] истидлол мешавад; ба ин сурат, ки марги аввал дар дунё ва марги дувум дар қабр аст, ҳамчунин зинда шудани нахуст дар қабр ва зинда шудани дувум дар қиёмат.[49] Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ бархе аз муфассирон, монанди Абдуллоҳ ибни Умари Байзовӣ ва Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, ишора ба ду марг ва ду зиндагӣ дар ояти мазкурро ишора ба мирондани қабл аз нутфа ва мирондани дар дунё ва зинда шудани пас аз нутфа ва дар қиёмат донистаанд.[50] Ӯ ҳамчунин дидгоҳи нахустро ба Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён ва Фахри Розӣ нисбат додааст.[51]
Аллома Маҷлисӣ «маъишатан занко» дар ояти «وَمَنْ أَعْرَضَ عَنْ ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنْكًا وَنَحْشُرُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَعْمَىٰ; ва ҳар кас аз ёди Ман эъроз кунад, ҳамоно маишаташ танг шавад ва ӯро рӯзи қиёмати нобино маҳшур мекунем!»-ро[52] ба азоби қабр тафсир кардааст.[53]
Ҳамчунин дар Маҷмаъ-ул-баён (навишта шуда дар қарни 6 қамарӣ) аз бархе муфассирон нақл шудааст ки, яке аз ду бори азоб дар ояти «سَنُعَذِّبُهُمْ مَرَّتَيْنِ ثُمَّ يُرَدُّونَ إِلَىٰ عَذَابٍ عَظِيمٍ; ононро ду бор азоб хоҳем кард ва оқибат ҳам ба азоби сахти абадии дӯзах бозгардонда мешаванд»[54] ба азоби қабр ва дигарӣ ба азоб дар қиёмат тафсир шудааст.[55] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ муфассири шиа (даргузаштаи 1360ҳ.ш.), ояти «النَّارُ يُعْرَضُونَ عَلَيْهَا غُدُوًّا وَعَشِيًّا وَيَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ أَدْخِلُوا آلَ فِرْعَوْنَ أَشَدَّ الْعَذَابِ; оташ ҳар субҳу шом бар он арза шавад ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, нидо диҳанд, ки оли Фиръавнро ба сахттарин азобҳо дароваред!»[56] далолат дорад бар инки бо оли Фиръавн ду бархӯрд мешавад, аввал ононро бар оташ арза мекунанд ва сипас дохил дар оташ. Арза бар оташ қабл аз қиёмат ва ҳамон азоби дар барзах (азоби қабр) аст.[57]
Китобшиносӣ
Аз азоби қабр дар китобҳои Манозил-ул-охирати Шайх Аббоси Қумӣ, Уруҷи рӯҳи Муҳаммади Шуҷоӣ ва Инсон аз марг то барзахи Неъматуллоҳ Солеҳии Ҳоҷиободӣ сухан гуфта шудааст. Ҳамчунин китобҳое ба сурати мустақил дар бораи азоби қабр навишта шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:
- «Таҳқиқи қуръонӣ ва ривоӣ дар бораи азоби қабр», асари Маҳдии Фарбудӣ, ки дар соли 1386 шамсӣ, мунташир шуда ва ҳамчунин бо унвони «Азобҳои қабр: таҳқиқи қуръонӣ ва ривоӣ дар бораи олами қабр» низ чоп шудааст.[58]
- «Олами қабр: рози бузург», навиштаи Ҷобир Ризвонӣ.[59]
Ҷусторҳои вобаста
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.68; Ардабилӣ, Тақрироти фалсафа, 1385ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.239 - 240.
- ↑ Қумӣ, Манозил-ул-охират, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, саҳ.137 - 149.
- ↑ Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1367ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.279.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.261.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ , 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.526; Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.338, 439.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.261.
- ↑ Кулайнӣ, Усули кофӣ, ҷ.1, саҳ.454.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.79, саҳ.27.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.0 - 282.
- ↑ Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, дуои ҳар субҳу шом, 1370ҳ.ш., саҳ.279.
- ↑ Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.310.
- ↑ Қумӣ, Манозил-ул-охират, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, саҳ.138.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.261.
- ↑ Мишкинӣ, Таҳрир-ул-мавоъиз-ил-ададия, 1382ҳ.ш., саҳ.232 - 233.
- ↑ Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.309.
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.50.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.245.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.262.
- ↑ Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, ҷ.1, 1413ҳ.қ., саҳ.58.
- ↑ Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, ҷ.1, 1413ҳ.қ., саҳ.58; Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.309.
- ↑ Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.263.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.248.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед: Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.664, 629, 656, 665, 683, 723.
- ↑ Дайламӣ, Иршод-ул-қулуб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.439.
- ↑ Қумӣ, Сафинат-ул-биҳор, 1378ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.397.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.89, саҳ.336.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ , 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.103.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ , 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.200.
- ↑ Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.142 - 143.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ , 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.321.
- ↑ Қумӣ, Сафинат-ул-биҳор, 1378ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.397.
- ↑ Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.651.
- ↑ Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1367ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.83.
- ↑ Мишкинӣ, Мавоъиз-ул-ададия, 1382ҳ.ш., саҳ.75.
- ↑ Мишкинӣ, Мавоъиз-ул-ададия, 1382ҳ.ш., саҳ.75.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ , 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.3 - 4.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Шарҳи чиҳил ҳадис, 1380ҳ.ш., саҳ.124.
- ↑ Бухорӣ, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.80, боби мо юкраҳу мин-ан-ниёҳати ала-л-майит, ҳадиси 1291 - 1292.
- ↑ Нававӣ, ал-Минҳоҷу шарҳи саҳеҳ Муслим ибни-л-Ҳаҷҷоҷ, 1392ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.228.
- ↑ Нававӣ, ал-Минҳоҷу шарҳи саҳеҳ Муслим ибни-л-Ҳаҷҷоҷ, 1392ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.228.
- ↑ Сураи Анъом, ояти 164.
- ↑ Нававӣ, ал-Минҳоҷу шарҳи саҳеҳ Муслим ибни-л-Ҳаҷҷоҷ, 1392, ҷ.6, саҳ.228.
- ↑ Малоерӣ, “Назарияҳои бадани барзахӣ - баррасӣ ва нақд”, саҳ.109 - 115.
- ↑ Малоерӣ, “Назарияҳои бадани барзахӣ - баррасӣ ва нақд”, саҳ.113 - 115.
- ↑ Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.649 - 650.
- ↑ Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломийин, 1400ҳ.қ., саҳ.430.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.273.
- ↑ Сураи Ғофир, ояти 11.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.211.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.214.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.214.
- ↑ Сураи Тоҳо, ояти 124.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.215.
- ↑ Сураи Тавба, ояти 101.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.100.
- ↑ Сураи Ғофир, ояти 46.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.335.
- ↑ “Олами қабр”, сайти бозори китоб.
- ↑ “Олами қабр, рози бузург”, сайти китобхонаи миллӣ.
Ёддошт
Сарчашма
- Қуръон.
- Ардабилӣ, Сайидабдулғанӣ, Тақрироти фалсафа, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1385ҳ.ш.
- Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатулло, Шарҳи Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Муҳаммади Абулфазл, Қум, мактабат Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1409ҳ.қ.
- Ибни Қуливайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, тасҳеҳи Абдулҳусайни Аминӣ, Наҷаф, Дорул-Муртазавия, 1356ҳ.ш.
- Ашъарӣ, Абулҳасан, Мақолот-ул-исломийин ва ихтилоф-ул-мусаллин, Олмон - Висбодн, Франс Штайнер, 1400ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Шарҳи чиҳил ҳадис, Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1380ҳ.ш.
- Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, таҳқиқи Муҳаммадзаҳир ибни Носир Анносир, Дорултавқ, 1422ҳ.қ.
- Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Иршод-ул-қулуб ила-с-савоб, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, Қум, 1412ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1367ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.ш./1966м.
- Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1412ҳ.қ./1370ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддимаи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, интишороти Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, тасҳеҳ: муассиса албеъса, Қум, Доруссақофа, Қум, 1414ҳ.қ.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Сафинат-ул-биҳор ва мадинат-ул-ҳукми ва-л-осор, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1378ҳ.ш.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Манозил-ул-охират, Манозил-ул-охират ва-л-матолиб-ул-фохира, таҳқиқи Сайидёсини Мусавӣ, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ.
- “Олами қабр, рози бузург”, сайти китобхонаи миллӣ, таърихи боздид: 10 меҳри 1399ҳ.ш.
- “Олами қабр”, сайти бозори китоб, таърихи боздид: 10 меҳри 1399ҳ.ш.
- Алломаи Таботабоӣ, Сайиди Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, мактаба ан-Нашрул-исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Лоҳиҷӣ, Абдурразоқ, Гавҳари мурод, муқаддимаи Зайнулъобидин Қурбонӣ, Теҳрон, сояти 1383ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, тасҳеҳи ҷамъе аз муҳаққиқон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
- Мишкинии Ардабилӣ, Алӣ, Таҳрир-ул-мавоъиз-ил-ададия, Қум, интишороти Алҳодӣ, 1382ҳ.ш.
- Малоерӣ, Мусо, “Назарияҳои бадани барзахӣ - баррасӣ ва нақд”, пажӯҳиши динӣ, шумораи 21, зимистони 1389ҳ.ш.
- Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Қум, муассисаи матбуотии эрониён, 1383ҳ.ш.
- Нурӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Қум, муассисаи Олулбайт лиэҳёилтурос, 1407ҳ.қ.
- Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, ал-Минҳоҷ фи шарҳи Саҳеҳ Муслим ибни-л-Ҳаҷҷоҷ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1392ҳ.қ.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found