Маҳрамҳо

Аз wikishia
Ин мақола дар бораи маҳорим аст. Барои ошноӣ бо мавориди издивоҷи ҳаром, мадхали ҳароми абадиро бибинед.
Рисолаи амалия
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои эъмоли динӣ бошад. Барои эъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Маҳорим, ба арабӣ: مَحارِم касоне, ки издивоҷ бо онон ба хотири хешовандӣ ҳаром аст ва бар асоси назари фуқаҳо аҳкоми ҳиҷоб дар баробари онон ҷорӣ нест. Маҳорим ва аҳкоми он дар Қуръон омадааст. Насаб, издивоҷ ва ризоъ аз асбоби маҳрамиятанд ва бар асоси онҳо маҳорим ба маҳорими нисбӣ, маҳорими сабабӣ ва маҳорими разоъӣ тақсим мешаванд.

Модар, модарбузург, хоҳар, духтар, набера, духтари хоҳар, духтари бародар, амма ва хола аз маҳорими насабии мард ҳастанд. Дар муқобил, падар, падарбузург, писар, бародар, писари хоҳар, писари бародар, амак ва тағо аз маҳорими насабии зан шуморида шудаанд. Ҳамчунин ҳамсар, модари ҳамсар ва модарбузурги ӯ, духтари ҳамсар, зани падар (моиндар) ва зани писар (келин) аз маҳорими сабабии мард муаррифӣ шудаанд ва дар тарафи дигар, шавҳар, падаршавҳар, падарбузурги шавҳар, писари шавҳар, шавҳари модар (пияндар) ва домод аз маҳорими сабабии зан маҳсуб шудаанд.

Бар асоси фатвои фуқаҳо, ҳамаи заноне, ки ба воситаи насаб, издивоҷ бо онҳо ҳаром аст, издивоҷ бо онҳо ба воситаи ризоъ низ ҳаром хоҳад буд; бино бар ин модари разоъӣ (зане, ки ба кӯдак шир дода) ва модари ӯ, модарбузург, хоҳар, духтар, набера, амма ва холаҳои модари разоъӣ аз маҳорими разоъии марданд. Ҳамчунин падари разоъӣ ва падари ӯ, падарбузург, бародар, амак, тағо, писар ва набераҳои падари разоъӣ ва бародар, фарзанд, набера, падару падарбузург, амак ва тағои модари разоъӣ низ аз маҳорими разоъии зан ҳастанд.

Мафҳумшиносӣ

Маҳорим ба касоне гуфта мешавад, ки ба сабаби хешовандӣ, набояд бо ҳамдигар издивоҷ кунанд.[1] Маҳорим ва аҳкоми он дар ду ояти Қуръон омадааст; ояти 23 сураи Нисо ба зикри маҳорим ва ҳаром будани издивоҷ бо онон ихтисос дорад.[2] Дар ояти 31 сураи Нур низ бархе аз маҳорими занонро баршуморидааст.[3] Дар манобеи ривоии шиа монанди Васоилушшиъа ва Мустадракулвасоил бахше бо унвони «абвобул-никоҳил-маҳрам» тадвин шуда ва ривоёте аз Имомони маъсум (а) нозир ба баёни аҳкоми издивоҷ ё нигоҳ ба маҳорим, гирдоварӣ шудааст.[4] Аз масъалаи маҳорим ва аҳкоми он дар абвоби фиқҳии никоҳ, талоқ ва аҳкоми амвот сухан гуфта шудааст.[5]

Аҳком

Ба муҷарради таҳаққуқ ва исботи маҳрамият, нигоҳ кардан ва ошкор кардани зинат барои маҳорими ҷоиз ва издивоҷи онҳо бо ҳам ҳаром мешавад.[6] Бино ба назари фуқаҳо ба ғайр аз зану шавҳар, барои бақияи маҳорими нигоҳ кардан ба авратайн (андомҳои таносулӣ) ҷоиз нест ва нигоҳ кардан ба ғайриавратайн ҳам фақат дар сурате ҷоиз аст, ки бидуни қасди лаззату шаҳват бошад.[7] Ҳамчунин барои занон пӯшондани бадан ба ҷуз қисматҳои хос дар баробари маҳорим воҷиб нест.[8]

Сабабҳои маҳрамият

Сабабҳои маҳрамият, умуре аст, ки боиси эҷоди робитаи маҳрамият байни ду фард мешавад ба дунболи он аҳкоми маҳрамият дар бораи онҳо ҷорӣ мегардад.[9] Дар китобҳои фиқҳӣ 11 маврид ба унвони асбоби маҳрамият ва таҳрими издивоҷ зикр шудааст.[10] Ин асбобро дар се дастаи куллии маҳрамияти насабӣ, сабабӣ ва разоъӣ дастабандӣ кардаанд.[11]

  • Насаб: робитаи насабӣ навъе робитаи хешовандие аст, ки бо никоҳи саҳеҳ ё омезиш ба шубҳа эҷод мешавад;[lower-alpha 1] бинобарин маҳорими насабӣ касоне ҳастанд, ки аз замони таваллуд робитаи маҳрамият бо онҳо барқарор аст.[12]
  • Разоъ: маҳрамияти разоъӣ, навъе хешовандие аст, ки бар асари шир хӯрдани кӯдак аз зани ғайр аз модараш эҷод мешавад.[13] Албатта маҳрамияти разоъӣ шароите дорад, аз ҷумла инки зани ширдиҳанда аз роҳи шаръӣ бордор шуда бошад, шир хӯрдан аз зани ширдиҳанда, мутааддид ва мутаволӣ бошад ва дар миёни он аз шири зани дигаре ё ғизои дигаре тағзия накунад ва сини ширхор камтар аз ду соли қамарӣ бошад.[14]
  • Сабаб: бо хондани сиғаи ақд, илова бар эҷоди маҳрамияти байни зану шавҳар, бархе аз хешовандони марду зан бар якдигар мҳрам мешаванд, ки ба онҳо маҳорими сабабӣ мегӯянд.[15]

Ақсоми маҳорим

Маҳорим бо тавваҷӯҳ ба асбоби маҳрамият ба се даста тақсим мешаванд:

Маҳорими насабӣ

Бино ба назари фуқаҳо, бо истинод ба ояти 23 сураи Нисо,[16] ҳафт даста аз занон бар ҳафт даста аз мардон, ба воситаи насаб, маҳраманд:[17]

  • Модару модарбузург; падарӣ ва модарӣ[18]
  • Духтар ва набераи духтарӣ ва натиҷаҳо[19]
  • Хоҳар[20]
  • Бародарзода, (духтари бародар) фарзандон, наваҳо ва натиҷаҳои бародар ҳарчӣ поинтар раванд.[21]
  • Хоҳарзода, (духтари хоҳар) фарзандон, наваҳо ва натиҷаҳои хоҳар ҳарчӣ поинтар раванд.[22]
  • Амма, шомили аммаҳои падар ва аммаҳои модар низ мешавад.[23]
  • Хола, шомили холаҳои падар ва холаҳои модар низ мешавад.[24]

Ҳамчунин падару падарбузург, писар ва писари фарзанд, бародар, писари хоҳар, писари бародар, амак ва амаки падару модар, тағо ва тағои падару модар бар занон маҳрам ҳастанд.[25]

Маҳорими разоъӣ

Мақолаи аслӣ: Маҳорими разоъӣ

Фуқаҳо бо истинод ба ривояте аз Пайғамбар (с) «ҳар ончӣ ба воситаи насаб ҳаром аст, ба воситаи разоъ низ ҳаром аст»,[26] ҳамаи заноне ки ба воситаи насаб, издивоҷ бо онҳо ҳаром аст, издивоҷ бо онҳо ба воситаи разоъро низ ҳаром донистаанд.[27] Дар маҳрамияти разоъӣ агар ширхор писар бошад, бо зане, ки ба ӯ шир дода (модари разоъӣ), ва низ модар, модарбузург, хоҳар, духтар, нава, амма ва холаҳои ӯ маҳрам мешавад.[28] Агар ширхор духтар бошад, бо шавҳари зане, ки ӯро шир дода (падари разоъӣ) ва низ падар, бародар, амак, тағо, писар ва наваҳои ӯ маҳрам мешавад. Ҳамчунин бародар, фарзанд, нава, падару падарбузург, амак ва тағои зан низ бар ӯ маҳрам мешаванд.[29]

Маҳорими сабабӣ

Заноне ки ба воситаи издивоҷ бар мардҳо маҳрам мешаванд, иборатанд аз: ҳамсар, модари ҳамсар ва модарбузурги ӯ, духтари ҳамсар, зани падар (моиндар), зани писар (келин).[30]

Ҳамчунин шавҳар, падаршавҳар, падарбузурги шавҳар, писари шавҳар, шавҳари модар (пиандар) ва домод ба сабаби издивоҷ бар зан маҳрам мешаванд.[31] Ҳамчунин издивоҷи мард бо хоҳарзанаш (то замоне, ки хоҳараш дар ақди ӯ ё зинда бошад) ҷоиз нест.[32] Аммо аҳкоми ҳиҷоб дар бораи ӯ нисбат ба шавҳари хоҳар ҷорӣ аст.[33]

Ҷусторҳои вобаста

Номаҳрам

Ояти Маҳорим

Ҳароми абадӣ

Эзоҳ

  1. Фароҳидӣ, ал-Айн, зайли вожа «ҳарам».
  2. Сураи Нисо, ояти 23.
  3. Сураи Нур, ояти 21.
  4. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.307; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.327.
  5. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.237.
  6. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1381ҳ.ш., саҳ.272.
  7. Рисолаи тавзеҳулмасоили мароҷеъ, бахши никоҳ, масъалаи 2437.
  8. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1381ҳ.ш., саҳ.479.
  9. Муассисаи Доиратулмаорифи ал-фиқҳул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.391.
  10. Барои намунаи нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.224; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.237.
  11. Муҷтаҳидии Теҳронӣ, Се рисола: гуноҳони кабира, маҳрам ва номаҳрам, Аҳкомулғайбат, 1381ҳ.ш., саҳ.10.
  12. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.225.
  13. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.264.
  14. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.264.
  15. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.281.
  16. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.198.
  17. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.238.
  18. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.238.
  19. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.282.
  20. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.283.
  21. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.283.
  22. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.283.
  23. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.283.
  24. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.283.
  25. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.224.
  26. Мағрибӣ, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.240.
  27. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, маншуротулмактаба, ҷ.2, саҳ.182; Муқаддаси Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, алмактабатул-Муртазавия, саҳ.524.
  28. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.229; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.288.
  29. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228 - 229; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.288.
  30. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.288 - 289.
  31. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.288 - 289.
  32. Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқия, 1410ҳ.қ., саҳ.164.
  33. “Оё хоҳарзан маҳрам аст? ва оё роҳе барои маҳрамият бо ӯ вуҷуд дорад?”, Исломкуест.


Ёддошт

  1. Омезиш ба шубҳа, омезиш бо зани бегона ба гумони ҳалол будани он зан аст, монанди: омезиши инсон бо зани бегона ба гумони онки ҳамсари ӯ аст ё инсон занеро, ки издивоҷ бо ӯ ҳаром аст ба ҳамсарии хеш дароварад ва ба гумони дурусии ақд, бо вай омезиш намояд. Машҳури фуқаҳо осори ин омезишро монанди никоҳи саҳеҳ донистаанд. (Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, «омезиш», ҷ.1, саҳ.162).

Сарчашма

  • “Оё хоҳарзан маҳрам аст? ва оё роҳе барои маҳрамият бо ӯ вуҷуд дорад?”, исломкуест, дарҷи матлаб: 13 фарвардини 1394ҳ.ш., мушоҳида: 29 фарвардини 1399ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, муассисаи танзими ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1434ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайидмуҳаммадҳасан, Рисолаи тавзеҳулмасоили мароҷеъ мутобиқ бо фатовои сездаҳ нафар аз мароҷеъи муаззами тақлид, Қум, Дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1385ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайти алайҳимуссалом ли эҳёилтурос, 1416ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-димишқия, Бейрут, Дорултурос, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, 1413ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, маншуроти алмактабатул-Муртазавия ли эҳёил-осорилҷаъфария, бе то.
  • Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, ал-Айн, Қум, нашри Ҳиҷрат, тасҳеҳ: Маҳдии Махзумӣ ва Иброҳими Сомирроӣ, 1410ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи ал-фиқҳул-исломӣ, «омезиш», дар фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи ал-фиқҳул-исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Муҷтаҳидии Теҳронӣ, Аҳмад, Се рисола: гуноҳони кабира, маҳрам ва номаҳрам, Аҳкомулғайбат, Қум, муассиса Дар роҳи ҳақ, 1381ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом, Қум, муассисаи Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Мишкинӣ, Алиакбар, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, нашри Алҳодӣ, чопи сеюм, 1381ҳ.ш.
  • Мағрибӣ, Қозӣ Нуъмон, Даъоим-ул-Ислом, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, чопи дувум, 1385ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Зубдат-ул-баён фи оёт-ил-аҳком, Теҳрон, алмактабатул-Муртазавия ли эҳёил-осорил-Ҷаъфария, чопи аввал, бе то.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Нурӣ, Ҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом ли эҳёилтурос, 1408ҳ.қ.