Үндана:Тақлид аз муҷтаҳид
Ин мақола як навиштаи тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манбаъҳои дигар муроҷиат намоед. |
Тақлид аз муҷтаҳид (форсӣ: تقلید از مجتهد) ё ба таври хулоса тақлид, истилоҳи фиқҳӣ ба маънои пайравии шахси мукаллаф аз муҷтаҳид дар аҳкоми амалии дин аст. Тибқи фатвои фақиҳон, аз муҷтаҳиде бояд тақлид кард, ки фақиҳи ҷомеъушшароит бошад; яъне мард, шиа, ҳалолзода ва одил бошад. Аксари фақиҳони шиа муътақиданд дар масоили фиқҳӣ, ки мавриди ихтилофи муҷтаҳидон аст, мардум бояд ба фатвои шахси аълам амал кунанд.
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Масъалаи лозими тақлид, аз давраи имомон, байни шиаён роиҷ буд ва аз замони Сайиди Муртазо (қарни панҷуми ҳиҷрӣ) вориди китобҳои усули фиқҳ шуд. Аз қарни даҳум ба баъд ҳам, дар китобҳои фиқҳи истидлолӣ ва сипас рисолаҳои тавзеҳ-ул-масоил аз он баҳс мешавад.
Ба муҷтаҳиде, ки мардум аз ӯ тақлид мекунанд, марҷаи тақлид ва ба касе ки аз муҷтаҳид тақлид мекунад, «муқаллид» мегӯянд. Ба фатвои фақиҳон, дар заруриёти дин ва низ дар усули дин набояд тақлид кард ва бояд худи шахс бо таҳқиқу баррасӣ, ба натиҷа бирасад. Баъзе аз фақиҳони шиа, монанди ахбориён, мухолифи тақлиданд.
Ҷойгоҳи тақлид дар фиқҳи шиа
Тақлид аз муҷтаҳид, дар истилоҳи фиқҳӣ, ба маънои пайравӣ аз муҷтаҳид дар аҳкоми динӣ аст. Пайравӣ аз муҷтаҳид яъне амал кардан тибқи назар ва ташхиси фиқҳии ӯ дар аҳкоми фурӯи дин монанди намоз, ҳаҷ ва ғайра.[1]
Дар фиқҳи шиа, тақлид аз муҷтаҳид барои шинохти аҳкоми амалӣ воҷиб аст;[2] бо ин тавзеҳ ки ба назари машҳури уламои шиа, бар ҳар шахс лозим аст, ки барои шинохтани вазифаҳои динии худ, яке аз се роҳи иҷтиҳод, «эҳтиёт» ё тақлид аз муҷтаҳидро интихоб кунад; яъне ё бояд худ муҷтаҳид бошад ва ҳукмро аз сарчашмаҳои фиқҳ ба даст биоварад ё агар муҷтаҳид нест, истилоҳан ба «эҳтиёт» амал кунад ва ё ба муҷтаҳиди ҷомеъушшароит руҷуъ ва бар асоси назари ӯ амал намояд.[3]
Ҳукми аъмоли бидуни тақлид
Дар бораи аъмоли диние, ки як шахси ғайримуҷтаҳид, бидуни тақлид аз муҷтаҳид анҷом дода бошад, ду назари куллӣ байни фақиҳони шиа вуҷуд дорад: баъзе аз онон аъмоли бидуни тақлид ва бидуни эҳтиётро ботил медонанд ва баъзе дигар, бо шароите, он аъмолро саҳеҳ мешуморанд;[4] чунонки гузориш шуда, ки Оқо Зиёи Ироқӣ ва Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ танҳо он даста аз аъмоли бидуни тақлидро саҳеҳ медонанд, ки мутобиқ бо воқеъ ё мутобиқ бо фатвои муҷтаҳиде бошад, ки бояд аз ӯ тақлид мекард.[5]
Доманаи тақлид
Он чи дар тақлид аз муҷтаҳид матраҳ шудааст, тақлид дар фурӯи дин ё ҳамон аҳкоми амалии фиқҳӣ аст. Дар фурӯи дин ҳам, тақлид дар заруриёти дин маъно надорад; балки махсуси масъалаест, ки далелҳояшон заннӣ аст.[6] Аз назари баъзе фақиҳон, тақлид барои касе ки муҷтаҳид аст ва бо иҷтиҳод, ҳукми шаръиро истинбот карда манъ аст.[7]
Дар ҳавзаи усули ақоид ва боварҳо, бештари муҷтаҳидони шиа тақлидро ҷоиз намедонанд.[8] Дар баҳси шиносоии мавзуоти хориҷӣ низ тақлид маҳдудиятҳое дорад ва дар ташхиси намунаи мавзуоти аҳком, шахс бояд худаш ба натиҷа бирасанд ва сухани муҷтаҳид ҳуҷҷият надорад.[9]
Мухолифони тақлид
Дар байни шиаён, уламои ҷараёни ахборигарӣ мухолифи тақлид аз муҷтаҳидон ҳастанд ва аз асос, иҷтиҳоди заннӣ ва тақлидро аз барсохтаҳои аҳли суннат медонанд, ки вориди фарҳанги шиаён шудааст.[10] Чунон ки гузориш шудааст, уламои дигаре, мисли Абуссаллоҳи Ҳалабӣ, Ибни Зуҳра ва Ибни Ҳамза, низ тақлид аз муҷтаҳидонро ҷоиз намедонанд[11] ва муътақиданд, ки мардум бояд ба олим ва фақиҳе муроҷиа кунанд, ки фақат ба далелҳои қатъӣ ва аҳодиси имомон чанг мезананд ва бо далелҳои ақлӣ ё иҷмоъ чизеро истинбот намекунанд.[12] Аз назари ахбориён, ин кор дар воқеъ тақлид аз имомони маъсум аст, на тақлид аз як олим.[13]
Тақлид аз фақиҳи ҷомеъушшароит
Аз назари уламои шиа, фатво додан фақат барои фақиҳи ҷомеъушшароит ҷоиз аст ва мардуми ғайримуҷтаҳид фақат метавонанд аз фақиҳе тақлид кунанд, ки ҷомеъушшароит бошад.[14] Фақиҳи ҷомеъушшароит муҷтаҳиди мутлақе аст, ки мард, ҳалолзода ва шиа бошад ва дорои ақли кофӣ, ислом ва имон, адолат, тавоноӣ ва ҳусни тадбири умур дошта бошад ва аз хислатҳои нописандида монанди бахилӣ ва ҳирс низ дур бошад.[15] Ба гуфтаи Соҳиб-Ҷавоҳир ва Шайхи Ансорӣ, фақиҳе ки дорои маҳорати ба даст овардани аҳком аз далелҳои шаръӣ аст ва шароити лозими шиа будан ва ҳамчунин адолат, зуҳд ва тақворо барои гирифтани мансаби марҷаият дошта бошад, фақиҳи ҷомеъушшароит аст.[16]
Тақлид аз муҷтаҳиди аълам
Дар рисолаҳои тавзеҳ-ул-масоил гуфта шудааст, ки агар муҷтаҳидони шиа дар як ҳукм ихтилофи назар дошта бошанд, мукаллафон бояд ба назари муҷтаҳиди аълам амал кунанд.[17] Ин шарт, яъне аъламиятро аксари фақиҳон барои интихоби марҷаи тақлид воҷиб медонанд.[18] Бинo ба гузориши Ҷанотии Шоҳрудӣ, фақиҳи шиа, муҷтаҳидони бузурги шиа аъламро касе медонанд, ки дар фаҳмидани ҳукми Худо, аз тамоми муҷтаҳидони замони худ устодтар бошад.[19]
Баъзе аз фақиҳон муътақиданд ҳатто агар мукаллаф эҳтимоли аълам будани касеро бидиҳад, бояд аз ӯ тақлид кунад.[20] Дар нуқтаи муқобил, шуморе аз фақиҳон, аз ҷумла Мирзои Қумӣ ва Соҳиб-Фусул тақлид аз ғайриаъламро низ ҷоиз донистаанд.[21]
Пешинаи тақлид дар мазҳаби шиа
Бар асоси аҳодис, тақлид дар мазҳаби шиа аз асри имомон оғоз шуд. Онон пайравонашонро ба ровиёни ҳадис[22] ё ёрони наздики худ монанди Зурорa ибни Аъян, Юнус ибни Абдурраҳмон, Абон ибни Тағлиб, Закариё ибни Одам, Муҳаммад ибни Муслим ва Абубасир ирҷоъ медоданд.[23] Ҳамчунин гоҳе асҳобро ба ҳузур дар масҷидҳо ва марказҳои умумӣ, барои фатво додан ва иршоди мардум ташвиқ мекарданд.[24]
Зуҳури тақлид дар асри имомон ва ташвиқи онон ба ин амр ба ин омилҳо бармегашт: фосилаи зиёд миёни шаҳрҳо, фароҳам набудани имконоти зарурӣ барои мусофирати мардум ва дар натиҷа, душвории дастрасӣ ба имом, тақия ва усру ҳараҷ барои имомон дар сурати муроҷиаи бевоситаи мардум.[25]
Дар асри ғайбати суғро, ниёз ба тақлид дар аҳкоми шаръӣ бештар эҳсос шуд.[26] Дар ғайбати кубро низ масъалаи тақлид ҳамеша дар байни шиаён матраҳ будааст.[27]
Тарҳи аҳкоми тақлид дар рисолаҳои амалия
Собиқаи баҳс дар бораи иҷтиҳод ва тақлид ба асри тадвини илми усули фиқҳ бармегардад. Ин мавзуъ, дар китобҳои усулии имомия аз замони нигориши китоби аз-Зариа ило усул-иш-шариа асари Сайиди Муртазо, (ваф.436ҳ.қ), то қарни понздаҳуми қамарӣ баррасӣ шудааст.[28] Дар кутуби фиқҳи истидлолӣ, гоҳ баъзе мабоҳиси марбут ба тақлид, зимни баррасии шароити фақиҳи ҷомеъушшароит, дар бобҳои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва қазо[29] баён мешавад.[30]
Аз қарни даҳум ба баъд, осори мустақил дар ин бора, бо унвони ал-Иҷтиҳод ва-т-тақлид ё унвонҳои дигар нигошта шуд. Пас аз Шайх Муртазо Ансорӣ (қарни 13 қамарӣ), ин равия ривоҷ ёфт, ки аҳкоми тақлид, дар ибтидои рисолаҳои амалия матраҳ шавад. Имрӯз низ аввалин баҳсе, ки дар рисолаҳои амалия матраҳ мешавад аҳкоми тақлид ва шароити марҷаи тақлид аст.[31]
Далелҳои ҷоиз будани тақлид
Фақиҳони шиа барои исботи фарз будани тақлид аз муҷтаҳид, ба далелҳои чоргонаи фиқҳӣ, яъне Қуръон, суннат, ақл ва иҷмоъ истинод кардаанд.[32]
Далелҳои ақлӣ
Ба лиҳози ақлӣ, мукаллаф дар сурати анҷом додани ҳаром ва тарк кардани воҷиб сазовори кайфари ухравӣ мешавад. Пас бояд мустанад ва ҳуҷҷате дошта бошад, то ӯро аз ин кайфар эмин созад. Ин ҳуҷҷат аз яке аз ин се роҳ ҳосил мешавад: иҷтиҳод, эҳтиёт, тақлид.[33] Бад-ин тартиб, тақлид дар канори ду роҳи дигар вуҷуби тахйирӣ дорад ва агар иҷтиҳод барои шахс имкон надошта бошад ва нахоҳад эҳтиёт кунад, тақлид воҷиби таъйинӣ мешавад.[34]
Далелҳои қуръонӣ
Муфассирон ва фақиҳон, дар бораи тақлид аз уламои динӣ, ба ояти 122 сураи Тавба истинод кардаанд, ки ба ояти нафр маъруф аст. Ба ақидаи онон, ин оят бар вуҷуби сафар барои тафаққуҳ дар дин ва фаро гирифтани таълимоти Ислом ва расондани он ба дигарон далолат дорад. Онон аз вуҷуби иблоғи омӯзаҳои динӣ ба дигарон натиҷа мегиранд, ки бар дигарон воҷиб аст, ки аз онҳо тақлид кунанд.[35] Муфассирон аз оятҳои 43 сураи Наҳл ва 7 сураи Анбиё низ зарурати тақлид ва руҷуъ ба олимон ва муҷтаҳидонро бардошт намудаанд. Барои мисол, Алломаи Таботабоӣ навиштааст ин оят ба асли куллӣ ва ақлоӣ ишора мекунад ва он руҷуи ғайриолим ба олим аст.[36]
Далелҳои ҳадисӣ
Аҳодисеро ки гоҳ фақиҳони имомӣ барои ҷоиз будани тақлид ба онҳо истинод кардаанд ба чанд даста тақсим кардаанд:[37]
- Аҳодисе ки дар онҳо, имомон (а) шиаёнро ба ровиёни ҳадис ирҷоъ додаанд, монанди тавқеи Имоми дувоздаҳум;[38]
- Аҳодисе ки тибқи онҳо, имомон (а) пайравони хешро барои аҳкоми динӣ, ба ашхоси муайян, бо зикри ном ирҷоъ додаанд;[39]
- Аҳодисе ки дар онҳо имомон (а) ёрони худро ба фатво додан барои мардум тарғиб ё фатвои онҳоро таъйид кардаанд;[40]
- Аҳодисе ки дар онҳо, аз фатво додан бидуни илм ё фатво додан бар асоси равишҳое монанди раъй ва қиёс наҳй шудааст,[41] ки мафҳуми онҳо ҷоиз будани фатво додан бар асоси далели муътабари шаръист;[42]
- Аҳодисе ки дар онҳо, имомони шиа тақлид аз касоне ки тибқи завобити шаръӣ фатво медиҳанд ҷоиз дониста шудааст;[43] мисли ҳадисе аз Имом Ҳасани Аскарӣ (а) бо ин мазмун, ки: «Ҳар як аз фақиҳон ки муроқиби нафси худ бошад, муҳофизи динаш бошад, бо ҳавои нафсаш мухолифат кунад ва аз амри мавлояш тоат кунад, авоми шиа метавонанд аз ӯ тақлид кунанд.».[44]
Иҷмоъ
Иҷмоъ ё «иттифоқи назари фақиҳон» аз дигар далелҳои раво будани тақлид дар аҳкоми шаръӣ аст;[45] бад-ин маъно ки ҳамаи фақиҳони шиа муътақиданд, ки мукаллаф метавонад ё худ ба дараҷаи иҷтиҳод бирасад ё аз касе, ки ба ин дараҷа расидааст, аҳкоми шаръиро дарёфт кунад, бидуни он ки аз далелҳои фиқҳии аҳкоми шаръӣ иттилое дошта бошад.[46]
Тақлид дар мазҳаби аҳли суннат
Ба гуфтаи муҳаққиқон, мавзуи тақлид байни аҳли суннат фарозу нишебҳои бисёр доштааст. Дар даврае, мазоҳиби мухталифе пайдо шуд ва ин бисёрии мазҳабҳо, ихтилофоте дар пай дошт. Ин ихтилофот, дар ниҳоят боиси он шуд, ки фикри бастани боби иҷтиҳод ва маҳдуд шудани мазоҳиби фиқҳӣ матраҳ шавад. Сарaнҷом дар қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ, чор мазҳаб аз мазоҳиби аҳли суннат расмият ёфт ва пайравӣ аз дигар мазҳабҳо таҳрим шуд.[47]
Баъзе уламои пешини аҳли суннат, монанди Абулфатҳи Шаҳристонӣ (ваф.548ҳ.қ) ва Абуисҳоқи Шотибӣ (ваф.790ҳ.қ), ба ин ки боби иҷтиҳод ва фатво додан баста шуда муътариз ва хоҳони кушодани он буданд.[48] Дар қарни охир низ шуморе аз уламои аҳли суннат ва устодони ал-Азҳар, бо истинод ба иҷмоъи мусалмонон дар садри Ислом дар бораи раво будани тақлид аз ҳар як аз саҳоба, маҳдуд гардидани иҷтиҳод дар чор мазҳабро рад намудаанд.[49]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.4; Раҳмони Ситоиш, «تقلید», саҳ.789.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.11.
- ↑ Хоманаӣ, «احکام تقلید», Сомонаи расмии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Назарӣ ва дигарон, «بطلان عمل مکلف بدون تقلید و احتیاط، در بوته نقد», саҳ.74.
- ↑ Назарӣ ва дигарон, «بطلان عمل مکلف بدون تقلید و احتیاط، در بوته نقد», саҳ.74.
- ↑ Биҳиштӣ, Ахборигарӣ, саҳ.359.
- ↑ Субҳонӣ, «موضوع: اجتهاد و تقلید», Сомонаи Мадрасаи фақоҳат.
- ↑ Биринҷкор ва Нусратиён Аҳур, «تقلید در اعتقادات؛ از انکار تا پذیرش», саҳ.83.
- ↑ Алидӯст, «نظرات کارشناسانه فقیه در موضوعات احکام», саҳ.49.
- ↑ Биҳиштӣ, Ахборигарӣ, саҳ.353.
- ↑ Биҳиштӣ, Ахборигарӣ, саҳ.379.
- ↑ Биҳиштӣ, Ахборигарӣ, саҳ.380.
- ↑ Биҳиштӣ, Ахборигарӣ, саҳ.380 - 383.
- ↑ Маҳомид, Мабонии қуръонии ҳукумати динӣ, саҳ.199.
- ↑ Мунтазирӣ, Диросот фи вилоят-ил-фақиҳ, ҷ.1, саҳ.407.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.21, саҳ.399; Шайхи Ансорӣ, ал-Қазо ва-ш-шаҳодот, саҳ.229 - 231.
- ↑ Биниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, ҷ.1, саҳ.13 - 15.
- ↑ Ҷаннотӣ, «سیر تاریخی تقلید از اعلم», саҳ.20.
- ↑ Ҷаннотӣ, «نظریه تعین تقلید از اعلم», саҳ.101.
- ↑ Биниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, ҷ.1, саҳ.15 - 17, масъалаи 4.
- ↑ Заҳирӣ, «نقد نظریه عدم تعین تقلید از اعلم», саҳ.56.
- ↑ Ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.27, саҳ.137, 140, 142, 149, 150.
- ↑ Ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.27, саҳ.140, 142, 145, 147, 148.
- ↑ Наҷошӣ, Риҷол ан-Наҷошӣ, саҳ.10.
- ↑ Раҳмони Ситоиш, «تقلید», саҳ.789.
- ↑ Раҳмони Ситоиш, «تقلید», саҳ.789.
- ↑ Раҳмони Ситоиш, «تقلید», саҳ.789.
- ↑ Раҳмони Ситоиш, «تقلید», саҳ.789.
- ↑ Ниг.: Алломаи Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, ҷ.1, саҳ.525 - 526; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ ал-Лумъат-ид-димашқия, ҷ.1, саҳ.236 - 237.
- ↑ Раҳмони Ситоиш, «تقلید», саҳ.789.
- ↑ Раҳмони Ситоиш, «تقلید», саҳ.789.
- ↑ Заҳирӣ, «تقلید در بوته تحقیق», саҳ.61.
- ↑ Баҳрулъулум, ат-Тақлид фи-ш-шариат-ил-исломия, саҳ.46; Хуӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳ ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.64 - 65.
- ↑ Ҳаким, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.6; Хуӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳ ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.65.
- ↑ Хуӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳ ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.66; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.8, саҳ.193.
- ↑ Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, ҷ.12, саҳ.259.
- ↑ Биҳиштӣ, Ахборигарӣ, саҳ.369.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.27, саҳ.140.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.27, саҳ.142, 144, 146 ва 148.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.27, саҳ.148 - 149.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.27, саҳ.20, 31, 35 ва 62.
- ↑ Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, саҳ.473.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.2, саҳ.384 - 386.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.27, саҳ.131.
- ↑ Биҳиштӣ, Ахборигарӣ, саҳ.377.
- ↑ Шаҳиди Аввал, Зикра-ш-шиа фи аҳком-иш-шариа, ҷ.1, саҳ.41.
- ↑ Ҳайдар, ал-Имом ас-Содиқ ва-л-мазоҳиб-ил-арбаа, ҷ.1, саҳ.170 - 173; Оқобузурги Теҳронӣ, Таърих ҳаср-ул-иҷтиҳод, саҳ.25.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, Таърих ҳаср-ул-иҷтиҳод, саҳ.26.
- ↑ Шавконӣ, Иршод-ул-фуҳул ила таҳқиқ-ил-ҳаққ мин илм-ил-усул, саҳ.231 ва 240.
Сарчашма
- Алидӯст, Абулқосим, «نظرات کارشناسانه فقیه در موضوعات احکام» (Назароти коршиносонаи фақиҳ дар мавзуоти аҳком), фаслномаи Фиқҳ ва ҳуқуқ, №3, дайи 1383ҳ.ш.
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком, Қум, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Ансорӣ, Муртазо, ал-Қазо ва-ш-шаҳодот, Қум, Конгресси ҷаҳонии бузургдошти Шайхи Аъзам Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
- Баҳрулъулум, Иззуддин, ат-Тақлид фи-ш-шариат-ил-исломия, Бейрут, Дор-уз-Заҳро ли-т-тибоа ва-н-нашр ва-т-тавзеъ, 1398ҳ.қ/1978.
- Биниҳошимӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Дафтари интишороти исломӣ, Қум, 1381ҳ.ш.
- Биринҷкор, Ризо, ва Нусратиён Аҳур, Маҳдӣ, «تقلید در اعتقادات؛ از انکار تا پذیرش» (Тақлид дар эътиқодот; аз инкор то пазириш), дуфаслномаи Маърифати каломӣ, №11, тирамони зимистони 1392ҳ.ш.
- Биҳиштӣ, Иброҳим, Ахборигарӣ: таърих ва ақоид, Муассисаи фарҳангии Дор-ул-ҳадис, Қум, 1391ҳ.ш.
- Заҳирӣ, Аббос, «تقلید در بوته تحقیق» («Тақлид дар бӯтаи таҳқиқ»), думоҳномаи Кайҳони андеша, №61, мурдод ва шаҳривари 1374ҳ.ш.
- Заҳирӣ, Аббос, «نقد نظریه عدم تعین تقلید از اعلم» («Нақди назарияи адами таайюни тақлид аз аълам»), думоҳномаи Кайҳони андеша, №55, мурдод ва шаҳривари 1373ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Маҳомид, Алӣ, Мабонии қуръонии ҳукумати динӣ, Остони муқаддаси Ҳазрати Фотимаи Маъсума (с), Қум, 1389ҳ.ш.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Диросот фи вилоят-ил-фақиҳ ва фиқҳ-ид-давлат-ил-исломия, Қум, Нашри Тафаккур, 1409ҳ.қ.
- Назарӣ, Эҳсон ва дигарон, «بطلان عمل مکلف بدون تقلید و احتیاط، در بوته نقد» (Бутлони амали мукаллаф бидуни тақлид ва эҳтиёт дар бӯтаи нақд), фаслномаи Фиқҳ ва мабонии ҳуқуқ, давраи 57, №1, шаҳривари 1403ҳ.ш.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-ислом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
- Наҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол ан-Наҷошӣ, Қум, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, 1365ҳ.ш.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Таърих ҳаср-ул-иҷтиҳод, Қум, Матбаат-ул-Хайём, 1401ҳ.қ.
- Охунди Хуросонӣ, Муҳаммадкозим ибни Ҳусайн, Кифоят-ул-усул, Қум, Муассиса Ол-ил-Байт (алайҳимуссалом) ли-эҳё-ит-турос, 1409ҳ.қ.
- Раҳмони Ситоиш, Муҳаммадкозим, «تقلید» («Тақлид»), Донишномаи ҷаҳони ислом (ҷ.7), Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маорифи исломӣ, 1393ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, «موضوع: اجتهاد و تقلید» (Мавзуъ: иҷтиҳод ва тақлид), Сомонаи Мадрасаи фақоҳат, санаи дарҷи матлаб: 23 сентябри 2019, санаи боздид: 4 октябри 2026.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1409ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, Тафсири ал-Мизон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1352ҳ.ш/1393ҳ.қ.
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, «احکام تقلید» («Аҳкоми тақлид»), Сомонаи расмии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 16 сентябри 2014, санаи боздид: 4 октябри 2026.
- Хуӣ, Абулқосим, ат-Танқиҳ фи шарҳ ал-Урват-ул-вусқо, таълифи Алӣ Ғаравӣ Табрезӣ, Қум, Лутфӣ, 1407ҳ.қ.
- Ҳайдар, Асад, ал-Имом ас-Содиқ ва-л-мазоҳиб-ил-арбаа, Бейрут, Дор-ут-таоруф ли-л-матбуот, 1422ҳ.қ/2001.
- Ҳаким, Муҳсин, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Дор-ут-тафсир, 1374ҳ.ш/1416ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассиса Ол-ил-Байт (алайҳимуссалом) ли-эҳё-ит-турос, 1374ҳ.ш/1416ҳ.қ.
- Ҷаннотӣ, Муҳаммадиброҳим, «سیر تاریخی تقلید از اعلم» («Сайри таърихии тақлид аз аълам»), думоҳномаи Кайҳони андеша, №6, хуpдод ва тири 1365ҳ.ш.
- Ҷаннотӣ, Муҳаммадиброҳим, «نظریه تعین تقلید از اعلم» («Назарияи таъйини тақлид аз аълам»), думоҳномаи Кайҳони андеша, №51, озар ва дайи 1372ҳ.ш.
- Шавконӣ, Муҳаммад, Иршод-ул-фуҳул ила таҳқиқ-ил-ҳаққ мин илм-ил-усул, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бетаърих.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикра-ш-шиа фи аҳком-иш-шариа, Қум, Муассиса Ол-ил-Байт (алайҳимуссалом) ли-эҳё-ит-турос, 1377ҳ.ш/1419ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддини ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ ал-Лумъат-ид-димашқия, Қум, Дафтари таблеғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1412ҳ.қ.