Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фурӯши силоҳ ба душман

Аз wikishia


Фурӯши силоҳ ба душман (форсӣ: فروش سلاح به دشمن) ба маънои вогузории ҳар гуна ҷангафзор ба душманони дин, ситамгарон ва муфсидони фи-л-арз аст. Бинобар назари машҳури фақеҳони шиа, фурӯши силоҳ ба душман дар замони ҷанг ҳаром ва дар замони сулҳ ҷоиз аст. Бо ин ҳол, ҳамаи фақеҳон ин назарро напазируфтаанд. Баъзе фурӯши силоҳ ба душманро дар ҳар шароите ҳаром медонанд. Гурӯҳи дигар муътақиданд, ки ҳаром будани он вобаста ба замонест, ки ҷомеаи исломӣ дар вазъияти ҷангӣ бошад ва фурӯши силоҳ боиси тақвияти душман шавад.

Имом Хумайнӣ, бунёнгузори низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин масъаларо аз умури ҳукуматӣ ва вобаста ба маслаҳати мусалмонон дар ҳар замон медонад. Бар асоси ин, мумкин аст дар шароите хос, фурӯш ё ҳатто вогузории ройгони силоҳ ба гурӯҳе аз ғайримусалмонон ҷоиз ё лозим бошад; мисли замоне, ки муқобила бо душман аз сарзаминҳои исломӣ танҳо аз роҳи мусаллаҳ кардани он гурӯҳ имконпазир бошад.

Муаррифӣ ва ҷойгоҳ

Фурӯши силоҳ ба душман, масъалаи фиқҳӣ аст[1] ва аз он дар боби тиҷорат аз абвоби фиқҳ, баҳс шудааст.[2] Дар баъзе манобеъ монанди Шароеъ-ул-ислом ва Китоб-ул-макосиб зери унвони «харид ва фурӯши чизе, ки қобилияти қасд кардан барои ҳаромро дорад», аз он баҳс шудааст[3] ва дар баъзе дигар монанди ал-Лумъат-уд-димишқия, зери унвони «муъомалоти ҳаром», мавриди баҳс қарор гирифтааст.[4]

Манзур аз силоҳ ва душман

Фақеҳон, манзур аз душманро душманони дин медонанд; чи кофир ва чи мусалмон.[5] Баъзе фақеҳо, фурӯши силоҳ ба золимон ва касоне, ки дар замин фасод мекунанд монанди дуздон ва роҳзанонро низ мамнуъ донистаанд.[6]

Силоҳ, ҳар навъи ҷангафзорест, ки барои ҷанг ё дифоъ ба таври фаъол истифода мешавад.[7] Ҷангафзорҳо дар гузари замон дучори таҳаввул ва пешрафт мешаванд, ки ин таҳаввулот дар ҳукми фақеҳон низ таъсир мегузорад.[8] Барои намуна фурӯши силоҳҳои қадимӣ, ки дигар барои ҷанг истифода намешаванд ва маҳз ба унвони атиқа ё ашёи зинатӣ корбурд доранд, ба душманони дин раво аст.[9]

Дидгоҳи фақеҳон дар бораи фурӯши силоҳ ба душман

Назари машҳури фақеҳони шиа ин аст, ки фурӯши силоҳ ба душман дар замони ҷанг ҳаром ва дар замони сулҳ ҷоиз аст.[10] Баъзе дидгоҳҳои дигар иборатанд:

  1. Агар миёни мусалмонон ва куффор сулҳ барқарор набошад, фурӯши силоҳ ба душман ҳаром аст.
  2. Фурӯши силоҳ ба душманони дин чи дар замони ҷанг ва чи дар замони сулҳ ҳаром аст.
  3. Фурӯши силоҳ ба душман ҳаром аст агар ҳадаф аз он тақвияти куффор бошад ё дар замони ҷанг анҷом шавад.
  4. Фурӯши силоҳ ба мушрикон ва куффор дар ҳар шароите ҳаром аст; аммо фурӯши он ба мусалмонони мухолифи шиа танҳо дар замони ҷанг мамнуъ аст ва дар замони сулҳ ҷоиз аст.[11]

Далелҳои ҳукми фурӯши силоҳ ба душман

Фақеҳон барои истинботи ҳукми шаръии масъалаи фурӯши силоҳ ба душман, ба далелҳои зер истинод кардаанд:

Истнод ба ояти 60 сураи Анфол

Ба гуфтаи Сайид Абулқосими Хӯӣ, ояти 60 сураи Анфол, мусалмононро вазифадор карда, то ҷангафзорҳоро барои ҷанг бо душманон ва эҷоди тарс дар онон омода кунанд; бинобар ин, фурӯши силоҳ ба душманон, ҳатто дар замони сулҳ, бо ҳадафи шореъ носозгор аст.[12]

Фурӯши силоҳ ба душман, иона бар исм аст

Фақеҳо муътақиданд, фурӯши силоҳ ба душман ва ба ҳар золиме, ки бо истифода аз он, зулм мекунад, мисдоқи иона бар исм буда ва ҳаром аст.[13]

Ҳадисҳои воридшуда дар мавзуи фурӯши силоҳ ба душман

Шайх Ансорӣ, аҳодисеро, ки бар ҳурмати фурӯши силоҳ ба душман ворид шуда, мустафиз донистааст.[14] Ин аҳодис ба се даста тақсим мешаванд:

  • Аҳодисе, ки раво будани фурӯши силоҳ ба душманро дар ҳама шароит, чи ҷанг ва чи сулҳ тасдиқ мекунанд.
  • Аҳодисе, ки бар ҳаром будани фурӯши силоҳ ба душман дар ҳар шароите чи дар ҷанг ва чи сулҳ, далолат доранд.
  • Аҳодисе, ки фурӯши силоҳ ба душманро дар замони ҷанг ҳаром ва дар замони сулҳ ҷоиз медонанд.[15]

Фақеҳон бо баррасии санад ва далолати ин аҳодис, аз онҳо барои истинботи ҳукм баҳра ҷустаанд.[16]

Фурӯши силоҳ ба душман боиси тақвият ва кумак ба он мешавад

Баъзе фақеҳон фурӯши силоҳ ба душманро, чи дар сулҳ ва чи дар ҷанг ҳаром медонанд, зеро боиси тақвият ва кумак ба душман мешавад.[17] Шайх Муртазо Ансорӣ ин истидлолро заиф ва онро иҷтиҳод дар муқобили нас медонад; зеро дар баъзе ривоёт, фурӯши силоҳ ба душман ҷоиз дониста шудааст.[18]

Далели ақлӣ бар ҳурмати фурӯши силоҳ ба душман

Аз назари баъзе фақеҳон, ақл ба таври мустақил ҳукм мекунад, ки фурӯши силоҳ ба душман дар сурате ки мафсадае эҷод кунад, ҳаром аст.[19] Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ ин ҳукми ақлӣ метавонад аҳодисеро, ки фурӯши силоҳро мутлақан ҷоиз донистаанд, муқайяд кунад ба ҳолате ки мафсадае эҷод нашавад.[20]

Фурӯши силоҳ ба душман аз умури ҳукуматӣ аст

Имом Хумайнӣ муътақид аст, ки ҳукми масъалаи фурӯши силоҳ ба душман, вобаста ба маслиҳати рӯзи мусалмонон аст.[21] Дар замони ҷанг ё ҳангоме ки душман дар ҳоли хусумат бо мусалмонон аст, фурӯши силоҳ ба душман ҳаром аст.[22] Аммо дар замони сулҳ ё замоне ки куффор бо якдигар даргиранд, фурӯши силоҳ ба онон метавонад бар асоси маслиҳати мусалмонон раво бошад.[23] Қабули қарор дар ин замина аз вазифаҳои волии мусалмонон аст ва ҳеҷ шахси дигаре ҳаққи дахолат надорад.[24]

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.3; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.206 ва 211; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.28; Шайх Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147
  2. Барои намуна ниг.: Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.211
  3. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.3; Шайх Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147
  4. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.206 ва 211
  5. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.211; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.18, саҳ.208
  6. Муҳаққиқи Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фаида ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.42; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1392ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.206
  7. Хӯӣ, Мавсуъат-ул-Имом ал-Хӯӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.35, саҳ.297
  8. Имом Хумайнӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, Муассисаи Исмоилиён, ҷ.1, саҳ.152
  9. Барои намуна ниг.: Имом Хумайнӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, Муассисаи Исмоилиён, ҷ.1, саҳ.152
  10. Таботабоии Яздӣ, Ҳошият-ул-макосиб, 1370ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.10
  11. Таботабоии Яздӣ, Ҳошият-ул-макосиб, 1370ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.10
  12. Хӯӣ, Мавсуъат-ул-Имом ал-Хӯӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.35, саҳ.295-296
  13. Муҳаққиқи Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фаида ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.42
  14. Шайх Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147
  15. Субҳонӣ, ал-Мавоҳиб, 1424ҳ.қ., саҳ.333
  16. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фаида ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.43; Шайх Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147-150
  17. Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-карома, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.35; Хӯӣ, Мавсуъат-ул-Имом ал-Хӯӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.35, саҳ.294; Сабзворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.16, саҳ.71
  18. Шайх Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.149
  19. Барои намуна ниг.: Хӯӣ, Мавсуъат-ул-Имом ал-Хӯӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.35, саҳ.295; Субҳонӣ, ал-Мавоҳиб, 1424ҳ.қ., саҳ.335
  20. Субҳонӣ, ал-Мавоҳиб, 1424ҳ.қ., саҳ.335
  21. Имом Хумайнӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, Муассисаи Исмоилиён, ҷ.1, саҳ.152
  22. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, ҷ.1, саҳ.472
  23. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, ҷ.1, саҳ.472
  24. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, ҷ.1, саҳ.472

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Шайх Юсуф, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, бетаърих.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, Қум, Муассисаи Исмоилиён, бетаърих.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, бетаърих.
  • Муҳаққиқи Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фаида ва-л-бурҳон, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-ислом, Қум, Муассисаи Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ил-ислом, тасҳеҳ: Аббоси Қӯчонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, нашри ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Рӯҳонӣ, Сайид Муҳаммадсодиқ, Фиқҳ-ус-Содиқ, Қум, Оини дониш, 1392ҳ.ш.
  • Сабзворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Дор-ут-тафсир, бетаърих.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Мавоҳиб фи таҳрири аҳком-ил-макосиб, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1424ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, Ҳошият-ул-макосиб, Қум, Муассисаи Исмоилиён, чопи чорум, 1370ҳ.ш.
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъат-ул-Имом ал-Хӯӣ, Қум, Муассиса ал-Хӯӣ ал-исломия, 1418ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Омилӣ, Муҳаммадҷавод ибни Муҳаммад, Мифтоҳ-ул-карома, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ул-макосиб, Қум, Турос аш-Шайх-ул-аъзам, 1415ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, Қум, Интишороти Доварӣ, 1410ҳ.қ.