Тақлид аз майит
Намуди зоҳирӣ
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштаи тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манбаъҳои дигар муроҷиат намоед. |
Тақлид аз майит (форсӣ: تقلید از میت) ба маънои тақлид аз муҷтаҳиде аст, ки аз дунё рафтааст.[1] Ин навъи тақлид дар баробари тақлид аз муҷтаҳиди зинда қарор дорад[2] ва замоне матраҳ мешавад, ки муҷтаҳиди зинда дар дастрас бошад ва мукаллаф имкони руҷуъ ба ӯро дошта бошад.[3]
Дар ҳукми тақлид аз майит, панҷ дидгоҳ матраҳ шудааст:
- Уддае аз фуқаҳо эътиқод доранд зинда будани муҷтаҳид шарти тақлид аст[4] ва тақлид аз майит ҷоиз нест,[5] чи дар ибтидои тақлид ва чи пас аз марги муҷтаҳид.[6] Ба гуфтаи онҳо, фуқаҳо дар ин масъала иҷмоъ доранд[7] ва ихтилофе дар ҳукм вуҷуд надорад.[8] Ваҳиди Беҳбаҳонӣ ин ҳукмро аз хусусиятҳои мазҳаби имомия донистааст.[9] Далелҳои онҳо шомили далели ақлӣ[10] ва оёту ривоёте монанди ояти нафр, аҳл-уз-зикр ва китмон аст.[11] Ҳамчунин сарпарастии умури ҳисбия ва фатво додан дар масоили навпайдо аз дигар далелҳои ҷоиз набудани тақлиди ибтидоӣ аз майит дониста шудааст.[12] Гуфта шуда дар баҳси тақлид, меъёр муфтӣ аст на фатво, ва муфтӣ танҳо муҷтаҳиди зинда аст.[13]
- Дар миёни уламои шиъа, ахборӣҳо эътиқод доранд тақлид аз майите ки ровии ҳадис буда, ҷоиз аст, ба шарте он майит истеҳбобе аз худ надошта бошад.[14] ҳамчунин, Мирзои Қумӣ дар китоби Ҷомеъ-уш-шатот, тақлид аз майитиро ҷоиз донистааст.[15] Қоилон бар раво будани тақлиди ибтидоӣ аз майит бар ин боваранд, ки оёту ривоёте ки бар ҷоиз будани тақлид аз муҷтаҳид далолат доранд, аз назари ҳуҷҷият, итлоқ доранд ва тақйиде ба ҳоли ҳаёти муҷтаҳид дар онҳо дида намешавад.[16] Дигар далелҳои раво будани тақлиди ибтидоӣ аз майит иборатанд аз далели ақлӣ,[17] сираи уқало[18] ва истисҳоби ҷоиз будани тақлид ё истисҳоби ҳуҷҷияти фатвои муҷтаҳид аст.[19]
- Бархе фуқаҳо байни тақлиди ибтидоӣ ва идома бар тақлид аз майит тафсил қоил шудаанд; ба ин маъно, ки боқӣ мондан бар тақлид пас аз фавти муҷтаҳид ҷоиз аст, аммо тақлиди ибтидоӣ ҷоиз нест.[20]
- Муқаддаси Ардабилӣ тақлид аз майитро дар сурате ки дастрасӣ ба муҷтаҳиди зинда вуҷуд дошта бошад, ҷоиз намедонад.[21]
- Фозили Тунӣ эътиқод дорад дар сурате, ки муҷтаҳиди майит бар асоси Қуръон ва ривоёт фатво дода бошад, тақлид аз ӯ ҷоиз аст, аммо агар бар асоси истинботи худ фатво дода бошад, тақлид аз ӯ ҷоиз нест.[22]
- Муҳаммадиброҳими Ҷаннотӣ тақлиди ибтидоӣ аз майитро ҷоиз мешуморад.[23]
Эзоҳ
- ↑ Ҷамъе аз муҳаққиқин, Фарҳангномаи усули фиқҳ, 1389ҳ.ш., саҳ.352
- ↑ Ҷамъе аз муҳаққиқин, Фарҳангномаи усули фиқҳ, 1389ҳ.ш., саҳ.352
- ↑ Ниг.: Ансорӣ, Маториҳ-ул-анзор, Олу-л-байт, ҷ.2, саҳ.432
- ↑ Ниг.: Шаҳиди Сонӣ, Мунят-ул-мурид, 1409ҳ.қ., саҳ.305; Ибни Шаҳиди Сонӣ, Маолим-уд-дин, Муассисат-ул-фиқҳ ли-т-тибоъа ва-н-нашр, ҷ.1, саҳ.110; Алломаи Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.526
- ↑ Ниг.: Алломаи Ҳиллӣ, Таҳзиб-ул-вусул ило илим-ил-усул, Муассисаи Имом Алӣ (а), ҷ.1, саҳ.289; Фахрулмуҳаққиқин, Эзоҳ-ул-фавоид, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.399; Ансорӣ, Маториҳ-ул-анзор, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.560
- ↑ Ниг.: Алломаи Ҳиллӣ, Таҳзиб-ул-вусул ило илим-ил-усул, Муассисаи Имом Алӣ (а), ҷ.1, саҳ.289; Фахрулмуҳаққиқин, Эзоҳ-ул-фавоид, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.399; Ансорӣ, Маториҳ-ул-анзор, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.560
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.402
- ↑ Ниг.: Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.109
- ↑ Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, ал-Фавоид-ул-ҳоирия, 1515ҳ.қ., саҳ.260
- ↑ Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, 1387ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.547.; Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотиъ, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.363; Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1409ҳ.қ., саҳ.476
- ↑ Ҳоирии Исфаҳонӣ, ал-Фусул-ул-ғаравия, 1404ҳ.қ., саҳ.419; Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотиъ, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.357
- ↑ Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотиъ, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.354
- ↑ Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотиъ, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.358
- ↑ Ниг.: Астарободӣ, ал-Фавоид-ул-мадания, ҷ.1, саҳ.299; Файзи Кошонӣ, Сафинат-ун-наҷот, 1387ҳ.ш., саҳ.53; Ҷазоирӣ, Манбаъ-ул-ҳаёт, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.5-6
- ↑ Мирзои Қумӣ, Ҷомеъ-уш-шатот, 1377ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.469
- ↑ Муҷоҳид, Мафотиҳ-ул-усул, 1424ҳ.қ., саҳ.624; Фозили Тӯнӣ, ал-Вофия фи усул-ил-фиқҳ, 1412ҳ.қ., саҳ.305
- ↑ Мирзои Қумӣ, Ҷомеъ-уш-шатот, 1377ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.469
- ↑ Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотиъ, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.382
- ↑ Кошифулғито, ан-Нур-ус-сотиъ, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.367
- ↑ Ниг.: Ироқӣ, Ниҳоят-ул-афкор, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.258; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вуcқо, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.18-17; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.9; Табрезӣ, Истифтооти ҷадид, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.17; Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.18
- ↑ Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.547
- ↑ Фозили Тӯнӣ, ал-Вофия, 1412ҳ.қ., саҳ.307
- ↑ Ҷанотӣ, «Муқаддима» дар Фиқҳ ва замон, 1385ҳ.ш., саҳ.22-28; Ҷанотӣ, «Муқаддима» дар Татаввури иҷтиҳод дар ҳавзаи истинбот, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.33-38
Сарчашма
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳзиб-ул-вусул ило илим-ил-усул, бемакон, Муассисаи Имом Алӣ (а), бетаърих
- Ансорӣ, Муртазо, Маториҳ-ул-анзор, муқаррир: Абулқосим Калонтарӣ, Қум, Маҷма-ул-фикр-ил-исломӣ, 1425ҳ.қ.
- Астарободӣ, Муҳаммадамин, ал-Фавоид-ул-мадания, таҳқиқ: Раҳматуллоҳ Раҳматӣ Арокӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1426ҳ.қ.
- Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, Муҳаммадбоқир, ал-Фавоид-ул-ҳоирия, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, 1515ҳ.қ.
- Ибни Шаҳиди Сонӣ, Ҳасан ибни Зайнуддин, Маолим-уд-дин ва малозз-ул-муҷтаҳидин, таҳқиқ: Сайид Мунзири Ҳаким, бемакон, Муассисат-ул-фиқҳ ли-т-тибоъа ва-н-нашр, бетаърих
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ (раҳ), 1392ҳ.ш.
- Ироқӣ, Зиёуддин, Ниҳоят-ул-афкор, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Кошифулғито, Алӣ, ан-Нур-ус-сотиъ фи-л-фиқҳ-ин-нофиъ, Наҷаф, Матбаъат-ул-одоб, 1381ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтооти ҷадид, Қум, Нашри мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1427ҳ.қ.
- Мирзои Қумӣ, Абулқосим, Ҷомеъ-уш-шатот, тасҳеҳ: Муртазо Разавӣ, Теҳрон, Муассисаи Кайҳон, 1377ҳ.ш.
- Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон фи шарҳи иршод-ил-азҳон, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавият-ил-эҳё-ил-ҷаъфария, нашри дуюм, 1387ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Каркӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоид, Қум, Муассисаи Олу-л-байт (а), 1414ҳ.қ.
- Муҷоҳид, Сайид Муҳаммад, Мафотиҳ-ул-усул, Қум, Муассисаи Олу-л-байт (а), нашри аввал, 1424ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, таҳқиқ: Муҳаммад Қӯчонӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, нашри ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Охунди Хуросонӣ, Муҳаммадкозим, Кифоят-ул-усул, Қум, Муассисаи Олу-л-байт (а), 1409ҳ.қ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вуcқо, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1421ҳ.қ.
- Табрезӣ, Ҷавод, Истифтооти ҷадид, Қум, Нашри Сарур, 1385ҳ.ш.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Сафинат-ун-наҷот ва-л-калимот-ут-тарифа, Теҳрон, Нашри мадрасаи олии Шаҳид Мутаҳҳарӣ, 1387ҳ.ш.
- Фахрулмуҳаққиқин, Муҳаммад ибни Ҳасан, Эзоҳ-ул-фавоид фи шарҳи мушкилот-ил-қавоид, таҳқиқ: Сайид Ҳусайни Мусавии Кирмонӣ, Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1387ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариа фи шарҳи таҳрир-ил-васила (китоб-ул-иҷтиҳод ва-т-тақлид), Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳор (а), 1426ҳ.қ.
- Фозили Тӯнӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Вофия фи усул-ил-фиқҳ, таҳқиқ: Сайид Муҳаммадҳусайни Разавии Кашмирӣ, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, 1412ҳ.қ.
- Ҳоирии Исфаҳонӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Фусул-ул-ғаравия фи-л-усул-ил-фиқҳия, Қум, Дор эҳё-ил-улум-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
- Ҳури Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Олу-л-байт (а), нашри аввал, 1409ҳ.қ.
- Ҷазоирӣ, Сайид Ниъматуллоҳ, Манбаъ-ул-ҳаёт ва ҳуҷҷияти қавл-ил-муҷтаҳид мина-л-амвот, таҳқиқ: Рауф Ҷамолуддин, Бейрут, Муассисат-ул-аъломи ли-л-матбуот, 1401ҳ.қ.
- Ҷамъе аз муҳаққиқин, Фарҳангномаи усули фиқҳ, Қум, Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1389ҳ.ш.
- Ҷанотӣ, Муҳаммадиброҳим, «Муқаддима» дар Татаввури иҷтиҳод дар ҳавзаи истинбот, Теҳрон, Интишороти Амири Кабир, 1386ҳ.ш.
- Ҷанотӣ, Муҳаммадиброҳим, «Муқаддима» дар Фиқҳ ва замон, Қум, Нашри эҳёгарони андешаи динӣ, 1385ҳ.ш.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқиҳи шароеъ-ил-ислом, Қум, Муассисат-ул-маориф-ил-исломия, 1413ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Мунят-ул-мурид фи одоб-ил-муфид ва-л-мустафид, Қум, Мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, 1409ҳ.қ.