Умми Валад

Аз wikishia
Рисолаи амалия
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Уммивалад канизе аст, ки аз соҳиби худ фарзанддор шуда бошад. Фарзанде ки аз уммивалад таваллуд шавад, озод мебошад ва бардагии модараш ба ӯ сироят намекунад.

Ба нақли Шайх Муфид, модари ҳафт тан аз имомони шиа, аз ҷумла: Имом Саҷҷод (а) ва Имом Маҳдӣ (а) уммивалад будаанд.

Дар фиқҳ барои уммивалад шудани каниз шароите қарор дода шудааст, аз ҷумла инки, падари фарзанд набояд барда бошад ва каниз ҳам дар моликияти соҳибаш бордор шуда бошад.

Дар манобеи фиқҳӣ барои ишора ба уммивалад аз вожаи “истилод” ҳам истифода шудааст. Истилоди (фарзанддор шудан) каниз сабаби маҳдуд шудани ихтиёроти молик дар бораи ӯ мешавад; ба ҳамин далел молик наметавонад уммиваладро бифурӯшад ё ҳадя кунад.

Уммивалад пас аз марги молик (падари фарзанд) ба воситаи мероси фарзанди худ ё бахше аз он, озод карда мешавад.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Уммивалад ба маънои модари фарзанд, канизе аст, ки аз молики (соҳиб) худ фарзанддор шуда бошад.[1] Дар китобҳои фиқҳӣ аз вожаи истилод низ барои ишора ба аммивалад ва аҳкоми он истифода мешавад.[2] Истилод дар маънои хоси худ бар канизе гуфта мешавад, ки аз мавлои (молик) худ соҳиби фарзанд шудааст.[3] Ва аз он дар чанд боби фиқҳ аз ҷумла: тиҷорат, васият, талоқ, ирс ва қисос баҳс шудааст.[4] Албатта истилод ба маънои истеъдоди бордор кардан ё бордор шудан низ омадааст, ки шомили зан ва марди озоду барда мешавад ва аҳкоми он дар боби никоҳ меояд.[5]

Ба гуфтаи Шайх Муфид, модари ҳафт тан аз имомони шиа, уммивалад будаанд ва онҳо иборатанд аз: Шшаҳрбону - модари Имом Саҷҷод (а),[6] Ҳамида - модари Имом Козим (а),[7] Наҷма - модари Имом Ризо (а),[8] Сабика - модари Имом Ҷавод (а),[9] Самона - модари Имом Ҳодӣ (а),[10] Ҳадиса - модари Имом Ҳасани Аскарӣ (а)[11] ва Нарҷис - модари Имом Маҳдӣ.[12]

Баҳс аз масъалаи уммивалад монанди аз баҳс аз амоъ (канизон) ва убайд (бардагон) ба далели адами мавзӯийят ва корбурд надоштан дар замони ҳозир аз китобҳои фиқҳӣ ҳазф шудааст.[13] Ба унвони намуна дар китоби Фиқҳ-ул-ҷавоҳир баргирифта аз китоби Ҷавоҳир-ул-калом, масъалаи амоъ ва убайд, ҳазф шудааст. [Ниёзманди манбаъ]

Шароит

Барои таҳаққуқи унвони уммивалад барои каниз, шароите дар китобҳои фиқҳӣ зикр шудааст.

  • Озод будани падари фарзанд; аз ин рӯ агар бардае бо каниз издивоҷ карду каниз бордор шуд, ҳукми уммиваладро надорад.[14]
  • Бордор шудани каниз дар милки молики худ; аз ин рӯ агар шахси озод бо канизи шахси дигаре издивоҷ карду ӯро бордор кард ва баъд аз бордорӣ, молики каниз шавад, каниз уммивалад маҳсуб намешавад.[15]
  • Солим будани ҷанин: агар ҷанини каниз сиқт шуд, дар сурате ки ба шаҳодати аҳли хибра сурате аз шакли одамӣ дар ӯ зоҳир шуда бошад ё мабдаи халқи одам буда бошад, ҳукми уммивалад бар каниз муҳаққақ мешавад, вале дар ғайри ин сурат канизи уммивалад нахоҳад шуд.[16]

Аҳком

Барои уммивалад ва фарзандаш аҳкоми хоссе дар кутуби фиқҳӣ тадвин шудааст.

  • Истилод (фарзанддор шудан)-и каниз сабаби маҳдуд шудани ихтиёроти мавло (молик) дар бораи ӯст;[17] бар ин асос фурухтани уммивалад ё ҳадя кардани он ба дигаре ҷоиз нест, магар дар шароите ки молик нархи канизро қарзкор бошад ва тавони пардохти онро ҷуз бо фурухтани каниз надошта бошад.[18]
  • Фарзанди ба дунёомада аз уммивалад, озод аст ва бардагии модараш ба ӯ сироят намекунад.[19]
  • Уммивалад то замони марги молик барда аст ва пас аз марги молик аз саҳми ирси фарзанди худ озод мегардад, вале агар фарзандаш ба далели вуҷуди монеъе аз ирс маҳрум шавад, ё қабл аз падараш аз дунё биравад, уммивалад ҳамчунон барда хоҳад монд.[20]
  • Уммивалад ба сурати мустақим аз мавло ирс намебарад,[21] аммо молик метавонад барои уммувалад молеро васият кунад.[22]
  • Иддаи уммувалад пас аз марги моликаш чаҳор моҳу даҳ рӯз аст.[23]

Эзоҳ

  1. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420, ҷ.4, саҳ.285.
  2. Маҷлисӣ, як давраи фиқҳи комил, 1400ҳ.қ., саҳ.171; Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.474.
  3. Маҷлисӣ, як давраи фиқҳи комил, 1400ҳ.қ., саҳ.171.
  4. Ансорӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳийят-ул-муяссара, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.165; Ҳошимии Шоҳрудӣ, ал-Муъҷам-ул-фиқҳӣ ликутуб-иш-Шайхи-л-Тусӣ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.284; Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.474 - 475.
  5. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.475.
  6. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.127.
  7. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.215.
  8. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.247.
  9. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.273.
  10. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.297.
  11. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.313.
  12. Муфид, Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, 339.
  13. Мубаллиғӣ, Даромаде бар чароӣ ва чигунагии таҳаввули фиқҳ, портали ҷомеъи улуми инсонӣ, 1387ҳ.ш., № 146. http: //ensani. ir/fa/article/85383/даромаде - бар - чароӣ - ва - чигунагии - таҳаввул - фиқҳ
  14. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.285; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.372 - 373; Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.475.
  15. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.286; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.372 - 373; Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.475.
  16. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.286 - 287.
  17. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426, ҷ.1, саҳ.475.
  18. Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.287; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.372; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.373 ва ҷ.34, саҳ.378.
  19. Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.285.
  20. Тусӣ, ал-Мабсут, ал-Мактабатул-Муртазавийя, ҷ.6, саҳ.186; Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.285; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.377.
  21. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.39, саҳ.61.
  22. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.382.
  23. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.510 - 514; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.316 - 318.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя, муҳаққиқ: Иброҳим Баҳодурӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ, 1420ҳ.қ.
  • Ансорӣ, Муҳаммадалӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳийят-ул-муяссара, Қум, Маҷмаъул-фикрил-исломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, интишороти Исломӣ, 1405ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, як давраи фиқҳи комил, Теҳрон, интишороти Фароҳонӣ, 1400ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут, таҳқиқ: Муҳаммадбоқир Беҳбудӣ, Теҳрон, ал-Мактабатул-Муртазавийя, бе то.
  • Ҳошимии Шоҳрудӣ, Маҳмуд, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимус-салом, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1426ҳ.қ.
  • Ҳошимии Шоҳрудӣ, Сайид Маҳмуд, ал-Муъҷам-ул-фиқҳӣ ликутуб-иш-Шайхи-л-Тусӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, 1383ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳи-л-лумъат-ид-димишқийя, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1410ҳ.қ.