Номаҳрам

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Номаҳрам (форсӣ: نامَحْرَم) дар муқобили маҳрам ба касе гуфта мешавад, ки риояти аҳкоми ҳиҷоб назди ӯ фарз аст ва издивоҷ бо ӯ ҷоиз аст.

Аз назари фақеҳон, нигоҳ кардан ба бадани зани номаҳрам ба ғайр аз рӯй ва дастҳо то банди даст ҷоиз нест. Ҳамчунин нигоҳ кардан ба рӯй ва даст ва гӯш кардани овози зани номаҳрам, агар сабаби гуноҳ шавад, ҳаром аст.

Тибқи фатвои фақеҳон, бар зан фарз аст, ки тамоми баданашро аз номаҳрам пӯшонад. Албатта, дар пӯшонидани рӯй ва дастҳо аз ангуштҳо то банди даст, ихтилофи назар вуҷуд дорад ва аксари фақеҳон онро фарз намедонанд. Инчунин нигоҳ кардани зан ба бадани марди номаҳрам ҷоиз нест.

Даст задан ба бадани номаҳрам ва низ танҳо мондани мард ва зани номаҳрам бо якдигар, ки хавфи ба гуноҳ афтодан бошад, ҳаром аст. Дар фиқҳи исломӣ издивоҷ бо номаҳрам ҷоиз аст, ҳарчанд издивоҷ бо баъзе номаҳрамҳо дар баъзе ҳолатҳо ҳаром мегардад.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Ба касе ки маҳрам нест, номаҳрам гуфта мешавад. Манзур аз маҳрамҳо касонеанд, ки бо яке аз роҳҳои насаб, издивоҷ ва ризоъ, бо якдигар робитаи хешовандӣ пайдо мекунанд.[1] Ин истилоҳ дар бобҳои фиқҳие, монанди никоҳ, талоқ ва ҳудуд истифода шудааст.[2]

Дар оятҳои 30 ва 31 сураи Нур ба фурӯ бастани чашм аз нигоҳ ба номаҳрам ва ҳар чизе ки Худо ҳаром кардааст, фармон дода шудааст.[3] Дар ривоёти зиёде аз имомони маъсум (а), иртибот доштани зан ва марди номаҳрам, мазаммат шудааст.[4] Имом Боқир (а) гап задан бо номаҳрамро аз домҳои шайтон донистааст.[5] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) нигоҳ ба номаҳрам тири заҳролуде аз тирҳои шайтон дониста шудааст.[6] Бар асоси ривояте аз Имом Алӣ (а) ҳамсухан шудан бо занони номаҳрам, сабаби нузули бало ва инҳирофи дилҳо мешавад.[7]

Файзи Кошонӣ дар китоби Муҳаҷҷат-ул-байзоъ[8] ва Мулло Муҳаммадмаҳдии Нароқӣ дар китоби Ҷомеъ-ус-саодот[9] нигоҳ ба номаҳрамро куфрони неъмати чашм донистаанд.

Муртазо Мутаҳҳарӣ дар китоби Масъалаи ҳиҷоб, фалсафаи таъкид бар риояти ҳиҷоб ва пӯшиши муносиб барои занон дар дини Исломро умуре аз қабили ҳифзи саломат ва беҳдошти равонии инсон, саломат ва устувории ҷомеа, таҳкими низоми хонавода ва боло бурдани эҳтироми зан ва пешгирӣ аз ибтизоли ӯ донистааст.[10]

Аҳкоми иртибот бо номаҳрам

Дар фиқҳи исломӣ барои касоне ки нисбат ба якдигар номаҳраманд аҳкоме дар назар гирифта шудааст:

Ҳаром будани нигоҳ ба номаҳрам

  • Нигоҳ кардани мард ба бадани зани номаҳрам ба ғайр аз рӯй ва дастҳо аз ангуштон то банди даст ҳаром аст.[11] Ҳамчунин нигоҳ кардан ба рӯй ва дастҳо то банд агар ба қасди лаззат ва хавфи ба гуноҳ афтодан бошад, ҳаром аст.[12]
  • Нигоҳ кардани зан ба бадани марди номаҳрам ҳаром аст, магар ҷойҳое аз бадан, ки ба таври маъмул илтизом ба пӯшониданаш нест, монанди сар, дастҳо ва соқи пойҳо бидуни қасди лаззат ва хавфи афтодан дар ҳаром.[13]
  • Бино ба фатвои фуқаҳои шиа нигоҳ кардан ба рӯи зан бо нияти издивоҷ, ҷоиз аст.[14] Баъзе фуқаҳо нигоҳ кардан ба бадани зан – мӯй ва миқдоре аз бадан, монанди гардан ва қисмате аз сина - ба қасди издивоҷ ва бидуни қасди лаззатро низ ҷоиз медонанд.[15]
  • Нигоҳ кардан ба филм ва акси заноне, ки ҳиҷобро риоят намекунанд, дар сурате ки бешаҳват бошад ва он занонро нашиносад, ишколе надорад, аммо агар ононро шиносад, нигоҳ кардан ба филму аксашон ҳукми нигоҳ кардан ба худи ононро дорад.[16]
  • Нигоҳ кардани духтур ба бадани номаҳрам дар сурати зарурат барои муолиҷа, ҷоиз аст.[17]
  • Нигоҳ ба акси занони беҳиҷоби ғайримусулмон, агар бидуни қасди лаззат бошад ва маншаи фасод нагардад, ишкол надорад.[18]

Фарз будани пӯшиши бадан дар баробари номаҳрам

Бар занон фарз аст, ки бадани худро аз номаҳрам бипӯшонанд.[19] Албатта дар фаризаи пӯшидани рӯй ва дастҳо аз сари ангуштон то банди даст ихтилофи назар аст.[20] Бино ба назари фақеҳоне чун Шайхи Тӯсӣ,[21] Соҳиби Ҳадоиқ,[22] Шайхи Ансорӣ,[23] Сайид Муҳаммадкозими Яздӣ,[24] Сайид Муҳсини Ҳаким[25] Имом Хумайнӣ[26] ва Сайид Алӣ Хоманаӣ[27] пӯшидани рӯй ва дастҳо аз сари ангуштон то банди даст, бар занон фарз нест. Фақеҳоне монанди Аллома Ҳиллӣ дар китоби Тазкират-ул-фуқаҳо,[28] Фозили Миқдод[29] ва Сайид Абдулаъло Сабзаворӣ,[30] пӯшидани рӯй ва дастҳоро низ фарз донистаанд. Ҳамчунин ба назари ҳамаи фуқаҳо дар сурате, ки хавфи афтодан дар ҳаром ва ё қасди мубтало кардани марде ба ҳаром бошад, пӯшондани рӯй ва дастҳо низ фарз мешавад.[31]

Ҳаром будани ламси номаҳрам

Бино ба назари фуқаҳо ламси бадани номаҳрам ҷоиз нест. Албатта дар мавориди изтирор монанди: муолиҷа ва наҷоти ҷони инсон ҷоиз аст.[32] Ҳамчунин ламси бадани номаҳрам аз болои либос ё ҳоил дар сурате, ки бешаҳвату қасди лаззат бошад, ишколе надорад.[33] Баъзе фуқаҳо даст додан ба номаҳрамро агар аз болои порча ва ё бо дастак бошад ва бо нияти бад набошад ва дасти номаҳрам(чи зан бошад ва чи мард)-ро фишор надиҳад, ҷоиз донистаанд.[34]

Ҳукми гӯш додан ба овози зани номаҳрам

  • Бино ба назари фуқаҳо гӯш додан ба овози зани номаҳрам, бидуни қасди лаззат ва бидуни хавфи дар ҳаром афтодан, ҷоиз ва дар ғайри ин сурат ҳаром аст.[35]
  • Намоз хондани зан бо овози баланд дар ҷое, ки медонад номаҳрам овоозашро мешунавад, бино ба назари фақеҳоне монанди Шаҳиди Аввал, ҳаром ва мӯҷиби бутлони намоз аст.[36] Соҳиби Ҷавоҳир бо қабули ҳаром будани чунин амале, ботил шудани намоз ба василаи онро қабул накардааст.[37]

Ҳукми хилват кардан бо номаҳрам

Бино ба назари бархе фуқаҳо хилват кардан бо номаҳрам ҳаром аст.[38] Бархе фуқаҳо хилват кардан бо номаҳрамро фақат дар сурати эҳтимоли афтодан дар гуноҳ, ҳаром донистаанд.[39] Ба фатвои Оятуллоҳ Хуӣ (ваф. 1371ҳ.ш.) хилват кардан бо номаҳрам аз боби муқаддимаи ҳаром ва аз ин ҷиҳат, ки заминасози афтодан дар гуноҳ мешавад, ҳаром аст.[40] Бино ба назари Муҳаммадҳасани Наҷафӣ - нависандаи Ҷавоҳир-ул-калом, хилват кардан бо номаҳрам макруҳ аст.[41]

Сухан гуфтан

  • Бино ба назари фуқаҳо сухан гуфтан бо номаҳрам агар бе қасди лаззат бурдан ва ё хавфи вуқуъ дар ҳаром бошад, ҷоиз аст.[42]
  • Бино ба назари Мирзоҷаводи Табрезӣ сазовор аст, ки гап задан бо зани ҷавон, ҳатто бе қасди лаззат ё хавфи вуқуъ дар ҳаром, тарк шавад.[43]
  • Иртибот бо номаҳрам аз тариқи паёмак, чат ва имейл дар сурате, ки мӯҷиби фасод ва иртикоби гуноҳ шавад, ҳаром аст.[44]

Ҷоиз будани издивоҷ бо номаҳрам

  • Дар фиқҳи исломӣ, издивоҷ фақат бо номаҳрам ҷоиз аст ва бо маҳрамҳо ҷоиз нест.[45]
  • Албатта, хоҳари зан агарчи номаҳрам аст, аммо издивоҷ бо ӯ то вақте, ки зан зинда бошад, ё талоқ нагирифта бошад, ҷоиз нест.[46]
  • Издивоҷ бо бархе аз номаҳрамон бо тавваҷуҳ ба шароите барои ҳамеша ҳаром мешавад:
  1. Издивоҷи мард бо зане, ки нӯҳ бор ӯро талоқ додааст.[47]
  2. Издивоҷи мард бо зане, ки пеш аз издивоҷи ӯ бо модар ё духтараш зино кардааст.[48]
  3. Издивоҷи мард бо зани шавҳардор ва зане, ки дар иддаи талоқ бо ӯ зино кардааст.[49]
  4. Издивоҷи мард бо зане, ки пеш аз издивоҷ бо ӯ, бо писар, бародар ё падараш, ливот карда бошад.[50]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муҷтаҳидии Теҳронӣ, Се рисола: Гуноҳони кабира, Маҳраму номаҳрам, Аҳком-ул-ғайбат, 1381ҳ.ш., саҳ.10.
  2. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.237; Муассисаи доират-ул-маорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.405.
  3. Қироатӣ, Тафсири Нур, 1387ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.171 - 173.
  4. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.272.
  5. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.272.
  6. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.18.
  7. Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.151.
  8. Файзи Кошонӣ, Муҳаҷҷат-ул-байзоъ, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.161.
  9. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саодот, Муассисаи ал-Аъламӣ ли-л-матбуот, ҷ.3, саҳ.245.
  10. Мутаҳҳарӣ, Масъалаи ҳиҷоб, 1386ҳ.ш., саҳ.76.
  11. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.75.
  12. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.75; Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1415ҳ.қ., саҳ.508.
  13. Систонӣ, Тавзеҳулмасоил, 1415ҳ.қ., саҳ.508; Макорими Шерозӣ, Аҳкоми хонавода, 1389ҳ.ш., саҳ.22.
  14. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1412ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.40.
  15. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.97 - 98; Табрезӣ, Истифтооти ҷадид, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.355.
  16. Табрезӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.356.
  17. Хуӣ, Истифтоъот, саҳ.299; Макорими Шерозӣ, Аҳкоми хонавода, 1389ҳ.ш., саҳ.25.
  18. Макорими Шерозӣ, Аҳкоми хонавода, 1389ҳ.ш., саҳ.31.
  19. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.4.
  20. Муассисаи доират-ул-маорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.283.
  21. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.160.
  22. Баҳронӣ, Ҳадоиқ-ун-нозира, Муассисаи ан-нашрул-исломӣ ат-тобеъат ли ҷамоъат-ил-мударрисин, ҷ.23, саҳ.56.
  23. Шайхи Ансорӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1415ҳ.қ., саҳ.48.
  24. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1430ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.206.
  25. Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, 1391ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.241 - 242.
  26. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.261.
  27. «Пушиш ва нигоҳ кардан», сайти Khamenei.ir.
  28. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, ал-Мактабат-ур-Разавия ли эҳё-ил-осор-ил-Ҷаъфария, ҷ.2, саҳ.573.
  29. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.222.
  30. Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.230 - 237.
  31. Баҳронӣ, Ҳадоиқ-ун-нозира, Муассисаи ан-нашр-ул-исломӣ ат-тобеъат ли ҷамоат-ил-мударрисин, ҷ.23, саҳ.56; Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1415ҳ.қ., саҳ.508.
  32. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.100.
  33. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.99; Муассисаи доират-ул-маорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳия, 1423ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.381.
  34. Имом Хумайнӣ, Рисолаи наҷот-ул-ибод, 1409ҳ.қ., саҳ.363.
  35. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.490.
  36. Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.322.
  37. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.383 - 384.
  38. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1412ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.323 - 325.
  39. Муассисаи доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳия, 1423ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.185.
  40. Тавҳидӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.350.
  41. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.344.
  42. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.99.
  43. Табрезӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1385ҳ.ш., саҳ.362.
  44. «Иртибот бо номаҳрам аз тариқи паёмак, чат ва имейл», сайти Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
  45. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.224; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.237.
  46. Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи Тавзеҳулмасоили сездаҳ марҷаъ, 1385ҳ.ш., аҳкоми никоҳ, масъалаи 2390.
  47. Муфид, ал-Муқниъа, муассисаи нашри исломӣ, ҷ.1, саҳ.501.
  48. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1412ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.297 - 298.
  49. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.446.
  50. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.233.

Сарчашма

  • «Пушиш ва нигоҳ кардан», сайти Khamenei.ir, санаи дарҷи матлаб: 14 меҳрмоҳи 1393ҳ.ш., санаи боздид: 4 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, маншуроти ал-Мактабат-ул-Муртазавия ли эҳё-ил-осор-ил-Ҷаъфария, бе то.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Рисолаи Тавзеҳ-ул-масоили сездаҳ марҷаъ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1385ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Юсуф, Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳкоми Итрат-ит-тоҳира, Қум, Муассисаи ан-нашрул-исломӣ ат-тобеъат ли ҷамоат-ил-мударрисин, бе то.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, Қум, Муассисаи ан-нашрул-исломӣ, чопи дуввум, 1404ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Рисолаи наҷот-ул-ибод, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, матбааи Муассисаи ал-Уруҷ, чопи аввал, 1434ҳ.қ.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии Дарсҳое аз Қуръон, 1387ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Аҳкоми хонавода, Қум, Имом Алӣ ибни Абитолиб алайҳиссалом, чопи дуввум, 1389ҳ.ш.
  • Муассисаи доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳия, Қум, Муассисаи доират-ул-маорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, 1423ҳ.қ.
  • Муассисаи доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, Муассисаи доират-ул-маорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Масъалаи ҳиҷоб, Қум, интишороти Садро, 1386ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, Қум, Муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, чопи дуввум, 1414ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом, Қум, Муассисаи Исмоилиён, чопи дуввум, 1408ҳ.қ.
  • Муҷтаҳидии Теҳронӣ, Аҳмад, Се рисола: Гуноҳони кабира, Маҳрам ва номаҳрам, Аҳком-ул-ғайбат, Қум, Муассисаи Дар роҳи ҳақ, 1381ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Мулломуҳаммадмаҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Бейрут, муассисаи ал-Аъламӣ ли-л-матбуот, чопи чаҳорум, бе то.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт алайҳимуссалом ли эҳё-ит-турос, 1408ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, интишороти Дор-ут-тафсир, 1413ҳ.қ.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, интишороти меҳр, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисаи ҷаҳонии Сибтайн (алайҳимуссалом), 1430ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Мирзоҷавод, Истифтоъоти ҷадид, Қум, интишороти Сарвар, чопи сеюм, 1385ҳ.ш.
  • Тавҳидӣ, Муҳаммадалӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, Қум, интишороти Ансориён, 1417ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳмуртазо, Муҳаҷҷат-ул-байзоъ, Қум, Муассисаи ан-нашрул-исломӣ, чопи чаҳорум, 1417ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, интишороти Муртазавӣ, 1373ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Истифтоъот, Наҷаф, Муассисат-ул-Хуӣ ал-исломия, бе то.
  • Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсаки ал-урват-ул-вусқо, Қум, Дор-ут-тафсир, 1391ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ун-никоҳ, Қум, турос-уш-Шайх-ил-Аъзам, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи дуввум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-Муртазавия ли эҳё-ил-осор-ил-Ҷаъфария, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикро-ш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, муассисаи Ол-ул-байт алайҳимуссалом, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, Муассисаи ал-маъориф-ул-исломия, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддини Маккӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, Қум, интишороти Доварӣ, 1410ҳ.қ.