Jump to content

Ватйи ба шубҳа

Аз wikishia

Ватйи ба шубҳа (форсӣ: وَطْی به شُبهه) омезиш бо зани бегона ба гумони ҳалол будани он аст. Масалан, издивоҷ ва ҳамбистарӣ бо зане, ки дар идда қарор дорад, бо гумони он ки чунин издивоҷ дуруст аст. Фиқиҳон ин амалро монанди зино ҳаром намешуморанд ва пардохти маҳрулмисл ба зан ва риояи иддаро бар ӯ воҷиб мешуморанд.

Ба фатвои онҳо, ватйи ба шубҳа монанди издивоҷ боиси маҳрам шудани модар, духтар ва набераи духтарии зан барои мард, ва падар, писар ва набераи писарии мард барои зан мегардад. Ҳамчунин, аз нигоҳи фиқиҳон, падару модари фарзанди таваллудшуда аз ватйи ба шубҳа, соҳиби нутфаанд ва фарзанд аз онҳо ва онҳо аз ӯ ирс мебаранд. Аммо ҳар кадоме аз мард ё зан, ки мавзуъро шубҳанок намедониста ва қасдан ин амалро анҷом дода бошад, фарзанд нисбат ба ӯ ҳукми валадуззино дорад ва аз якдигар мерос намебаранд.

Мафҳум ва ҷойгоҳ

Ватйи ба шубҳа, ҳамбистарие ғайришаръӣ аст, ки шахс намедонад, кори ӯ ҳаром мебошад.[1] Дар Донишномаи фарҳанги фиқҳ, ин амал ҳамчун ҳамбистарӣ бо зани бегона бо гумони ҳалол будан таъриф шудааст.[2] Ватйи ба шубҳа метавонад аз сабаби иштибоҳ дар мавзуъ бошад — масалан, занеро ба ҷои ҳамсараш иштибоҳ кардан — ё иштибоҳ дар ҳукм;[3] масалан, бо зане ки дар идда қарор дорад издивоҷ ва ҳамбистарӣ кунад, ба гумони он ки чунин издивоҷ дуруст аст.[4]

Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ аз мароҷеи тақлид, истилоҳи «ватйи ба шубҳа» дар ҳадисҳои маъсумин наомадааст ва миёни фиқиҳон маъмул аст.[5] Дар фиқҳ, бештар дар боби никоҳ ин мавзуъ мавриди баҳс қарор гирифтааст.[6]

Ҳукми шаръӣ

Бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди ҷаҳл дар ватйи ба шубҳа, фиқиҳон омили онро гунаҳкор намешуморанд.[7] Бо вуҷуди ин, ин амал аҳкоме дорад, ки дар китобҳои фиқҳӣ матраҳ шудааст:

  • Собит нашудани ҳадди зино: ватйи ба шубҳа ҳукми зиноро надорад; зеро ба сабаби шубҳа, дар доираи «таҷовуз дар иртиботи ҷинсӣ» қарор намегирад.[8] Бинобар ин ҳадди зино бар он татбиқ намешавад.[9] Албатта, бархе бар ин назаранд, ки ба иллати беэҳтиётии омил, бар асоси бархе ривоёт,[10] ӯ сазовори таъзир аст.[11]
  • Маҳр: Ин амал сабаби собит шудани маҳрулмисл барои зан мешавад;[12] яъне муносиби шаъни зан, ба ӯ маҳр пардохт мегардад.[13] Албатта, ин дар сурате аст ки шубҳа барои ҳар ду тараф ё танҳо барои зан бошад; аммо агар зан аз ҳаром будани он огоҳ бошад, маҳре ба ӯ тааллуқ намегирад.[14]
  • Нафақа: Дар ватйи ба шубҳа, ба зан нафақа тааллуқ намегирад;[15] аммо фиқиҳон дар мавриди нафақаи зане, ки бо ин амал ҳомила шудааст, ихтилофи назар доранд.[16] Масалан, Шайхи Тӯсӣ, аз фиқиҳони қарни панҷум, бар он аст ки дар ин ҳолат, нафақа барои ҷанин собит мешавад;[17] аммо Соҳиби Ҷавоҳир, аз дигар фиқиҳони шиа, бо ин назар мухолиф аст.[18]
  • Идда: Аз дидгоҳи фиқҳи шиа ва аҳли суннат, дар пайи ватйи ба шубҳа, зан бояд аз лаҳзаи бартараф шудани шубҳа,[19] идда нигаҳ дорад[20] ва дар ин муддат бо марде издивоҷ ё ҳамбистарӣ накунад — ҳатто бо шавҳари худ. Миқдори иддаи ватйи ба шубҳа монанди иддаи талоқ аст: се давраи ҳайз ё сипарӣ шудани се моҳ.[21]
  • Хешовандӣ ва маҳрамият: Ба гуфтаи Фозили Миқдод, аз фақиҳони имомия, аксарияти фақиҳони шиа ва гурӯҳе аз аҳли суннат бар онанд, ки ватйи ба шубҳа боиси пайдо шудани хешовандӣ мегардад;[22] яъне модар, духтар ва набераи духтарии зан ба мард ва инчунин падар, писар ва набераи писарии мард барои зан маҳрам мешаванд.[23] Албатта, бар асоси назари машҳур, ин ҳукм дар ҳолате аст ки ватйи ба шубҳа пеш аз издивоҷ бо яке аз онҳо иттифоқ афтода бошад; вале агар пас аз издивоҷ бошад, ватйи ба шубҳа боиси ботил шудани издивоҷи дурусти онҳо намешавад.[24] Масалан, агар марде бо зане ватйи ба шубҳа кунад, издивоҷ бо духтари ӯ ҷоиз нест; вале агар бо зане издивоҷ карда ва баъдан бо духтари ӯ ватйи ба шубҳа дошта бошад, ин ватйи ба шубҳа боиси ботил шудани издивоҷи қаблии ӯ бо модар намешавад.[25]

Насаб ва мероси фарзанд

Бар асоси фатвои фиқиҳон, волидони фарзанди таваллудшуда аз ватйи ба шубҳа (Фарзанди шубҳа) онҳое маҳсуб мешаванд, ки фарзанд аз нутфаи онҳо ба вуҷуд омадааст.[26] Соҳиби Ҷавоҳир дар ин бора иддаои иҷмоъ кардааст.[27] Ӯ мегӯяд, агар мард ва зан ҳар ду дар ин маврид иштибоҳ кунанд, фарзанд ба ҳардуи онҳо марбут мешавад[28] ва аз онҳо ирс мебарад;[29] аммо агар яке аз онҳо мавзуъро шубҳанок намедониста ва қасдан ин амалро анҷом дода бошад, фарзанд нисбат ба ӯ валадуззино шуморида мешавад ва аз ӯ мерос намебарад.[30]

Ба гуфтаи фиқиҳон, агар зани шавҳардор гирифтори ватйи ба шубҳа шавад ва ҳомила гардад, дар сурати вуҷуди нишонае ки фарзанд мутааллиқ ба шавҳар ё марде нест, ки бо ӯ ҳамбистарӣ кардааст (мисли он ки фосилаи ҳамбистарии зан бо яке аз онҳо беш аз шаш моҳ бошад), фарзанд ба тарафи дигар мансуб мешавад;[31] аммо агар эҳтимоли нисбат додани фарзанд ба ҳарду тараф баробар бошад, ихтилофи назар вуҷуд дорад: бархе фарзандро мансуб ба ҳамбистарии дуюм медонанд;[32] бархе ӯро мутааллиқ ба шавҳар мешуморанд[33] ва гурӯҳе бар онанд ки бо анҷоми қуръа, фарзанд ба яке аз тарафҳо тааллуқ мегирад.[34]

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.302; Нароқӣ, Мустанад-уш-шиа, 1415ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.221; Исфаҳонӣ, Василат-ун-наҷот, 1422ҳ.қ., саҳ.717
  2. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.150
  3. Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.144
  4. Макорими Шерозӣ, Аҳкоми бонувон, 1428ҳ.қ., саҳ.227
  5. Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.122
  6. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151
  7. Мунтазирӣ, Рисолаи истифтоот, Қум, ҷ.3, саҳ.372
  8. Ҷурҷонӣ, Тафсири Шоҳӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.286
  9. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151
  10. Шайх Ҳурр Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.66, ҳадиси 17
  11. Макорими Шерозӣ, Таъзир ва густараи он, 1425ҳ.қ., саҳ.50
  12. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.246
  13. Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.42
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.379
  15. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.613
  16. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151
  17. Шайхи Тӯсӣ, Ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.27
  18. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.340
  19. Макорими Шерозӣ, Аҳкоми бонувон, 1428ҳ.қ., саҳ.224
  20. Барои намуна ниг.: Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.303; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.340; Ҳуҷҷовии Муқаддасӣ, ал-Иқноъ, Дар-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.456
  21. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.340
  22. Ҳиллӣ, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.187
  23. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151
  24. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.373–374
  25. Муҳаққиқи Домод, Баррасии фиқҳии ҳуқуқи хонавода, Қум, саҳ.124
  26. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.225
  27. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.244 ва ҷ.31, саҳ.248
  28. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.248
  29. Қиблаӣ, «Баррасии аҳкоми фиқҳӣ ва ҳуқуқии ҳамл ва ҷанин аз зино ва ватйи ба шубҳа», саҳ.16
  30. Тоҳирӣ, Ҳуқуқи мадании Эрон, 1418ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.350
  31. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.248; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Дор-ул-илм, ҷ.2, саҳ.308
  32. Қумӣ, ал-Ғоят-ул-қусво, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.283
  33. Фозили Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариат (ан-никоҳ), 1421ҳ.қ., саҳ.516
  34. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.248; Муғния, Фиқҳ-ул-Имом ас-Содиқ (а), 1421ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.296

Сарчашма

  • Исфаҳонӣ, Сайид Абулҳасан, Василат-ун-наҷот, Қум, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, нашри аввал, 1422ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, Муассисаи матбуоти Дор-ул-илм, нашри аввал, б.т.
  • Буҷнурдӣ, Сайид Ҳасан, Ал-Қавоид-ул-фиқҳия, Қум, Нашри Ҳодӣ, 1419ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Муҳаммадтақии Иравонӣ ва Сайид Абдурраззоқ Муқаррам, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, нашри аввал, 1405ҳ.қ.
  • Ҷурҷонӣ, Сайид Амир Абулфатҳ, Тафсири Шоҳӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ишроқии Саробӣ, Мирзо Валиюллоҳ, Теҳрон, интишороти Навид, нашри аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ҳиҷовии Муқаддасӣ, Мӯсо ибни Аҳмад, ал-Иқноъ фи фиқҳи Имоми Аҳмад ибни Ҳанбал, Байрут, Дор-ул-маърифа, б.т.
  • Ҳиллӣ, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, интишороти Муртазоӣ, нашри аввал, 1425ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Муассисаи Ал-Манор, нашри чаҳорум, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнулъобидин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароеъ-ул-Ислом, Қум, Муассисаи маорифи исломӣ, нашри аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсили Васоил-уш-шиа ило таҳсили масоил-иш-шариа, Қум, Муассисаи Оли Байт (а), нашри аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасан, Ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия ли эҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, нашри сеюм, 1387ҳ.қ.
  • Тоҳирӣ, Ҳабибуллоҳ, Ҳуқуқи маданӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, нашри дуюм, 1418ҳ.қ.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариати фи шарҳи Таҳрир-ил-васила (ан-никоҳ), Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Аҳли Байт (а), нашри аввал, 1421ҳ.қ.
  • Қиблаӣ, Халил, «Баррасии аҳкоми фиқҳӣ ва ҳуқуқии ҳамл ва ҷанин аз зино ва ватйи ба шубҳа», дар маҷаллаи "Дидгоҳҳои ҳуқуқи қазоӣ", №8, зимистони 1376ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, ал-Ғоят-ул-қусво дар тарҷумаи Урват-ул-вусқо, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиризо Асадуллоҳифард, Қум, нашриёти Субҳи пирӯзӣ, нашри аввал, 1423ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Ал-Кофӣ, Теҳрон, Дар-ул-кутуби исломия, 1407ҳ.қ.
  • Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқ бо мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи Доират-ул-маориф, 1387ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Надҷмуддин Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Абдулҳусайн Муҳаммад Алӣ Бақол, Қум, Муассисаи Исмоилиён, нашри дуюм, 1408ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Домод, Сайид Мустафо, Баррасии фиқҳии ҳуқуқи хонавода — никоҳ ва фасхи он, Қум, б.н., нашри аввал, б.т.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Фиқҳ-ул-Имом ас-Содиқ (а), Қум, Муассисаи Ансориён, нашри дуюм, 1421ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Аҳкоми бонувон, Қум, интишороти мадрасаи Имоми Алӣ ибни Абӯтолиб (а), нашри ёздаҳум, 1428ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Таъзир ва густараи он, Қум, интишороти мадрасаи Имоми Алӣ ибни Абӯтолиб (а), нашри аввал, 1425ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Китоб-ун-никоҳ, Қум, интишороти мадрасаи Имоми Алӣ ибни Абӯтолиб (а), нашри аввал, 1424ҳ.қ.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайн Алӣ, Рисолаи истифтоот, Қум, б.н., нашри аввал, б.т.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Аббос Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Байрут, Дару эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, нашри ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Мавло Аҳмад, Мустанад-уш-шиа фи аҳком-иш-шариа, Қум, Муассисаи Оли Байт (а), нашри аввал, 1415ҳ.қ.