Маҳрамияти ризоъӣ
Ин мақола дар бораи маҳрамҳои ризоъӣ аст. Барои ошноӣ бо мафоҳими маҳрамият ва ризоъӣ мадхалҳои маҳрамҳо ва разоъро бубинед.
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ аст ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Маҳрамияти ризоъӣ (арабӣ: التحريم بالرضاع), навъе маҳрамият аст, ки бар асари шир хурдан байни ду нафар ё бештар эҷод мешавад ва бар асоси он издивоҷашон бо якдигар ҷоиз нест. Ин навъ маҳрамият шароите дорад, аз ҷумла ин ки зани ширдиҳанда аз роҳи шаръӣ бордор шуда бошад, шир хӯрдан зиёду бардавом ва паиҳам бошад ва дар миёнааш аз шири зани дигар ё ғизои дигаре нахӯрад ва синни ширхор камтар аз ду соли қамарӣ бошад.
Ба касоне, ки бар асари шир маҳрам шаванд, маҳрами ризоъӣ гуфта мешавад ва аҳкоми хоссе, монанди ҳаром будани издивоҷи байнашон ҷорӣ мегардад. Дар маҳрамияти ризоъӣ агар ширхор писар бошад, бо модари ризоъӣ (зане, ки ба ӯ шир дода), ва низ модар, модаркалон, хоҳар, духтар, набера, амма ва холаҳои ӯ маҳрам мешавад ва агар ширхор духтар бошад, бо падари ризоъӣ (шавҳари зане, ки ӯро шир дода) ва низ падар, бародар, амак, тағо, писар ва набераҳои ӯ маҳрам мешавад. Ҳамчунин бародар, фарзанд, набера, падару падаркалон, амак ва тағои зан низ бар ӯ маҳрам мешаванд.
Бархе фақиҳони аҳли суннат ризоъи кабир(шир хӯрдани марди болиғ аз пистони зани номаҳрам)-ро аз сабабҳои маҳрамият донистаанд. Бештари фақиҳони аҳли суннат ва ҳамаи фақиҳони шиа бо ин ҳукм мухолиф буда ва онро ҳаром медонанд.
Мафҳумшиносӣ
Маҳрамияти ризоъӣ, навъе хешовандие аст, ки бар асари шир хӯрдан байни ду нафар ё бештар эҷод мешавад ва бар асоси он издивоҷ бо онҳо ҳаром аст.[1] Маҳорими ризоъӣ касонеанд, ки аз тариқи шир хӯрдан бо якдигар нисбати хешовандӣ пайдо карда ва ба ҳамдигар маҳрам мешаванд ва бар асоси он, аҳкоми хоссе монанди ҳаром будани издивоҷ байни онон ҷорӣ мегардад.[2] Дар китобҳои фиқҳӣ, ба кӯдаке, ки шири зане ғайр аз модарашро бо шароити хоссе, хӯрда «муртазаъ»; ба зани ширдиҳанда, «мурзиа» ва ба соҳиби шир (марде, ки зани ширдеҳ аз ӯ бордор шудааст) «фаҳл» ё «соҳиби лабан» мегӯянд.[3]
Аз ин истилоҳ дар абвоби фиқҳии никоҳ ва ирс баҳс мешавад.[4]
Шароит
Фуқаҳои шиа бо истинод ба оёти Қуръон ва ривоёти маъсумон (а), барои маҳрамият бо роҳи шир хӯрдан, шароите зикр кардаанд:[5]
- Зани ширдиҳанда аз роҳи шаръӣ бордор шуда бошад.[6]
- Ширхор ба андозае шир бихӯрад, ки гушт бирӯяд ва устухон муҳкам гардад.[7]
- Ширхор, ҳаддиақал як шабонарӯз аз зани ширдиҳанда, шир бихӯрад ва дар ин муддат, ғизои кӯдак фақат шири он зан бошад.[8] Ошомидани об ба хотири рафъи ташнагӣ ва хӯрдан ё ошомидан доруе, ки барои мудово ба кӯдак хӯронда мешавад, агар аз ҳадди мутаораф хориҷ нашавад, халале дар ин ҳукм ворид намекунад.[9]
- Фақеҳоне чун Шайхи Муфид,[10] Салори Дайламӣ,[11] Ибни Барроҷ,[12] Абусалоҳ Ҳалабӣ,[13] ва Аллома Ҳиллӣ[14] теъдоди дафаоти шир хӯрданро 10 дафъа ва фақеҳоне монанди Шайхи Тӯсӣ,[15] Муҳаққиқи Ҳиллӣ[16] ва Шаҳиди Аввал[17] теъдоди онро 15 дафъа донистаанд.
- Муддат ва дафъаи шир хӯрдан ба сурати пайиҳам ва аз як зан бошад ва дар байни он, ғизо ё шири зани дигареро нахӯрад.[18]
- Ширхор, ширро аз пистон бимакад, на аз роҳи дигар[19]
- Синни ширхор камтар аз ду соли қамарӣ бошад.[20] Агар бахше аз шир хӯрдани кудак баъд аз ду солагӣ бошад, маҳрамият пайдо намешавад.[21]
Чунонки дар Тафсири Намуна омадааст, фалсафаи маҳрамияти ризоъӣ монандие аст, ки фарзандони ризоъӣ бо фарзандони насабӣ бар асари парвариши гушту устухон бо шири ширдиҳанда пайдо мекунанд ва ҳар кадом ҷузъе аз бадани ӯ маҳсуб мешаванд.[22]
Маҳрамҳои ризоъӣ
Фуқаҳо бо истинод ба ривояте аз Пайғамбар (с) ки мефармояд: «Ҳар он чи ба воситаи насаб ҳаром аст, ба воситаи ризоъ низ ҳаром аст»,[23] ҳамаи заноне ки ба воситаи насаб, издивоҷ бо онҳо ҳаром аст, издивоҷ бо онҳо ба воситаи ризоъро низ ҳаром донистаанд.[24] Дар сурати таҳаққуқи шароити маҳрамият ба василаи ризоъ (шир хӯрдан), афроди зер нисбат ба якдигар маҳрам мешаванд:
- Агар ширхор духтар бошад, бо шавҳари зане, ки ӯро шир додааст (падари ризоъӣ) ва низ падар, бародар, амак, тағо, писар ва набераҳои шавҳари он зан маҳрам мешавад ва ҳамчунин падару падаркалон, бародар, писар, набера, амак ва тағои зан низ бар ӯ маҳрам мешаванд.[25]
- Агар ширхор писар бошад, бо зане, ки ба ӯ шир додааст (модари ризоъӣ), ва низ модар, модаркалон, хоҳар, духтар, набера, амма ва холаҳои ӯ маҳрам мешавад.[26]
Афроди мазкур танҳо ба кӯдаке, ки шир хӯрдааст маҳрам мешаванд, на бо хешовандони ӯ, ҳатто падар ва бародарони вай ҳам маҳрам намешаванд.[27]
Ризоъи кабир
Унвоне аст, ки дар сарчашмаҳои ривоӣ ва фиқҳии аҳли суннат матраҳ шуда[28] ва ба маънои шир хӯрдани бузургсол ё марди болиғе аз пистони зани номаҳрам аст.[29] Бархе аз фуқаҳои аҳли суннат бо истинод ба ривояте аз Оиша, ки бар асоси он, Пайғамбар (с) ба зане барои эҷоди маҳрамият бо марди болиғи бегонае, иҷоза доданд, ки аз шири худаш ба ӯ бидиҳад, то бо ӯ маҳрам шавад,[30] шир хӯрдани марди болиғи бегона аз зани ширдеҳро аз сабабҳои маҳрамияту хешовандӣ донистаанд.[31]
Бино ба нақли Ибни Рушд дар китоби Бидоят-ул-муҷтаҳид, дар эҷоди маҳрамият ба воситаи шир хӯрдани баъд аз дусолагии кӯдак, ихтилофи назар аст.[32] Ӯ муътақид аст, бештари фуқаҳои аҳли суннат монанди Молик, Абуҳанифа ва Шофеӣ, шир хӯрдани баъд аз дусолагии ширхор(ризоъи кабир)-ро сабаби маҳрамият надониста ва онро ҳаром медонанд.[33]
Фуқаҳои шиа дар хусуси барқарор нашудани маҳрамияту хешовандӣ ба василаи ризоъи кабир ва ҳамчунин дар ҳаром будани чунин амале, иттифоқи назар доранд.[34]
Банки шир
Банки шири модар, воҳиде барои ҷамъоварӣ, захира ва пахши шир барои масрафи навзодони бемору нораси маҳрум аз шири модар аст.[35] Идеяи таъсиси банки шир дар соли 1909 мелодӣ аз тарафи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ матраҳ шуд ва як сол баъд аввалин маркази банки шири модарон дар Амрико эҳдос шуд.[36] Аввалин маркази банки шир дар Эрон низ дар тирамоҳи соли 1395ҳ.ш. дар Табрез таъсис шуд.[37]
Аз назари фақиҳони шиа, истифода аз ширҳои банки шир сабаби маҳрамият намешавад;[38] зеро аз назари онон шир хӯрдан фақат дар сурате сабаби маҳрамият мешавад, ки аз пистон макида шавад.[39] Аммо бархе аз фуқаҳои аҳли суннат истифодаи навзод аз ширҳои банки ширро сабаби дарҳам омехтагии наслу насаб ва як амали ғайриисломӣ донистаанд;[40] зеро фақеҳоне монанди Молик ибни Анас шир хӯрдани кӯдак аз пистон ва ё аз ҳар тариқи дигаре, ки дар ҳалқи ӯ рехта шавадро сабаби маҳрамият донистаанд.[41]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.264 - 309.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.264.
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.93.
- ↑ Доират-ул-маорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.537.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.264; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1434ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.280.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.264.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.271.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.95.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.271.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.502.
- ↑ Салори Дайламӣ, ал-Маросим, 1404ҳ.қ., саҳ.149.
- ↑ Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.190.
- ↑ Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403ҳ.қ., саҳ.285.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.70.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.95.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.227.
- ↑ Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-Димишқия, 1410, саҳ.163.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.293.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.329.
- ↑ Мағрибӣ, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.240.
- ↑ Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, маншурот-ул-мактаба, ҷ.2, саҳ.182; Муқаддаси Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактабат-ул-Муртазавия, саҳ.524.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228 - 229; имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.288.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.229; имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.288.
- ↑ Фаллоҳзода, Омӯзиши фиқҳ, 1382ҳ.ш., саҳ.360.
- ↑ Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.1076.
- ↑ Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.1076.
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, 1421ҳ.қ., ҷ.40, саҳ.130.
- ↑ Ибни Ҳазм, ал-Муҳалло би-л-осор, 1425ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.205.
- ↑ Ибни Рушд, Бидоят-ул-муҷтаҳид, 1995м., ҷ.2, саҳ.130.
- ↑ Ибни Рушд, Бидоят-ул-муҷтаҳид, 1995м., ҷ.2, саҳ.130.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.293; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.282; Субҳонӣ, Низом-ун-никоҳ фи-ш-шариъат-ил-исломият-ил-ғарроъ, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.289.
- ↑ «Банки шири модар», сайти Маркази омӯзишӣ-дармонии ҳазрати Зайнаб (с).
- ↑ Муртозӣ, “Пажӯҳише дар таърихча ва зарурати таъсиси банки шири модарон ва чолишҳои фиқҳӣ - ҳуқуқии пеши рӯи он”, саҳ.58.
- ↑ «Гуфтугӯ бо мудири аввалини «банки шири модар» дар Эрон», сайти хабаргузории Тасним.
- ↑ Фалоҳ Тафтӣ, «Баррасии татбиқии ҳукми таъсиси банки шир дар мазоҳиби исломӣ», саҳ.119.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.20, саҳ.386; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.294.
- ↑ Фалоҳи Тафтӣ, «Баррасии татбиқии ҳукми таъсиси банки шир дар мазоҳиби исломӣ», саҳ.115 - 116.
- ↑ Ибни Қудома, Шарҳ-ул-кабир, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, ҷ.9, саҳ.202.
Сарчашма
- «Банки шири модар», сайти Маркази омӯзишӣ-дармонии ҳазрати Зайнаб (с), санаи дарҷи матлаб: 8 деймоҳи 1399ҳ.ш., санаи боздид: 20 фарвардини 1400ҳ.ш.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиа, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, чопи дуввум, 1413ҳ.қ.
- Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, Доират-ул-маорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, 1387ҳ.ш.
- Ибни Барроҷ, Абдулазиз, ал-Муҳаззаб, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1406ҳ.қ.
- Ибни Қудома, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-кабир, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, бе то.
- Ибни Рушд, Муҳаммад ибни Аҳмад, Бидоят-ут-муҷтаҳид ва ниҳоят-ул-муқтасид, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1995м.
- Ибни Ҳазм, Алӣ ибни Аҳмад, ал-Муҳалло би-л-осор, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1425ҳ.қ.
- Ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, Бейрут, Муассисаи ар-Рисолат, 1421ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрирулвасила, Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1434ҳ.қ.
- Мағрибӣ, Қозӣ Нуъмон, Даъоим-ул-Ислом, Қум, муассисаи Ол-ул-байт алайҳимуссалом, чопи дуввум, 1385ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Мансур, Ҷаҳонгир, Қонуни маданӣ бо охирин ислоҳияҳо ва илҳоқоти ҳамроҳ бо қонуни масъулияти маданӣ, Теҳрон, нашри дидор, 1389ҳ.ш.
- Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Зубдат-ул-баён фи оётил-аҳком, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-Муртазавия ли эҳё-ил-осор-ил-Ҷаъфария, чопи аввал, бе то.
- Муртозӣ, Аҳмад, “Пажӯҳише дар таърихча ва зарурати таъсиси банки шири модарон ва чолишҳои фиқҳӣ - ҳуқуқии пеши рӯи он”, ахлоқ ва таърихи пизишкӣ, №5, баҳманмоҳи 1394ҳ.ш.
- Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, Қоҳира, интишороти Дор-ул-ҳадис, 1419ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом, Қум, муассисаи Исмоилиён, чопи дуввум, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Салори Дайламӣ, Ҳамза ибни Абдулазиз, ал-Маросим фи-л-фиқҳ-ил-имомӣ, Қум, маншурот-ул-ҳарамайн, 1404ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Низом-ун-никоҳ фи-ш-шариъат-ил-исломият-ил-ғарроъ, Қум, муассисат-ул-Имом-ис-Содиқ (а), 1416ҳ.қ.
- Фалоҳ Тафтӣ, Фотима, «Баррасии татбиқии ҳукми таъсиси банки шир дар мазоҳиби исломӣ», пажӯҳишҳои фиқҳӣ, №1, баҳори 1395ҳ.ш.
- Фалоҳзода, Ҳусайн, Омӯзиши фиқҳ, Қум, интишороти Алҳодӣ, 1382ҳ.ш.
- Фозили Миқдод, Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, маншурот-ул-мактабат-ул-Муртазавия ли эҳё-ил-осорил-Ҷаъфария, бе то.
- Ҳалабӣ, Абусалоҳ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, Исфаҳон, Мактабат-ул-Имом Амирулмуъминин алайҳиссалом, 1403ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, муассисаи Олулбайти алайҳимуссалом ли эҳё-ит-турос, 1416ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, ал-Мактабат-ул-Муртазавия ли эҳё-ил-осор-ил-Ҷаъфария, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1407ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-Димишқия, Бейрут, Дор-ул-турос, 1410ҳ.қ.