Ороиши занон
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Ороиши занон (форсӣ: آرایش زنان) зебу зинат додани чеҳра, бадан, мӯй ё нохуни занон аст, ки дар фиқҳ барои онҳо аҳкоме омадааст. Ороиши занон ҷоиз аст, аммо барои шавҳар. Шавҳар агар талаб кунад, бар зан ороиш фарз мешавад ва агар талаб накунад, мустаҳаб аст. Ороиши занон дар ҳоли эҳром ва дар иддаи вафоти шавҳар ҷоиз нест.
Фақеҳони шиа, пӯшондани ороишро дар назди номаҳрам барои занон фарз донистаанд. Барои ороиши занҳо пул гирифтан, агар барои кори ҳалоле бошад ҷоиз аст. Барои намоз ороишро пӯшондан шарт нест, балки тибқи фатвои бархе аз фақеҳон, ороиши занон барои намоз мустаҳаб аст.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
Ороиш ба маънои зебо кардани чеҳра бо истифода аз маводи ороишӣ, ё бардоштани мӯйҳои зиёдатии рӯй, ё печидан ва дуруст кардан мӯйҳо ва ё оростани нохунҳо аст.[1]
Аз ороиш дар китобҳои фиқҳӣ бо калимаи «зинат» ёд шудааст;[2] албатта маънои зинат куллитар аз ороиш буда ва шомили дигар зебоиҳо низ мешавад.[3] Дар луғатномаҳо, зинат ба «ҳар чизе ки аз он барои оростан истифода шавад» маънӣ шудааст.[4]
Дар ривоёт ба зинат кардани занон супориш шудааст.[5] Барои намуна, бар асоси ривояте аз Имом Боқир (а), шоиста нест зан дастҳои худро бе ҳино раҳо кунад.[6] Бинобар ривояти дигаре, яке аз вижагиҳои зани хуб, ороиш кардан барои шавҳар ва пӯшондани зинат аз номаҳрамон аст.[7]
Дар китобҳои фиқҳӣ, дар бобҳои мухталифе монанди никоҳ,[8] ҳаҷ,[9] намоз[10] ва макосиби муҳаррама (тадлиси мошита) [Ёддошт 1][11] аз ороиши занони ёд шудааст.
Мисдоқҳо ва намунаҳо
Дар китобҳои фиқҳии шиа, мавориде монанди сурма кашидан, хизоби абрӯҳо,[12] часпондани мӯи дигаре ба мӯй,[13] холкӯбӣ,[14] ранги либос,[15] истеъмоли атр[16] ва ҳар чизе ки рӯйро зебо нишон диҳад[17] зинат дониста шудааст. Дар зинат будани бархе маворид, монанди часпондани мӯи дигаре ба мӯ[18] ва ранги либос[19] байни фақеҳон ихтилофи назар аст.
Ба гуфтаи Соҳиби Ҷавоҳир, фақеҳи шиа дар қарни сездаҳуми қамарӣ, зинат будани чизе ба урф бастагӣ дорад; барои намуна ӯ ранги либосро дар замони худ, зинат намедонад.[20] Соҳиби Урва (ваф. 1337ҳ.қ.), фақеҳи шиаи қарни сездаҳу чаҳордаҳум, низ зинатро ба нисбати шахси ороишкунанда ва замон ё маконе ки шахс дар он зиндагӣ мекунад, мутафовит донистааст.[21]
Ҳамчунин ба фатвои Сайид Алии Хоманаӣ, аз мароҷеъи тақлид, зинат будани мавориде монанди тату кардани абрӯ, ба назари урф бастагӣ дорад.[22]
Ҳукми фиқҳӣ
Бар асоси ояти 32 сураи Аъроф, фақеҳони шиа ҳар гуна зинату ороишеро ба худии худ, ҷоиз донистаанд;[23] албатта ороиши занон бо шароите, фарз, мустаҳаб ё ҳаром аст
Ороиши фарз
Ба фатвои фақеҳони шиа, ороиши зан барои шавҳар, дар сурати дархости шавҳар фарз аст.[24] Далели он вуҷуби итоат аз шавҳар ва адои ҳаққи ӯ дониста шудааст.[25]
Ороиши мустаҳаб
Ба гуфтаи фақеҳон, ороиши зан барои шавҳар, бидуни дархости шавҳар мустаҳаб аст.[26]
Ороиши зан дар замони иддаи талоқи раҷъӣ низ мустаҳаб дониста шуда[27] ва ҳикмати он, бар асоси ривоят, ҷалби шавҳар ва бозгашти ӯ ба зиндагӣ унвон шудааст.[28]
Ороиши ҳаром
Ба фатвои фақеҳони шиа, зинат барои зан дар ҳоли эҳром[29] ва дар замони иддаи вафоти шавҳар, ҷоиз нест.[30]
Фақеҳоне монанди Шайхи Муфид (ваф.413ҳ.қ.) ва Соҳиби Ҷавоҳир (ваф.1266ҳ.қ.), ороиш кардани занон барои ҷалби номаҳрамро ҳаром донистаанд.[31] Тадлис (ороиш барои фиреб додани хостгор) низ, ба фатвои машҳури фақеҳони шиа ҳаром аст.[32]
Ороиши сабук
Ба фатвои Носир Макорими Шерозӣ, марҷаъи тақлид, ороиши гирдии рӯй ва дастҳо то банди даст, дар сурате, ки бисёр сабук буда ва боиси мафсадае нашавад, ҷоиз аст.[33] Ба гуфтаи Сайид Алии Хоманаӣ, марҷаъи тақлид, пӯшондани ороиши мулоим аз номаҳрам, агар аз назари урф зинату ороиш маҳсуб шавад, воҷиб аст.[34] Ба назари Ҷаъфари Субҳонӣ, марҷаъи тақлид низ, пӯшондани ончи ороиш ҳисоб шавад воҷиб аст.[35] Муҳаммадсодиқи Рӯҳонӣ, ороиши содаро агар мӯҷиби таҳйиҷи номаҳрам шавад, ҷоиз надонистааст.[36]
Сайид Алии Систонӣ,[37] Сайид Абулқосим Хуӣ ва Мирзоҷаводи Табрезӣ[38] аз мароҷеъи тақлид, пӯшондани ороишро аз диди номаҳрам, ҳатто агар кам бошад воҷиб донистаанд.
Аҳкоми муртабит
Бархе аз аҳкоми муртабит бо ороиши занон иборатанд аз:
Касби даромад аз ороиш
Гирифтани пул барои ороиш, агар барои амри ҳалоле (монанди ороиши зан барои шавҳар) бошад, ҷоиз аст.[39] Ба фатвои Сайид Алии Хоманаӣ, марҷаъи тақлиди шиа, ороиш кардани зан ба нияти ёрӣ ба ҳаром (монанди нишон додани он ба номаҳрам) ҷоиз нест. Ба фатвоӣ ӯ, ороиши мӯйҳо ба сабки фирқаҳои золла низ ҷоиз набуда ва пули дарёфтӣ дар баробари он ҳалол нест.[40]
Вузуъ ва намоз бо ороиш
Ба фатвои мароҷеъи тақлид, маводи ороишие, ки дорои ҷирм аст, монеъи вузуъ буда ва бояд қабл аз вузуъ гирифтан пок шавад.[41] Ороишҳое, ки танҳо ранг дорад ва дорои ҷирм нест,[42] ё зери пӯст қарор мегирад, монеъи вузуъ набуда ва вузуъ бо вуҷуди он, саҳеҳ аст.[43]
Дар ҳангоми намоз, пӯшондани ороиши рӯй,[44] зеваролот ва мӯе ки аз дигаре ба мӯи зан часпонда шудааст, (дар сурате, ки номаҳрам набинад) лозим нест,[45] балки ҳамроҳ доштани зеваролот ва ҳина кардан дар ҳоли намоз барои занон мустаҳаб аст.[46] Бархе муфассирон аз ояти 31 сураи Аъроф истифода кардаанд, ки зинат кардан ҳангоми хондани намоз барои мардону занон мустаҳаб аст.[47]
Нишон додани ороиш ба дигарон
Ҳамчунин бубинед: Табарруҷ
Дар ояти «وَلَا يُبۡدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا...» (тарҷума: ва зинати худро ошкор накунанд, магар барои... ) [Нур–31] ки ба ояти «Ибдо-уз-зинат» машҳур аст,[48] аз нишон додани зинатҳои зан ба номаҳрам наҳй шудааст. Ба фатвои фақеҳони шиа ва бо истидлол ба ояти Ибдо-уз-зинат, пӯшондани ороиш дар баробари номаҳрам фарз аст.[49] Дар китобҳои фиқҳӣ аз нишон додани зинат ба мардони номаҳрам бо калимаи «табарруҷ» ёд шудааст.[50]
Ҳамчунин дар ривоёт, нишон додани ороиши зан ба номаҳрам мазаммат шудааст.[51] Дар ривояте дар китоби Таҳзиб-ул-аҳком, яке аз шартҳои қабул шудани шаҳодати зан, ошкор накардани зинатҳои занона ва худнамоӣ накардани ӯ (табарруҷ) дар маҷлиси мардон муаррифӣ шудааст.[52]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.77.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.264.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.76.
- ↑ Фароҳидӣ, Китоб-ул-айн, 1409ҳ.қ., зайли вожаи зайн; Соҳиб, ал-Муҳит фи-л-луғат, 1414ҳ.қ., зайли вожаи зайн.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.141; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.97.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.509.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.100, саҳ.235.
- ↑ Баҳронӣ, Санад-ул-урват-ил-вусқо (никоҳ), 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.89.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.373.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.175.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Макосиб, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.264.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.175.
- ↑ Муфид, Аҳком-ун-нисо, 1413ҳ.қ., саҳ.57.
- ↑ Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.330.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.264; Баҳронӣ, Санад-ул-урват-ил-вусқо (ал-никоҳ), 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.93.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.264.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.317.
- ↑ Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.330; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.280.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.280.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.98.
- ↑ لباس شهرت و احکام پوشش, дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Шайхи Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.73; Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.133.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.218; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.328; Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.106; Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, 1425ҳ.қ., саҳ.428.
- ↑ Фалоҳ, «Ҳукми ороиши занон дар фиқҳи шиа» саҳ.121 ва 122.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Ибни Абиҷумҳур, ал-Ақтоб-ул-фиқҳия, 1410ҳ.қ., саҳ.100; Ҳаким, ал-Фатово, 1433ҳ.қ., саҳ.291.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.476; Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.303.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.32, саҳ.354.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.373.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., саҳ.263 ва 264; Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.330; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.276; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.99.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.85; Муфид, Аҳком-ун-нисо, 1413ҳ.қ., саҳ.57; «احکام آرایش زنانه», Пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Макосиб, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159; Рӯҳонӣ, Минҳоҷ-ул-фақоҳат, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.242.
- ↑ حکم آرایش زنان در مقابل نامحرم, Пойгоҳи итилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Макорими Шерозӣ.
- ↑ آرایش ملایم با حفظ حجاب, пойгоҳи итилоърасонии Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ.
- ↑ آرایش صورت در مقابل نامحرم, пойгоҳи итилоърасонии дафтари Оятуллоҳилъузмо Ҷаъфари Субҳонӣ.
- ↑ Рӯҳонӣ, Истифтоъот, 1382ҳ.ш., саҳ.202.
- ↑ زینت و آرایش کردن, сайти расмии Дафтари марҷаъи олиқадр Оқо Сайидалии Ҳусайнии Систонӣ.
- ↑ Хуӣ, Аҳкоми шаръии бонувон, 1391ҳ.ш., саҳ.439.
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.77; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ мутобиқ бо фатовои сездаҳ марҷаъ, 1385ҳ.ш., саҳ.1941.
- ↑ «احکام آرایش زنانه», Пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ мутобиқ бо фатовои сездаҳ марҷаъ, 1385ҳ.ш., саҳ.1941; Баҳҷат, Истифтоъот, 1386ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.173; «پرسش و پاسخ، غسل», Пойгоҳи итилоърасонии Дафтари марҷаъи олиқадр оқои Сайидалии Ҳусайнии Систонӣ.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ мутобиқ бо фатовои сездаҳ марҷаъ, 1385ҳ.ш., саҳ.1941; Баҳҷат, Истифтоъот, 1386ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.173; «پرسش و پاسخ، غسل», Пойгоҳи итилоърасонии дафтари марҷаъи олиқадр оқои Сайидалии Ҳусайнии Систонӣ.
- ↑ Барои намунаи нигоҳ кунед ба Баҳҷат, Истифтоъот, 1386ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.173; «احکام وضو», Пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.319.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.175.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.614.
- ↑ Атяб-ул-баён, Таййиб, 1378ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.307.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.492.
- ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, Маҳдавӣ, саҳ.198; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.319.
- ↑ Баҳронӣ, Санад-ул-Урват-ул-вусқо (никоҳ), 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.89.
- ↑ Барои намунаи нигоҳ кунед ба Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.100, саҳ.235.
- ↑ Шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.242.
Ёддошт
- ↑ Тадлиси мошита ба ин маъно аст, ки ороишгар тавре занро ороиш кунад, ки хостгор фиреб хӯрад.
Сарчашма
- Азҳарӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таҳзиб-ул-луғат, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1421ҳ.қ.
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, тасҳеҳи Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, мактабатул-илмиятил-исломия, 1381ҳ.ш.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо,Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёил-турос, 1414ҳ.қ.
- Анварӣ, Ҳасан, Фарҳанги бузурги сухан, Теҳрон, сухан, 1381ҳ.ш.
- «احکام وضو», пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ, таърихи боздиди матлаб: 19 озари 1399ҳ.ш.
- «احکام آرایش زنانه», пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ, таърихи боздиди матлаб: 19 озари 1399ҳ.ш.
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ мутобиқ бо фатовои сездаҳ нафар аз мароҷеъи муаззами тақлид, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1385ҳ.ш.
- Баҳронӣ, Муҳаммад Санад, Санад-ул-урват-ил-вусқо (ал-никоҳ), Қум, Боқиёт, 1429ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, ҷамоъатул-мударрисин фи-л-ҳавзат-ил-илмиая би Қум, 1363ҳ.ш.
- Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Истифтоъот, Қум, дафтари ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Баҳҷат, 1386ҳ.қ.
- Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
- زینت و آرایش کردن, сайти расмии дафтари марҷаъи олиқадр оқо Сайидалии Ҳусайнии Систонӣ, таърихи дарҷи матлаб: 4 баҳмани 1399ҳ.ш.
- Ибни Абиҷумҳур, Муҳаммад ибни Зайниддин, ал-Ақтоб-ул-фиқҳия, Қум, китобхонаи умумии ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1410ҳ.қ.
- Ибни Барроҷ, Абдулазиз ибни Наҳрир, ал-Муҳаззаб, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1406ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
- Кошифулғито, Ҷаъфар ибни Хизр, Кашф-ул-ғито, Исфаҳон, Маҳдавӣ, бе то.
- کرم ضد آفتاب برای زن, пойгоҳи итилоърасонии дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, таърихи дарҷи матлаб: 10 дейи 1397ҳ.ш., таърихи боздид: 4 баҳмани 1399ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дорул-ҳадис, 1429ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор (а), тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ ва дигарон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Муайян, Муҳаммад, Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, чопхонаи Сипеҳр, 1371ҳ.ш.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Аҳком-ун-нисо, таҳқиқи Маҳдии Наҷаф, Қум, ал-муътамарул-оламӣ ли алфиятиш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
- Нурии Ҳамадонӣ, Ҳусайн, Ҷойгоҳи бонувон дар Ислом, беҷо, Маҳдии Мавъуд (аҷ), 1383ҳ.ш.
- آرایش ملایم با حفظ حجاب, пойгоҳи итилоърасонии дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, таърихи дарҷи матлаб: 3 обони 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 4 баҳмани 1399ҳ.ш.
- آرایش صورت در مقابل نامحرم, пойгоҳи итилоърасонии дафтари Оятуллоҳилъузмо Ҷаъфари Субҳонӣ, таърихи боздид: 4 баҳмани 1399ҳ.ш.
- «پرسش و پاسخ، غسل», пойгоҳи итилоърасонии дафтари марҷаъи олиқадр оқои Сайидалӣ Ҳусайнии Систонӣ, таърихи боздиди матлаб: 26 озари 1399ҳ.ш.
- Рӯҳонӣ, Муҳаммадсодиқ, Истифтоъот, ҳадиси дил, Қум, 1382ҳ.ш.
- Рӯҳонӣ, Муҳаммадсодиқ, Минҳоҷ-ул-фақоҳат: ал-таълиқу ала макосиби-ш-шайхил-аъзам, Қум, Анворул-ҳудо, 1429ҳ.қ.
- Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, муассисаи ал-Минор, 1413ҳ.қ.
- Систонӣ, Сайидалӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, мактаби Оятуллоҳилъузмо ал-Сайид ал-Систонӣ, 1415ҳ.қ.
- Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Ҷомеъ-ул-аҳком, Қум, Дафтари танзим ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Софии Гулпойгонӣ, 1385ҳ.ш.
- Соҳиб, Исмоил ибни Ибод, ал-Муҳит фи-л-луғат, тасҳеҳи Муҳаммадҳасан Олиёсин, Бейрут, оламул-китоб, 1414ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ ва Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи ал-нашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
- Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, Китоб-ул-айн, Қум, нашри Ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, Амири қалам, 1425ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, Мадинатул-илм, 1410ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Ҷаводи Табрезӣ, Аҳкоми шаръии бонувон, Қум, Дорул-Сиддиқатиш-шаҳида (с), 1391ҳ.ш.
- Ҳаким, Сайид Муҳаммадсаид, ал-Фатово, Қум, Дорул-ҳилол, 1433ҳ.қ.
- حکم آرایش زنان در مقابل نامحرم, пойгоҳи итилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Макорими Шерозӣ, таърихи боздид: 4 обони 1399ҳ.ш.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсилу васоил-иш-шиъа ило таҳсили масоил-иш-шариъат, Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёил-турос, 1416ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсилу васоил-уш-шиъа ило таҳсили масоил-иш-шариъат, тасҳеҳи муассисаи Олулбайт (а), Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1409ҳ.қ.
- Ҷавҳарӣ, Исмоил ибни Ҳаммод, ас-Сиҳоҳ: тоҷ-ул-луғати ва сиҳоҳ-ул-арабия, тасҳеҳи Аҳмад Абдулғафур Аттор, Бейрут, Дорул-илми лилмалоин, 1376ҳ.қ.
- Ҷамъе аз пажӯҳишгарон зери назари Саййидмаҳмуди Ҳошимии Шоҳрудӣ, Мавсуъатул-фиқҳиятил-фиқҳ-ил-исломӣ тибқан ли мазҳаби Аҳли-л-Байт (а), Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1423ҳ.қ.
- Шайх Ансорӣ, Муртазо ибни Муҳаммадамин, Макосиб, таҳқиқи Муҳаммади Калонтар, Қум, Дорул-китоб, 1410ҳ.қ.
- Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, тасҳеҳи Ҳасан ал-Мусавӣ Хирсон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри ҷаҳон, 1378ҳ.ш.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, мактабатул-Муртазавия, 1387ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1407ҳ.қ.