Қамар дар ақраб
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бора як мафҳум фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Қамар дар ақраб (форсӣ: قمر در عقرب) қарор гирифтани моҳ дар бурҷи ақраб ё дар муқобили суратулфалаки он аст. Фақеҳон дар маънои «қамар дар ақраб» ихтилофи назар доранд; ба назари фақеҳоне монанди Шаҳиди Сонӣ ва Соҳиби Ҷавоҳир, мақсад аз «қамар дар ақраб» қарор гирифтани моҳ дар бурҷи ақраб аст, на сурат ва манозили нисбатдодашуда ба он. Аммо Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ онро шомили ҳар ду донистааст.
Аллома Таботабоӣ дар бораи «қамар дар ақраб» ва таъсири авзоъ ва аҳволи ситорагон бар рӯйдодҳои заминӣ бар он аст, ки аз назари ақлӣ чунин чиз наметавонад исбот ё рад шавад; ҳарчанд асли иртиботи рӯйдодҳои заминӣ бо авзоъи ситорагони осмонӣ қобили қабул аст. Ба бовари ӯ, ривояти Имом Содиқ (а) дар ин замина ё бар тақия ҳамл мешавад, ё мақсад аз он заминасоз будани авзоъ ва аҳволи ситорагон (на иллат) дар бораи рӯйдодҳои хоси заминӣ аст. Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ «қамар дар ақраб»-ро таъсиргузор дар рӯйдодҳои зиндагии инсон донистааст.
Фақеҳони шиа, бо истинод ба ривояте аз Имом Содиқ (а), иҷрои сиғаи никоҳ ва сафар кардан дар замони «қамар дар ақраб»-ро макруҳ шуморидаанд; аммо ин ҳукмро шомили маросими ҷашни никоҳ намедонанд. Муҳаққиқи Каракӣ, аз фақеҳони бузурги шиа дар давраи Сафавиён, ҳатто сафари ҳаҷро дар ин замон макруҳ донистааст.
Мафҳумшиносӣ

Қамар дар ақраб, ба вазъияте ишора мекунад, ки моҳ дар бурҷи ақраб ё муқобили суратфалаки ақраб қарор гирад.[1] Ақраб яке аз бурҷҳои дувоздаҳгонаи осмон аст, ки дар минтақаи ал-буруҷ ҷойгир аст. Минтақаи ал-буруҷ наворе аст, ки хуршед, моҳ ва сайёраҳо аз дидгоҳи нозири заминӣ аз он убур мекунанд ва доираи миёнаи он масири ҳаракати зоҳирии солонаи хуршед аст.[Ёддошт 1][2]
Қамар дар ақраб, ба маънои қарор гирифтани моҳ дар суратфалаки ақраб аст.[3] Кураи моҳ дар тӯли як моҳи қамарӣ як бор пурра гирди Замин мегардад, ки ин гардиши комил ба дувоздаҳ қисмат тақсим шудааст ва бурҷҳое низ барои ҳар яке аз онҳо интихоб гардидаанд, ки аввалинашон бурҷи Ҳамал ва охиринашон бурҷи Ҳут аст. Ҳангоме ки кураи моҳ дар гардиши худ ба бурҷи ақраб мерасад, гуфта мешавад «Қамар вориди ақраб шуд», ва вақте ки аз бурҷи ақраб хориҷ мешавад, гуфта мешавад «Қамар аз ақраб хориҷ шуд».[4] Ворид ва хориҷ шудани кураи моҳ ба бурҷи ақраб дуву ним рӯз тӯл мекашад ва ин ҳолат дар ҳар моҳи қамарӣ як бор рух медиҳад.[5]
Қамар дар ақраб дар фиқҳ
Аз назари фақеҳоне монанди Шаҳиди Сонӣ (ваф.965 ё 966ҳ.қ.) ва Соҳиби Ҷавоҳир (ваф.1266ҳ.қ.), мурод аз қамар дар ақраб, бурҷи ақраб аст, на сурат ва манозили нисбатдодашуда ба он.[6] Чунонки Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ, файласуфи шиа, гузориш додааст, фақеҳон дар маънои қамар дар ақраб, ки дар ривояти манқул аз Имом Содиқ (а) омадааст, ихтилофи назар доранд; аз назари Шаҳиди Сонӣ дар китоби Шарҳи Лумъа, ва Фозили Ҳиндӣ дар Кашф-ул-лисом, мурод аз қамар дар ақраб, маънои истилоҳӣ ва тахассусии он назди нуҷумшиносон аст, ки моҳ бояд ба таври дақиқ дар бурҷи ақраб қарор гирад. Аммо аз дидгоҳи Соҳиби Ҷавоҳир, мақсуд маънои урфии он аст; яъне қарор гирифтани моҳ дар муқобили суратфалаки ақраб ба гунае ки мардум онро бо чашми одӣ мушоҳида кунанд.[7] Аз сӯи дигар, Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ, дар китоби китоби Урват-ул-вусқо, ривояти мазкурро шомили ҳар ду маъно медонад; яъне ҳам маънои тахассусӣ, дақиқ ва илмии он ва ҳам он чи бо чашм қобили дидан аст. Ҳасанзода Омулӣ назари Сайид Муҳаммадкозими Яздиро дар ростои эҳтиёт дониста[8] ва дар китоби Ҳазору як калима гуфтааст, ки мурод аз қамар дар ақраб дар китобҳои фиқҳӣ маънои мутаораф назди аҳли нуҷум ва ҳайат аст, ва танҳо Соҳиби Урва онро ба сурати мутлақ (тахассусӣ ва урфӣ) маъно кардааст.[9]
Исбот ё инкори таъсири қамар дар ақраб
Гуфта шудааст, ки таъсири қамар дар ақраб аз ҷумлаи боварҳое аст, ки каму беш дар миёни мардум вуҷуд дорад;[10] чунонки дар луғатномаи Деҳхудо низ омадааст, ки қамар дар ақраб, яъне моҳ дар бурҷи ақраб қарор гирад, ки онро наҳс (бадшугун) мешуморанд ва аз анҷоми корҳо худдорӣ мекунанд.[11]
Дар ҳамин замина, ривоятҳое[12] дар таъйиди таъсири манфии қамар дар ақраб нақл шудааст, аммо ривоятҳое[13] низ аз чунин боварҳо наҳй кардаанд.
Аз ҷумлаи аҳодисе, ки чунин боварҳоро таъйид мекунад, ҳадисе аст аз Имом Содиқ (а), ки бар асоси он, касе ки дар замони қамар дар ақраб сафар ё издивоҷ кунад, хайру хушӣ нахоҳад дид.[14]
Аллома Таботабоӣ бар ин бовар аст, ки аз лиҳози ақлӣ, далеле барои исбот ё инкори наҳс ё муборак будани рӯз ё замони хос дар даст нест ва ривоятҳо дар ин бора гарчанде фаровонанд, аммо бештари онҳо ба далели мурсал ё марфуъ будан, заиф ҳастанд.[15] Аз назари ӯ, худи рӯз ё замон наметавонад сифати наҳс ё муборак дошта бошад ва ривоятҳое, ки далолат бар чунин матлаб доранд, ё бар тақия ҳамл мешаванд ё канор гузошта мешаванд.[16]
Аллома Таботабоӣ дар бораи қамар дар ақраб ва таъсири авзоъ ва аҳволи ситорагон бар рӯйдодҳои заминӣ низ бар он аст, ки чунин амр аз лиҳози ақлӣ қобили исбот ё инкор нест; албатта ӯ асли иртиботи рӯйдодҳои заминӣ бо авзои ситорагони осмониро инкор накарда ва онро мухолифи заруриёти динӣ низ надонистааст.[17] Ба гуфтаи ӯ, ривояти манқул аз Имом Содиқ (а) ва мисли он мумкин аст бар тақия ҳамл шавад ва мумкин аст мурод ин бошад, ки авзоъ ва аҳволи ситорагон заминасоз (на иллат) барои рӯйдодҳои хоссе дар замин ҳастанд.[18]
Аз назари Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, муфассир ва файласуфи шиа низ наҳс будани зотии рӯз ё замони хос дуруст нест, аммо манъи ривоятҳо аз хондани ақди издивоҷ ё сафар дар замони қамар дар ақраб дуруст аст; зеро рӯйдодҳои ҷаҳон метавонанд дар зиндагии инсон таъсиргузор бошанд.[19]
Аҳкоми шаръӣ
Барои қамар дар ақраб аҳкоме дар фиқҳи шиа баён шудааст; аз ҷумла:
- Фақеҳони шиа бо истинод ба ривояти Имом Содиқ (а), издивоҷ дар замони қамар дар ақрабро макруҳ шуморидаанд.[20] Гуфта шудааст, ки мурод аз “тазвиҷ” дар ривоят ақди никоҳ аст[21] ва маросими ҷашни издивоҷро дар бар намегирад.[22]
- Аллома Маҷлисӣ дар китоби Ҳилят-ул-муттақин, ҳамбистарӣ дар замони қамар дар ақрабро макруҳ шуморидааст.[23]
- Сафар дар замони қамар дар ақраб макруҳ аст; далели ин ҳукм низ ривояти Имом Содиқ (а) дониста шудааст.[24] Муҳаққиқи Каракӣ, аз фақеҳони бузурги шиа дар давраи Сафавиён, ҳатто сафари ҳаҷро дар замони қамар дар ақраб макруҳ донистааст.[25]
- Ҳиҷомат дар рӯзи чоршанбе, дар сурате ки моҳ дар бурҷи ақраб бошад, макруҳ шуморида шудааст.[26]
Дар сомонаи Ҷомеъулмасоил, вобаста ба дафтари Носир Макорим Шерозӣ, аз мароҷиъи тақлиди шиа, омадааст, ки барои аз байн бурдани таъсири шӯми қамар дар ақраб метавон аз дуо ва садақа истифода бурд.[27]
Эзоҳ
- ↑ «قمر در عقرب چیست و چه احکامی دارد؟», Хабаргузории Донишҷӯ
- ↑ «روزهای قمر در عقرب در سال ۱۳۹۹ش», Муассисаи таҳқиқот ва нашри Аҳли Байт (а); «قمر در عقرب چیست و چه احکامی دارد؟», Хабаргузории Донишҷӯ
- ↑ «حکم عقد کردن در زمان قمر در عقرب», Сомонаи Ҷомеъулмасоил
- ↑ «قمر در عقرب چیست و چه احکامی دارد؟», Хабаргузории Донишҷӯ
- ↑ «دانستنیهای قمر در عقرب», Хабаргузории Ҳавза
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.21; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.41
- ↑ Ҳасанзода Омулӣ, Дурусу маърифат-ил-вақти ва-л-қибла, 1415ҳ.қ., саҳ.161–163
- ↑ Ҳасанзода Омулӣ, Дурусу маърифат-ил-вақти ва-л-қибла, 1415ҳ.қ., саҳ.161–163
- ↑ Ҳасанзода Омулӣ, Ҳазору як калима, 1381ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.22
- ↑ Акбарӣ, Хурофаҳо ва воқеиятҳо, 1391ҳ.ш., саҳ.49
- ↑ Деҳхудо, Луғатнома, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.2561
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.275, ҳ.416; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.267, ҳ.2401
- ↑ Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Собҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 79, саҳ.105; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.376
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.275, ҳ.416; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.267, ҳ.2401
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.71–72
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.75
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.75
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.76
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тафсири Тасним, нашри Исро, ҷ.15, саҳ.518–519
- ↑ Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.211; Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.32 ва ҷ.12, саҳ.16; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.21; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.39; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.41
- ↑ Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.16; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.21
- ↑ «برگزاری مراسم جشن عروسی در ایام قمر در عقرب», Сомонаи Ҷомеъулмасоил
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Ҳилят-ул-муттақин, 1369ҳ.ш., саҳ.124–125
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.41; Таботабоӣ, Урват-ул-вусқо (муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.326
- ↑ Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.32
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Ҳилят-ул-муттақин, 1369ҳ.ш., саҳ.270
- ↑ «حکم عقد کردن در زمان قمر در عقرب», Сомонаи Ҷомеъулмасоил
Ёддошт
- ↑ Дар тақрибан асри панҷуми пеш аз милод, ситорашиносони бобилӣ ё юнонӣ минтақаи ал-буруҷро ба дувоздаҳ қисмати баробар тақсим карданд ва ҳар яке аз онҳоро як бурҷ номиданд. Аз он ҷо ки дар ҳар бурҷ ситораҳое гирд омада буданд, ки аз шакли ҷамъии онҳо сурати ҳайвоне қобили тасаввур буд, он бурҷро ба номи он ҳайвон номиданд; монанди бурҷи Ҳамал (қуч), бурҷи Савр (гови нар), бурҷи Саратон (харчанг) ва бурҷи ақраб (Ҳасанзода Омулӣ, Ҳазору як калима, 1381ҳ.ш., ҷ.6, саҳ. 20 ва 21; «روزهای قمر در عقرب در سال ۱۳۹۹ش», Муассисаи таҳқиқот ва нашри Аҳли Байт (а)).
Сарчашма
- Акбарӣ, Маҳмуд, Хурофаҳо ва воқеиятҳо, Қум, Фитён, 1391ҳ.ш.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳилят-ул-муттақин, Қум, Луқмон, нашри дувум, 1369ҳ.ш.
- Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.19, Бейрут, Муассисаи Алаъмӣ ли-л-матбуот, 1394ҳ.қ. / 1974 м.
- Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, нашри аввал, 1405ҳ.қ.
- Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, таҳти назари Ҷаъфар Шаҳидӣ, Теҳрон, Донишгоҳи Теҳрон, 1385ҳ.ш.
- Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Мараъшии Наҷафӣ, нашри аввал, 1404ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, нашри чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоид, Қум, Муассисаи Оли Байт (а), нашри дувум, 1414ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Муассисаи Исмоилиён, нашри дувум, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, нашри ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадкозим, Урват-ул-вусқо (муҳашшо), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, нашри аввал, 1419ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбар Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, нашри дувум, 1413ҳ.қ.
- Шарифи Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Собҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, нашри аввал, 1414ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи Шароеъ-ул-Ислом, Қум, Муассисаи Маорифи Исломӣ, нашри аввал, 1413ҳ.қ.
- Ҳасанзода Омулӣ, Ҳасан, Дурусу маърифат-ил-вақти ва-л-қибла, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1415ҳ.қ.
- Ҳасанзода Омулӣ, Ҳасан, Ҳазору як калима, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, нашри дувум, 1381ҳ.ш.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним: Тафсири Қуръони карим, Қум, Маркази нашри Исро.
- «قمر در عقرب چیست و چه احکامی دارد؟», Хабаргузории Донишҷӯ, санаи нашр: 13 обони 1392ҳ.ш., санаи боздид: 9 озари 1399ҳ.ш.
- «روزهای قمر در عقرب در سال ۱۳۹۹ش», Муассисаи таҳқиқот ва нашри Аҳли Байт (а), санаи нашр: 25 исфанди 1398ҳ.ш., санаи боздид: 9 озари 1399ҳ.ш.
- «برگزاری مراسم جشن عروسی در ایام قمر در عقرب», Сомонаи Ҷомеъулмасоил, Маркази посухгӯӣ ба аҳкоми шаръӣ ва саволҳои фиқҳӣ, санаи боздид: 9 озари 1399ҳ.ш.
- «دانستنیهای قمر در عقرب», Хабаргузории Ҳавза, санаи нашр: 11 тири 1396ҳ.ш., санаи боздид: 10 озари 1399ҳ.ш.
- «حکم عقد کردن در زمان قمر در عقرب», Сомонаи Ҷомеъулмасоил, Маркази посухгӯӣ ба аҳкоми шаръӣ ва саволҳои фиқҳӣ, санаи боздид: 9 озари 1399ҳ.ш.