Jump to content

Тағйири ҷинсият

Аз wikishia

Тағйири ҷинсият (форсӣ: تغییر جنسیت) табдили ҷинси мард ба зан ва ҷинси зан ба мард аст, ки бо тағйири узвҳои таносулӣ ва баъзе узвҳои бадан, ҳамроҳ бо тағйироти ҳормонӣ сурат мегирад.

Бар асоси фатвои бархе аз фақиҳони шиа, тағйири ҷинсият ба худии худ, агар зарар надошта бошад ва бо амалҳои ҳаром монанди ламс ё нигоҳи ҳаром ҳамроҳ набошад, ҷоиз аст.

Бархе дигар аз фақиҳон, тағйири ҷинсиятро дар афроди солим ҳаром медонанд ва иҷозаи онро танҳо дар афроди хунсо — ба вижа хунсои мушкил (он афроде ки ҳар ду узви таносули мард ва занро доранд ва наметавон онҳоро ба як ҷинс нисбат дод) — ҷоиз мешуморанд. Сайид Содиқи Шерозӣ ҳар гуна тағйири ҷинсиятро ба таври мутлақ ҳаром шуморидааст.

Тағйири ҷинсият аз масоили навзуҳур дар фиқҳи тиббӣ аст. Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, Имом Хумайнӣ аввалин фақиҳ дар Эрон буд, ки дар бораи иҷозаи он барои афроди тароҷинсиятӣ фатво додааст.

Ҷойгоҳ

Тағйири ҷинсият аз масоили навини фиқҳ дар соҳаи фиқҳи тиб аст ва заминасоз барои масоили гуногун дар бахши фиқҳ ва ҳуқуқи хонавода мебошад.[1] Фақиҳон ва қонунгузорон, илова бар баррасии ҳукми ҷоиз ё ноҷоиз будани тағйири ҷинсият, ба саволҳои мухталифи дигар, мисли боқӣ мондан ё аз байн рафтани издивоҷ пас аз тағйири ҷинсияти яке аз ҳамсарон, вилоят ва сарпарастии шахс пас аз тағйир, масъалаи мерос, нафақа, маҳр ва ғайра посух додаанд.[2]

Тағйири ҷинсият дар гузашта вуҷуд надошт ва бо пешрафти технология ва густариши донишҳои тиббӣ, имрӯз дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла Эрон, анҷом мегирад.[3] Аз ин рӯ, дар осори фиқҳии гузашта баҳсе бо унвони «тағйири ҷинсият» вуҷуд надошт ва фақиҳони муосир тавассути рисолаҳо ва осори маъруф ба истифтоот,[4] рисолаҳое, ки дар фиқҳи тиббӣ навишта шудаанд,[5] ва гоҳе дар мақолаҳо,[6] дар ин мавзуъ изҳори назар кардаанд. Баъзе фақиҳон низ дар дарсҳои хориҷи фиқҳи худ, аҳкоми ин масъалаи навро баррасӣ кардаанд.[7]

Таъриф

Тағйири ҷинсият (ба арабӣ: تحویل‌الجنس)[8] ба маънои он аст, ки узви таносули шахс тағйир дода шавад ба гунае ки ҷинси зан ба мард ва ҷинси мард ба зан табдил ёбад.[9] Тағйири ҷинсият аз мард ба зан чунин аст, ки узви таносулии мардона бо ҷарроҳӣ бардошта мешавад ва ба ҷойи он маҳбал гузошта мешавад, ва синаҳо ҳам бузургтар мешаванд. Дар тағйири ҷинсият аз зан ба мард, узвҳое мисли бачадон, тухмдон ва сина бардошта мешаванд ва ба ҷойи онҳо узви таносули мардона ҷойгузин карда мешавад. Ин ҷарроҳиҳо дар чанд марҳила анҷом мегирад ва ҳамзамон табобати ҳормонӣ низ сурат мегирад.[10]

Қисмҳо

Тағйири ҷинсият вобаста ба хусусиятҳои шахс ба чанд гурӯҳ тақсим мешавад:

  • Тағйири ҷинсият дар шахсони солим; касоне, ки мушкили ҷисмонӣ ё рӯҳӣ надоранд ва аз рӯи ангезаҳое монанди танаввуъхоҳӣ, хоҳони тағйири ҷинсият ҳастанд;[11]
  • Тағйири ҷинсият дар афроди хунсо.[12] Манзур аз хунсо дар фиқҳ, афродеанд, ки ҳар ду узви таносулии мард ва занро доранд ва ба ду навъ тақсим мешаванд:[13]
  1. Хунсои мушкил: шахсе, ки ҷинсияташ мушаххас нест ва ҳеҷ аломати табиӣ ё шаръӣ надорад, ки бар асоси он ӯ ба яке аз ду ҷинс — мард ё зан — нисбат дода шавад.[14]
  2. Хунсои ғайримушкил: шахсе, ки аломатҳои муайянкунандаи ҷинс дорад, гарчи ба сурати заннӣ (ғайри яқин) ва бар асоси он аломат ба яке аз ду ҷинс нисбат дода мешавад.[15]
  • Тағйири ҷинсият дар тароҷинсиятиҳо (транссексуалҳо)[Ёддошт 1] ё норозиёни ҷинсӣ. Тароҷинсиятӣ як навъ ихтилоли ҷинсӣ аст, ки дар он, ҳувияти ҷинсии фард бо ҷинсе, ки дар аввали таваллуд дошт, мутобиқат надорад.[16] Шахси тароҷинсиятӣ, новобаста аз ҷинсияти биологияш, аз назари рӯҳӣ ва равонӣ, худро мансуб ба ҷинси муқобил медонад.[17]

Таърихча

Мактуби фатвои иҷозаи тағйири ҷинсият аз ҷониби Имом Хумайнӣ ба Марям Хотунпури Маликоро.

Гуфта мешавад аввалин ҷарроҳии [Ёддошт 2] барои тағйири ҷинсият дар Эрон дар соли 1309ҳ.ш. анҷом шудааст, ки дар он як писари 18-сола таҳти ҷарроҳӣ қарор гирифт ва ба духтар табдил ёфт.[18]

Ба гуфтаи Муҳаммадмаҳдӣ Кариминиё (пажӯҳишгар ва муаллифи китоби «Тағйири ҷинсият»), Имом Хумайнӣ аввалин фақиҳ дар Эрон будааст, ки дар баҳсҳои фиқҳии худ (дар соли 1343ҳ.ш./1964м) дар бораи ҳукми шаръии тағйири ҷинсият изҳори назар кардааст.[19] Ин баҳсҳо дар бахше бо унвони масоили мустаҳдиса дар китоби Таҳрир-ул-васила оварда шудааст.[20]

Ҳамчунин гуфта мешавад ӯ аввалин фақиҳе будааст, ки дар Эрон барои иҷозаи тағйири ҷинсият дар афроди тароҷинсиятӣ фатво содир кардааст.[21] Шахсе бо номи Фаридун, ки пас аз тағйири ҷинсият номи Марям Хотунпур Маликоро барои худ интихоб кардааст, дар дидоре бо Имом Хумайнӣ дар соли 1364ҳ.ш. ва бо шарҳи ҳолати беморияш тавонист аз ӯ фатвои иҷозаи тағйири ҷинсиятро дарёфт кунад.[22] Фатвои Имом Хумайнӣ дар бораи иҷозаи тағйири ҷинсият барои тароҷинсиятиҳо дар ҳамон сол аз ҷониби дафтари ӯ эълон шуд ва пас аз он ҷарроҳиҳои тағйири ҷинсият бо иҷозаи қонунӣ дар Эрон анҷом гирифтанд.[23]

Ҳукми фиқҳӣ

Фақеҳон барои ҳар се навъи тағйири ҷинсият аҳкомеро баён намудаанд, ки баъзе аз онҳо ба шарҳи зайл аст:

Шахсони солим

Фатвоҳои фақеҳон дар бораи ҳукми тағйири ҷинсият дар шахсоне, ки аз ҷиҳати ҷинсӣ, мушкилоти ҷисмонӣ ва рӯҳӣ надоранд, ба баёни зер аст:

Қоилони ба ҷоиз будан

Бар асоси фатвои фақеҳоне мисли Имом Хумайнӣ,[24] Ҳусайналии Мунтазирӣ,[25] Муҳаммадиброҳими Ҷаннотӣ,[26] Муҳаммад Фозили Ланкаронӣ,[27] Муҳаммадосиф Муҳсинӣ,[28] Сайид Алии Систонӣ,[29] Носир Макорими Шерозӣ,[30] Муҳаммадисҳоқи Файёз[31] ва Сайид Муҳсини Харрозӣ,[32] тағйири ҷинсият ба худии худ, агар зарар надошта бошад ва бо амалҳои ҳаром монанди ламс ё нигоҳи ҳаром ҳамроҳ набошад, ҷоиз аст.

Далелҳои ҷоиз будан

Касоне, ки тағйири ҷинсиятро ҷоиз мешуморанд, ба далелҳои зерин истинод кардаанд:

  • Қоидаи мубоҳ будан:[33] Бар асоси ин қоида, ҳар чизе ки байни ҳалол ва ҳаром норавшану муштабаҳ бошад, бар ҳалол будани он ҳукм мешавад.[34] Мо далели шаръӣ бар ҳаром будани тағйири ҷинсият надорем. Пас он ба мубоҳ будан ва ғайри ҳаром буданаш баргардонида мешавад.[35]
  • Қоидаи бароат:[36] Дар ҳолати шакк ва дудилагӣ дар ҳаром ё ҳалол будани тағйири ҷинсият ва набудани далели шаръӣ бар ҳаром буданаш,[37] бар асоси қоидаи бароат, ҳукм ба ҳаром набудани он дода мешавад.[38]
  • Қоидаи тасаллут:[39] Бар асоси ин қоида, ҳар инсон бар амвол ва аъзои бадани худ тасаллут дорад ва метавонад дар онҳо тасарруф кунад.[40] Амали тағйири ҷинсият низ як навъи ихтиёр доштан бар бадан аст, ва бинобар ин ҷоиз шуморида мешавад.[41]

Қоилони ба ҳаром будан

Аз назари фақиҳоне монанди Сайид Абулқосими Хуӣ,[42] Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ,[43] Мирзо Ҷаводи Табрезӣ,[44] Муҳаммадтақии Баҳҷат,[45] Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ,[46] Сайид Алии Хоманаӣ[47] ва Сайид Муҳаммадалӣ Алавии Гургонӣ[48] тағйири ҷинсият барои чунин афрод ҷоиз нест.

Далелҳои ҳаром будан

Қоилони ҳаром будани тағйири ҷинсият ба далелҳои зерин истинод мекунанд:

  • Ояти Таҳлука:[49] Дар ин оят Худо мардумро аз он ки худро ба ҳалокат андозанд, манъ мекунад, ва тағйири ҷинсият, намунае аз нобуд кардани қувваҳо ва ба ҳалокат андохтани шахс шуморида мешавад.[50]
  • Ояти тағйири офариниш:[51] Дар ин оят, тағйир дар офариниши Худо аз васвасаҳои Шайтон дониста шуда ва мазаммат гаштааст, ва тағйири ҷинсият низ намунае аз тағйир дар офариниши Илоҳӣ шуморида мешавад.[52]
  • Бар асоси ривоятҳо, шабоҳат ё монанд шудани мард ба зан ва зан ба мард ҳаром аст.[53] Тағйири ҷинсият низ як навъи ташаббуҳ ба ҷинси мухолиф аст ва бинобар ин ҳаром шуморида мешавад.[54]

Хунсоҳо

Барои баён кардани ҳукми фиқҳии тағйири ҷинсият дар шахсони хунсо, бархе фақеҳон байни хунсои мушкил ва хунсои ғайримушкил фарқ гузоштаанд:[55]

Хунсои мушкил

Аксари фақеҳони шиа[56] танҳо ҷарроҳии хунсои мушкилро барои муайян кардани ҷинсияти ӯ ҷоиз медонанд.[57] Мунтазирӣ тағйир ё таъини ҷинсиятро дар хунсои мушкил аз ҳолатҳое медонад, ки гоҳе ҳатто ба сатҳи зарурат мерасад.[58] Ба гуфтаи Муҳаммад Фозили Ланкаронӣ, агар хунсои мушкил дар иҷрои вазифаҳои шаръии худ, монанди маҳрамият, издивоҷ, намоз, мерос ва ғайра дучори мушкил шавад ва ягона роҳи раҳоӣ аз он, тағйири ҷинсият бошад, анҷоми он воҷиб аст.[59] Ҳамчунин бар асоси фатвои ҳамин фақеҳон, агар ин навъи тағйири ҷинсият бо нияти муолиҷа ба сатҳи зарурат бирасад, манъи ламс ва нигоҳ кардани узви мавриди ҷарроҳӣ низ бардошта мешавад.[60]

Ҷаъфари Субҳонӣ тағйири ҷинсиятро танҳо дар хунсои ғайримушкил ҷоиз мешуморад ва бар он аст, ки хунсои мушкил дар ин ки ҳукми мард бар ӯ ҷорӣ мешавад ё ҳукми зан, бояд эҳтиёт кунад ва ҳақ надорад, ки ба тағйири ҷинсият иқдом кунад.[61] Сайид Содиқи Шерозӣ тағйири ҷинсиятро дар ҳеҷ яке аз намудҳояш, ҳатто дар хунсои мушкил, ҷоиз намедонад.[62]

Хунсои ғайримушкил

Гурӯҳе аз фақеҳон тағйири ҷинсиятро дар хунсои ғайримушкил низ ҷоиз донистаанд.[63] Баъзе фақеҳон амали ҷарроҳиро дар мавриди хунсо — хоҳ хунсои мушкил бошад, хоҳ ғайримушкил — амале барои ташхиси ҷинсият медонанд ва онро хориҷ аз мавзӯи “тағйири ҷинсият” ҳисоб мекунанд.[64]

Тароҷинсиятиҳо

Бар асоси фатвои бархе фақеҳон, тағйири ҷинсият дар афроди тароҷинсиятӣ (транссексуалҳо) ҷоиз нест.[65] Аз назари фақиҳоне монанди Имом Хумайнӣ,[66] Ҳусайналии Мунтазирӣ,[67] Сайид Алии Хоманаӣ,[68] ва Сайид Муҳсини Харрозӣ[69], ин навъи тағйири ҷинсият танҳо дар ҳолате ҷоиз аст, ки бо дастури табиб ва бо ҳадафи муолиҷа анҷом гирад — ба гунае ки ихтилоли ҳувияти ҷинсӣ фақат бо роҳи тағйири ҷинсият муолиҷа шавад.

Аҳкоми марбут

Пас аз амали тағйири ҷинсият, аҳкоме пайдо мешаванд, ки баъзе аз онҳо чунинанд:

Бақо ё аз байн рафтани издивоҷ

Бар асоси фатвои фақеҳони шиа, ба маҳзи он ки яке аз ҳамсарон (зан ё мард) ҷинсияташро тағйир диҳад, ақди издивоҷ ботил мегардад.[70]

Агар ҳамсарон ҳамзамон бо ҳам ҷинсияташонро тағйир диҳанд — ба тавре ки мард зан ва зан мард гардад — бар асоси фатвои Сайид Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ баид нест, ки ақди никоҳ миёни онҳо боқӣ монад; ҳарчанд эҳтиёти мустаҳаб ин аст, ки аз нав ақд хонда шавад.[71] Бар асоси фатвои Фозили Ланкаронӣ, завҷият миёни он ду фавран фасх мешавад ва метавонанд аз нав ақд кунанд — ва эҳтиёти мустаҳаб он аст, ки сабр кунанд то идда гузарад.[72]

Маҳр

Аз назари бархе фақеҳон, бо ботил шудани издивоҷ, агар қабл аз тағйири ҷинсият робитаи ҷинсӣ сурат гирифта бошад, мард бояд маҳрро ба таври комил пардохт кунад.[73] Ва агар робита сурат нагирифта бошад, бар асоси назари Сайид Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ, бо таваҷҷӯҳ ба қоидаҳо, пардохти пурраи маҳр дуруст ба назар мерасад.[74] Ва бар асоси назари Ҳусайналии Мунтазирӣ, эҳтиёти мустаҳаб он аст, ки ду тараф ба созиш бирасанд.[75]

Бар асоси фатвои Фозили Ланкаронӣ, агар тағйири ҷинсият аз тарафи зан ва бо изни шавҳар сурат гирад, дар сурати набудани робитаи ҷинсӣ қабл аз он, пардохти пурраи маҳр воҷиб аст — ҳарчанд эҳтиёти мустаҳаб он аст, ки созиш ва сулҳ кунанд.[76]

Вилояти падар

Агар марде, ки валӣ аст, бо тағйири ҷинсият ба зан табдил ёбад, бар асоси фатвои баъзе фақеҳон, вилояти ӯ бар фарзандони ноболиғаш аз байн меравад. Ва агар зан бо тағйири ҷинсият ба мард табдил ёбад, бар фарзандони ноболиғаш вилоят пайдо намекунад, ва он барои бобои падарӣ, ва дар сурати набуданаш — барои ҳокими шаръӣ — собит мешавад.[77]

Мерос

Бар асоси назари фақеҳон, меъёр дар мерос ин аст, ки унвонҳои мард ё зан будан дар лаҳзаи марги маваррис (шахсе, ки вафот мекунад ва дороии худро ба ҷо мегузорад) дар ҳолати феълӣ қарор дошта бошанд.[78] Бар ин асос, агар шахсе мард бошад ва пеш аз марги маваррис ҷинсияташро тағйир диҳад, мисли зан ирс мебарад; ва агар зан бошад ва пеш аз марги маваррис ҷинсияташро тағйир диҳад, мисли писарон ирс мебарад.[79]

Китобшиносӣ

Баъзе аз осоре, ки дар бораи тағйири ҷинсият бо равиши фиқҳӣ навишта шудаанд, инҳоянд:

  • Китоби «Тағйири ҷинсият», таълифи Муҳаммадмаҳдӣ Кариминиё: Муаллиф дар ин китоб, илова бар баррасӣ ва таҳлили навъҳои гуногуни тағйири ҷинсият, баъзе аз истифтоҳои мавҷуд дар ин мавзуъ ва аҳкоми марбут ба онро гузориш медиҳад ва назариёти фақеҳонро таҳлил мекунад. Китоб дар 497 саҳифа аз тарафи Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳор (а) дар соли 1389 ҳ.ш. дар шаҳри Қум ба нашр расидааст.[80]
  • Китоби «Тағйири ҷинсият, оре ё на?»: Маҳсули ҷаласоти дарси хориҷи фиқҳи Ядуллоҳи Дуздузонӣ аз мароҷеи тақлиди шиа мебошад. Мавзуъҳои ин китоб аз дарсҳои Дуздузонӣ гирдоварӣ шудаанд, ки дар бахши «Ороиши мард бо чизҳое, ки хоси занон аст ва баръакс» муҳокима шудааст.[81] Ин китоб аз тарафи Муҳсин Далер гирдоварӣ шудааст ва бо иловагиҳо дар 152 саҳифа, дар соли 1387 ҳ.ш. ба нашр расидааст.[82]

Эзоҳ

  1. Кариминиё, Тағйири ҷинсият, 1389ҳ.ш., саҳ.27
  2. Далерӣ, Тағйири ҷинсият оре ё на? (Дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Дуздузонии Табрезӣ), 1393ҳ.ш., саҳ.4; Кариминиё, Тағйири ҷинсият, 1389ҳ.ш., саҳ.27
  3. Кариминиё, Тағйири ҷинсият, 1389ҳ.ш., саҳ.27
  4. Барои намуна ниг.: Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.469; Табрезӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.479; Хуӣ, Истифтоот, муассисаи фиқҳии Хуӣ, саҳ.386
  5. Барои намуна ниг.: Мунтазирӣ, Аҳкоми тиббӣ мувофиқ бо фатвоҳои Оятуллоҳ Мунтазирӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.113; Муҳсинӣ, ал-Фиқҳу ва-л-масоил-ит-тиббия, нашри Ёрон, саҳ.117; Макорими Шерозӣ, Аҳкоми тиббӣ, 1429ҳ.қ., саҳ.107; Алавии Гургонӣ, Истифтооти пизишкӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.119–120
  6. Барои намуна ниг.: Субҳонӣ, «Тағйири ҷинсият аз дидгоҳи фиқҳи исломӣ», саҳ.69; Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.104; Муъмин Қумӣ, «Сухане дар бораи тағйири ҷинсият», саҳ.91
  7. Барои намуна ниг.: Далерӣ, Тағйири ҷинсият оре ё на? (Дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Дуздузонии Табрезӣ), 1393ҳ.ш., саҳ.5
  8. Ҳамсодӣ, Ҷабрӣ Шамсиддин, «Ҳукму таҳвил-ил-ҷинс: диросатун тақвимиятун фи завъи мақосид-иш-шариа», саҳ.52
  9. Кариминиё, Тағйири ҷинсият, 1389ҳ.ш., саҳ.43; Абушодӣ, ат-Таҳвил-ул-ҷинсӣ байн-ал-фиқҳи ва-т-тибби ва-л-қонун, 2016м, саҳ.508
  10. Барои намуна ниг.: Bizic and others, Sex reassignment surgery, саҳ.10–11
  11. Қосимӣ, Донишномаи фиқҳи пизишкӣ, 1395ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.42; Кариминиё, Тағйири ҷинсият, 1389ҳ.ш., саҳ.58
  12. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.596
  13. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.553
  14. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1381ҳ.ш., саҳ.154
  15. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1381ҳ.ш., саҳ.154
  16. Oxford learner,s dictionaries'
  17. Кариминиё, Тағйири ҷинсият, 1389ҳ.ш., саҳ.59
  18. Кариминиё, Тағйири ҷинсият, 1389ҳ.ш., саҳ.50
  19. Кариминиё, Тағйири ҷинсият, 1389ҳ.ш., саҳ.132
  20. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.596
  21. «تغییر جنسیت در ایران», сомонаи хабарии ВВС
  22. Кариминиё, Тағйири ҷинсият, 1389ҳ.ш., саҳ.136
  23. Кариминиё, Тағйири ҷинсият, 1389ҳ.ш., саҳ.136
  24. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.596
  25. Мунтазирӣ, Диросотун фи-л-макосиб-ил-муҳаррама, 1415ҳ.қ., саҳ.517–518; Мунтазирӣ, Аҳкоми пизишкии мутобиқ бо фатовои Мунтазирӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.66
  26. Ҷаннотӣ, Рисолаи тавзиҳ-ул-масоил (истифтоот), 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.254–256
  27. Кариминиё, Тағйири ҷинсият, 1389ҳ.ш., саҳ.423
  28. Муҳсинӣ, Ал-Фиқҳ ва-л-масоил-ит-тиббия, саҳ.118
  29. Имомии Аҳвозӣ, Ат-Таҳаввул-ул-ҷинсӣ, 1442ҳ.қ., саҳ.91–92
  30. Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.469
  31. Файёз, Ал-Масоил-ут-тиббия, саҳ.92
  32. Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.241
  33. Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.241
  34. Кариминиё, Тағйири ҷинсият, 1389ҳ.ш., саҳ.206
  35. Мунтазирӣ, Диросотун фи-л-макосиб-ил-муҳаррама, 1415ҳ.қ., саҳ.517; Мунтазирӣ, Аҳкоми пизишкии мутобиқ бо фатовои Мунтазирӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.66; Муъмин Қумӣ, «Сухане дар бораи тағйири ҷинсият», саҳ.96
  36. Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.241
  37. Мунтазирӣ, Аҳкоми пизишкии мутобиқ бо фатовои Мунтазирӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.66; Муъмин Қумӣ, «Сухане дар бораи тағйири ҷинсият», саҳ.96
  38. Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.241
  39. Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.241
  40. Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41–42; Муъмин Қумӣ, Калимотун садида, 1415ҳ.қ., саҳ.163–164
  41. Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.241
  42. Хуӣ, Истифтоот, Муассисаи фиқҳии Хуӣ, саҳ.386
  43. Гулпойгонӣ, Иршод-ус-соил, 1413ҳ.қ., саҳ.70
  44. Табрезӣ, Фиқҳ-ул-аъзор-уш-шаръияти ва-л-масоил-ит-тиббия, 1422ҳ.қ., саҳ.112
  45. Баҳҷат, Истифтоот, 1396ҳ.ш., саҳ.259
  46. Софии Гулпойгонӣ, Истифтооти пизишкӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.237
  47. «عمل تغییر جنسیت», сомонаи расмии Дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ
  48. Алавии Гургонӣ, Истифтооти пизишкӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.119
  49. Далерӣ, Тағйири ҷинсият оре ё на? (Дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Дуздузонии Табрезӣ), 1387ҳ.ш., саҳ.31
  50. Далерӣ, Тағйири ҷинсият оре ё на? (Дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Дуздузонии Табрезӣ)1387ҳ.ш., саҳ.40
  51. Сураи Нисо, оятҳои 117–119; Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.241–242
  52. Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.241–242; Далерӣ, Тағйири ҷинсият оре ё на? (Дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Дуздузонии Табрезӣ)1387ҳ.ш., саҳ.46
  53. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Боби манъи ташаббуҳи мардон ба занон ва занон ба мардон, 1412ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.284; Далерӣ, Тағйири ҷинсият оре ё на? (Дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Дуздузонии Табрезӣ)1387ҳ.ш., саҳ.53
  54. Далерӣ, Тағйири ҷинсият оре ё на? (Дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Дуздузонии Табрезӣ)1387ҳ.ш., саҳ.53–54; Субҳонӣ, «Тағйири ҷинсият дар фиқҳи исломӣ», саҳ.8
  55. Кариминиё, Тағйири ҷинсият, саҳ.154
  56. Қосимӣ, Донишномаи фиқҳи пизишкӣ, 1395ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.50
  57. Барои намуна ниг.: Табрезӣ, Фиқҳ-ул-аъзор-уш-шаръияти ва-л-масоил-ит-тиббия, 1422ҳ.қ., саҳ.112; Алавии Гургонӣ, Истифтооти пизишкӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.120; Софии Гулпойгонӣ, Истифтооти пизишкӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.245
  58. Мунтазирӣ, Аҳкоми пизишкии мутобиқ бо фатовои Мунтазирӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.66
  59. Фозили Ланкаронӣ, Аҳкоми пизишкон ва беморон, 1427ҳ.қ., саҳ.127
  60. Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.242
  61. Субҳонӣ, «Тағйири ҷинсият аз дидгоҳи фиқҳ», саҳ.11
  62. Шерозӣ, ал-Масоил-ут-тиббия, 1428ҳ.қ., саҳ.50
  63. Гулпойгонӣ, Иршод-ус-соил, 1413ҳ.қ., саҳ.70; Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.243
  64. Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.243; Муъмин Қумӣ, «Сухане дар бораи тағйири ҷинсият», саҳ.95; Субҳонӣ, «Тағйири ҷинсият аз дидгоҳи фиқҳи исломӣ», саҳ.4
  65. Барои намуна ниг.: Софии Гулпойгонӣ, Истифтооти пизишкӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.243; Алавии Гургонӣ, Истифтооти пизишкӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.119; Далерӣ, Тағйири ҷинсият оре ё на? (Дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Дуздузонии Табрезӣ), 1387ҳ.ш., саҳ.57–58; Субҳонӣ, «Тағйири ҷинсият аз дидгоҳи фиқҳи исломӣ», саҳ.4–5
  66. Имомии Аҳвозӣ, Тағйири ҷинсият, 1442ҳ.қ., саҳ.31
  67. Мунтазирӣ, Диросотун фи-л-макосиб-ил-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.517
  68. Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.34
  69. Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.242
  70. Барои намуна ниг.: Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.597; Мунтазирӣ, Аҳкоми пизишкии мутобиқ бо фатовои Мунтазирӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.69; Фозили Ланкаронӣ, Аҳкоми беморон ва пизишкон, 1427ҳ.қ., саҳ.134; Алавии Гургонӣ, Истифтооти пизишкӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.120; Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.247; Муъмин Қумӣ, «Сухане дар бораи тағйири ҷинсият», саҳ.97
  71. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.597
  72. Фозили Ланкаронӣ, Аҳкоми беморон ва пизишкон, 1427ҳ.қ., саҳ.143
  73. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.597; Мунтазирӣ, Аҳкоми тиббӣ, саҳ.69; Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.249
  74. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.597
  75. Мунтазирӣ, Аҳкоми пизишкии мутобиқ бо фатовои Мунтазирӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.69
  76. Фозили Ланкаронӣ, Аҳкоми пизишкон ва беморон, 1427ҳ.қ., саҳ.143
  77. Барои намуна ниг.: Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.597; Аҳкоми пизишкон ва беморон, 1427ҳ.қ., саҳ.144; Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.259
  78. Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.260
  79. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.598; Фозили Ланкаронӣ, Аҳкоми пизишкон ва беморон, 1427ҳ.қ., саҳ.144; Софии Гулпойгонӣ, Истифтооти пизишкӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.244; Харрозӣ, «Тағйири ҷинсият», саҳ.259–260; Муъмин Қумӣ, «Сухане дар бораи тағйири ҷинсият», саҳ.106
  80. Кариминиё, Тағйири ҷинсият, 1389ҳ.ш., саҳ.20
  81. Далерӣ, Тағйири ҷинсият оре ё на? (Дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Дуздузонии Табрезӣ)1387ҳ.ш., саҳ.6
  82. Далерӣ, Тағйири ҷинсият оре ё на? (Дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Дуздузонии Табрезӣ), 1387ҳ.ш., саҳ.1

Ёддошт

  1. (Тароҷинсиятӣ ба англисӣ: Transsexual, ба русӣ: Транссексуальность)
  2. Лили Элбе (ба англисӣ: Lili Elbe) 1882–1931м. рассоми даниягӣ ва аввалин шахсе, ки бо ҷарроҳӣ аз мард ба зан тағйири ҷинсият кардааст.

Сарчашма

  • «تغییر جنسیت در ایران», сомонаи хабарии ВВС, санаи нашр: 19 майи 2006м, санаи боздид: 21 тири 1401ҳ.ш.
  • «عمل تغییر جنسیت», сомонаи расмии Дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, санаи нашр: 19 озари 1398ҳ.ш., санаи боздид: 20 тири 1401ҳ.ш.
  • Абушодӣ, Анс Абдулфаттоҳ, «ат-Таҳвил-ул-ҷинсӣ байн-ал-фиқҳи ва-т-тибби ва-л-қонун», маҷаллаи Ад-Дироия, №16, соли 2016м.
  • Алавии Гургонӣ, Сайид Муҳаммадалӣ, Истифтооти пизишкӣ, Қум, нашри Фақеҳи Аҳли Байт (а), 1395ҳ.ш.
  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Истифтоот, Қум, дафтари Оятуллоҳ Муҳаммадтақӣ Баҳҷат, 1396ҳ.ш.
  • Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Иршод-ус-соил, Бейрут, нашри Дор-ус-сафва, 1413ҳ.қ.
  • Далерӣ, Муҳсин, Тағйири ҷинсият оре ё на? (Дарси хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Дуздузонии Табрезӣ), Қум, нашри Осори Амин, 1393ҳ.ш.
  • Имомии Аҳвозӣ, Мустафо, «ат-Таҳвил-ул-ҷинсӣ, диросатун фиқҳия табҳасу ан тағйир-ил-ҷинс мин закари лилунсо ваалъакс», Қум, нашри Дор-ут-таҳзиб, 1442ҳ.қ.
  • Кариминиё, Муҳаммадмаҳдӣ, Тағйири ҷинсият, Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳор (а), нашри аввал, 1389ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Аҳкоми тиббӣ, Қум, Мактаби Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), нашри аввал, 1429ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтооти ҷадид, Қум, Мактаби Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), нашри дуюм, 1427ҳ.қ.
  • Мишкинӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, нашри Ал-Ҳодӣ, 1381ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Аҳкоми тиббӣ мувофиқ бо фатвоҳои Мунтазирӣ, Теҳрон, нашри Соя, нашри сеюм, 1385ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Диросотун фи-л-макосиб-ил-муҳаррама, Қум, нашри Тафаккур, 1415ҳ.қ.
  • Муъмин Қумӣ, Муҳаммад, «Сухане дар бораи тағйири ҷинсият», маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт (а), №7, соли 1375ҳ.ш.
  • Муъмин Қумӣ, Муҳаммад, Калимотун садида фи масоилин ҷадида, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф, ал-Фиқҳу ва-л-масоил-ит-тиббия, Қум, нашри Ёрон, бе таърих.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Истифтооти пизишкӣ, Қум, Дафтари танзим ва нашри осори Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, 1396ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Тағйири ҷинсият аз дидгоҳи фиқҳи исломӣ», маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт (а), №69, баҳори 1391ҳ.ш.
  • Табрезӣ, Мирзо Ҷавод, Истифтооти ҷадид, Қум, нашри Сурур, нашри сеюм, 1385ҳ.ш.
  • Табрезӣ, Мирзо Ҷавод, Фиқҳ-ул-аъзор-уш-шаръияти ва-л-масоил-ит-тиббия, Қум, нашри Сидиқи шаҳида, 1422ҳ.қ.
  • Файёз, Муҳаммадисҳоқ, ал-Масоил-ут-тиббия, Қум, бе нашр, бе ҷой.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Аҳкоми пизишкон ва беморон, Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳор (а), нашри аввал, 1427ҳ.қ.
  • Харрозӣ, Сайид Маҳсин, «Тағйири ҷинсият», маҷаллаи фиқҳи Аҳли байт (а), №23, тирамоҳи 1379ҳ.ш.
  • Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, Кувайт, Дор-ун-набаъ, нашри аввал, 1415ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Китоб-ул-байъ, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, нашри аввал, 1421ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, бе таърих.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Истифтоот, Қум, Муассисаи фиқҳии Хуӣ, бе таърих.
  • Шерозӣ, Сайид Содиқ, ал-Масоил-ут-тиббия, Қум, нашри Ёсу-з-Заҳро, нашри дуюм, 1428ҳ.қ.
  • Қосимӣ, Муҳаммадалӣ, Донишномаи фиқҳи пизишкӣ, Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳор (а), 1395ҳ.ш.
  • Ҳамсодӣ, Фарҳон ва Мустафо ибни Муҳаммад Ҷабрӣ Шамсиддин, «Ҳукму таҳвил-ил-ҷинс: диросатун тақвимиятун фи завъи мақосид-иш-шариа», ал-Фиқҳ ва усул-ул-фиқҳ, 2018м.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Оли байт (а), 1412ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Ҷаннотӣ, Муҳаммадиброҳим, Рисолаи тавзиҳ-ул-масоил (истифтоот), Қум, Ансориён, 1388ҳ.ш.
  • »Transexual»، Oxford learner,s dictionaries، seen in: 16 July 2022.
  • Bizic, Marta and others, Sex reassignment surgery, Medical youth, Jun 2015.