Jump to content

Маҳрулмисл

Аз wikishia

Маҳрулмисл (форсӣ: مَهرُ الْمِثل) маҳрияе аст, ки пас аз издивоҷе муайян карда мешавад, ки дар сиғаи он, маҳрия муайян нашуда бошад ва зану мард бо ҳам омезиш карда бошанд. Маҳрулмисл махсуси издивоҷи доим аст ва дар издивоҷи муваққат маҳрулмисл надорем. Агар дар сиғаи он, маҳрия муайян нашуда бошад, издивоҷ ботил аст.

Ба фатвои фақеҳон, барои муайян кардани маҳрулмисли як зан бояд ба занони ҳамшаъни ӯ таваҷҷӯҳ кард ва бар асоси меъёрҳое чун синну сол, зебоӣ, бакорат ва ҷойгоҳи хонаводагӣ, маҳрияро муайян намуд.

Тибқи фатвои Макорими Шерозӣ аз мароҷеи тақлиди шиа, маҳрияҳои номутаораф, монанди ҳазор сиккаи тилло, ботиланд ва ба маҳрулмисл табдил меёбанд.

Мафҳумшиносӣ

«Маҳрулмисл» ба маҳрияе гуфта мешавад, ки пас аз издивоҷ муайян карда мешавад. Чунин маҳрияе замоне матраҳ мешавад, ки зану мард ба ақди доим ҳам даромада бошанд ва омезиш ҳам сурат гирифта бошад, аммо дар сиғаи издивоҷ, маҳрия муайян накарда бошанд.[1]

Маҳрулмисл чӣ гуна муайян мешавад?

Ба фатвои фақеҳон, барои муайян кардани маҳрулмисли як зан, маҳрияҳои занони ҳамшаън ё монанди ӯ ба назар гирифта мешаванд.[2] Муҳаммадҳасани Наҷафӣ, аз фақеҳони шиаи қарни сенздаҳуми ҳиҷрӣ, мегӯяд дар муайян кардани маҳрулмисл бояд меъёрҳое чун ҷойгоҳи хонаводагӣ, зебоӣ, синну сол, бакорат, дороӣ ва ҳар хусусияти дигаре, ки ба воситаи он ҷойгоҳи зан фарқ мекунад, ба назар гирифта шавад.[3]

Дар кадом ҳолатҳо бояд маҳрулмисл таин шавад?

Тибқи фатвоҳои фақеҳон, дар ҳолатҳои зерин маҳрулмисл ба зан тааллуқ мегирад:

  • Дар ақди доим, замоне ки маҳрия муайян нашуда ва омезиш сурат гирифтааст.[4] Дар ақди муваққат маҳрулмисл надорем ва агар дар сиғаи чунин издивоҷ, маҳрия муайян нашуда бошад, ақд ботил аст.[5]
  • Дар ҳолати омезиш бо шубҳа,[6] ба шарте ки шубҳа барои ҳарду тараф ё танҳо барои зан пеш омада бошад; аммо агар зан аз ҳаром будани омезиш огоҳ бошад, маҳрулмисл ба ӯ тааллуқ намегирад.[7]
  • Агар маҳрия норавшан ва номаълум бошад. Масалан, агар маҳрия таълими яке аз сураҳои Қуръон бошад, бидуни он ки он сура муайян гардад, маҳрия ботил мешавад ва агар омезиш рух дода бошад, маҳрулмисл бар ӯҳдаи мард аст.[8]
  • Агар марде муртад шавад ва надонад, ки ҳаққи наздикӣ бо ҳамсарашро надорад ва бо ӯ наздикӣ кунад, фақеҳоне мисли Шайх Тӯсӣ гуфтаанд, ки ин мард илова бар маҳрулмусаммо (маҳрияе, ки дар вақти ақд муайян шудааст), маҳрулмислро низ бояд пардохт кунад.[9]
  • Агар ҳамсарон (зан ва мард) мусулмон шаванд ё мард танҳо мусулмон шавад, бархе фақеҳон бар инанд, ки ҳамсарии онҳо фасх мешавад ва агар наздикӣ сурат гирифта бошад, маҳрулмисл ба зан тааллуқ мегирад.[10]
  • Макорими Шерозӣ аз мароҷеи тақлиди шиа, бар он аст, ки маҳрияҳои ғайримаъмулӣ, мисли ҳазор сиккаи тилло, ботил ва ба маҳрулмисл табдил меёбанд.[11]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Макорими Шерозӣ, Китоби никоҳ, 1382ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.39
  2. Макорими Шерозӣ, Китоби никоҳ, 1382ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.42
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.31, саҳ.52
  4. Шубайрии Занҷонӣ, Китоби никоҳ, муассисаи Рой-Пардоз, ҷ.9, саҳ.3111
  5. Макорими Шерозӣ, Китоби никоҳ, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.137
  6. Табатабоии Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.808; Шубайрии Занҷонӣ, Китоби никоҳ, муассисаи Рой-Пардоз, ҷ.4, саҳ.1258
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.32, саҳ.378–379
  8. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.269
  9. Шубайрии Занҷонӣ, Китоби никоҳ, муассисаи Рой-Пардоз, ҷ.17, саҳ.5600
  10. Шаҳид Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1425ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.162
  11. Макорими Шерозӣ, Китоби никоҳ, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.20

Сарчашма

  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мӯсо, Китоби никоҳ, Қум, муассисаи Рой-Пардоз, бе таърих.
  • Шаҳид Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи Шароеъ-ул-ислом, Қум, муассисаи Маорифи исломӣ, нашри сеюм, 1425ҳ.қ.
  • Табатабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадказим, Урват-ул-вусқо, Бейрут, муассисаи Аълами барои нашр, нашри дуюм, 1409ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, муассисаи нашрии Исмоилиён, нашри дуюм, 1408ҳ.қ.
  • Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Аҳкоми хонавода ва одоби издивоҷ, Қум, нашриёти Муҳиббони Ҳусайн, нашри панҷум, 1388ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Китоби никоҳ, Қум, мадрасаи Имом Амирулмуъминин, 1382ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ул-ислом, таҳқиқи Маҳмуд Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, нашри ҳафтум, бе таърих.
  • Ҳошимӣ Шаҳрудӣ, Сайид Маҳмуд, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, нашри сеюм, 1390ҳ.ш.