Ҳизонат

Аз wikishia

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Рисолаи амалия

Ҳизонат (ба арабӣ: حِضانَت) сарпарастӣ ва нигаҳдорӣ аз кӯдаки ноболиғу ғайрирашид (ба рушди ақлӣ нарасида) аст. Ҳизонати кӯдак, масоиле чун тарбият, таҳияи хӯрок ва пӯшоки муносиби ӯро шомил мешавад.

Бар тибқи фиқҳи исломӣ сарпарастии кӯдак то замоне, ки падару модар бо ҳам зиндагӣ мекунанд, бар ӯҳдаи ҳардуи онҳост ва дар сурати ҷудоии падару модар, ба фатвои бештари фақеҳон ҳизонати духтар то ҳафтсолагӣ ва писар то дусолагӣ дар ихтиёри модар ва пас аз он дар ихтиёри падар аст, вале фақеҳоне чун Сайид Абулқосим Хуӣ сарпарастии писарро ҳам то ҳафтсолагӣ бар ӯҳдаи модар медонанд.

Бо марги ҳар як аз волидайн, ҳизонат ба он дигарӣ мегузарад ва дар сурати вафоти ҳарду, ҳизонат бар ӯҳдаи бобои падарӣ аст. Ҳизонат бо булуғ ва расидани фарзанд ба рушди ақлӣ поён меёбад.

Маъно

Ҳизонат, истилоҳи фиқҳӣ ба маънои сарпарастии кӯдак ва нигаҳдорӣ, тарбият ва таҳияи хӯроку пӯшоки муносиби ӯст.[1] Дар фиқҳ дар бахшҳои никоҳ ва луқата (амволи маҷҳулулмолик) аз ҳизонат баҳс мешавад.[2] Мавзуоте чун замони ҳизонат, вогузории ҳаққи ҳизонат, шароити ҳизонаткунанда ва ҳизонати кӯдаки ятим аз ҷумла масоили матраҳшуда дар фиқҳи исломӣ дар бораи ҳизонат аст.

Замони ҳизонат

Дар фиқҳи исломӣ, ҳизонати кӯдак то замоне ки падару модар бо ҳам зиндагӣ мекунанд, бар ӯҳдаи ҳардуи онҳост.[3] Дар сурати ҷудоии падару модар ҳизонати фарзанд, чи писар бошад ва чи духтар то дусолагӣ, бар ӯҳдаи модар аст.[4] Аммо дар хусуси ҳизонати баъд аз дусолагӣ, байни фақеҳон ихтилофи назар ҳаст. Ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир бештари фақеҳон[5] аз ҷумла Муҳаққиқи Ҳиллӣ ва Аллома Ҳиллӣ бар ин боваранд, ки ҳизонати духтар то ҳафтсолагӣ бар ӯҳдаи модар боқӣ мемонад ва аз он пас ба падар вогузор мешавад, аммо ҳизонати писар баъд аз дусолагӣ ба падар мегузарад.[6]

Бархеи дигар аз фақеҳоне чун соҳиби Мадорик ва Сайид Абулқосим Хуӣ бар ин ақидаанд, ки ҳизонати кӯдак, чи духтар бошад ва чи писар, то ҳафтсолагӣ бар ӯҳдаи модар ва пас аз он бар ӯҳдаи падар аст.[7] Ба гуфта Аллома Ҳиллӣ, Шайхи Муфид ҳизонати духтарро то синни нуҳсолагӣ бар ӯҳдаи модар донистааст.[8]

Ҳангоме, ки фарзанд ба синни булуғ ва рушди ақлӣ бирасад, духтар бошад ё писар, замони ҳаққи ҳизонати падару модар ба поён мерасад ва ихтиёри зиндагиаш бо худи ӯст.[9]

Мулоқоти кӯдак

Тибқи фатвои мароҷеъи тақлиде чун Муҳаммадтақии Баҳҷат ва Носир Макорими Шерозӣ, ҳар як аз падару модар, ки сарпарасти кӯдак шавад, наметавонад монеъ аз дидори дигарӣ бо фарзандаш[10] ва кӯмак кардан ба ӯ шавад.[11]

Вогузории ҳизонат

Бисёре аз фуқаҳо аз ҷумла Шаҳиди Сонӣ, соҳиби Риёз ва соҳиби Ҷавоҳир ҳизонатро аз ҷинси ҳуқуқ медонанд ва мегӯянд қобили вогузорӣ ба дигарӣ аст.[12] Шаҳиди Аввал дар китоби ал-Қавоид ва-л-фавоид навиштааст: Агар модар аз ҳизонат сарпечӣ кард, ҳаққи ҳизонат ба падар вогузор мешавад, аммо агар ҳар ду сарпечӣ карданд, падар водор мешавад, ки ҳизонатро бар ӯҳда бигирад.[13]

Шароити ҳизонаткунанда

Бар асоси фиқҳи исломӣ ҳизонаткунанда, чи мард ва чи зан, бояд мусулмон ва озод бошад (барда набошад).[14] Ҳамчунин бояд оқил бошад ва салоҳияти нигаҳдорӣ аз фарзандро дошта бошад.[15]

Ба фатвои фақеҳон ҳизонати модар танҳо дар сурате аст, ки бо шахси дигаре издивоҷ накарда бошад.[16] Соҳиби Ҷавоҳир навиштааст, ки фақеҳон дар ин замина иҷмоъ доранд.[17] Нуктаи дигар дар ин замина ин аст, ки модар барои нигаҳдорӣ аз фарзанд метавонад аз падар уҷрат бигирад.[18]

Ҳизонати кӯдаки ятим

Ҳамчунин бибинед: Ятим

Агар ҳар як аз падар ё модари кӯдак фавт кунад, ҳаққи ҳизонати ӯ ба дигарӣ мегузарад.[19] Дар сурати набудани ҳарду, сарпарастӣ ба бобои падарии кӯдак мерасад.[20] Дар сурати набуди вай, ба бовари бархе аз фуқаҳо ҳаққи ҳизонат ба дигар бастагон бар асоси рутбаи онҳо дар ирс вогузор мешавад, аммо бархеи дигар чун Юсуфи Баҳронӣ аз фақеҳони қарни дувоздаҳуми қамарӣ ва соҳиби Ҷавоҳир мегӯянд: ҳаққи ҳизонат дар ихтиёри хонадони падарӣ боқӣ мемонад.[21]

Баҳронӣ дар китоби ал-Ҳадоиқ-ун-нозира навиштааст: Дар сурати набудани бобои падарӣ, ҳокими шаръ бо истифода аз амволи кӯдак, барои ӯ сарпарасте таъйин хоҳад кард ва агар кӯдак моле надошта бошад, ҳизонати ӯ бар мусулмонон, воҷиби кифоӣ аст.[22]

Ҳизонати кӯдаки номашрӯъ

Ба фатвои фақеҳон сарпарастии кӯдаке, ки аз роҳи номашрӯъ таваллуд шудааст, бар ӯҳдаи падару модари воқеии ӯст.[23] Албатта фуқаҳо муътақиданд зинозода аз волидайнаш ирс намебарад.[24] Ба навиштаи соҳиби Ҷавоҳир фақеҳон дар ин масъала иҷмоъ доранд.[25]

Эзоҳ

  1. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.283.
  2. Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.309.
  3. Муассисаи доиратулмаорифи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.309.
  4. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.102.
  5. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.290.
  6. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.289; Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.102.
  7. Омилӣ, Ниҳоят-ул-маром, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.168; Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.285.
  8. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.102.
  9. Аллома Ҳиллӣ, Қавоъид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.101 ва 102; имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, Дорулъилм, ҷ.2, саҳ.313.
  10. Макорими Шерозӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.362.
  11. Баҳҷат, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, 1430ҳ.қ., 393 ва 394.
  12. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.5, 464; Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.12, Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.1404ҳ.қ., саҳ.162; ҷ.31, саҳ.283 ва 284.
  13. Шаҳиди Аввал, ал-Қавоид ва-л-фавоид, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.396.
  14. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.289.
  15. Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.121 ва 122.
  16. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.290; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.292.
  17. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.292.
  18. Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.122.
  19. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.293.
  20. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.295.
  21. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.295 ва 296; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.97
  22. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.97.
  23. Баҳҷат, Истифтоот, 1430ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.133; Файёз, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1426ҳ.қ., саҳ.563; Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.364.
  24. Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.364; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.752, 763; Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., саҳ.551.
  25. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.38, саҳ.274.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоъид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, муассисаи нашри исломӣ, 1405ҳ.қ.
  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, Қум, дафтари Оятуллоҳ Баҳҷат, чопи аввал, 1430ҳ.қ.
  • Гулпойгонӣ, Сайидмуҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Қум, Дорулқуръонилкарим, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайдрўҳуллоҳ, Таҳрирулвасила, Қум, муассисаи матбуотии Дорулъилм, чопи аввал, бе то.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтоъоти ҷадид, Қум, нашри мадрасаи Алӣ ибни Абитолиб, 1427ҳ.қ.
  • Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, Қум, маркази доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайни Муҳаммадалӣ Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, ба кӯшиши Маҳмуди Қучонӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1404ҳ.қ.
  • Омилӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ниҳоят-ул-маром фи шарҳи мухтасари шароеъ-ул-Ислом, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидалӣ, Риёз-ул-масоил фи таҳқиқ-ил-аҳком би-д-далоил, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Тоҳирӣ, Ҳабибуллоҳ, Ҳуқуқи маданӣ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1418ҳ.қ.
  • Файёз, Муҳаммадисҳоқ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, Қум, интишороти Маҷлисӣ, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайидабулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, мадинатулъилм, чопи бисту ҳаштум, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Қавоид ва-л-фавоид, таҳқиқи Сайидабдулҳодӣ Ҳаким, Қум, китобфурӯшии Муфид, чопи аввал, 1400ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Заниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, шарҳи Сайидмуҳаммади Калонтар, Қум, китобфурӯшии Муфид, чопи аввал, 1410ҳ.қ.