Ҳароми абадӣ

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ҳароми абадӣ (форсӣ: حرام اَبدی) ё ҳурмати муаббад (арабӣ: الحرمة المؤبدة) ба маънои ҳароми ҳамешагӣ будани издивоҷи марду зане аст. Дар фиқҳи шиа зинои муҳсина (зинои мард ё зани оиладор), лиъон, хондани ақди никоҳ дар замони идда ва эҳром, ливот бо писар, падар ва бародари зане ва талоқи ҳамсар баъд аз бори нуҳум, сабаби ҳаром шудани издивоҷи зану мард то абад мешавад.

Истилоҳи “ҳароми абадӣ” дар бобҳои фиқҳии никоҳ, талоқ, ҳаҷ ва лиъон истифода шудааст.

Мафҳумшиносӣ

Ҳароми абадӣ, дар муқобили ҳароми муваққат ва ба маънои ҳаром будани издивоҷи марду зане барои ҳамеша аст.[1] Истилоҳи ҳароми абадӣ ду корбурд дорад:

  • Ҳаром будани ҳамешагии издивоҷ бо маҳорим (насабӣ, ризоъӣ ва сабабӣ).[2]
  • Ҳаром будани ҳамешагии издивоҷ бо ғайри маҳориме, ки издивоҷ бо онон ҷоиз аст, аммо дар асари пешомади монеае, издивоҷ бо онҳо абадан ҳаром мешавад.[3]

Асбоб

Дар фиқҳи исломӣ, асбобе зикр шудааст, ки бо вуҷуди онҳо, издивоҷи зану мард ҳароми абадӣ мешавад:

  • Лиъон: дар сурате, ки байни зану шавҳаре лиъон сурат гирад, он ду барои ҳамеша барои якдигар ҳаром мешаванд.[4] Лиъон истилоҳе дар фиқҳ аст, ки дар он, шавҳар бо савгандҳои вижае назди қозӣ ба занаш нисбати зино медиҳад ва зан бо савгандҳои мушобеҳе, иттиҳоми шавҳарашро инкор мекунад.[5] Бо ҷорӣ шудани лиъон аз тарафи зану шавҳар, ҳадди қазф аз шавҳар (ба далели нисбати зино ба зан) ва ҳади зино аз зан бардошта мешавад.[6]
  • Се талоқа кардани ҳамсар: бинобар фиқҳи шиа агар марде ҳамсари худро се бор талоқ диҳад, ҳаққи издивоҷи муҷаддад бо ӯро нахоҳад дошт, магар баъд аз муҳаллил (касе бо он зан издивоҷ кунад ва сипас ӯро талоқ диҳад).[7]
  • Ифзо: агар марде, занеро пеш аз он ки ба синни булуғ расида бошад, изфо кунад, он зан бар ӯ ҳароми абадӣ мешавад.[8] Ифзо ба маънои яке кардани маҷрои бавл ва ҳайз аст.[9]
  • Зино: бино ба дидгоҳи машҳури фуқаҳо, агар марде бо модари зане ё бо духтари ӯ, пеш аз издивоҷ бо он зан, зино кунад, он зан барои ҳамеша бар ӯ ҳаром мешавад.[10] Ҳамчунин зино кардани мард бо зани шавҳардор ва зане, ки дар иддаи талоқи раҷъӣ аст, сабаби ҳароми абадии он зан бар мард мешавад.[11]
  • Ливот: агар марде бо писар, бародар ё падари як зане, пеш аз издивоҷ бо он зан ливот карда бошад, он зан бар ӯ ҳароми абадӣ мешавад.[12]
  • Издивоҷ дар ҳоли идда: издивоҷ бо зане, ки дар идда аст, ҷоиз нест[13] аз ин рӯ, чунонки издивоҷ, бо илм ба ин ки зан дар идда аст ва издивоҷ дар ин ҳолат ҳаром аст, сурат гирад, зан бар мард ҳароми абадӣ мешавад, ҳатто агар алоқаи ҷинсӣ сурат нагирифта бошад.[14] Аммо дар сурати ҷаҳл, фақат дар сурате, ки духул сурат гирифта бошад, зан бар мард ҳароми абадӣ мешавад ва агар духул сурат нагирифта бошад, фақат ақди издивоҷ ботил аст ва пас аз итмоми идда метавонад бо он зан издивоҷ кунад.[15]
  • Эҳром: издивоҷи мард ё зани дар ҳоли эҳром, ҳаром ва ботил аст.[16] Издивоҷ, бо огоҳӣ аз ҳаром будани он дар ин мавқеият, ҳатто бидуни алоқаи ҷинсӣ, сабаби ҳароми абадии зан бар мард аст.[17] Дар сурати ҷаҳл бинобар машҳур, ҳатто агар алоқаи ҷинсӣ карда бошанд, танҳо ақд ботил аст.[18]

Эзоҳ

  1. Муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.291.
  2. Акбарӣ, Аҳкоми равобити маҳраму номаҳрам, 1392ҳ.ш., саҳ.24.
  3. Муҷтаҳидии Теҳронӣ, Се рисола: гуноҳони кабира, маҳраму номаҳрам, Аҳком-ул-ғайба, 1381ҳ.ш., саҳ.18 - 19.
  4. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.34, саҳ.3 - 4.
  5. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.181.
  6. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.181; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.342.
  7. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.501.
  8. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.104 - 105.
  9. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.419.
  10. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.297 - 298.
  11. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.446.
  12. Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.265.
  13. Имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.303.
  14. Имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.303.
  15. Муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳ, 1429ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.473.
  16. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.450.
  17. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.450.
  18. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.450.

Сарчашма

  • Акбарӣ, Маҳмуд, Аҳкоми равобити маҳраму номаҳрам, Қум, интишороти Фатаён, 1392ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Таҳрирул-васила, Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1434ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулаъорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, 1429ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулаъорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Муҷтаҳидии Теҳронӣ, Аҳмад, Се рисола: гуноҳони кабира, маҳраму номаҳрам, Аҳком-ул-ғайба, Қум, муассиса Дар роҳи ҳақ, 1381ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, Мадинатулъилм, чопи бисту дувум, 1410ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайх Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, Қум, интишороти Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароиъ-ил-Ислом, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, чопи аввал, 1413ҳ.қ.