Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Номгузории фарзанд

Аз wikishia

Номгузории фарзанд (форсӣ: نام‌گذاری فرزند) дар манбаъҳои исломӣ, аз ҳуқуқи кӯдак дониста шуда ва интихоби номи нек нахустин вазифаи падар ба шумор омадааст. Баъзе уламои мусулмон интихоби номҳое бо мазмунҳои бандагии Худованд, монанди Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон, ва низ номҳои пайғамбарони илоҳӣ ва Аҳли Байт (а)-ро дорои авлавият шумурдаанд. Аз миёни номҳои Аҳли Байт (а) низ ба номи «Муҳаммад» таъкиди вижа шудааст.

Муҳаммадӣ Райшаҳрӣ, нависандаи китоби Ҳикматномаи кӯдак, бо истинод ба ривоёт ва назари фуқаҳо, номгузории фарзанд бо номҳои хоси Худованд, монанди «Қуддус», «Ҳакам» ва «Холиқ»-ро аз назари шаръӣ ҳаром муаррифӣ кардааст. Дар муқобил, Файзи Кошонӣ, фақиҳи шиа, ин номгузориро макруҳ донистааст.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Бар асоси ривоёте аз Пайғамбар (с), интихоби номи нек нахустин тӯҳфаи падар ба фарзанд[1] ва аз ҷумлаи ҳуқуқи фарзанд баршумурда шудааст.[2] Тибқи нақли баъзе манбаъҳо, модарон низ барои фарзанд ном интихоб мекарданд.[3] Дар манбаъҳои исломӣ, фасли мустақиле барои номгузории фарзанд бо унвони «Боб-ул-асмо ва-л-куно» (Боби номҳо ва куняҳо)[4] ва «ат-Тасмия»[5] ихтисос дода шудааст. Дар сираи бузургон низ сипориш шуда, ки падар ва модар, дар интихоби номи фарзанд, бо якдигар ҳамфикрӣ ва машварат кунанд.[6]

Муҳаққиқон, интихоби номро мутаассир аз омилони гуногун донистаанд; аз ҷумла боварҳои динӣ ва фарҳангӣ, арзишҳои роиҷи ҷомеа, хушоҳангӣ ва зебоии лафз[7] ва низ шарoити ҷуғрофиёӣ ва фазои иҷтимоии ҳар давра.[8]

Замон ва одоби номгузорӣ

Номгузории фарзанд ҳангоми таваллуд ё ҳатто пеш аз он мустаҳаб дониста шудааст;[9] бо ин ҳол беҳтарин замон барои номгузорӣ рӯзи ҳафтум пас аз таваллуд зикр кардаанд.[10] Шайх Садуқ, бо истинод ба ривояте аз Имом Алӣ (а) баён карда, ки пеш аз таваллуд, барои кӯдак номе интихоб шавад ва дар сурати номаълум будани ҷинсият, номи муштарак интихоб шавад.[11] Дар манбаъҳои исломӣ, пеш аз номгузории навзод, гуфтани азон ва бардоштани коми ӯ бо оби Фурот мустаҳаб дониста шудааст.[12] Ақиқа кардан, тарошидани мӯи сари навзод ва садақа додан ба андозаи вазни мӯи сари ӯро низ аз одоби марбут ба номгузории фарзанд баршумурдаанд.[13]

Номҳои дорои авлавият

Фақеҳон мегӯянд дар интихоби номи фарзанд, авлавият бо номҳоест, ки нишон аз бандагии Худо ва бо мазмунҳои убудият бошанд; монанди Абдуллоҳ, Абдурраҳмон. Номҳои пайғамбарони Илоҳӣ ва Аҳли Байт (а) ҳам дар мартабаи баъд қарор мегиранд.[14] Дар манбаъҳои ҳадисӣ, аз миёни номҳои Аҳли Байт (а), бар номи «Муҳаммад» таъкиди вижае шуда[15] ва ин мавзуъ дар манбаъҳои фиқҳӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.[16] Ҳамчунин дар мутуни динӣ, ба номҳое монанди Аҳмад, Алӣ, Ҳасан, Ҳусайн ва Фотима тавсия шуда ва барои онҳо осоре баён шудааст.[17]

Муҳаддиси Нурӣ, аз муҳаддисони шиа дар қарни сездаҳуми қамарӣ, бо истинод ба ривояте аз Имом Содиқ (а) интихоби номи Аҳли Байт (а)-ро нишонаи ошкоро аз изҳори муҳаббат ва дӯстӣ бо онҳо донистааст.[18] Дар китоби ал-Кофӣ омада, ки Имом Ҳусайн (а) номи ҳамаи писарони худро «Алӣ» гузошт ва ин бархоста аз муҳаббат ва ародати вай ба Амирулмуъминин (а) буд.[19]

Ровиёни ҳадис номҳои «Ҷаъфар», «Толиб» ва «Абдуллоҳ»-ро низ аз ҷумлаи номҳои некӯ дар ривоёт баршумурдаанд.[20] Ба бовари пажӯҳишгарони улуми тарбиятӣ, номҳои нек метавонанд асари тарбиятӣ ва талқинӣ дошта бошанд ва шахсияти инсонро дар масири маънои номаш шакл диҳанд. Барои мисол, номе монанди «Абдурраҳмон» метавонад рӯҳияи бандагӣ ва фазлиятро дар шахс тақвият кунад.[21] Бар асоси ривояте, ки Кулайнӣ нақл карда, Аҳли Байт (а) фарзандони худро аз кӯдакӣ бо куния хитоб мекарданд, то аз нисбат додани лақабҳои нописанд ба онҳо пешгирӣ шавад.[22]

Номгузории фарзандони Аҳли Байт ба номи хулафо

Гурӯҳе аз аҳли суннат, бо истинод ба номгузории баъзе аз фарзандони Аҳли Байт ба номи хулафо, бахусус аз сӯи Имом Алӣ (а), ин номгузориро нишонаи робитаҳои хуб ва муҳаббат миёни Аҳли Байт ва хулафо ҳисобидаанд.[23] Ин матлаб дар китобе ба номи «Асилату қодати шабоб-иш-шиа ила-л-ҳақ» (Пурсишҳое ки ҷавонони шиаро ба ҳақиқат роҳнамоӣ мекунад) низ омадааст.[24] Ба гуфтаи Сайид Алӣ Шаҳристонӣ, ду рисола дар посух ба ин ишкол навишта шуда, ки яке навиштаи Ваҳиди Беҳбаҳонӣ (ваф.1205ҳ.қ.) ва дигаре навиштаи Туникобунӣ (ваф.1302ҳ.қ.), нависандаи Қисас-ул-уламо аст.[25]

Сайид Алӣ Шаҳристонӣ (тав.1958), дар китоби «ат-Тасмиёт байна-т-тасомуҳ ал-алавӣ ва-т-тавзиф ал-умавӣ», таҳлили муфассале аз номгузориҳо дар садри Ислом то қарнҳои баъдӣ ироа дода ва зимни баёни 29 нуктаи аслӣ, натиҷа гирифта, ки ин навъи номгузориҳо наметавонад нишонгари робитаи хуб миёни афрод бошад; чунонки адами номгузорӣ ҳам наметавонад нишонаи душманӣ бошад;[26] зеро ин асоми қабл ва баъд аз хулафо низ роиҷ будааст.[27] Ӯ ҳамчунин ба ин нукта ишора мекунад, ки масалан Абубакр усулан номи шахси хос нест ва куния аст ва касе кунияро ба унвони ном барои фарзандаш интихоб намекунад.[28] Ибни Таймияи Ҳарронӣ (ваф.728ҳ.қ.), олими номдори аҳли суннат, низ муътақид аст, ки номгузорӣ ба исми касе далел бар муҳаббат ба ӯ нест; чунонки Пайғамбар (с) ва саҳоба аз асомии куффор истифода мекарданд.[29]

Номгузории номуносиб

Райшаҳрӣ, нависандаи китоби Ҳикматномаи кӯдак, бо истинод ба ривоёт ва дидгоҳи баъзе фақиҳон, номгузории кӯдак ба номҳои махсуси Худованд, монанди «Қуддус», «Ҳакам» ва «Холиқ»-ро ҳаром донистааст.[30] Дар муқобил, Файзи Кошонӣ фақиҳи шиа, ин номгузориро макруҳ шумурдааст.[31] Ҳамчунин дар мутуни динӣ, аз баъзе номгузориҳо наҳй шудааст; аз ҷумла номҳое бо маъонии дӯзах,[32] номҳои шайтонин монанди Зурайс,[33] Ҳубоб,[34] номи ҳайвонот чун «Калб» ва «Кулайб»,[35] ва номҳое бо маънои нописанд монанди «Зирор» (озор), «Ҳарб» (ҷанг) ва «Золим».[36] Солеҳии Димишқӣ, муаррих, нақл кардааст, ки Пайғамбари Ислом (с) номҳои нописанди кӯдаконро тағйир медод.[37]

Муҳаққиқони улуми тарбиятӣ, барои номҳое, ки аз назари зоҳир ва оҳанги вожа номувофиқанд, талаффузи душвор доранд ё маънои писандидае надоранд, паёмадҳое аз қабили эҳсоси ҳақорат, сарзаниши волидон, барангехтани вокунишҳои манфӣ дар ҷомеа[38] ва ҳатто фароҳам шудани заминаи баъзе рафторҳои нописанди иҷтимоӣ барои фарзандон зикр кардаанд.[39] Ҳамчунин баъзе номҳо ба далели пайванд бо шахсиятҳои хушунатӣ ё манфури таърихӣ номуносиб шумурда шудаанд;[40] зеро мумкин аст шахсро дар марҳилае аз зиндагӣ, ба тақлид аз рафтори соҳибони ном савқ диҳад.[41]

Эзоҳ

  1. ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.101, саҳ.130.
  2. ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.101, саҳ.92.
  3. ↑ Шайх Муфид, ал-Иршод, ҷ.1, саҳ.126.
  4. ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.6, саҳ.18; Варром, Маҷмуаи Варром, ҷ.1, саҳ.32.
  5. ↑ Муҳаммадӣ Райшаҳрӣ, Ҳикматномаи кӯдак, саҳ.96.
  6. ↑ Алиакбарӣ, «نام‌گذاری فرزند», саҳ.214.
  7. ↑ Фатҳалихонӣ, Омӯзаҳои бунёдини илми ахлоқ, ҷ.2, саҳ.177.
  8. ↑ Алиакбарӣ, «نام‌گذاری فرزند», саҳ.213.
  9. ↑ Файзи Кошонӣ, Мафотиҳ-уш-шароиъ, ҷ.2, саҳ.283.
  10. ↑ Файзи Кошонӣ, Мафотиҳ-уш-шароиъ, ҷ.2, саҳ.283.
  11. ↑ Шайх Садуқ, Илал-уш-шароиъ, ҷ.2, саҳ.464.
  12. ↑ Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, ҷ.3, саҳ.488.
  13. ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.6, саҳ.29.
  14. ↑ Ниг. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.333.
  15. ↑ Шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.21, саҳ.394.
  16. ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.333; Фозили Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариа (ан-Никоҳ), саҳ.525 ва 527.
  17. ↑ Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Уддат-уд-доӣ ва наҷоҳ-ус-соӣ, саҳ.87.
  18. ↑ Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, ҷ.15, саҳ.129.
  19. ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.6, саҳ.20.
  20. ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.6, саҳ.19.
  21. ↑ Паноҳӣ, Маҳоратҳои зиндагӣ вижаи мутааҳҳилин, саҳ.246; Бахшандаболӣ, «بررسی مراحل شکلگیری هویت دینی کودکان و نوجوانان», саҳ.56; Алиакбарӣ, «نام‌گذاری فرزند», саҳ.217.
  22. ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.6, саҳ.20.
  23. ↑ Ҳусайнӣ, «Муқаддимаи мутарҷим», Номи хулафо бар фарзандони имомон, саҳ.11.
  24. ↑ Шаҳристонӣ, ат-Тасмиёт, саҳ.12.
  25. ↑ Шаҳристонӣ, ат-Тасмиёт, саҳ.14.
  26. ↑ Шаҳристонӣ, ат-Тасмиёт, саҳ.477 - 488.
  27. ↑ Шаҳристонӣ, ат-Тасмиёт, саҳ.98 - 99.
  28. ↑ Шаҳристонӣ, ат-Тасмиёт, саҳ.427 - 472.
  29. ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-сунна, ҷ.1, саҳ.41 - 42.
  30. ↑ Муҳаммадӣ Райшаҳрӣ, Ҳикматномаи кӯдак, саҳ.85 ва 107.
  31. ↑ Файзи Кошонӣ, Мафотиҳ-уш-шароиъ, ҷ.2, саҳ.283.
  32. ↑ Ибни Ашъас, ал-Ҷаъфариёт (ал-Ашъасиёт), саҳ.190.
  33. ↑ Шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.21, саҳ.399.
  34. ↑ Абунуъайм, Маърифат-ус-саҳоба, ҷ.3, саҳ.275.
  35. ↑ Табронӣ, ал-Муъҷам-ул-авсат, ҷ.8, саҳ.21.
  36. ↑ Шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.21, саҳ.399.
  37. ↑ Солеҳии Димишқӣ, Субул-ул-ҳудо, ҷ.9, саҳ.491.
  38. ↑ Бахшандаболӣ, «بررسی مراحل شکلگیری هویت دینی کودکان و نوجوانان», саҳ.56, 110, 111.
  39. ↑ Паноҳӣ, Маҳоратҳои зиндагӣ вижаи мутааҳҳилин, саҳ.246.
  40. ↑ Бахшандаболӣ, «بررسی مراحل شکلگیری هویت دینی کودکان و نوجوانان», саҳ.110.
  41. ↑ Бахшандаболӣ, «بررسی مراحل شکلگیری هویت دینی کودکان و نوجوانان», саҳ.110 ва 111.

Сарчашма

  • Абунуъайм, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Маърифат-ус-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи якум, 1422ҳ.қ.
  • Алиакбарӣ, Розия, «نام‌گذاری فرزند» (Номгузории фарзанд), Маҷаллаи Раҳтӯша, №109, баҳор ва тобистони 2018.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ул-ҷомеа лидурар ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуюм, 1403ҳ.қ.
  • Бахшандаболӣ, «بررسی مراحل شکلگیری هویت دینی کودکان و نوجوانان» (Баррасии мароҳили шаклгирии ҳавияти динӣu кӯдакон ва наврасон), Қум, Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон. Маркази пажӯҳишҳои исломӣ, 1385ҳ.ш.
  • Варром ибни Абифарос, Масъуд ибни Исо, Маҷмуаи Варром, Қум, Мактаби фиқиҳ, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ашъас, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ҷаъфариёт, Теҳрон, Мактабат-ун-найнаво ал-ҳадиса, чопи якум, бетаърих.
  • Ибни Таймия, Муҳаммад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, таҳқиқи Муҳаммад Рашод Солим, Риёз, Ҷомеа ал-Имом Муҳаммад ибни Саъуд ал-исломия, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Уддат-уд-доӣ ва наҷоҳ-ус-соӣ, таҳқиқ: Аҳмад Муваҳҳидӣ Қумӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи якум, 1407ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, чопи сеюм, 1434ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ, Алиакбар Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоил ва мустантақ-ул-масоил, Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт, чопи якум, 1408ҳ.қ
  • Муҳаммадӣ Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Ҳикматномаи кӯдак, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1385ҳ.ш.
  • Паноҳӣ, Алиаҳмад, Маҳоратҳои зиндагӣ вижаи мутааҳҳилин, Қум, Дафтари нашри маориф, 1392ҳ.ш.
  • Солеҳии Димишқӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашод фи сирати хайр-ил-ибод, Қоҳира, Лаҷна эҳё-ит-турос-ил-исломӣ, 1418ҳ.қ.
  • Табронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-авсат, Миср (Қоҳира), Дор-ул-ҳарамайн ли-т-тибоа ва-н-нашр ва-т-тавзиъ, чопи якум, 1415ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳмуртазо, Мафотиҳ-уш-шароиъ, муҳаққиқ: Масеҳ Тавҳидӣ, Теҳрон, Мадрасаи олии шаҳид Мутаҳҳарӣ, 1395ҳ.ш.
  • Фатҳалихонӣ, Муҳаммад, Омӯзаҳои бунёдини илми ахлоқ, Қум, Маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо (с), 1393ҳ.ш.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариа (ан-Никоҳ), Қум, Маркази фиқҳии аиммаи атҳор (а), чопи якум, 1421ҳ.қ.
  • Ҳусайнӣ, Сайид Ҳодӣ, «Муқаддимаи мутарҷим», дар китоби Номи хулафо бар фарзандони имомон, навиштаи Сайид Алӣ Шаҳристонӣ, Қум, Интишороти Далили мо, 1390ҳ.ш.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, мусанниф: Муассисаи Ол-ил-Байт (а), Қум, Конгресси Шайх Муфид, чопи якум, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ, Қум, Китобфурӯшии Довудӣ, чопи якум, 1385ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, тасҳеҳ: Алиакбар Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи дуюм, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюн ахбор ар-Ризо (а), мусанниф: Маҳдӣ Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи якум, 1378ҳ.ш.
  • Шайх Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа ила таҳсили масоил-иш-шариа, тасҳеҳи Муассисаи Ол-ил-Байт (а), Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт (а), чопи якум, 1409ҳ.қ
  • Шаҳристонӣ, Сайид Алӣ, ат-Тасмиёт байна-т-тасомуҳ ал-алавӣ ва-т-тавзиф ал-умавӣ, Машҳад, Муассисат-ур-рофид, 1431ҳ.қ.