Соҳиби Фах

Аз wikishia
Соҳиби Фах
Номи комилҲусайн ибни Алӣ ибни Ҳасан ибни Ҳасан ибни Ҳасан ибни Алӣ (а)
ЛақабСоҳиби Фах
Санаи таваллудҳудуди соли 128ҳ.қ.
Санаи шаҳодат8 зилҳиҷҷаи соли 169ҳ.қ.
Маҳалли шаҳодатФах (маҳалле дар наздикии Макка)
ХешовандонНафси Закия, Қатили Бохамро
Аз ëрониИмом Содиқ (а)
ФаолиятҳоҚиём алайҳи ҳукумати Аббосиён

Ин навиштор дар бораи Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳасан машҳур ба Соҳиби Фах аст. Барои қиёми Ҳусайн ибни Алӣ ибни Ҳасан, воқеаи Фахро бубинед.

Соҳиби Фах (арабӣ: صاحب فخّ), лақаби Ҳусайн ибни Алӣ - набераи Имом Ҳасани Муҷтабо (а) ва раҳбари қиёми Фах аст. Ӯ дар соли 169-и ҳиҷрии қамарӣ ва дар асри Имом Козим (а) алайҳи Ҳодии Аббосӣ қиём кард ва дар Фах шаҳид шуд.

Бар асоси ривояте аз Имом Ҷавод (а), баъд аз воқеаи Карбало, воқеаи Фах сахттарин мусибат барои Аҳли Байт (а) будааст. Дар ривояте, ки Абулфараҷи Исфаҳонӣ нақл кардааст, Пайғамбар (с) ва Имом Содиқ (а) кушта шудани Ҳусайн ибни Алӣ дар Фахро пешгӯӣ карда, аз биҳиштӣ будани ӯ хабар додаанд.

Муҳимтарин фаъолияти сиёсии Соҳиби Фах, қиёми ӯ будааст, аммо бархе муҳаққиқон бар ин боваранд, ки ӯ пеш аз ин қиём, фаъолиятҳои сиёсии дигаре низ доштааст. Ҳусайн Фаххӣ дар зилқаъдаи соли 169-и ҳиҷрии қамарӣ дар Мадина қиём кард ва бо мусаллат шудан бар он, бо лашкари сесаднафара, ба тарафи Макка ҳаракат кард.

Ӯ дар 8-уми зилҳаҷҷа дар маконе ба номи «Фах» бо лашкари Аббосиён ҷангид. Дар пайи ин ҷанг, Ҳусайн ва теъдоди бисёре аз ёронаш шаҳид шуданд, гуруҳе низ асир шуданд ва теъдоде гурехтанд.

Аллома Маҷлисӣ шахсияти Ҳусайн Фаххиро сутудааст, аммо мегӯяд, мазамматҳое ҳам дар бораи шахсияти ӯ матраҳ шудааст. Бархе пажӯҳишгарон муътақиданд, бо вуҷуди инки ривоятҳое дар таъйиди шахсияти Соҳиби Фах вуҷуд дорад, наметавон онҳоро далеле бар таъйиди қиёми ӯ аз тарафи имомони шиа донист.

Ҳусайн ибни Алӣ, дар Фах ба хок супурда шуд ва Имом Козим бар пайкараш намози ҷаноза хонд. Фах дар чаҳоркилометрии Масҷидулҳаром қарор дорад, ки акнун бо номи Кӯчаи шуҳадо шинохта мешавад.

Муаррифӣ ва ҷойгоҳ

Ҳусайн ибни Алӣ маъруф ба Соҳиби Фах, аз падару модар набераи Имом Ҳасан (а) буд.[1] Бо тавваҷуҳ ба вафоти ӯ дар соли 169 қамарӣ дар 41-солагӣ,[2] пажӯҳишгарон таваллудашро соли 128ҳ.қ., таърихгузорӣ кардаанд.[3] Бо ин ҳол, дар гузориши дигаре, 57-солагиро сини вафоти ӯ донистаанд.[4] Падараш - Алӣ (маъруф ба Алии некӯ ва бузургвор) ва модараш - Зайнаб духтари Абдуллоҳи Маҳз буд, ки ба хотири ибодати фаровонашон, ба завҷи солеҳ шӯҳрат доштанд.[5] Падари Соҳиби Фах; яъне Алӣ, дар пайи қиёми Нафси Закия, ҳамроҳ бо ҷамъи дигаре аз Алавиён, ба дастури Мансури Аббосӣ дастгир шуд ва андаке баъд дар зиндон вафот кард.[6]

Соҳиби Фахро фарде шуҷоъу карими муаррифӣ[7] ва дар саховаташ ривоятҳои мухталифе баён кардаанд.[8] Шайх Тусӣ - фақеҳи шиа дар қарни чаҳоруму панҷум, вайро дар зумраи асҳоби Имом Содиқ (а) бармешуморад.[9] Аз ӯ фарзанде ба ҷо намондааст.[10] Бар асоси ривояте, ки Абулфараҷи Исфаҳонӣ - муаллифи Мақотил-ут-толибиин нақл кардааст, Пайғамбар (с) ва Имом Содиқ (а) кушта шудани Ҳусайн ибни Алӣ дар Фахро пешгӯӣ карда, аз биҳиштӣ будани ӯ хабар додаанд.[11] Тибқи ривояте аз Имом Ҷавод (а), пас аз воқеаи Карбало, воқеаи Фах бузургтарин мусибати Аҳли Байт (а) будааст.[12] Бахше аз тоия ки дар он ба воқеаи Фах ишора шудааст:

أفاطم قومی یا بنت الخیر فاندبی

نجوم سماوات بأرض فلات

قبور بکوفان وأخری بطیبة

وأخری بفخ نالها صلوات

Эй Фотима, эй духтари беҳтарин халқи Худо,

Бархезу бар ситораҳои осмоние ки бар замин афтодаанд, гиря кун.

Қабрҳое дар Кӯфаю Мадина ва қабре дар Фах,

Ки дуруду саломи ман бар эшон бод!

Мутобиқи гузориши Байҳақӣ дар Лубоб-ул-ансоб, пас аз вафоти Соҳиби Фах, Имом Козим бар пайкараш намоз хонд.[13] Ӯ бо гиря бар шуҳадои Фах, аз Худованд барои қотилони онҳо марг ва азоби шадид дархост мекард.[14] Тибқи нақли Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Имом Козим пас аз кушта шудани Ҳусайн ибни Алӣ ва бо дидани сари буридааш, ояти Истирҷоъро хонд ва бо зикри хубиҳояш, ӯро шахсе дурусткор муаррифӣ кард.[15] Ҳамчунин Имом Козим кафолати ятимон ва беваҳои Алавиёнеро, ки дар Фах ба шаҳодат расиданд, бар уҳда гирифт.[16] Воқеаи Фах дар шеърҳои шоирони мутааддиде инъикос ёфтааст, ки аз он ҷумла, шеъри тоия, сурудаи Диъбили Хузоъӣ аст.[17]

Мавзеъгирии имомия дар бораи Ҳусайн

Аллома Маҷлисӣ - муаллифи китоби Биҳор-ул-анвор, шахсияти Ҳусайн Фахиро сутудааст, аммо муътақид аст, мазамматҳое ҳам дар бораи ӯ вуҷуд дорад.[18] Бархе пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки агарчӣ ривоятҳое дар таъйиди шахсияти Соҳиби Фах вуҷуд дорад, далеле бар таъйиди қиёми ӯ аз сӯи имомони шиа нест.[19] Расули Ҷаъфариёни таърихпажӯҳ низ қиёми Фахро дар радифи солимтарин қиёмҳои Алавиён бар зидди Аббосиён дониста, аммо навиштааст, чунин яқине вуҷуд надорад, ки ин қиём ба дастури Имом Козим (а) анҷом гирифта бошад, балки метавон гуфт, шиаёни имомӣ бо ин қиёмҳо мувофиқате надоштанд; чароки дар ин масъала бо Алавиҳо даргир буданд ва байни онон ихтилофоте ба вуҷуд омада буд.[20]

Фаъолиятҳои сиёсӣ

Ба гуфтаи бархе пажӯҳишгарон, фаъолияти сиёсии Ҳусайн то пеш аз соли 169-и қамарӣ чандон равшан нест.[21] Бо ин ҳол барои таҳаррукоти сиёсии ӯ пеш аз воқеаи Фах, шавоҳиди зерро зикр кардаанд: эҳзори Ҳусайн ибни Алӣ ба Бағдод дар даврони ҳукумати Маҳдии Аббосӣ ба хотири нигаронии дастгоҳи хилофат аз фаъолиятҳои ӯ, шиддати амали Ҳодии Аббосӣ ва коргузори ӯ дар Мадина дар муқобили Алавиён ва муттаҳам шудани Ҳусайн ба дар сар доштани ҳавои ҳукумат.[22]

Тибқи гузориши Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Соҳиби Фах дар қиёми Нафси Закия низ ширкат дошт, аммо Нафси Закия ба ин умед, ки Соҳиби Фах дар оянда роҳи ӯро идома диҳад, вайро аз ҳамроҳии худ наҳй кард.[23] Бар асоси ривояти Ибни Тағаррӣ - муаррихи қарни нуҳуми қамарӣ, Ҳусайн як бор ҳам пеш аз 169 қамарӣ қиём карда буд.[24] Бархе гузоришҳо ҳокӣ аст, муддате пеш аз қиёми вай, гуруҳе аз шиаёни Куфа бо ӯ байъат карда буданд, то дар мавсими ҳаҷ ҳамроҳи ӯ қиём кунад ва Маккаро ба тасарруфи худ дароваранд.[25]

Воқеаи Фах

Мақолаи аслӣ: Воқеаи Фах

Ҳусайн Фаххӣ дар зилқаъдаҳи соли 169ҳ.қ., дар Мадина қиём кард.[26] Талоши коргарони ҳукумат дар Мадина барои муқобила бо Ҳусайн Фаххӣ натиҷае надошт ва ба шикаст ва кушта шудани теъдоде аз онҳо анҷомид.[27] Бино бар нақли Табарӣ, тасаллути қиёмкунандагон бар Мадина танҳо ёздаҳ рӯз тул кашид.[28] Соҳиби Фах фарде ба номи Динёри Хузоъиро волии Мадина кард ва худ ҳамроҳ бо сесад нафар аз ёронаш[29] дар 24 зилқаъда самти Макка ҳаракат кард.[30]

Аббосиён бо як лашкари чаҳор ҳазор нафарӣ дар 8 зилҳаҷҷа (рӯзи тарвия) дар маҳалле ба номи «Фах» бо сипоҳи Ҳусайн рӯбарӯ шуданд.[31] Фармондеҳи Аббосӣ ба Ҳусайн амон дод, аммо Ҳусайн напазируфт ва дар набарде, ки даргирифт, Ҳусайн ва иддаи зиёде аз ёронаш шаҳид шуданд.[32] Ҳамчунин гуруҳе аз ёрони Ҳусайн асир шуданд ва бархеи дигар гурехтанд.[33] Банӣ Аббос теъдоде аз асирҳоро куштанд[34] ва теъдоди дигареро ҳамроҳ бо сарҳои шуҳадо, ба Бағдод назди Ҳодии Аббосӣ фиристоданд.[35]

Минтақаи Фах

Доманаи кӯҳи Фах дар Макка, макони дафни теъдоде аз шуҳадои воқеаи Фах

Минтақаи Фах ё Маҳаллаи шуҳадои Макка, дар вурудии шимолии Макка ва дар чаҳоркилометрии Масҷидулҳаром қарор дорад.[36] Ин минтақа мақбараи баъзе аз муҳоҷирин будааст.[37] Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, қубури шуҳадои Фах дар маҳаллаи шуҳадои Макка, дар ду бахш қарор дорад:[38] бахше аз шуҳадои Фах дар маҳали маҳсуре дафн шудаанд, ки таблои «мақбараи Абдуллоҳ ибни Умар рақами 2» бар девори он қарор дорад. Қабри теъдоди дигаре низ рӯбарӯи он маҳал, дар доманаи кӯҳи Фах («Ҷабалул-буруд» ё «Ҷабалул-шаҳид»)[39] воқеъ аст.[40] Дар соли 601ҳ.қ., бар мазори Соҳиби Фах буқъае сохта шуд.[41] Дар канори кӯҳи Фах, минтақаи ҳамворе ба номи «Зи Туво» вуҷуд дорад, ки гуфта шудааст, маҳали ташкили ҷаласоти қабилаи Қурайш дар воқеаи Сулҳи Ҳудаибия будааст.[42]

Монографияҳо

Бархе аз китобҳое, ки бо мавзӯи воқеаи Фах навишта шудааст, иборатанд аз:

  • «Моҳияти қиёми шаҳиди Фах» ба қалами Абуфозил Разавии Ардаконӣ: нависанда дар ёздаҳ фасл, шахсияти Ҳусайн ибни Алӣ ва чистӣ ва чигунагии қиёми ӯро баррасӣ кардааст.[43] Ин китобро интишороти Дафтари таблиғоти исломӣ дар соли 1375ҳ.ш., дар 280 саҳифа мунташир кардааст.[44]
  • «Баталу Фах» (қаҳрамони Фах) навиштаи Муҳамадҳодии Аминӣ: ин китоб дар соли 1388ҳ.қ., ба кӯшиши интишороти ал-Матбаъатул-Ҳайдарийя дар Наҷаф ва дар 206 саҳифаи мунташир шудааст.[45]

Эзоҳ

  1. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.364.
  2. Ҳорунӣ, ал-Ифодату фи таърих-ил-аиммат-ис-сода, 1387ҳ.ш., саҳ.26 - 28.
  3. Розӣ, Ахбори Фах, таҳқиқи Моҳир Ҷаррор, 1995, саҳ.44; Гулистонӣ ва Мир Абулқосимӣ, “Соҳиби Фах”, саҳ.109.
  4. Байҳақӣ, Лубоб-ул-ансоб, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.412.
  5. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.364; ал-Муҳаллӣ, ал-Ҳадоиқ-ул-вардийя, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.317
  6. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.176.
  7. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.94; Ҳорунӣ, ал-Ифодату фи таърих-ил-аиммат-ис-сода, 1387ҳ.ш., саҳ.26.
  8. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.368 - 371.
  9. Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.182.
  10. Бухорӣ, Сирр-ус-силсилат-ил-Алавийя, 1963, саҳ.15.
  11. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.366 - 367.
  12. Бухорӣ, Сирр-ус-силсилат-ил-Алавийя, 1963, саҳ.14 - 15.
  13. Байҳақӣ, Лубоб-ул-ансоб, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.412.
  14. Аминӣ, Баталу Фах, 1388ҳ.қ., саҳ.139.
  15. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.380.
  16. Аминӣ, Баталу Фах, 1388ҳ.қ., саҳ.139.
  17. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.322.
  18. Маҷлисӣ, ал-Ваҷиза фи-р-риҷол, 1420ҳ.қ., саҳ.64.
  19. Шарифӣ, “Аимма ва қиёмҳои шиъӣ”, саҳ.89 - 90.
  20. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.389.
  21. Розӣ, Ахбори Фах, таҳқиқи Моҳир Ҷаррор, 1995, саҳ.44; Гулистонӣ ва Мир Абулқосимӣ, “Соҳиби Фах”, саҳ.109.
  22. Гулистонӣ ва Мир Абулқосимӣ, “Соҳиби Фах”, саҳ.109.
  23. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.246.
  24. Ибни Тағаррӣ, ан-Нуҷум-уз-зоҳира, 1392ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.59.
  25. Ҳасанӣ, ал-Масобиҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.468.
  26. Ҳасанӣ, ал-Масобиҳ, 1423ҳ.қ., саҳ.466; Ҳорунӣ, ал-Ифодату фи таърих-ил-аиммат-ис-сода, 1387ҳ.ш., саҳ.26; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.195.
  27. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.194.
  28. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.195.
  29. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.377.
  30. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.195.
  31. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.326.
  32. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.195-200; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.377-379.
  33. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.195-200; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.377-379.
  34. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.327.
  35. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1419ҳ.қ., саҳ.380.
  36. Аскарӣ, “Аз қиёми Фах ва шуҳадои он дар Макка чӣ медонед? тасовир”, сайти ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар ҳаҷҷу зиёрат.
  37. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.325.
  38. Лиҳёнӣ, “Ҳай-юш-шуҳадо арз маърака Фах-ит-таърихийя”; Аскарӣ, “Аз қиёми Фах ва шуҳадои он дар Макка чӣ медонед? тасовир”, сайти ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар ҳаҷҷу зиёрат.
  39. Лиҳёнӣ, “Ҳай-юш-шуҳадо арз маърака Фах-ит-таърихийя”.
  40. Аскарӣ, “Аз қиёми Фах ва шуҳадои он дар Макка чӣ медонед? тасовир”, сайти ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар ҳаҷҷу зиёрат.
  41. Ал-Муҳаллӣ, ал-Ҳадоиқ-ул-вардийя, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.328.
  42. Аскарӣ, “Аз қиёми Фах ва шуҳадои он дар Макка чӣ медонед? тасовир”, сайти ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар ҳаҷҷу зиёрат.
  43. Разавии Ардаконӣ, Моҳияти қиёми шаҳиди Фах, 1375ҳ.ш.
  44. Разавии Ардаконӣ, Моҳияти қиёми шаҳиди Фах, 1375ҳ.ш.
  45. Аминӣ, Баталу Фах, 1388ҳ.қ.

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибиин, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи сеюм, 1419ҳ.қ.
  • Аминӣ, Муҳаммадҳодӣ, Баталу Фах, Бейрут, 1388ҳ.қ.
  • Аскарӣ, Муҳаммадҳусайн, “Аз қиёми Фах ва шуҳадои он дар Макка чӣ медонед? тасовир”, сайти ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар ҳаҷҷу зиёрат, таърихи дарҷи матлаб: 29 баҳмани 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 13 меҳри 1399ҳ.ш.
  • Байҳақӣ, Алӣ ибни Зайд, Лубоб-ул-ансоби ва-л-алқоби ва-л-аъқоб, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1428ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Саҳл ибни Абдуллоҳ, Сирр-ус-силсилат-ил-Алавийя, Наҷаф, ал-Матбаъатул-Ҳайдарийя, 1963м.
  • Гулистонӣ, Парвин ва Мир Абулқосимӣ, Сайидаи Руқия, “Соҳиби Фах”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷилди 29, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1400ҳ.ш.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Тағарии Бардӣ, Юсуф, ан-Нуҷум-уз-зоҳира фи мулуки Мисри ва-л-Қоҳира, Қоҳира, Вазоратул-сақофати вал-иршодил-Қумӣ, 1392ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Табрез, Баниҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
  • Лиҳёнӣ, Бадр, “Ҳай-юш-шуҳадо арз маърака Фах-ит-таърихийя”, дар сайти саҳифаи Макка, таърихи дарҷ: 9 апрели 2015, таърихи боздид: 31 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, ал-Ваҷиза фи-р-риҷол, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1420ҳ.қ.
  • Муҳаллӣ, Ҳамид ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ул-вардийя фи маноқиби аиммат-из-зайдийя, Санъо, мактабат Бадр, 1423ҳ.қ.
  • Разавии Ардаконӣ, Сайид Абуфозил, Моҳияти қиёми шаҳиди Фах, Қум, Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1375ҳ.ш.
  • Розӣ, Аҳмад ибни Саҳл, Ахбору Фахх ва хабару Яҳё ибни Абдуллоҳ ва ахиҳи Идрис ибни Абдуллоҳ, таҳқиқи Моҳир Ҷаррор, Бейрут, Дорул-ғарбил-исломӣ, 1995м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1373ҳ.ш.
  • Ҳасанӣ, Аҳмад ибни Иброҳим, ал-Масобиҳ, Санъо, муассисатул-имом Зайд ибни Алӣ ал-сақофийя, 1423ҳ.қ.
  • Ҳорунӣ, Яҳё ибни Ҳусайн, ал-Ифодату фи таърих-ил-аиммат-ис-сода, Теҳрон, маркази пажӯҳишии мироси мактуб, 1387ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, Қум, Ансориён, 1387ҳ.ш.
  • Шарифӣ, Муҳсин, “Аимма ва қиёмҳои шиъӣ”, дар фаслномаи Тулӯъ, № 17, баҳори 1385.