Фадак

Аз wikishia
Марзҳои минтақаи Фадак дар шимоли Мадина

Ин мақола дар бораи минтақаи Фадак аст; барои ҳодисаи он ба моҷарои Фадак муроҷиат кунед.

Фадак (арабӣ: فَدَک) деҳаи ҳосилхез дар наздикии минтақаи Хайбар дар сарзамини Ҳиҷоз буд, ки дар он яҳудиён зиндагӣ мекарданд. Ин минтақа дар ҷанги Хайбар бе ҷанг аз они мусалмонон шуд. Пайғамбар баъд аз нозил шудани ояти «وَآتِ ذَا الْقُرْ‌بَیٰ حَقَّهُ»; (Ва ҳаққи хешу таборро бидеҳ!) онро ба духтараш Фотима (а) бахшид.

Баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) байни халифаи аввал ва Фотима (а) бар сари моликияти Фадак ҷангу ҷанҷоле рух дод, ки бо номи моҷарои Фадак шинохта мешавад. Абубакр Фадакро ба нафъи хилофат мусодира кард ва ҳамин масъала эътирози Фотимаро дар пай дошт. Фадак дар замони Умавиён ва Аббосиён низ дар дасти халифахо буд. Албатта, дар баъзе давраҳо бархе аз халифаҳои Умавию Аббосӣ ин минтақаро ба фарзандони Фотима баргардондаанд; ҳарчанд халифаҳои баъдӣ онро дубора аз дасташон мегирифтанд.

Фадак дар вилояти Ҳоили Арабистони Саудӣ ҷойгир буда, бо номи "Водии Фотима" маъруф аст ва нахлистон (боғ)-ҳои он "Бустони Фотима" ном доранд. Ҳамчунин масҷид ва чоҳҳое дар ин минтақа вуҷуд дорад, ки бо номи "Масҷиди Фотима" ва "Уюни Фотима" машҳуранд.

Мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва аҳамияти торихӣ

Тасвире аз боғистонҳои минтақаи Фадак

Фадак, сарзамине дар Ҳиҷоз[1] ва дар фосилаи ҳудуди 200 километрии Мадина будааст.[2] Ин минтақа дар садри Ислом, ҷои истиқомати яҳудиён буд[3] ва дар ҷанги Хайбар, беҷангу даргирӣ, дар ихтиёри мусулмонон қарор гирифт[4] ва Пайғамбар онро ба Фотима (с) бахшид.[5]

Ихтилоф бар сари моликияти фадаки пас аз риҳлати паёмбар сабаб шуд баҳсҳои пурдоманае дар ин хусӯс дар навиштаҳои олимони шиъау суннӣ шакл бигирад[6] ва китобҳои мустақилӣ низ дарини замина навишта шавад.[7] ҳамчунин дар давраҳои мухталиф, мӯҷиби вокунишҳоӣ аз ҳокимон дарбора он шуд.[8]

Арзиши минтақаи Фадак

Минтақаи Фадак ҳангоми зуҳури Ислом, боғҳо ва нахлистонҳои бисёре доштааст.[9] Ибни Абилҳадиди мӯътазилӣ (вафот: 656ҳ.қ.) аз яке аз уламои шиа нақл кардааст, ки арзиши дарахтони нахли Фадак баробар буда, бо нахлҳои шаҳри Кӯфа дар он замон, ки аз шаҳрҳои ғанӣ дар баҳрамандӣ аз нахлистонҳои васеъ будааст.[10] Бино бар манобеъ, яҳудиён то давраи халифаи дувум, дар Фадак сукунат доштанд, аммо ӯ ононро маҷбур ба тарки ин минтақа кард.[11] Нақл кардаанд, ҳангоме ки Умар ибни Хаттоб яҳудиёнро аз Ҳиҷоз берун кард, 50 ҳазор дирҳам барои арзиши ниме аз Фадак ба онон пардохт кард.[12] Дар манобеъ, даромади солонаи Фадак дар замони Расули Худо (с), аз 24 ҳазор динор[13] то 70 ҳазор тахмин зада шудааст.[14]

Тасаллути мусулмонон бар Фадак

Пас аз он ки Пайғамбар (с) дар ҷанги Хайбар, минтақаи Хайбар ва қалъаҳои онро фатҳ кард, яҳудиёни сокин дар қалъаҳо ва заминҳои Фадак, намояндагоне назди Пайғамбар (с) фиристоданд ва ба мусолиҳа розӣ шуданд. Қарор шуд ниме аз заминҳо барои онон бошад. Аз ин рӯ, Фадак бидуни ҷангу лашкаркашӣ ба дасти мусулмонон афтод.[15] Бинобар ояти Файъ, [lower-alpha 1] амволе, ки бидуни ҷанг ба даст ояд, файъ номида мешаванд ва Пайғамбар (с) ихтиёр дорад онҳоро ба ҳар касе ки худ салоҳ медонад, бисупорад.[16] Бинобар нақли манобеи шиа[17] ва аҳли суннат[18] бо нузули ояти 26 сураи Исро мабнӣ бар додани ҳаққи хешон (وَآتِ ذَا الْقُرْ‌بَیٰ حَقَّهُ),[19] Пайғамбар (с) Фадакро ба Фотима (с) бахшид.

Низоъ бар сари моликияти Фадак

Мақолаҳои аслӣ: Моҷарои Фадак ва наҳну маоширал-анбиё ло нурас

Пас аз реҳлати Пайғамбар (с) бар сари моликияти Фадак, ҷангу ҷанҷол рух дод. Дар ин моҷаро, Абубакр Фадакро аз Фотима (с) гирифт ва онро ба нафъи хилофат мусодира кард.[20]]Истидлоли Абубакр ин буд, ки пайғамбарон ирс намегузоранд ва муддаӣ буд ин матлабро аз Пайғамбар (с) шунидааст.[21]

Фотима (с) дар хутбаи Фадакия ин сухани Абубакрро хилофи Қуръон хонд[22] ва Имом Алӣ (а) ва Уммиайманро шоҳид овард, ки Пайғамбар пеш аз вафоташ, Фадакро ба ӯ бахшидааст.[23] Абубакр пазируфт ва коғазе навишт то касе ба Фадак дастдарозӣ накунад. Вақте Фотима (с) аз маҷлис берун рафт, Умар ибни Хаттоб навиштаро гирифту даронд.[24]

Ба дунбол ибниатиҷа мондани додхоҳии Имом Алӣ (а), Фотима ба масҷид рафта, хутбае хонд, ки ба хутбаи Фадакия машҳур шудааст.[25]

Фадак, дар даврони Умавиёну Аббосиён низ дар дасти хулафо буд. Албатта бархе аз хулафо ҳамчун Умар ибни Абдулазизи Умавӣ,[26] Саффоҳ[27] ва Маъмуни Аббосӣ[28] онро ба фарзандони Фотима баргардонданд. Мутаваккили Аббосӣ (ҳукумат: 232 - 247ҳ.қ.) дастури бозгардондани Фадакро ба вазъияти қабл аз дастури Маъмун содир кард.[29]

Осори барҷоймонда аз Фадак

Фадак дар вилояти Ҳоили кишвари Арабистон ҷойгир шудааст. Дар ин минтақа, шаҳре ба номи «ал-Ҳоит» эҷод шудааст.[30] Минтақаи Фадак ба номи «Водии Фотима» шинохта мешавад ва ба нахлистонҳои он «Бустони Фотима» мегӯянд. Ҳамчунин масҷид ва чоҳи зиёде дар ин минтақа вуҷуд дорад, ки ба «Масҷиди Фотима» ва «Уюни Фотима» машҳур аст.[31] Хонаҳо ва бурҷҳои ин минтақа ба хароба табдил ва бештари нахлҳои он хушк шудаанд.[32] Дар соли 1387 ҳиҷрии шамсӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ аз масъулони низоми Ҷумҳурии исломии Эрон, ба ҳамроҳи ҳайъате, аз он боздид кард.[33]

Такнигорӣ

Бархе аз китобҳо дар бораи Фадак ба ин шарҳ аст:

  • Фадак ва-л-аволӣ ва ал-ҳоит-ус-сабъа фи-л-китоби ва-с-суннати ва-т-торихи ва-л-адаб, асари Сайид Муҳаммадбоқир Ҳусайнии Ҷалолӣ (зодаи 1324ҳ.ш.): дар ин китоб ба таърихчаи Фадак, мавқеияти ҷуғрофиёии он, моҷарои Фадак ва низ мабоҳиси ҳадисӣ ва каломии муртабит бо он пардохта шудааст.[34] Ин китоб дар соли 1385ҳ.ш., баргузидаи китоби соли вилоят шудааст.[35]
  • Фадак аз ғасб то тахриб, асари Ғуломҳусайни Маҷлисии Купоӣ: ин китоб дар 1388 ҳиҷрии шамсӣ, дар 290 саҳифа мунташир шудааст.[36] Дар он, гузорише аз сафари Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва ҳайъати ҳамроҳаш ба Макка ва боздид аз Фадак низ ироа шудааст.[37]

Галерея

Эзоҳ

  1. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.4, саҳ.238.
  2. google maps
  3. Билодӣ, Муъҷаму маъолим-ил-Ҳиҷоз, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.206 ва 205 ва ҷ.7, саҳ.23.
  4. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.15.
  5. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, Дорулмаърифат, ҷ.5, саҳ.273.
  6. Барои намуна нигоҳ кунед ба Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.124 - 125; Субҳонӣ, Фуруғи вилоят, 1380ҳ.ш., саҳ.219; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107, 108; Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.506; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.284; Бухорӣ, Саҳеҳ Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.79.
  7. Барои намуна, нигоҳ кунед ба Садр, Фадак фи-т-таърих, 1415ҳ.қ.,; Ҳусайнии Милонӣ, Фадак дар фарозу нишеб, 1386ҳ.ш.; Ҳасанӣ, Фадак ва бозтобҳои торихӣ ва сиёсӣ, 1372ҳ.ш.
  8. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.178, 179; Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., саҳ.37, 38, 41; Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1982м., саҳ.357.
  9. Нигоҳ кунед ба Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.4, саҳ.238.
  10. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.236.
  11. Марҷонӣ, Баҳҷат-ун-нуфус, 2002м., ҷ.1, саҳ.438.
  12. Ҷавҳарии Басарӣ, ас-Сақифату ва Фадак, 1401ҳ.қ., саҳ.98.
  13. Қутби Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.113.
  14. Ибни Товус, Кашф-ул-муҳаҷҷа, 1370ҳ.қ., саҳ.124.
  15. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.325.
  16. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.506; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.203.
  17. Барои намуна нигоҳ кунед ба Айёшӣ, Тафсири Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.287; Кӯфӣ, Тафсири Фурот, 1410ҳ.қ., саҳ.239, ҳадиси 322; Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.18; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.478.
  18. Нигоҳ кунед ба Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, Дорулмаърифат, ҷ.5, саҳ.273; Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.767; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.216; Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1422ҳ.қ., саҳ.138 ва 359.
  19. Сураи Исро, ояти 26.
  20. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.289 ва 290.
  21. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., саҳ.40 ва 41.
  22. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.102.
  23. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, 1971м., ҷ.3, саҳ.512.
  24. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, 1971м., ҷ.3, саҳ.512.
  25. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353 - 364.
  26. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.178 ва 179; Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., саҳ.41.
  27. Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1982м., саҳ.357.
  28. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., ҷ.1, саҳ.37 ва 38.
  29. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., ҷ.1, саҳ.38.
  30. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1384ҳ.ш., саҳ.396.
  31. Маҷлисии Купоӣ, Фадак аз ғасб то тахриб, 1388ҳ.ш., саҳ.248 ва 250.
  32. Маҷлисии Купоӣ, Фадак аз ғасб то тахриб, 1388ҳ.ш., саҳ.281.
  33. Нигоҳ кунед ба Маҷлисии Купоӣ, Фадак аз ғасб то тахриб, 1388ҳ.ш., саҳ.280 - 286.
  34. «Дағдағаи Фотима (с) наҷоти мироси набувват буд/ нигоҳии торихӣ ба хутбаи Фотимӣ», хабаргузории Меҳр.
  35. Дабирхонаи китоби соли вилоят, пижвоки ҳақ, 1386ҳ.ш., саҳ.89–95.
  36. Нигоҳ кунед ба Маҷлисии Купоӣ, Фадак аз ғасб то тахриб, 1388ҳ.ш., сафҳаи шиносномаи китоб.
  37. Нигоҳ кунед ба Маҷлисии Купоӣ, Фадак аз ғасб то тахриб, 1388ҳ.ш., саҳ.247.

Ёддошт

  1. «مَّا أَفَاءَ اللَّـهُ عَلَىٰ رَ‌سُولِهِ مِنْ أَهْلِ الْقُرَ‌ىٰ فَلِلَّـهِ وَلِلرَّ‌سُولِ وَلِذِي الْقُرْ‌بَىٰ وَالْيَتَامَىٰ وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ كَيْ لَا يَكُونَ دُولَةً بَيْنَ الْأَغْنِيَاءِ مِنكُمْ ۚ وَمَا آتَاكُمُ الرَّ‌سُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّـهَ ۖ إِنَّ اللَّـهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ: ончи Худо аз [амвол ва заминҳои] аҳли он ободиҳо ба паёмбаронаш бозгардонад, ихтисос ба Худо ва Пайғамбар ва Аҳли Байти Пайғамбар ва ятимон, мустамандон ва дар роҳмондагон дорад, то миёни сарватмнадони шумо даст ба даст нагардад. Ва [аз амволу аҳком ва маорифи динӣ], ончиро Пайғамбар ба шумо ато кард бигиред, ва аз ончи шуморо наҳй кард, боз истед ва аз Худо тақво кунед; зеро Худо сахткайфар аст».

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсири Айёшӣ, таҳқиқи Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, мактабатулъилмиятил-исломия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, ал-Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ‏, Бейрут, Дорулкитобиллубнон, 1982м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё ибни Ҷобир, Футуҳ-ул-булдон, таҳқиқи Салоҳиддин ал-Мунҷид, Қоҳира, мактабатунаҳзатилмисрия, 1956м.
  • Билодӣ, Отиқ ибни Ғайс, Муъҷаму маъолим-ил-Ҳиҷоз, Дору Макка/муассисат ар-Раён, 1431ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ Бухорӣ (ал-ҷомеъ-ул-муснад-ис-саҳиҳ-ил-мухтасар мин умури Расулиллоҳ (с) ва сунаниҳи ва айёмиҳи), таҳқиқи Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир, Бейрут, Дору тавқиннаҷот, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Дағдағаи Фотима (с) наҷоти мироси набувват буд/ Нигоҳе торихӣ ба хутбаи Фотимӣ», хабаргузории Меҳр, дарҷи матлаб: 9 баҳмани 1398ҳ.ш., мушоҳида: 4 тири 1402ҳ.ш.
  • Ёқути Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, чопи дувум, 1995м.
  • Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, Дорулфикр, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Сайидалӣ ибни Мусо, Кашф-ул-муҳаҷҷа лисамарат-ил-муҳаҷҷа, Наҷаф, алматбаъатул-Ҳайдария, 1370ҳ.қ.
  • Кӯфӣ, Фурот ибни Иброҳим, Тафсири Фурот, Теҳрон, вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Қутби Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, Қум, муассисатул-Имомил-Маҳдӣ (аҷ), 1409ҳ.қ.
  • Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набӣ мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ‏, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи аввали 1420ҳ.қ.
  • Марҷонӣ, Абдуллоҳ ибни Абдулмалик, Баҳҷат-ун-нуфус ва-л-асрор фи таърихи дори ҳиҷр-ин-Набӣ-л-мухтор, Бейрут, Дорулғарбил-исломӣ, чопи аввал, 2002м.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисии Купоӣ, Ғуломҳусайн, Фадак аз ғасб то тахриб, Қум, далели мо, 1388ҳ.ш.
  • Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисомиддин, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақволи ва-л-афъол, таҳқиқи Бикрӣ Ҳаёнӣ ва Сафва Ассаққо, муассисатуррисола, чопи панҷум, 1401ҳ.қ.
  • Садр, Муҳаммадбоқир, Фадак фи-т-таърих, таҳқиқи Абдулҷаббор Шарора, марказул-Ғадир лилдиросотил-исломия, 1415ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фуруғи вилоят: таърихи таҳлилии зиндагонии амири муъминони Алӣ (а), Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи шашум, 1380ҳ.ш.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Бейрут, Дорулмаърифат лилтабоъати ваннашр, бе то.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, ба таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, табъа сония, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳл-ил-лаҷоҷ‏, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Хирсон, Машҳад, нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон, интишороти ҷомеъаи мударрисин, Қум, 1417ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, сеюм, Бейрут, 1420ҳ.қ.
  • Ҳасанӣ, Алиакбар, Фадак ва бозтобҳои торихӣ ва сиёсии он, Қум, конгресси ҳазораи Шайхи Муфид, 1372ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Милонӣ, Сайидалӣ, Фадак дар фарозу нишеб; пажӯҳише дар мавриди Фадак дар посух ба як донишвари суннӣ, Қум, алҳақоиқ, 1386ҳ.ш.
  • Ҷавҳарии Басрӣ, Абубакр Аҳмад ибни Абдулазиз, ас-Сақифату ва Фадак, таҳқиқ: Муҳаммадҳодии Аминӣ, Теҳрон, мактабатул-Найнаво алҳадиса, 1401ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Осори исломии Макка ва Мадина, Теҳрон, Машъар, чопи сеюм, 1384ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Муқниъа, Қум, муассисаи аннашрул-исломӣ, чопи дувум, 1410ҳ.қ.