Рукни Ҳаҷар-ул-асвад

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи рукни Ҳаҷар-ул-асвад аст. Барои ошноӣ бо худи Ҳаҷар-ул-асвад ва истиломи он, Ҳаҷар-ул-асвад ва истиломи ҳаҷарро бибинед.

Рукни Ҳаҷар-ул-асвад

Рукни Ҳаҷар-ул-асвад (арабӣ: رُکن حَجَرالاَسوَد), рукни ҳаҷар, рукни асвад ё рукни шарқӣ, яке аз гӯшаҳои Каъба аст, ки Ҳаҷар-ул-асвад дар он ҷой дорад. Ин рукн ба самти машриқ ва чоҳи Замзам қарор дорад ва ҳар тавоф аз канори он оғоз мешавад.

Пайғамбари Худо (с) дар ҳангоми тавоф, рукни Ҳаҷар-ул-асвад ва рукни ямониро ламс мекарду мебӯсид, аз ин рӯ, фақеҳон бар ламс кардан, бӯсидан ва дар оғӯш гирифтани рукни ҳаҷар ва низ дуо кардан дар канори он супориш кардаанд.

Бинобар аҳодиси роҷеъ ба охируззамон, қатли Нафси Закия (кушта шудани фарде аз ёрони Имом Маҳдӣ (аҷ)) ки аз нишонаҳои зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) аст, дар канори ин рукн рух медиҳад ва баъд аз қиёми Имом Маҳдӣ (аҷ) иддае аз шиаён дар ин макон бо ҳазрат байъат мекунанд.

Мавқеият ва ҷойгоҳ

Каъба

Рукни Ҳаҷар-ул-асвад ки ба рукни шарқӣ, рукни ҳаҷар ва рукни асвад низ шинохта мешавад, яке аз зовияҳои Каъба аст.[1] Рукни як созаро ба маънии поя ва сутуни он донистаанд.[2] Чун дар гӯшаҳои чаҳоргонаи дохили Каъба, чаҳор сутун, сақфи хонаро нигаҳ доштааст, ба ҳар як аз зовияҳои Каъба [ки сутунеро дарбар дорад] «рукн» гуфта мешавад.[3] Рукни Ҳаҷар-ул-асвад тақрибан ба самти машриқ ва чоҳи Замзам қарор дошта ва Ҳаҷаруласвад дар он ҷой дорад;[4] ба ҳамин иллат онро рукни Ҳаҷар-ул-асвад номидаанд.[5] Оғози ҳар тавоф аз муқобили рукни Ҳаҷар-ул-асвад ва поёнаш низ дар муқобили ҳамин рукн аст.[6]

Фазилат ва одоб

Ҳамчунин бибинед: Ҳаҷар-ул-асвад

Бинобар он чи аз Имом Боқир (а) нақл шудааст, Пайғамбари Худо (с) ва Имом Саҷҷод (а) рукни Ҳаҷар-ул-асвад ва рукни ямониро ламс мекарданд, сипас он дуро бӯсида, рӯяшонро бар онҳо мегузоштанд.[7] Бар асоси ин ривоёт, аъмоле монанди истилом (ламс кардан бо даст), илтизом (дар оғӯш гирифтан) ва бӯсидани рукни ҳаҷар[8] ва низ зикри салавот,[9] дуо, муноҷот ва тавба дар назди он супориш шудааст.[10]

Машруъияти табаррук

Ҳамчунин бибинед: Табаррук

Олимони ваҳҳобӣ бо вуҷуди он ки истилом ва бӯсидани ҷисмҳои муқаддасро ширк медонанд,[11] истиломи рукн ва бӯсидани Ҳаҷар-ул-асвадро мепазиранд.[12] Истиломи рукни ҳаҷар аз мавориде аст, ки барои исботи иҷозаи табаррук ҷустан ва бӯсидани ашёи муқаддас ба он истинод шудааст.[13]

Маҳалли ҳодисаҳое ба ҳангоми зуҳур

Дар манобеи ҳадисӣ ба рӯйдодҳое дар канори рукни Ҳаҷар-ул-асвад дар замони зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) ишора шудааст:

Ҳамчунин бибинед: Қатли Нафси Закия
Ҳамчунин бибинед: Зуҳури Имоми Замон

Эзоҳ

  1. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.359 ва 360.
  2. Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ, 1460ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.234.
  3. Содиқии Ардистонӣ, Ҳаҷ аз миқот то миод, 1385ҳ.ш., саҳ.104.
  4. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1377ҳ.ш., саҳ.275.
  5. Фурқонӣ, Сарзамини ёдҳо ва нишонҳо, 1379ҳ.ш., саҳ.59.
  6. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1377ҳ.ш., саҳ.275.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.408, ҳадиси 8.
  8. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.359.
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.403, ҳадиси 1.
  10. Мансуб ба Имом Ризо, Фиқҳ-ур-Ризо (а), 1406ҳ.қ., саҳ.231.
  11. Ибни Ҷавзӣ, Иғосат-ул-луҳфон, мактабат-ул-ориф, ҷ.1, саҳ.194.
  12. Ибни Таймия, ар-Радду ала-л-Ахноӣ қозӣ-л-моликия, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124.
  13. Айнӣ, Умдат-ул-қорӣ, Дору эҳё-ит-турос, ҷ.9, саҳ.241, ба нақл аз Муҳиббуддини Табарӣ.
  14. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331.
  15. Шайхи Муфид, ал-Иршод, Қум, 1413ҳ.қ., ҷ.‏2, саҳ.379.
  16. Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, Қум, 1411ҳ.қ., саҳ.453.

Сарчашма

  • Айнӣ, Маҳмуд ибни Аҳмад, Умдат-ул-қорӣ шарҳ-ул-Бухорӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос, бе то.
  • Ибни Қайими Ҷавзӣ, Иғосат-ул-луҳфон мин мусоид-иш-шайтон, таҳқиқи Муҳаммадҳомид ал-Фақӣ, Риёз, мактабатул-ориф, бе то.
  • Ибни Таймия, ар-Радд ала-л-Ахноӣ қозӣ-л-моликия, муҳаққиқ: ад-Донӣ ибни Мунир Оли Заҳвӣ, Бейрут, ал-Мактабат-ул-асрия, 1423ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Мансуб ба Имом Ризо (а), Фиқҳ-ур-Ризо (а), Машҳад, муассисаи Ол-ул-байт (а), 1406ҳ.қ.
  • Мишкинӣ, Мирзоъалӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, нашри Алҳодӣ, 1377ҳ.ш.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-Карим, Теҳрон, тарҷума ва нашри китоб, 1360ҳ.ш.
  • Содиқии Ардистонӣ, Аҳмад, Ҳаҷ аз миқот то миод, Теҳрон, Машъар, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
  • Фурқонӣ, Муҳаммад, Сарзамини ёдҳо ва нишонҳо, Теҳрон, чопи Машъар, 1379ҳ.ш.
  • Ҳошимии Шоҳрудӣ, Сайид Маҳмуд, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1426ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, Теҳрон, исломия, чопи дуввум, 1395ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайба, Қум, Дор-ул-маориф-ил-исломия, чопи аввал, 1411ҳ.қ.