Қабилаи Нахаъ

Аз wikishia

Қабилаи Нахаъ (арабӣ: قبیله نَخَع) машҳуртарин тираи қабилаи Мазҳиҷ[1] ва мансуб ба Ҷасри ибни Амр[2] ки ӯро ба далели дур шудан аз қабилааш, Нахаъ номиданд.[3][Ёддошт 1] Маҳали искони ин қабила дар Яман буд ва баъд аз мусулмон шудан, ба Кӯфа ва Миср муҳоҷират карданд.[4]

Ҳудуди дусад нафар аз қабилаи Нахаъ, ки бо Маоз ибни Ҷабал - саҳобии Пайғамбар (с), дар Яман байъат карда буданд, дар нимаи муҳаррами соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ назди Пайғамбар (с) омада, мусулмон шуданд.[5] Пайғамбар (с) барои қабилаи Нахаъ дуо карда, барои онҳо аз Худо баракат талаб кард.[6] Қабилаи Нахаъ дар ҷанги Қодисия иштирок карданд, ки афроде аз ин қабила шаҳид шуданд.[7] Ҳамчунин афроде аз ин қабила дар ҷанги Ярмук низ иштирок карданд.[8]

Афроди қабилаи нахаъ дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон дар сипоҳи Имом Алӣ (а) ҳузур доштанд.[9]

Қабилаи Нахаъ афроди машҳури бисёре дошт. Бархе аз онҳо чунинанд:

Гурӯҳе араб дар манотиқе аз Эрон ҳамчун Бирҷанд зиндагӣ мекунанд. Гуфта мешавад ниёи инон аз аъроби нахаъианд, ки ба ҳамроҳи сипоҳиёни Ҳозим ибни Хузайма дар ҳукумати Мансури Аббосӣ (ҳукумат: 136 - 158ҳ.қ.), барои саркӯби қиёми мардуми Хуросону Систон ба Хуросон рафта ва дар минтақаи Хусф сокин шуда буданд.[19]

Китоби Қабилаи Нахаъ дар таърихи Ислом ва ташайюъ то поёни қарни сеюми ҳиҷрӣ, асари Асғар Мунтазирулқоим ва Марями Саидиён, дар бораи ҷойгоҳ ва нақши қабилаи Нахаъ дар таҳаввулоти таърихи Ислому ташайюъ ва иртиботи онҳо бо Аҳли Байт (а) дар се қарни нахусти қамарӣ аст.[20]

Эзоҳ

  1. Саидиён, “Ҷойгоҳи бузургони қабилаи Нахаъ дар улум ва фарҳанги исломӣ дар ду қарни нахусти ҳиҷрӣ”, саҳ.70.
  2. Бомутраф, ал-Ҷомеъ, Бағдод, ҷ.4, саҳ.561.
  3. Саҳорӣ, ал-Ансоб, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.379.
  4. Бомутраф, ал-Ҷомеъ, Бағдод, ҷ.4, саҳ.561.
  5. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.14.
  6. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.1, саҳ.260
  7. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.197.
  8. Бомутраф, ал-Ҷомеъ, Бағдод, ҷ.4, саҳ.562.
  9. Саидиён, “Ҷойгоҳи бузургони қабилаи нахаъ дар улум ва фарҳанги исломӣ дар ду қарни нахусти ҳиҷрӣ”, саҳ.68.
  10. Бомутраф, ал-Ҷомеъ, Бағдод, ҷ.4, саҳ.562.
  11. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1990м., ҷ.6, саҳ.239.
  12. Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, 1418ҳ.қ., саҳ.415.
  13. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.73.
  14. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1986м., ҷ.8, саҳ.265.
  15. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1986м., ҷ.8, саҳ.323.
  16. Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, 1983м., саҳ.415.
  17. Ибни Асир, ал-Комил, 1965м., ҷ.4, саҳ.92.
  18. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.609.
  19. Омӯзгор, “Таърихчаи мухтасари аъроби ҷануби Хуросон (минтақаи арабхона)”, саҳ.32 ва 35.
  20. «کتابی درباره «قبیله نخع در تاریخ اسلام» منتشرشد»«Китобе дар бораи «Қабилаи нахаъ дар таърихи Ислом» мунташир шуд», хабаргузории Меҳр.

Ёддошт


Сарчашма

  • «Китобе дар бораи «Қабилаи Нахаъ дар таърихи Ислом» мунташир шуд», хабаргузории Меҳр, интишор 22 озари 1399ҳ.ш., мушоҳида 8 меҳри 1400ҳ.ш.
  • «Қабилаи Нахаъ дар таърихи Ислом ва ташайюъ то поёни қарни сеюми ҳиҷрӣ» шабакаи ҷомеъи китоби Гесум, мушоҳида 8 меҳри 1400ҳ.ш.
  • Бомутраф, Муҳаммад Абдулқодир, ал-Ҷомеъ (Ҷомеъу шумули аълом-ил-муҳоҷирин ал-мунтасабина ила-л-Яман ва қабоилиҳим), Бағдод, Дор-ур-Рашид, бе то.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Касири Дамишқӣ‏, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1986м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро‏, таҳқиқ: Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1990м.
  • Ибни Ҳазми Анделусӣ‏, Алӣ ибни Аҳмад, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷар, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқ: Одил Аҳмад Абдулмавҷуд, Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам, муҳаққиқ: Ато, Муҳаммад Абдуқодир, Ато, Мустафо Абдуқодир, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Омӯзгор, Юсуф, “Таърихчаи мухтасари аъроби ҷануби Хуросон (минтақаи арабхона)”, пажӯҳишномаи фарҳангу адаб, №6, баҳор ва тобистони 1387ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, «Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ», Қум, нашри исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Саидиён, Марям, “Ҷойгоҳи бузургони қабилаи нахаъ дар улум ва фарҳанги исломӣ дар ду қарни нахусти ҳиҷрӣ”, маҷаллаи Адабиёт ва улуми инсонӣ, №№12 - 13, баҳор ва тобистони 1388ҳ.ш.
  • Саҳорӣ, Салама ибни Муслим, ал-Ансоб, мусаҳҳеҳи нас: Муҳаммад Эҳсон, Уммон, Вазорат-ут-турос-ил-қавмӣ ва-с-сақофа, чопи чаҳорум, 1427ҳ.қ.
  • Фирӯзободӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Қомус-ул-муҳит, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found