Бадриддин ал-Ҳусӣ
![]() | |
Мазҳаб | Зайдӣ |
---|---|
Насаб | Содоти Ҳасанӣ |
Санаи таваллуд | 17 ҷамодиюлаввали 1345ҳ.қ. |
Зодгоҳ | Яман |
Санаи вафот | 1431ҳ.қ. / 2010м |
Таълифот |
|
Сиёсӣ | Ташкили Ҳизб-ул-ҳақ • Таъсиси Ҳизби шабоб-ул-муъмин |
Фаолиятҳо | Мубориза бо ваҳҳобият |
Бадриддин ал-Ҳусӣ (арабӣ: بَدْرالدّین الحُوثی) (1431 - 1345ҳ.қ.) - олими зайдӣ ва раҳбари маънавии Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аст. Ӯ падари Ҳусайн Ҳусӣ - бунёнгузори ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, буд, ки баъд аз кушта шудани Ҳусайн, раҳбарии ин ҷунбишро бар ӯҳда гирифт.
Бадриддин ал-Ҳусӣ аз ҷонибдорон ва ҳомиёни Инқилоби Исломии Эрон, тарафдорони ваҳдати исломӣ ва ҳомии Фаластин буд. Ӯ китобҳои зиёде навиштааст, аз ҷумлаи онҳо "ат-Тайсир фи-т-тафсир" аст. Осори таълифии Бадриддин дар бораи ваҳҳобият дар маҷмуаи ас-Силсилат-уз-заҳабийя фи-р-радди ала-л-ваҳҳобийя гирдоварӣ шудааст.
Ҷойгоҳ ва аҳамият
Бадриддин ал-Ҳусӣ - раҳбари маънавии Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ва аз мароҷеи динии мазҳаби зайдияи ҷорудия ба шумор меравад.[1] Ӯ бо лақабҳое ҳамчун аллома, муҷоҳид,[2] муфассир ва муҷтаҳид тавсиф шудааст.[3]
Ҳусӣ аз мудофеъони ваҳдати исломӣ буд.[4] Ӯ дар муқобила бо афкор ва ақоиди мухолифи Ислом ва мазҳаби Аҳли Байт фаъол буд.[5] Осоре низ дар ҳавзаҳои мухталифи улуми исломӣ ва дар радди ваҳҳобият таълиф кардааст.[6]
Андешаҳо
Бадриддин ал-Ҳусӣ ба қазияи Фаластин ва муқобила бо Исроил таваҷҷуҳ дошт ва ҳимоят аз мустазъафонро лозим медонист.[7] Ӯ аз мавзеъ ва иқдомоти фарзандаш - Ҳусайн, дар муқобила бо Амрико аз тариқи сар додани шиори сарха ва таҳрими колоҳои амрикоӣ ва исроилӣ ҳимоят мекард.[8]
Бадриддин, ваҳдати исломиро барои муқобила бо хатароти бузурге, ки мусулмонон бо он мувоҷеҳ ҳастанд, зарурӣ медонист.[9] Ӯ ҳамчунин хостори мавзеъгирии муносиб дар мувоҷиҳа бо татеаҳои Амрикою Исроил ва муқобила бо он буд.[10]
Эътиқодоти Ҳусиро наздик ба шиаи имомия донистаанд.[11] Ӯ он даста аз душманони Имом Алӣ (а) ки аз ҳаққонияти ҳазрат огоҳ буданд, вале ба ҷанги алайҳи ӯ бархостандро кофир медонист.[12]
Ҳимоят ва таъсирпазирӣ аз Инқилоби Исломии Эрон

Бадриддин ал-Ҳусӣ аз ҳомиёни Инқилоби Исломии Эрон буд.[13] Мегӯянд, ӯ муваффақияти низомии Эрон дар ҷанги Эрону Ироқ ва ҷангҳои дохилиро бо тирпаронӣ ҷашн мегирифт.[14] Ҳамчунин хезиши фикрии Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, ки вай падари маънавии он ба шумор меравадро илҳомгирифта аз Инқилоби Исломии Эрон медонанд.[15] Сиёсатҳои ӯ ва фарзандонашро низ ҳамсӯ бо сиёсатҳои Эрон донистаанд.[16]
Бадриддин дар соли 1994 мелодӣ ҳамроҳи фарзандаш - Ҳусайн ба Эрон сафар кард.[17] Баъзеҳо бозгашти вай ба Яманро дар соли 2002 унвон кардаанд[18] ва бархеи дигар муддати иқомати вай дар Эронро як сол зикр намудаанд.[19] Баъзеҳо муддаӣ шудаанд, ки ӯ ва фарзандаш дар Эрон таҳти таъсири мазҳаби шиаи исноъашарӣ қарор гирифтанд. Ба ҳамин далел Ансоруллоҳро ҷунбиши шиъии дувоздаҳимомӣ донистаанд, аммо Ҳусиҳо ин иддаоро рад карда ва бар зайдӣ будани худ таъкид доранд.[20]
Фаъолиятҳои сиёсӣ
Бадриддин, пас аз шаҳодати фарзандаш - Ҳусайн, раҳбарии Ҷунбиши Ансоруллоҳро бар ӯҳда гирифт.[21] Ӯ бо кумаки бархе аз олимони зайдӣ Ҳизбулҳақро таъсис кард.[22] ал-Ҳусӣ аз аъзои намоёни ин ҳизб буд,[23] ки ба хотири бурузи ихтилофот дар ин ҳизб, аз он ҷудо шуд ва Ҳизбу шабоб-ил-муъминро таъсис намуд.[24]
Фасод, нокоромадии давлат ва нуфузу дахолати бегонагон, махсусан Амрико, дар Яман сабаб шуд, то Бадриддин ал-Ҳусӣ шогирдони худро ба мубориза алайҳи давлат даъват кунад.[25] Ин рӯдаррӯӣ ба даргирии низомӣ расид ва Бадриддин маҷбур ба тарки Яман шуд.[26]
Гуфта мешавад, Бадриддин чандин бор ҳадафи террори нофарҷом қарор гирифтааст. Дар ҳадаф қарор додани ӯ дар деҳаи ал-Хариб, теъдоде аз аъзои хонаводааш кушта шуданд.[27] Ҳамчунин амалиёти номуваффақи террори ӯ дар соли 2005, мӯҷиби шурӯи ҷанги дувуми ҳусиҳо бо давлати Яман шуд ва бо тасаввури кушта шудани Бадриддин, ҷанг қатъ шуд.[28]
Хусусиятҳои ахлоқӣ
Олимони ҳамъасри Бадриддин ал-Ҳусӣ, ба тамҷиди ӯ пардохтаанд.[29] Маҷдуддин Муаййидӣ, ӯро олими боамал дониста ва андешаи ӯро сутудааст.[30] Ҳусайн ибни Ҳасан, ӯро ба тақво, зуҳд, тавозуъ ва ибодат тавсиф карда ва мудофеъи мактаби Аҳли Байт муаррифӣ кардааст.[31] Ҳамчунин ба гуфтаи Абдулмалик ал-Ҳусӣ, Бадриддин бо Қуръон маънус буд ва иҳтимоми зиёде ба он дошт.[32] Унси ӯ бо Қуръон мӯҷиб шуд ба ӯ лақаби фақеҳ-ул-Қуръон дода шавад.[33]
Осор
- Мақолаи аслӣ: Феҳристи осори Бадриддин ал-Ҳусӣ
Бадриддин ал-Ҳусӣ, таълифот мутааддиде дорад, ки теъдоди онҳо наздик ба 100 асар аст.[34] Дар китоби ат-Тайсиру фи-т-тафсири ӯ, шеваи тафсири Қуръон ба Қуръон ва тафсири ривоӣ бо такя бар ривоёти Паёмбар (с) ва Имом Алӣ (а) ба кор гирифта шудааст.[35] Дар китоби ал-Маҷмуъат-ул-вофия фи-л-фиат-ил-боғия, ҳадиси кушта шудани Аммори Ёсир ба дасти гурӯҳи таҷовузгар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.[36]
Ӯ китобҳои фазоили Оли Муҳаммад алайҳимус-салом, Аҳодису мухтора фи фазоили Оли-л-Байт ва Оли Муҳаммад лайсу куллу-л-уммат ва Оят-ул-Маваддатро дар бораи Аҳли Байт нигоштааст.[37] Китобҳое ҳамчун «Ман ҳум-ул-ваҳҳобийя», «ал-Иҷоз фи-р-радди ала фатово-л-Ҳиҷоз» алайҳи ваҳҳобият таълиф кардааст. Осори вай дар радди ваҳҳобият дар Маҷмуаи «ас-Силсилат-уз-заҳабийя фи-р-радд ала-л-ваҳҳобийя» ба чоп расидааст.[38]
Зиндагинома
Бадриддин ал-Ҳусӣ дар 17-уми ҷамодиюлаввали соли 1345ҳ.қ. дар Заҳёни Яман ба дунё омад ва дар Саъда, ки маркази аслии зайдия дар Яман буд, парвариш ёфт.[39] Насаби ӯро ба Ҳасани Мусанно - фарзанди Имом Ҳасан (а) расондаанд.[40] Насаби хонадони Ҳусии сокин дар Саъда, ба Ҳусайн ибни Муҳаммад бармегардад, ки аз шаҳри Ҳус ба Заҳён муҳоҷират кардаанд.[41]
Таҳсилот
Бадриддин ал-Ҳусӣ даврони таҳсили худро дар Саъда назди падараш - Амируддин Ҳусайн Ҳусӣ (ваф.1394ҳ.қ.), ва амаки худ Ҳасан ибни Ҳусайни Ҳусӣ (ваф.1388ҳ.қ.) сипарӣ кард.[42] Ӯ ҳамчунин аз Абдулазиз Ғолибӣ ва Яҳё ибни Ҳусайни Ҳусӣ баҳра бурд.[43] Бадриддин аз бархе олимон иҷозаи иҷтиҳод дарёфт кард, ки номи онҳо дар китоби Мифтоҳу асонид-из-зайдийя зикр шудааст.[44]
Вафот

Бадриддин ал-Ҳусӣ дар охирҳои соли 2010 вафот кард. Ҳусиҳо сабаби маргашро бемории шуш эълон карданд. Гурӯҳи ал-Қоидаи Яман иддао кард, ки ӯро дар ҷараёни як амалиёт куштааст.[45] Бархе аз расонаҳои байналмилалӣ иддаои террори Бадриддин ба дасти ал-Қоидаро қабул накарданд.[46]
Фарзандон
Тибқи баъзе хабарҳо, Бадриддин ал-Ҳусӣ чор зан[47] ва 7 духтару 13 писар дошт.[48] Ҳусайн, Яҳё, Абдуқодир, Муҳаммад, Аҳмад, Ҳамид, Амируддин, Иброҳим, Абдулмалик, Алӣ, Абдухалил, Абдусалом ва Наҷмиддин писарони ӯянд.[49] Ҳусайн - бунёнгузори Ансоруллоҳи Яман, Абдуқодиру Алӣ дар ҷанг[50] ва Иброҳим дар ҳодисаи террор кушта шуданд.[51] Абдулмалик низ сеюмин раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аст.
Эзоҳ
- ↑ «وفاة بدرالدین الحوثی احد ابرز مرجعیات الطائفه الشیعیه الزیدیه فی الیمن», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Олам; «جماعة الحوثیین.. حرکة یمنیه جمعت بین الزیدیه و النهج الایرانی و الحکم العائلی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира.
- ↑ Ваҷиҳ, Аълом-ул-муаллифина-з-зайдийя, 1420ҳ.қ., саҳ.263.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман.
- ↑ Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.98.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман.
- ↑ «العلامة الربانی بدرالدین الحوثی.. حائط صد امام التکفیریین», вебгоҳи Ансоруллоҳ.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман.
- ↑ «وفاة بدرالدین الحوثی احد ابرز مرجعیات الطائفه الشیعیه الزیدیه فی الیمن», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Олам.
- ↑ «الحوثیون فرقه جارودیه تحولت من الزیدیه الی التشیع تؤمن بدور الیمن بحروب القیامه و تهاجم الصحابه و ترتبط بایران», вебгоҳи шабакаи хабарии CNN-и арабӣ.
- ↑ Ҳусӣ, Расоил ли-с-Сайид Бадриддин ал-Ҳусӣ, саҳ.67.
- ↑ Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.99.
- ↑ Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.99 - 100.
- ↑ Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.112.
- ↑ «الحوثیون فرقه جارودیه تحولت من الزیدیه الی التشیع تؤمن بدور الیمن بحروب القیامه و تهاجم الصحابه و ترتبط بایران», вебгоҳи шабакаи хабарии CNN-и арабӣ.
- ↑ Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.152.
- ↑ Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.152
- ↑ «عن الیمن و الغزو الوهابی السعودی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
- ↑ جماعة الحوثیین.. حرکة یمنیه جمعت بین الزدیه و النهج الایرانی و الحکم العائلی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира.
- ↑ جماعة الحوثیین.. حرکة یمنیه جمعت بین الزدیه و النهج الایرانی و الحکم العائلی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира.
- ↑ Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.101.
- ↑ ««الحوثیون.. فرقه جارودیه تحولت من الزیدیه الی التشیع تؤمن بدور الیمن بحروب القیامه و تهاجم الصحابه و ترتبط بایران», вебгоҳи шабакаи хабарии CNN-и арабӣ.
- ↑ Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.102.
- ↑ Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.154.
- ↑ Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.155.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Доират-ус-сақофат-ил-қуръонийя.
- ↑ «من ..حسین بدرالدین حوثی الی ..اخیه عبدالملک.. تقریر», вебгоҳи хабарии Ваҷҳ-ул-Яман.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Доират-ус-сақофат-ил-қуръонийя.
- ↑ Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.101.
- ↑ «العلامه بدرالدین الحوثی.. انموذج للعالم المسلم و دوره تجاه دینه و امته», хабаргузории Сабо-нет.
- ↑ Ҳусайнии Ашкурӣ, Муаллифот-уз-зайдийя, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.430.
- ↑ Ваҷиҳ, Аълом-ул-муаллифина-з-зайдийя, 1420ҳ.қ., саҳ.263 - 264.
- ↑ «السلسلة الذهبیه فی الرد علی الوهابیه ج۱.. للسید العلامة المجاهد بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи ал-Маҷлис-уз-зайдӣ ал-исломӣ.
- ↑ Ваҷиҳ, Аълом-ул-муаллифина-з-зайдийя, 1420ҳ.қ., саҳ.263.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Доират-ус-сақофат-ил-қуръонийя.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман.
- ↑ «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман.
- ↑ ««الحوثیون.. فرقه جارودیه تحولت من الزیدیه الی التشیع تؤمن بدور الیمن بحروب القیامه و تهاجم الصحابه و ترتبط بایران», вебгоҳи шабакаи хабарии CNN-и арабӣ.
- ↑ Барои намуна ниг.: ««الحوثیون.. فرقه جارودیه تحولت من الزیدیه الی التشیع تؤمن بدور الیمن بحروب القیامه و تهاجم الصحابه و ترتبط بایران», вебгоҳи шабакаи хабарии CNN-и арабӣ; «وفاة بدرالدین الحوثی ابرز مرجعیات الطائفة الشیعیه», вебгоҳи шабакаи хабарии Фаронса 24.
- ↑ «لماذا لم تؤول قیادة تنظیم الحوثی الی محمد بدرالدین؟», вебгоҳи ал-Масдар-онлайн.
- ↑ «لماذا لم تؤول قیادة تنظیم الحوثی الی محمد بدرالدین؟», вебгоҳи ал-Масдар-онлайн.
- ↑ «لماذا لم تؤول قیادة تنظیم الحوثی الی محمد بدرالدین؟», вебгоҳи ал-Масдар-онлайн.
- ↑ «لماذا لم تؤول قیادة تنظیم الحوثی الی محمد بدرالدین؟», вебгоҳи ал-Масдар-онлайн.
- ↑ «الیمن: الحوثیون ینعون شقیق زعیمهم بعد تعرضه للاغتیال», вебгоҳи Фаронса 24.
Сарчашма
- «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Доират-ус-сақофат-ил-қуръонийя, санаи дарҷи матлаб: 9 шаҳривари 1398ҳ.ш., санаи боздид: 9 дейи 1402ҳ.ш.
- «الحوثیون.. فرقه جارودیه تحولت من الزیدیه الی التشیع تؤمن بدور الیمن بحروب القیامه و تهاجم الصحابه و ترتبط بایران», вебгоҳи шабакаи хабарии CNN-и арабӣ, санаи дарҷи матлаб: 6 фарвардини 1394ҳ.ш., санаи боздид: 9 дейи 1402ҳ.ш.
- «وفاة بدرالدین الحوثی احد ابرز مرجعیات الطائفه الشیعیه الزیدیه فی الیمن», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Олам, 4 озари 1389ҳ.ш., санаи боздид: 4 дейи 1402ҳ.ш.
- «عن الیمن و الغزو الوهابی السعودی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин, санаи дарҷи матлаб: 26 озари 1399ҳ.ш., санаи боздид: 18 дейи 1402ҳ.ш.
- «العلامة الربانی بدرالدین الحوثی.. حائط صد امام التکفیریین», вебгоҳи Ансоруллоҳ, санаи дарҷи матлаб: 29 тири 1402ҳ.ш., санаи боздид: 17 дейи 1402ҳ.ш.
- «وفاة بدرالدین الحوثی ابرز مرجعیات الطائفه الشیعیه الزیدیه», вебгоҳи шабакаи хабарии Фаронса 24., санаи дарҷи матлаб: 4 озари 1389ҳ.ш., санаи боздид: 9 дейи 1402ҳ.ш.
- «الیمن: الحوثیون ینعون شقیق زعیمهم بعد تعرضه للاغتیال», вебгоҳи Фаронса 24, санаи дарҷи матлаб: 18 мурдоди 1398ҳ.ш., санаи боздид: 17 дейи 1402ҳ.ш.
- «السلسلة الذهبیه فی الرد علی الوهابیه ج۱.. للسید العلامة المجاهد بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи ал-Маҷлисуз-зайдӣ ал-исломӣ, санаи боздид: 17 дейи 1402ҳ.ш.
- «السید العلامه بدرالدین بن امیرالدین الحوثی», вебгоҳи Робитату уламо-ил-Яман, санаи дарҷи матлаб: 12 шаҳривари 1397ҳ.ш., санаи боздид: 5 дейи 1402ҳ.ш.
- Ваҷиҳ, Абдусалом, Аълом-ул-муаллифина-з-зайдийя, Уммон, муассисаи фарҳангии имом Зайд ибни Алӣ, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Шайх Ҳусайнӣ, Мухтор, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли-л-Байт, 1393ҳ.ш.
- Ҳусайнии Ашкурӣ, Аҳмад, Муаллифот-уз-зайдийя, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1413ҳ.қ.
- Ҳусӣ, Бадриддин, Расоил ли-с-Сайид Бадриддин ал-Ҳусӣ, беҷо, бено, бе то.
- «جماعة الحوثیین.. حرکة یمنیه جمعت بین الزیدیه و النهج الایرانی و الحکم العائلی», вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Ҷазира, санаи дарҷи матлаб: 28 озари 1402ҳ.ш., санаи боздид: 9 дейи 1402ҳ.ш.
- «العلامه بدرالدین الحوثی.. انموذج للعالم المسلم و دوره تجاه دینه و امته», хабаргузории Сабо-нет, санаи дарҷи матлаб: 23 тири 1402ҳ.ш., санаи боздид: 3 дейи 1402ҳ.ш.