Бадриддин Ҳусӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Бадриддин ал-Ҳусӣ)
Бадриддин ал-Ҳусӣ, аз мароҷеъи зайдия ва раҳбари маънавии ҷунбиши Ансоруллоҳ

Бадруддин Ҳусӣ (арабӣ:بَدْرُالدّین حوثی) (1345 - 1431ҳ.қ.) - олими зайдӣ ва раҳбари маънавии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аст.

Ӯ падари Ҳусайн Ҳусӣ - бунёнгузори ҷунбиши Ансоруллоҳ буд, ки баъд аз кушта шудани Ҳусайн, раҳбарии ин ҷунбишро бар уҳда гирифт.

Бадриддин Ҳусӣ аз ҷонибдорон ва ҳомиёни Инқилоби Исломии Эрон, тарафдорони Ваҳдати исломӣ ва ҳомии Фаластин буд.

Ӯ китобҳои зиёде навиштааст, аз ҷумлаи онҳо "ат-Тайсир фи-т-тафсир" аст. Осори таълифии Бадриддин дар бораи ваҳҳобият дар "Маҷмуъат-ус-силсилат-из-заҳабийя фи-р-радди ала-л-ваҳҳобийя" гирдоварӣ шудааст.

Абдулмалик Ҳусӣ - сеюмин раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳ низ фарзанди ӯст.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Бадриддин Ҳусӣ - раҳбари маънавии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ва аз мароҷеъи динии мазҳаби зайдияи ҷорудия ба шумор меравад.[1] Ӯ бо лақабҳое ҳамчун Аллома, Муҷоҳид,[2] муфассир ва муҷтаҳид тавсиф шудааст.[3]

Ҳусӣ аз мудофеъони Ваҳдати исломӣ буд.[4] Ӯ дар муқобила бо афкор ва ақоиди мухолифи Ислом ва мазҳаби Аҳли Байт фаъол буд.[5] Осоре низ дар ҳавзаҳои мухталифи улуми исломӣ ва дар радди ваҳҳобият таълиф кардааст.[6]

Андешаҳо

Бадриддин Ҳусӣ ба қазияи Фаластин ва муқобила бо Исрол иҳтимом дошт ва ҳимоят аз мустазъафонро лозим медонист.[7] Ӯ аз мавзеъ ва иқдомоти фарзандаш - Ҳусайн, дар муқобила бо Амрико аз тариқи сар додани шиори сарха ва таҳрими колоҳои амрикоӣ ва исроилӣ ҳимоят мекард.[8]

Бадриддин, Ваҳдати исломиро барои муқобила бо хатароти бузурге, ки мусулмонон бо он мувоҷеҳ ҳастанд, зарурӣ медонист.[9] Ӯ ҳамчунин хостори иттихози мавзеи муносиб дар мувоҷиҳа бо татеъаҳои Амрикою Исроил ва муқобила бо он буд.[10]

Эътиқодоти Ҳусиро наздик ба шиаи имомия донистаанд.[11] Ӯ он даста аз душманони Имом Алӣ (а) ки аз ҳаққонияти ҳазрат огоҳ буданд, вале ба ҷанги алайҳи ӯ бархостандро кофир медонист.[12]

Ҳимоят ва таъсирпазирӣ аз Инқилоби Исломии Эрон

Бадриддини Ҳусӣ дар конфронси Ваҳдати исломӣ дар Эрон 1995

Бадриддини Ҳусӣ аз ҳомиёни Инқилоби Исломии Эрон буд.[13] Мегӯянд, ӯ муваффақияти низомии Эрон дар ҷанги Эрону Ироқ ва ҷангҳои дохилиро бо тирпаронӣ ҷашн мегирифт.[14] Ҳамчунин хезиши фикрии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, ки вай падари маънавии он ба шумор меравадро илҳомгирифта аз Инқилоби Исломии Эрон медонанд.[15] Сиёсатҳои ӯ ва фарзандонашро низ ҳамсӯ бо сиёсатҳои Эрон донистаанд.

Бадриддин дар соли 1944 мелодӣ ҳамроҳи фарзандаш - Ҳусайн ба Эрон сафар кард.[16] Баъзеҳо бозгашти вай ба Яманро дар соли 2002 унвон кардаанд[17] ва бархеи дигар муддати иқомати вай дар Эронро як сол зикр намудаанд.[18] Баъзеҳо муддаӣ шудаанд, ки ӯ ва фарзандаш дар Эрон таҳти таъсири мазҳаби шиаи исноъашарӣ қарор гирифтанд. Ба ҳамин далел Ансоруллоҳро ҷунбиши шиъии дувоздаҳимомӣ донистаанд, аммо Ҳусиҳо ин иддаоро рад карда ва бар зайдӣ будани худ таъкид доранд.[19]

Фаъолиятҳои сиёсӣ

Бадриддин, пас аз шаҳодати фарзандаш - Ҳусайн, раҳбарии ҷунбиши Ансоруллоҳро бар уҳда гирифт.[20] Ӯ бо кумаки бархе аз олимони зайдӣ Ҳизбулҳақро таъсис кард.[21] Ҳусӣ аз аъзои шохиси ин ҳизб буд,[22] ки ба хотири бурузи ихтилофот дар ин ҳизб, аз он ҷудо шуд ва Ҳизбу шабобил-муъминро таъсис намуд.[23]

Бадриддин Ҳусӣ баъд аз нуфузи Амрико дар Яман барои муқобила бо неруҳои Алқоъида ва дахолати кишварҳои хориҷӣ дар умури дохилии Яман, шогирдони худро ба мубориза алайҳи давлат даъват кард.[24] Дар пайи ин иқдом, давлати Яман манзилашро ҳадаф қарор дод ва ӯ маҷбур ба тарки кишвараш шуд.[25]

Гуфта мешавад, Бадриддин чандин бор ҳадафи террори нофарҷом қарор гирифтааст. Дар ҳадаф қарор додани ӯ дар деҳаи Алхарб, теъдоде аз аъзои хонаводааш кушта шуданд.[26] Ҳамчунин амалиёти номуваффақи террори ӯ дар соли 2005, мӯҷиби шурӯи ҷанги дувуми ҳусиҳо бо давлати Яман шуд ва бо тасаввури кушта шудани Бадриддин, ҷанг қатъ шуд.[27]

Хусусиятҳои ахлоқӣ

Олимони ҳамасри Бадриддин Ҳусӣ, ба тамҷиди ӯ пардохтаанд.[28] Маҷдуддин Муаййидӣ, ӯро олими боамал дониста ва андешаи ӯро сутудааст.[29]] Ҳусайн ибни Ҳасан, ӯро ба тақво, зуҳд, тавозуъ ва ибодат тавсиф карда ва мудофеъи мактаби Аҳли Байт муаррифӣ кардааст.[30] Ҳамчунин ба гуфтаи Абдулмалик Ҳусӣ, Бадриддин бо Қуръон маънус буд ва иҳтимоми зиёде ба он дошт.[31] Унси ӯ бо Қуръон мӯҷиб шуд ба ӯ лақаби фақеҳул-Қуръон дода шавад.[32]

Осор

Мақолаи аслӣ: Феҳристи осори Бадриддин Ҳусӣ

Бадриддин Ҳусӣ, таълифот мутааддиде дорад, ки теъдоди онҳо наздик ба 100 асар аст.[33] Дар китоби ат-Тайсиру фи-т-тафсири ӯ, шеваи тафсири Қуръон ба Қуръон ва тафсири ривоӣ бо такя бар ривоёти Паёмбар (с) ва Имом Алӣ (а) ба кор гирифта шудааст.[34] Дар китоби ал-Маҷмуъат-ул-вофия фи-л-фиат-ил-боғия, ҳадиси кушта шудани Аммори Ёсир ба дасти гуруҳи мутаҷовиз мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.[35]

Ӯ китобҳои фазоили Оли Муҳаммад алайҳимус-салом, Аҳодису мухтора фи фазоили Оли-л-Байт ва Оли Муҳаммад лайсу куллу-л-уммат ва Оят-ул-Маваддатро дар бораи Аҳли Байт нигоштааст.[36] Китобҳое ҳамчун «Ман ҳум-ул-ваҳҳобийя», «ал-Иҷоз фи-р-радди ала фатово-л-Ҳиҷоз» алайҳи ваҳҳобият таълиф кардааст. Осори вай дар радди ваҳҳобият дар Маҷмуъат-ус-силсилат-из-заҳабийя фи-р-радд ала-л-ваҳҳобийя ба чоп расидааст.[37]

Зиндагинома

Ӯ дар 17-уми ҷамодилаввали соли 1345ҳ.қ. дар Заҳёни Яман ба дунё омад ва дар Саъда, ки маркази аслии зайдия дар Яман буд, парвариш ёфт.[38] Насаби ӯро ба Ҳасани Мусанно - фарзанди Имом Ҳасан (а) расондаанд.[39] Насаби хонадони Ҳусии сокин дар Саъда, ба Ҳусайн ибни Муҳаммад бармегардад, ки аз шаҳри Ҳус ба Заҳён муҳоҷират кардаанд.[40]

Таҳсилот

Бадриддин Ҳусӣ даврони таҳсили худро дар Саъда назди падараш - Амируддин Ҳусайн Ҳусӣ (ваф.1394ҳ.қ.) ва амаки худ Ҳасан ибни Ҳусайни Ҳусӣ (ваф.1388ҳ.қ.) сипарӣ кард.[41] Ӯ ҳамчунин аз Абдулазиз Ғолибӣ ва Яҳё ибни Ҳусайни Ҳусӣ баҳра бурд.[42] Бадриддин аз бархе олимон иҷозаи иҷтиҳод дарёфт кард, ки номи онҳо дар Мифтоҳу асонид-из-зайдийя зикр шудааст.[43]

Вафот

Бадриддин Ҳусӣ дар канори фарзандон ва сарони Ансоруллоҳ

Бадриддин Ҳусӣ дар охирҳои соли 2010 вафот кард. Ҳусиҳо сабаби маргашро бемории шуш эълон карданд. Гуруҳи ал-Қоъидаи Яман иддао кард, ки ӯро дар ҷараёни як амалиёт кушта аст.[44] Бархе аз расонаҳои байналмилалӣ иддаои террори Бадриддин ба дасти ал-Қоъидаро қабул накарданд.[45]

Фарзандон

Тибқи баъзе хабарҳо, Бадриддин Ҳусӣ чаҳор зан дошт[46] ва ҳафт духтару 13 писар дошт.[47] Ҳусайн, Яҳё, Абдуқодир, Муҳаммад, Аҳмад, Ҳамид, Амируддин, Иброҳим, Абдулмалик, Алӣ, Абдухалил, Абдусалом ва Наҷмиддин писарони ӯянд.[48] Ҳусайн, бунёнгузори Ансоруллоҳи Яман, Абдуқодиру Алӣ дар ҷанг[49] ва Иброҳим дар ҳодисаи террор кушта шуданд.[50] Абдулмалик низ сеюмин раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аст.

Эзоҳ

  1. “Вафоту Бадриддин ал-Ҳусӣ аҳад абраз марҷаъиёти-т-тоифати-ш-шиъиятиз-зайдия фи-л-Яман”, вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Олам; “Ҷамоъатул-Ҳусийин.. Ҳаракатун яманийя ҷамаъат байна-з-зайдийяти ва-н-наҳҷил-иронӣ ва-л-ҳукм-ил-оилӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Ҷазира.
  2. Ваҷиҳ, Аълом-ул-муаллифина-з-зайдийя, 1420ҳ.қ., саҳ.263.
  3. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман.
  4. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.98.
  5. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман.
  6. “Ал-Аллома ар-раббонӣ Бадриддин ал-Ҳусӣ.. ҳоит сад амома-т-такфирийин”, вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  7. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман.
  8. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман.
  9. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман.
  10. “Вафоту Бадриддин ал-Ҳусӣ аҳад абраз марҷаъиёти-т-тоифати-ш-шиъиятиз-зайдия фи-л-Яман”, вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Олам.
  11. “Ал-Ҳусийюн фирқатун ҷорудийя таҳаввалат мин-аз-зайдийя ила-т-ташайюъ туъмину би давр-ил-Яман би ҳурубил-қиёма ва таҳоҷуми-с-саҳоба ва тартабиту би Ирон”, вебгоҳи шабакаи хабарии CNN арабӣ.
  12. Ҳусӣ, Расоил ли-с-Сайид Бадриддин ал-Ҳусӣ, саҳ.67.
  13. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.99.
  14. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.99 - 100.
  15. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.112.
  16. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.152.
  17. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.152; “Абдулмалик ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Ҷазира.
  18. “Ан-ил-Яман ва-л-ғазвул-ваҳҳобӣ ас-Саъудӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  19. “Ҷамоъат-ул-Ҳусийин.. ҳаракатун яманийя ҷамаъат байна-з-зайдияти ван-наҳҷул-иронӣ ва-л-ҳукмил-оилӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Ҷазира.
  20. “Ҷамоъат-ул-Ҳусийин.. ҳаракатун яманийя ҷамаъат байна-з-зайдияти ван-наҳҷул-иронӣ ва-л-ҳукмил-оилӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Ҷазира.
  21. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.101.
  22. “Ал-Ҳусийюн.. фирқатун ҷорудийя таҳаввалат мин-аз-зайдийяти ила-т-ташайюъ туъмину би даврил-Яман би ҳурубил-қиёма ва таҳоҷуми-с-саҳоба ва тартабиту би Ирон”, вебгоҳи шабакаи хабарии CNN арабӣ.
  23. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.102.
  24. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.154.
  25. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.155.
  26. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Доиратул-сақофатил-қуръонийя.
  27. “Мин.. Ҳусийин Бадриддин Ҳусӣ ило.. ахиҳи Абдулмалик.. тақрир”, вебгоҳи хабарии Ваҷҳул-Яман.
  28. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман.
  29. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман.
  30. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман.
  31. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман.
  32. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Доиратул-сақофатил-қуръонийя.
  33. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.101.
  34. “Ал-Аллома Бадриддин ал-Ҳусӣ.. анмузаҷ лил-олимил-муслим ва давруҳу тиҷоҳа диниҳи ва умматиҳ”, хабаргузории Сабонет.
  35. Ҳусайнии Ашкурӣ, Муаллифот-уз-зайдийя, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.430.
  36. Ваҷиҳ, Аълом-ул-муаллифина-з-зайдийя, 1420ҳ.қ., саҳ.263 - 264.
  37. “Ас-Силсилат-уз-заҳабийя фи-р-радд ала-л-ваҳҳобийя, ҷ.1.. ли-с-Сайидил-аллома ал-муҷоҳид Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи ал-Маҷлисуз-зайдӣ ал-исломӣ.
  38. Ваҷиҳ, Аълом-ул-муаллифина-з-зайдийя, 1420ҳ.қ., саҳ.263.
  39. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман.
  40. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Доиратул-сақофатил-қуръонийя.
  41. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман.
  42. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман.
  43. “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман.
  44. “Ал-Ҳусийюн.. фирқатун ҷорудийя таҳаввалат мин-аз-зайдийяти ила-т-ташайюъ туъмину би даврил-Яман би ҳурубил-қиёма ва таҳоҷуми-с-саҳоба ва тартабиту би Ирон”, вебгоҳи шабакаи хабарии CNN арабӣ.
  45. Барои намуна ниг.: “Ал-Ҳусийюн.. фирқатун ҷорудийя таҳаввалат мин-аз-зайдийяти ила-т-ташайюъ туъмину би даврил-Яман би ҳурубил-қиёма ва таҳоҷуми-с-саҳоба ва тартабиту би Ирон”, вебгоҳи шабакаи хабарии CNN арабӣ; “Вафоту Бадриддин ал-Ҳусӣ абразу марҷаъиёти-т-тоифати-ш-шиъийя”, вебгоҳи шабакаи хабарии Фаронса.24.
  46. “Лимозо лам таъул қиёдат танзим ал-Ҳусӣ ило Муҳаммад Бадриддин?”, вебгоҳи ал-Масдар онлайн.
  47. “Лимозо лам таъул қиёдат танзим ал-Ҳусӣ ило Муҳаммад Бадриддин?”, вебгоҳи ал-Масдар онлайн.
  48. “Лимозо лам таъул қиёдат танзим ал-Ҳусӣ ило Муҳаммад Бадриддин?”, вебгоҳи ал-Масдар онлайн.
  49. “Лимозо лам таъул қиёдат танзим ал-Ҳусӣ ило Муҳаммад Бадриддин?”, вебгоҳи ал-Масдар онлайн.
  50. “Ал-Яман: ал-Ҳусийюн янъавна шақиқа заъимиҳим баъда таъаррузиҳи лил-иғтиёл”, вебгоҳи Фаронса.24.

Сарчашма

  • “Ал-Аллома ар-раббонӣ Бадриддин ал-Ҳусӣ. ҳоит сад амома-т-такфирийин”, вебгоҳи Ансоруллоҳ, таърихи дарҷи матлаб: 29 тири 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 17 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Ал-Аллома Бадриддин ал-Ҳусӣ. анмузаҷ лил-олимил-муслим ва давруҳу тиҷоҳа диниҳи ва умматиҳ”, хабаргузории Сабонет, таърихи дарҷи матлаб: 23 тири 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 3 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Ал-Ҳусийюн... фирқатун ҷорудийя таҳаввалат мин-аз-зайдийяти ила-т-ташайюъ туъмину би даврил-Яман би ҳурубил-қиёма ва таҳоҷуми-с-саҳоба ва тартабиту би Ирон”, вебгоҳи шабакаи хабарии CNN арабӣ, таърихи дарҷи матлаб: 6 фарвардини 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 9 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Ал-Яман: ал-Ҳусийюн янъавна шақиқа заъимиҳим баъда таъаррузиҳи лил-иғтиёл”, вебгоҳи Фаронса.24, таърихи дарҷи матлаб: 18 мурдоди 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 17 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Ан-ил-Яман ва-л-ғазвул-ваҳҳобӣ ас-Саъудӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин, таърихи дарҷи матлаб: 26 озари 1399ҳ.ш., таърихи боздид: 18 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Доиратул-сақофатил-қуръонийя, таърихи дарҷи матлаб: 9 шаҳривари 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 9 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Ас-Сайид ал-аллома Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Робитату уламоил-Яман, таърихи дарҷи матлаб: 12 шаҳривари 1397ҳ.ш., таърихи боздид: 5 дейи 1402ҳ.ш.
  • Ас-Силсилат-уз-заҳабийя фи-р-радд ала-л-ваҳҳобийя, ҷ.1. ли-с-Сайидил-аллома ал-муҷоҳид Бадриддин ибни Амириддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи ал-Маҷлисуз-зайдӣ ал-исломӣ, таърихи боздид: 17 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Вафоту Бадриддин ал-Ҳусӣ абразу марҷаъиёти-т-тоифатиш-шиъийя аз-зайдийя“, вебгоҳи шабакаи хабарии Фаронса24., таърихи дарҷи матлаб: 4 озари 1389ҳ.ш., таърихи боздид: 9 дейи 1402ҳ.ш.
  • “Вафоту Бадриддин ал-Ҳусӣ аҳад абраз марҷаъиёти-т-тоифати-ш-шиъиятиз-зайдия фи-л-Яман”, вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Олам, 4 озари 1389ҳ.ш., таърихи боздид: 4 дейи 1402ҳ.ш.
  • Ваҷиҳ, Абдусалом, Аълом-ул-муаллифина-з-зайдийя, Уммон, муассисаи фарҳангии имом Зайд ибни Алӣ, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Ашкурӣ, Аҳмад, Муаллифот-уз-зайдийя, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1413ҳ.қ.
  • Ҳусӣ, Бадриддин, Расоил ли-с-Сайид Бадриддин ал-Ҳусӣ, беҷо, бено, бе то.
  • “Ҷамоъатул-Ҳусийин... Ҳаракатун яманийя ҷамаъат байна-з-зайдийяти ва-н-наҳҷил-иронӣ ва-л-ҳукм-ил-оилӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Ҷазира, таърихи дарҷи матлаб: 28 озари 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 9 дейи 1402ҳ.ш.
  • Шайх Ҳусайнӣ, Мухтор, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли-л-Байт, 1393ҳ.ш.