Ҳусайн Бадриддин Ҳусӣ

Аз wikishia
Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ

Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ (1960 - 2004) бунёнгузор ва аввалин раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман.

Ӯ шиаи зайдимазҳаб буд ва таҳти таъсири андешаҳои имом Хумайнӣ, душманӣ бо Амрико ва Исроилро шиори худ қарор дод ва масъалаи Фаластинро ҷузви авлавиятҳои худ ва ҷунбишаш баён кард. Вай фаъолиятҳои сиёсии худро бо мубориза бо нуфузи афкори инҳирофие монанди ваҳҳобият оғоз карда буд.

Ӯ ибдоъкунандаи шиори маъруфи ҳусиҳо ба номи "сарха" аст. Ҳусайн Ҳусӣ ба хотири душманӣ бо Амрико, тавассути давлати Яман ба раёсати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба шаҳодат расид.

Ҷойгоҳ

Сайидҳусайн, дар соли 1960 (шаъбони 1379ҳ.қ.) дар минтақаи Рувайси вилояти Саъдаи Яман ба дунё омад.[1] Ӯ сиёсатмадор, фармондеҳи низомӣ, бунёнгузори ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ва аввалин раҳбари ин ҷунбиш аст.[2] Мазҳаби ӯ ва хонаводаашро шиаи зайдии ҷорудӣ унвон кардаанд.[3] Дӯстон ва устодонаш ӯро ба доштани заковат, бартарии илмӣ ва мутолиъоти густарда тавсиф мекунанд[4] ва ӯро бо сифатҳое ҳамчун шуҷоат, басират ва саъаи садр мешиносанд.[5] Нисбати хонаводагии ӯ ба Имом Ҳасан (а) мерасад.[6] Мегӯянд, падараш - Бадриддин ал-Ҳусӣ, аз боризтарин мароҷеъи мазҳаби зайдӣ будааст.[7]

Маросими солрӯзи шаҳодати Ҳусайн Бадриддин Ҳусӣ дар Санъо (2023)

Ҳусайн Ҳусиро мутамоил ба эътиқодоти шиаи исноъашарӣ, қоил ба исмати аимма ва муътақид ба Маҳдии Мавъуд донистаанд.[8] Бархе низ гуфтаанд, ки вай ба мазҳаби шиаи исноъашарӣ гаравида буд.[9]

Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, ҷараёнҳои мухталифе ҳамчун ваҳҳобият, ихвонул-муслимин, сотсиализм, носирия ва вуқуъи инқилоби исломии Эрон бар шаклгирии тафаккури Ҳусайн Ҳусӣ таъсир доштааст.[10] Фаъолиятҳои ҳизбӣ ва ройзании бо уламои яманӣ ва уламои кишварҳои дигар аз дигар авомили шаклгирии манзумаи фикрии Ҳусайн Ҳусӣ ба шумор рафтааст.[11] Суханрониҳои вай таҳти унвони «мулозим» ҷамъоварӣ шуда ва ба унвони маншури эътиқодии ҷунбиши Ансоруллоҳ мавриди истифодаи аъзои ин гуруҳ қарор мегирад.[12]

Ҳусӣ, улуми диниро аз падараш омухт.[13] Пас аз фориғут-таҳсилӣ дар риштаи адабиёт, ҷиҳати такмили таҳсилоти худ, ба Судон рафт.[14] Вай таълифоти мутааддиде дорад, ки машҳуртарини онҳо ас-Сарха фи ваҷҳ-ил-мустакбирин аст.

Афкор ва андешаҳо

Ҳусайн Ҳусӣ муътақид буд, ҷаҳони Ислом дучори инҳитот шудааст ва ягона роҳи наҷоти он, бозгашт ба Қуръон ва таълимоти он он аст.[15]

Дидгоҳ дар бораи Исроил ва Амрико

Истикборситезӣ аз ҷумлаи вижагиҳои ӯ ба шумор рафтааст. Ӯ ҳамвора ба мардуми Яман дар хусуси нуфузи Амрико дар ин кишвар ҳушдор медод.[16] Аз нигоҳи ӯ, озодии Фаластин меҳвари бедорӣ ва пӯёии мусулмонон ба шумор мерафт.[17] Вай бар зинда нигаҳ доштани Рӯзи Қудс ва вуҷуби таҳрими колоҳои исроилӣ ва амрикоӣ, таъкид дошт. Сайидҳусайн барои озодии Фаластин, умеде ба ҳуккоми кишварҳои исломи надошт.[18] Вай ба хотири бадаҳдии Исроил, ҳаргуна созиш бо онро ғайримумкин медонист.[19]

Дидгоҳ дар бораи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва имом Хумайнӣ

Сайидҳусайн Ҳусӣ масири Инқилоби Исломии Эронро танҳо роҳи озодии миллатҳои мусулмон медонист.[20] Ӯ низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро улгуи муносибе барои мусулмонон муаррифӣ мекард ва бар ин ақида буд, ки ҳаркасе дар муқобили Инқилоби Исломии Эрон беистад, Худо ӯро ҷазо медиҳад.[21]

Ҳусӣ муътақид буд, имом Хумайнӣ бо зинда кардани суннати бароъат аз мушрикин, мардумро бо маънои саҳеҳ ва қуръонии ҳаҷ ошно кард.[22] Сайидҳусайн аз бунёнгузори низоми Ҷумҳурии Исломӣ бо унвони «имом» ёд мекард ва афкори ӯро наҷотдиҳанда медонист.[23] Вай имом Хумайниро раҳмати Илоҳӣ барои миллатҳои араб медонист ва мегуфт онҳо худро аз ин неъмат маҳрум кардаанд.[24] Ӯ имом Хумайниро имоми одил, ботақво ва мустаҷобуд-даъва медонист.[25]

Фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ

Ҳусайн Ҳусӣ, фаъолиятҳои сиёсии худро бо мубориза алайҳи нуфузи ваҳҳобият дар Яман оғоз кард.[26] Дар соли 1993 ва бо ҳадафи маҳрумиятзудоӣ аз устони Саъда,[27] ба намояндагӣ аз ҳизби Ҳақ,[28] вориди маҷлиси намояндагони Яман шуд.[29] Вай дар мунозиаи байни ҳизби иштирокӣ ва ду ҳизби Муътамар ва Ислоҳ, бар эҷоди мусолиҳа таъкид дошт ва аз ҳамроҳӣ бо давлат дар барпоии ҷанг худдорӣ кард.[30]

Сайидҳусайн аз ҳузур дар давраи баъди маҷлиси намояндагон худдорӣ ва анҷумани Шабоб-ул-муъминро таъсис кард,[31] ки баъдҳо ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман номида шуд.[32] Ҳадафи аввалияи ташкили ин анҷуман, анҷоми корҳои фарҳангӣ буд.[33] Пас аз вуқуъи ҳодисаи ёздаҳи сентябр ва ҳамлаи Амрико ба Афғонистону Ироқ ва ҳузури низомии он дар минтақа ва халиҷи Адан, ҳаракати зиддиистикборӣ ва зиддиамрикоии Сайидҳусайн шурӯъ шуд.[34] Вай муътақид буд, ҳодисаи ёздаҳи сенятбр тавассути дастгоҳҳои иттилоотии Амрико рақам хӯрд, ки ба дунболи ба даст овардани баҳона барои ҳамла ба кишварҳои исломӣ буданд.[35] Ал-Ҳусӣ рӯзи Фаластинро нуқтаи оғози ҳаракати худ қарор дод ва бо анҷоми аввалин суханронӣ дар ин рӯз, суханони имом Хумайнӣ дар бораи Рӯзи Қудсро барои мардум бозхонӣ кард.[36] Ӯ роҳпаймоиҳои сершуморе алайҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо кард.[37] Ва шиори маъруфи ҳусиҳо алайҳи Амрико ва Исроил мавсум ба Сарха [Ёддошт 1]-ро ибдоъ кард.[38]

Ҳусайн Ҳусӣ фаъолиятҳои иҷтимои сершуморе барои мардуми минтақаи худ анҷом дод, ки аз ҷумлаи онҳо эҷоди ҷамъияти хайрияи Марон, таъсиси мадарасаҳои динӣ, таъсиси марокизи беҳдоштӣ ва фаъолиятҳои имронӣ ва ободии мухталиф аст.[39]

Такфир ва қатли Ҳусӣ

Марқади Ҳусайн Бадриддин Ҳусӣ қабл аз тахриб ба дасти ваҳҳобиҳо

Фаъолиятҳои Ҳусӣ алайҳи Исроил ва Амрико мунҷар ба судури фатвои такфир ва қатли ӯ тавассути олимони вобаста ба низоми ҳокими Яман гардид.[40] Онҳо муддаӣ шуданд, ки Сайидҳусайн иддаои паёмбарӣ, маҳдавият ва имомат дорад.[41] Дар соли 2004, 640 нафар аз тарафдорони Ҳусайн Ҳусӣ, ки дар ҳоли роҳпаймоӣ буданд, боздошт шуданд.[42] Сипас давлати ҳокими Яман 55 ҳазор доллар барои дарёфти иттилооте, ки мунҷар ба дастгирии ӯ шавад таъйин кард.[43] Пас аз кушта шудани 25 нафар аз наздикони ӯ тавассути давлати Яман, ин маблағ ба 75 ҳазор доллар афзоиш ёфт.[44] Шаш рӯз пас аз бозгашти Абдуллоҳ Солеҳ аз Амрико, ҷанги давлат алайҳи ҳусиҳо оғоз гардид.[45] Ба шаҳодати асноди маҳрамона, ин ҷанг бо тавофуқи Ҷорҷ Буш - раиси ҷумҳури вақти Амрико ва Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар Вашингтон поярезӣ шуд.[46]

Шаҳодат

Тасвири рӯи ҷилди китоби Увайси Хумайнӣ

Ҳусайн Ҳусӣ дар соли 1425ҳ.қ., мусодиф бо 2004 дар минтақаи Марон дар муҳосираи артиши давлати Яман ба раёсати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ қарор гирифт.[47] Ӯ пас аз муқовимати ҳаштодрӯза, тибқи як нақл, дар даргирии тан ба тан ба шаҳодат расид.[48] Ба гузориши дигаре, пас аз ин ки аз ноҳияи сару по осеб дид ва биноияшро аз даст дод, ба вай амон дода шуд, аммо пас аз дастгирӣ, ӯро ба шаҳодат расонданд.[49] Гуфта мешавад, дар ин ҷанг, ҳафтсад нафар аз ҳусиҳо ва понздаҳ ҳазор нафар аз артиши Яман кушта шуданд.[50] Фармондеҳи неруҳои марказии Амрико, пас аз кушта шудани Сайид Ҳусайн Ҳусӣ, бо ирсоли номае ба Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ табрик гуфт ва аз ӯ ташаккур кард.[51]

Ҷасади Сайидҳусайн, дар соли 2013, ба хонаводааш таҳвил дода шуда ва тайи маросиме дар Марон ба хок супурда шуд.[52] Боргоҳе бар мазори вай бино шуд, ки дар соли 2015 бар асари ҳамалоти эътилофи Саъудӣ, тахриб гардид.[53]

Такнигорӣ

  • Увайси Хумайнӣ; ҷунбиши ал-Ҳусии Яман ва дидгоҳҳои шаҳид Ҳусайн ал-Ҳусӣ. Ин китоб ба қалами Ҳамидризо Ғариб Ризо нигошта шудааст. Дафтари нашри маорифи ин китобро ба чоп расондааст.[54]

Нигорхонаи тасовир

Пахши ташйиъи ҷанозаи Ҳусайн Бадриддин Ҳусӣ аз шабакаи ал-Масираи Яман
Шиори Сарха бар ҷанозаи Ҳусайн Бадриддин Ҳусӣ
Насби бахше аз суханони Ҳусайн Ҳусӣ дар хиёбонҳои Яман: онгоҳ ки ҳама ақиб нишастанд, парчами ҷиҳодро бар душ гирифтам
Баргузории роҳпаймоӣ ва ҳамли шиори сарха

Эзоҳ

  1. Сафаҳот мушриқа мин ҳаётил-шаҳидил-қоид ас-Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ, саҳ.15.
  2. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.45; «Зиндагиномаи шаҳиди шохиси роҳиёни нур Сайидҳусайн Бадриддин Ҳусӣ», пойгоҳи итилоърасонии ситоди марказии роҳиёни нур; «ал-Ҳувсийюн ман ҳум ва кайфа нашаат ҳаракатуҳум», вебгоҳи шабакаи хабарии BBC.
  3. “Ҷамоъат-л-Ҳусӣ (танзимуш-шабобил-муъмин/ансоруллоҳ) шиъоротуҳум зидда Амрико ва мавқифул-амрикон минҳум”, вебгоҳи Тариқул-Ислом.
  4. “Ҳусайн ал-Ҳусӣ... мин-ад-даъвати ило-т-тамарруд”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира”.
  5. “Набзатун мухтасара ан-и-шашҳид-ил-қоид ас-Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  6. “Ҷамоъат-ул-Ҳусӣ (танзим-уш-шабобил-муъмин/ансоруллоҳ) абраз-уш-шахсийёт”, вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  7. “Ҳусайн ал-Ҳусӣ... мин-ад-даъвати ило-т-тамарруд”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира».
  8. “Ҷамоъат-ул-Ҳусӣ (танзим-уш-шабобил-муъмин/ансоруллоҳ) ат-таъриф би ҷамоъат-ил-Ҳусӣ ва нашъатуҳум”, вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  9. Ал-Муҷоҳид, “ат-Ташайюъ фи Саъда - афкор-уш-шабоби-л-муъмин фи-л-мизон”, саҳ.196.
  10. Ал-Ҳиёл, Мин фикр-иш-шаҳид ал-Ҳусӣ, 1422ҳ.қ., саҳ.6.
  11. Ал-Ҳиёл, Мин фикр-иш-шаҳид ал-Ҳусӣ, 1422ҳ.қ., саҳ.6.
  12. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.245.
  13. “Ас-Сайид Ҳусайни ал-Ҳусӣ.. ал-фикр-ул-ҷиҳодӣ ва-л-интимо-ул-яманӣ”, рӯзномаи ал-Вифоқ, 11 сентябри 2023, саҳ.7.
  14. “Ас-Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ мин-ал-вилодатю.. ило миъроҷ-иш-шаҳодат”, вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  15. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.273.
  16. “Ал-Шаҳид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  17. Риққа, “Ас-Сайид Ҳусайни ал-Ҳусӣ.. ал-фикр-ул-ҷиҳодӣ ва-л-интимо-ул-яманӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  18. Риққа, “Ас-Сайид Ҳусайни ал-Ҳусӣ.. ал-фикр-ул-ҷиҳодӣ ва-л-интимо-ул-яманӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  19. Риққа, “Ас-Сайид Ҳусайни ал-Ҳусӣ.. ал-фикр-ул-ҷиҳодӣ ва-л-интимо-ул-яманӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  20. “Ҷамоъат-ул-Ҳусӣ (танзим-уш-шабобил-муъмин/ансоруллоҳ) - Ҳусайн ал-Ҳусӣ ва-с-саврат-ул-иронийя ва румуз-ут-ташайюъ”, вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  21. “Ҷамоъат-ул-Ҳусӣ (танзим-уш-шабобил-муъмин/ансоруллоҳ) - Ҳусайн ал-Ҳусӣ ва-с-саврат-ул-иронийя ва румуз-ут-ташайюъ”, вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  22. “Ҷамоъат-ул-Ҳусӣ (танзим-уш-шабобил-муъмин/ансоруллоҳ) - Ҳусайн ал-Ҳусӣ ва-с-саврат-ул-иронийя ва румуз-ут-ташайюъ”, вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  23. “Ҷамоъат-ул-Ҳусӣ (танзим-уш-шабобил-муъмин/ансоруллоҳ) - Ҳусайн ал-Ҳусӣ ва-с-саврат-ул-иронийя ва румуз-ут-ташайюъ”, вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  24. “Ҷамоъат-ул-Ҳусӣ (танзим-уш-шабобил-муъмин/ансоруллоҳ) - Ҳусайн ал-Ҳусӣ ва-с-саврат-ул-иронийя ва румуз-ут-ташайюъ”, вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  25. “Ҷамоъат-ул-Ҳусӣ (танзим-уш-шабобил-муъмин/ансоруллоҳ) - Ҳусайн ал-Ҳусӣ ва-с-саврат-ул-иронийя ва румуз-ут-ташайюъ”, вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  26. “Ас-Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ мин-ал-вилодатю.. ило миъроҷ-иш-шаҳодат”, вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  27. “Ас-Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ мин-ал-вилодатю.. ило миъроҷ-иш-шаҳодат”, вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  28. “Ҳусайн ал-Ҳусӣ... мин-ад-даъвати ило-т-тамарруд”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира».
  29. “Ал-Шаҳид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  30. “Ас-Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ мин-ал-вилодатю.. ило миъроҷ-иш-шаҳодат”, вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  31. “Ҳусайн ал-Ҳусӣ... мин-ад-даъвати ило-т-тамарруд”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира».
  32. “Ал-Ҳусийюн манҳум ва кайфа нашаъат ҳаракатуҳум”, вебгоҳи шабакаи хабарии BBC.
  33. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.242.
  34. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.243.
  35. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.114.
  36. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.114.
  37. “Ҳусайн ал-Ҳусӣ... мин-ад-даъвати ило-т-тамарруд”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира».
  38. Риққа, “Ас-Сайид Ҳусайни ал-Ҳусӣ.. ал-фикр-ул-ҷиҳодӣ ва-л-интимо-ул-яманӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  39. Сафаҳот мушриқа мин ҳаёт-иш-шаҳиди-л-қоид ас-Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ, саҳ.28 - 31.
  40. “Ал-Шаҳид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи ал-Ханодиқ; “Набзатун мухтасара ан-и-шашҳид-ил-қоид ас-Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ”, вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  41. “Мин Ҳусайн ал-Ҳусӣ ило Абдулмалик... Ансоруллоҳ (2)”, вебгоҳи архиви шабакаи хабарии ал-Манор.
  42. “Зиндагиномаи шаҳиди шохиси роҳиёни нур, Сайид Ҳусайн Бадриддин Ҳусӣ”, пойгоҳи итилоърасонии ситоди марказии роҳиёни нур.
  43. “Ҳусайн ал-Ҳусӣ... мин-ад-даъвати ило-т-тамарруд”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира».
  44. “Зиндагиномаи шаҳиди шохиси роҳиёни нур, Сайид Ҳусайн Бадриддин Ҳусӣ”, пойгоҳи итилоърасонии ситоди марказии роҳиёни нур.
  45. Риққа, “Ас-Сайид Ҳусайн ал-Ҳусӣ.. ал-фикр-ул-ҷиҳодӣ ва-л-интимо-ул-яманӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  46. Риққа, “Ас-Сайид Ҳусайн ал-Ҳусӣ.. ал-фикр-ул-ҷиҳодӣ ва-л-интимо-ул-яманӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  47. “Ас-Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ мин-ал-вилодатю.. ило миъроҷ-иш-шаҳодат”, вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  48. “Ас-Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ мин-ал-вилодатю.. ило миъроҷ-иш-шаҳодат”, вебгоҳи Ансоруллоҳ; “Ҷавос ласту ано ман қатала Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ ва ҳозо мо асарат алайҳи фи ҷаъбатиҳи баъда мақталиҳ”, вебгоҳи ал-Ҳикманет.
  49. “Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ, бунёнгузори Ансоруллоҳи Яман”, вебгоҳи Увайси Қаранӣ.
  50. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.87.
  51. Риққа, “Ас-Сайид Ҳусайн ал-Ҳусӣ.. ал-фикр-ул-ҷиҳодӣ ва-л-интимо-ул-яманӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  52. Риққа, “Ас-Сайид Ҳусайн ал-Ҳусӣ.. ал-фикр-ул-ҷиҳодӣ ва-л-интимо-ул-яманӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  53. Риққа, “Ас-Сайид Ҳусайн ал-Ҳусӣ.. ал-фикр-ул-ҷиҳодӣ ва-л-интимо-ул-яманӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  54. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.304.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ал-Муҷоҳид, Абдурраҳмон, “ат-Ташайюъ фи Саъда - афкор-уш-шабоби-л-муъмин фи-л-мизон”, дар натоиҷул-буҳус ва хавотимул-кутуб, беҷо, ал-Офоқ, 2007м.
  • Ал-Ҳиёл, Ибод ибни Алӣ, Мин фикр-иш-шаҳид ал-Ҳусӣ, Санъо, Дорул-назрия, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Ал-Ҳусӣ ва Эрон.. Иртибот идеулуҷиин амиқ бадаъа қабла арбаъа уқуд», вебгоҳи ниюз Яман, таърихи дарҷи матлаб: 9 баҳмани 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 15 озари 1402ҳ.ш.
  • Ал-Ҳусийюн ал-ҷудад.. мин-аш-шабоб-ил-муъмин ило ансориллоҳ», вебгоҳи рӯзномаи ал-Араб, таърихи дарҷи матлаб: 15 шаҳривари 1393ҳ.ш., таърихи дарҷи матлаб: 14 озари 1402ҳ.ш.
  • Ал-Ҳусийюн манҳум ва кайфа нашаъат ҳаракатуҳум”, вебгоҳи шабакаи хабарии BBC, таърихи дарҷи матлаб: 27 тири 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 15 озари 1402ҳ.ш.
  • Ас-Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ мин-ал-вилодат.. ило миъроҷ-иш-шаҳодат”, вебгоҳи Ансоруллоҳ, таърихи дарҷи матлаб: 24 исфанди 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 8 озари 1402ҳ.ш.
  • Ас-Сайид Ҳусайни ал-Ҳусӣ.. ал-фикр-ул-ҷиҳодӣ ва-л-интимо-ул-яманӣ”, рӯзномаи ал-Вифоқ, 11 сентябри 2023м.
  • "Зиндагиномаи шаҳиди шохиси роҳиёни нур, Сайид Ҳусайн Бадриддин Ҳусӣ”, пойгоҳи итилоърасонии ситоди марказии роҳиёни нур, таърихи дарҷи матлаб: 20 мурдоди 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 17 озари 1402ҳ.ш.
  • "Мин Ҳусайн ал-Ҳусӣ ило Абдулмалик... Ансоруллоҳ (2)”, вебгоҳи архиви шабакаи хабарии ал-Манор, таърихи дарҷи матлаб: 27 исфанди 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 13 озари 1402ҳ.ш.
  • Риққа, Сумайя, “Ас-Сайид Ҳусайн ал-Ҳусӣ.. ал-фикр-ул-ҷиҳодӣ ва-л-интимо-ул-яманӣ”, вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин, таърихи дарҷи матлаб: 28 баҳмани 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 11 озари 1402ҳ.ш.
  • "Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ, бунёнгузори Ансоруллоҳи Яман”, вебгоҳи Увайси Қаранӣ, таърихи дарҷи матлаб: 18 урдибиҳишти 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 17 озари 1402ҳ.ш.
  • "Ҳукумат-ул-вифоқ тавваҷаҳа эътизоран ли абноил-муҳофизотил-ҷанубийя вал-шарқийя ва абнои муҳофизати Саъда", вебгоҳи маркази миллии иттилооти раёсати Ҷумҳурии Яман, таърихи дарҷи матлаб: 30 мурдоди 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 13 озари 1402ҳ.ш.
  • "Ҳусайн ал-Ҳусӣ... мин-ад-даъвати ило-т-тамарруд”, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира», таърихи дарҷи матлаб: 13 меҳри 1383ҳ.ш., таърихи боздид: 11 озари 1402ҳ.ш.
  • "Ҷавос ласту ано ман қатала Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ ва ҳозо мо асарат алайҳи фи ҷаъбатиҳи баъда мақталиҳ”, вебгоҳи ал-Ҳикматнет, таърихи дарҷи матлаб: 9 меҳри 1397ҳ.ш., таърихи боздид: 12 озари 1402ҳ.ш.
  • "Ҷамоъат-ул-Ҳусӣ (танзим-уш-шабобил-муъмин/ансоруллоҳ) - Ҳусайн ал-Ҳусӣ ва-с-саврат-ул-иронийя ва румуз-ут-ташайюъ”, вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом, таърихи дарҷи матлаб: 8 урдибиҳишти 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 14 озари 1402ҳ.ш.
  • "Ҷамоъат-ул-Ҳусӣ (танзим-уш-шабобил-муъмин/ансоруллоҳ) ат-таъриф би ҷамоъат-ил-Ҳусӣ ва нашъатуҳум”, вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом, 30 фарвардини 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 14 озари 1402ҳ.ш.
  • Шайх Ҳусайнӣ, Мухтор, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, 1393ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found