Jump to content

Марг бар Амрико

Аз wikishia
Тайпография ва тасвирсозии «Марг бар Амрико», асари Фарҳуд Муқаддам, 1398ҳ.ш., сайти Конуни ҳунари шиӣ

Марг бар Амрико (форсӣ: مرگ بر آمریکا) як шиори эътирозист, ки дар Эрон ва бисёре аз нуқтаҳои ҷаҳон дар посух ба сиёсатҳои ҳукумати Амрико ба кор меравад. Гурӯҳе ин шиорро рамзи ормонҳо ва аҳдофи истеъморситезонаи Инқилоби Исломии Эрон мешуморанд.

Бархе низ ин шиорро ба аятҳое аз Қуръон нисбат медиҳанд, ки дар онҳо барои кофирон ва мушрикон орзуи марг шудаст; ва баъзеҳо онро намунае аз табаррӣ — яке аз фурӯи дин — медонанд. Бар асоси дидгоҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ, ин шиор дорои мантиқ ва зербинои ақлонӣ аст ва метавон онро ба истиоза ва омодабоши доимӣ дар баробари шайтон ташбеҳ дод.

Дар муқобил, баъзе ҷараёнҳои сиёсӣ дар Эрон хостори бардоштани ин шиор ҳастанд ва иддао мекунанд, ки Имом Хумайнӣ дар замони ҳаёташ бо канор гузоштани он дар расонаҳои давлатӣ мувофиқат дошт. Аммо ҷонибдорони ин шиор чунин иддаоҳоро беасос медонанд ва тасмим дар бораи идома ё бардоштани онро дар доираи ихтиёроти вилояти фақеҳ мешуморанд.

Ҷойгоҳ

Навиштани шиори «Марг бар Амрико» бар парчами Амрико дар роҳпаймоии 22 баҳман дар Теҳрон

Шиори «Марг бар Амрико»-ро ифодаи ормонҳо ва аҳдофи истеъморситезонаи Инқилоби Исломии Эрон муаррифӣ кардаанд.[1] Бархе онро муҳимтарин шиори Инқилоби Исломии Эрон медонанд[2] ва бар инанд, ки он махсуси як давраи муайяни таърихӣ нест.[3] Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, муҳаққиқ ва файласуфи шиа, бар ин бовар аст, ки мардуми Эрон ин шиорро монанди такбири баъд аз намозҳои ҷамоат лозим мешуморанд.[4]

Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хоманаӣ, дувумин раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, шиори «Марг бар Амрико» шиоре мантиқӣ бо пуштвонаи амиқи фикрӣ ва ақлонӣ аст ва маънии марг бар сиёсатҳои ҳокимияти Амрико[5] ва низ марг барои пешвоёни Амрико дар ҳар давраест.[6] Вай ин шиорро ба ибораи машҳури истиоза ва омодагии ҳамешагӣ дар баробари Шайтон ташбеҳ додааст ва бар ин назар аст, ки ин шиор мардумро дар муқобили тамаъҷӯиҳои истеъмори ҷаҳонӣ омода нигоҳ медорад.[7]

«Марг бар Амрико, яъне марг бар Трамп ва Ҷон Болтон ва Помпео. Яъне марг бар пешвоёни Амрико, ки дар ин давра ҳамин афроданд… Яъне марг бар шумо гурӯҳи андаке, ки ин кишварро идора мекунед; мо бо миллати Амрико коре надорем.»[8]



Тафсир

Мувофиқони шиори «Марг бар Амрико», онро шиоре алайҳи давлатмардон, давлат ва сиёсатҳои Амрико медонанд, на мардуми ин кишвар.[9] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хоманаӣ, дувумин раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Марг бар Амрико» яъне марг бар сардамдорони Амрико ва афроди камшуморе, ки ин кишварро идора мекунанд. Ӯ аз Доналд Трамп, Ҷон Болтон ва Помпео ҳамчун мисоли ин афрод дар замони худ ёд мекунад.[10]

Мустанадоти динӣ барои шиори «Марг бар Амрико»

Бархе барои шиори «Марг бар Амрико» мустанадоти қуръонӣ ҷустуҷӯ карда, онро ба ояти 8 сураи Муҳаммад, ояти 4 сураи Буруҷ, ояти 19 сураи Муддассир ва ояти 10 сураи Зориёт рабт додаанд, ки дар онҳо асосан барои бархе кофирон ва мушрикон орзуи марг ва нобудӣ бо калимаи «قُتِلَ» (ба маънии «Мурда бод!») шудааст.[11] Бархе низ бар ин боваранд, ки шиори «Марг бар Амрико»-ро метавон мисдоқи яке аз фуруи дин ва ҷузъи таббаррӣ донист.[12]

Фарогирӣ дар кишварҳои дигар

Шиор рӯи парчами Ҳусиҳо дар Яман чунин аст: «Худо бузургтар аст. Марг бар Амрико. Марг бар Исроил. Нафрин бар яҳудиён. Пирӯзӣ аз они Ислом аст.»

Ғайр аз Эрон, шиори «Марг бар Амрико» дар бархе кишварҳои осиёӣ, аврупоӣ, африқоӣ ва минтақаи Амрикои Лотин низ истифода мешавад;[13] ба гунае ки Сайид Алӣ Хоманаӣ ин амрро буҳрони ҷиддӣ барои Амрико[14] ва низ нишонаи таҳаввули ҳатмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ тавсиф кардааст.[15] Барои намуна, Сайид Ҳусайн Ҳусӣ, бунёдгузор ва нахустин раҳбари Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар суханронии худ бо унвони «Фарёде дар рӯ ба рӯи мустакбирон», шиорҳои «Аллоҳу Акбар, Марг бар Амрико, Марг бар Исроил, нафрин бар Яҳуд ва пирӯз бод Ислом»-ро шиори расмии шиаён дар ин минтақа эълон кард.[16]

Мухолифат бо шиори «Марг бар Амрико»

Дар Эрон, бархе хостаанд, ки шиори «Марг бар Амрико» аз адабиёти сиёсӣ ҳазф шавад. Масалан, Муҳаммадтақӣ Раҳбар, рӯҳонӣ ва фаъоли сиёсӣ гуфтааст, ки ин шиор метавонад бо барқарории равобити дӯстона бо Амрико ҳазф гардад.[17] Содиқи Зебокалом, устоди илмҳои сиёсӣ дар Донишгоҳи Теҳрон низ таъкиди бар ин шиорро барои Эрон харҷбардор донистааст.[18] Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, рӯҳонӣ ва сиёсатмадор, дар хотироти худ навиштааст, ки Имом Хумайнӣ, аввалин раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, бо ҳазфи шиори «Марг бар Амрико» аз расонаҳои давлатӣ мувофиқ буд.[19]

Дар муқобил, бархе мисли Сайид Аҳмад Хотамӣ, имомҷумъаи Теҳрон, ҳазфи ин шиорро дар ихтиёри валии фақеҳ донистаанд.[20] Сайид Алӣ Хоманаӣ низ, дар посух ба ин ки оё ин шиор сабаби душмании Амрико бо Эрон мешавад, гуфтааст, ки мустакбирон бо барафрохта шудани парчами адолат ва пешрафти илмии миллатҳое, ки берун аз қаламрави қудрати ононанд, душманӣ меварзанд ва шиор танҳо баҳона аст;[21] махсусан он ки душмании Амрико аз 28 мурдоди соли 1332ҳ.ш./19 августи 1953 оғоз шуд, замоне ки ҳеҷ кас дар Эрон шиори «Марг бар Амрико» сар намедод.[22] Ӯ бар ин бовар аст, ки то замоне ки Амрико шарорат, дахолат, бадхӯӣ ва разолати худро идома медиҳад, шиори «Марг бар Амрико» аз даҳони миллати Эрон нахоҳад афтод.[23]

Таърихча

Дар бораи сарчашмаи шиори «Марг бар Амрико» гузоришҳои гуногун дар даст аст: бархе бар он боваранд, ки ин шиор бори аввал аз забони донишҷӯён ва мухолифони шоҳи Эрон ба далели сафари ӯ ба Амрико дар 14 ноябри 1977 сар дода шудааст.[24] Бар асоси санадҳои бадастомада аз тасхири сафорати Амрико дар Теҳрон, ин шиор дар тирамоҳи 1979, аз сӯи мардум дар эътирозҳо ва деворнависиҳо истифода шуда буд.[25] Гурӯҳе низ истифодаи онро ба донишомӯзон дар 4 ноябри 1978 нисбат додаанд.[26]

Дар оинаи расона ва ҳунар

Постери даъватномаи сеюмин ҷоизаи бузурги байналмилалии «Марг бар Амрико»

Дар солҳои пас аз пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, баргузории намоишгоҳҳо, ҳамоишҳо ва мусобиқаҳо ва тавлиди осори ҳунарӣ бо меҳвари шиори «Марг бар Амрико» як бахши доимии рӯйдодҳои миллӣ ва байналмилалӣ будааст. Ба унвони намуна, ҷашнвораи «Марг бар Амрико», ҳар чанд сол як бор бо ҳузури ҳунармандон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, дар бахшҳои гуногун мисли акс, график, карикатура, мустанад, клип, суруд ва тарона баргузор мешавад.[27]

Илова бар ин, мусобиқаҳое мисли «Мусобиқаи тайпографияи Марг бар Амрико» ба сурати кишварӣ, [28] намоишгоҳи маҷмуаи постерҳои «Марг бар Амрико» дар муҳити донишгоҳҳо [29] ва низ ҷашнвораи ҳунарии «Марг бар Амрико» бо даъвати баъзе хонандагони шинохташудаи зидди истикборӣ дар ҷаҳон баргузор гардидааст.[30]

Ҷашнвораи филми Аммор низ дар маросими поёнии шашуми худ, аз ҷоизаи вижаи худ бо номи «Мозаикаи Марг бар Амрико» рӯнамоӣ кард. Ин ҷоиза, ки ҳар сол ба амали амрикоиситезонаи барҷастатарин дода мешавад, нахустин бор ба Маҳдӣ Нақавиён, коргардони мустанади «Бародарон», ки дар бораи паёмадҳои интихоботи даҳуми раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон буд, эҳдо гардид.[31]

Нигорхона


Эзоҳ

  1. Ҳайдарӣ, Табйини густараи шаоири Илоҳӣ дар Қуръони карим бо рӯйкарди татбиқии шиорҳои Инқилоби исломӣ, 1400ҳ.ш., саҳ.10
  2. ریشه‌های شعار «مرگ بر آمریکا» در تاریخ نهضت اسلامی, Маркази асноди Инқилоби Исломӣ
  3. Миршикории Сулаймонӣ, Баррасии заминаҳои таърихии шиорҳои Инқилоби Исломии Эрон, 1398ҳ.ш., саҳ.143
  4. مصباح: همه مردم شعار مرگ بر آمریکا را مثل تکبیر بعد از نماز، لازم می‌دانند! — сомонаи пойгоҳи хабарӣ ва таҳлилӣ Инсоф
  5. فیش‌های شعار مرگ بر آمریکا, сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  6. بیانات در دیدار فرماندهان و کارکنان نیروی هوایی ارتش, сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  7. بیانات در دیدار جمعی از اعضای انجمن‌های اسلامی دانش‌آموزان, сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  8. بیانات در دیدار فرماندهان و کارکنان نیروی هوایی ارتش, сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  9. «بیانات آیت‌االه خامنه‌ای در دیدار دانش‌آموزان و دانشجویان», вебсайти Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  10. بیانات در دیدار فرماندهان و کارکنان نیروی هوایی ارتش, сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  11. Ҳайдарӣ, Табйини густараи шаоири Илоҳӣ дар Қуръони карим бо рӯйкарди татбиқии шиорҳои Инқилоби исломӣ, 1400ҳ.ш., саҳ.10
  12. چرا می‌گوییم «مرگ بر آمریکا»؟/ نوشتن از آمریکا ترکش دارد, сомонаи хабаргузории Тасним.
  13. بیانات در دیدار دانش‌آموزان و دانشجویان, сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  14. بیانات در دیدار دانش‌آموزان و دانشجویان, сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  15. بیانات در دیدار اساتید دانشگاه‌ها, сомонаи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  16. Ализода Мусо, Бедории исломӣ, 1390ҳ.ш., саҳ.208–209.
  17. «مرگ بر آمریکا» چه می‌شود؟, сайти таҳлилии хабарии Асри Эрон
  18. سرنوشت یک شعار استراتژیک/ موافقان و مخالفان مرگ بر آمریکا چه می‌گویند؟, Хабар-онлайн
  19. سرنوشت یک شعار استراتژیک/ موافقان و مخالفان مرگ بر آمریکا چه می‌گویند؟, Хабар-онлайн.
  20. سرنوشت یک شعار استراتژیک/ موافقان و مخالفان مرگ بر آمریکا چه می‌گویند؟, Хабар-онлайн
  21. فیش‌های شعار مرگ بر آمریکا, сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  22. بیانات در دیدار دانش آموزان, сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  23. بیانات در دیدار فرماندهان و کارکنان نیروی هوایی ارتش, сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  24. Миршикорӣ Сулаймонӣ, Баррасии заминаҳои таърихии шиорҳои Инқилоби Исломии Эрон, 1398ҳ.ш., саҳ.36
  25. Ҷамъе аз нависандагон, Асноди лонаи ҷосусии Амрико, 1386ҳ.ш., саҳ.400 ва 403
  26. [[1](https://irdc.ir/0000Yo) ریشه‌های شعار «مرگ بر آمریکا» در تاریخ نهضت اسلامی], сайти Маркази асноди инқилоби исломӣ.
  27. [[2](https://www.festivart.ir/سومین-جایزه-بزرگ-بین-المللی-مرگ-بر-) فراخوان سومین جایزه بزرگ بین‌المللی مرگ بر آمریکا منتشر شد], сайти Фестиварт.
  28. تایپوگرافی مرگ بر آمریکا در تبریز برگزار می‌شود, хабаргузории Меҳр.
  29. اکران مجموعه پوسترهای مرگ بر آمریکا, сайти Басиҷи донишҷӯёни Донишгоҳи ҳунари исломии Табрез.
  30. هنرمندان آمریکایی "مرگ بر آمریکا" می‌گویند/ دعوت از خوانندگان ضداستکباری به ایران, хабаргузории Меҳр.
  31. رونمایی از جایزه ویژه جدید جشنواره عمار, сайти Ҷаҳони имрӯз.
  32. موزائیک با طرح «مرگ بر آمریکا» هم آمد, Хабаргузории Меҳр
  33. (ویدئو) آتش زدن پرچم آمریکا در نیویورک, сомонаи Фору
  34. ترامپ ناشنوا شد!/ نشنیده‌ام ایرانی‌ها شعار «مرگ بر آمریکا» بدهند, Нурниюс
  35. جهان خوار (چرا مرگ بر آمریکا), сомонаи нашри маъориф

Сарчашма