Үндана:Шаробхорӣ
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштаи тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манбаъҳои дигар муроҷиат намоед. |
Шаробхорӣ (форсӣ: شرابخواری) истеъмоли ҳар нӯшокии масткунанда аст ва дар Ислом аз гуноҳони кабира ба ҳисоб меояд. Бар асоси Қуръон, ривоятҳо ва иҷмои фақеҳон, нӯшидани ҳар навъ шароб ҳаром аст ва фарқе намекунад аз ангур, хурмо, мавиз ё чизи дигар гирифта шуда бошад. Фақеҳон шаробхӯрро фосиқ медонанд ва бар инанд, ки додани закот ба онҳо раво нест ва шаҳодати онҳо пазируфта намешавад.
Ҳукми ҳаром будани шароб дар Қуръон баён шудааст. Дар фиқҳи исломӣ, барои шаробхорӣ ҷазои ҳадд муқаррар шудааст, ки ҳаштод зарба шаллоқ аст. Албатта агар касе, ки шароб хӯрдааст, пеш аз шаҳодати шоҳидон тавба кунад, муҷозот намешавад.
Ҳаром будани шаробхорӣ
Шаробхорӣ яъне нӯшидани ҳар моеъи масткунанда.[1] Дар Ислом, шаробхорӣ ҳаром[2] ва аз гуноҳони кабира аст.[3] Ҳаром будани шаробхорӣ дар Ислом аз масоили мусаллам ва мавриди иттифоқ миёни ҳамаи мусалмонон аст ва дар шумори зарурияти дин қарор дорад; ба гунае ки агар касе онро ҳалол бидонад, кофир шумурда мешавад.[4] Дар оятҳои Қуръон, аз шароб ба хамр ёд шудааст.[5] Дар китобҳои фиқҳӣ низ бо ҳамин маъно ба кор рафтааст.[6]
Бархе аҳкоми фиқҳии шаробхорӣ
Ба фатвои фақеҳон, ҳамаи нӯшокиҳои масткунанда, аз ҳар моддае ки бошанд, монанди шароби ангур (хамр), хурмо (набиз), мавиз (нақеъ), асал (битъ), ҷав (мизр), мунсиф (омехтаи шир ва шароб), фазих (навъи набизи норас), ва гандуму ҷуворимакка, ҳукми шаръии яксон доранд ва нӯшидани онҳо ҳаром аст.[7]
Фақеҳон шаробхӯрро фосиқ медонанд[8] ва бар инанд, ки дар умуре, ки ниёз ба адолат дорад, монанди шаҳодат додан, шаробхӯр салоҳият надорад.[9] Бар асоси ривоятҳои исломӣ, нӯшидани шароб ҳатто дар шароити тақия ҷоиз нест.[10]
Муҳаққиқи Баҳронӣ, аз уламои шиа имомия дар қарни дувоздаҳуми қамарӣ, пардохти закот ба шаробхӯрро ҷоиз намедонад.[11] Соҳиби Ҷавоҳир, фақеҳи шиа дар қарни сездаҳуми қамарӣ, бо истинод ба ривоёт, кароҳати издивоҷ бо фосиқро матраҳ карда ва онро дар мавриди шаробхӯр, шадидтар ва муаккад дониста ва гуфта дар ривоёт[12] издивоҷ бо шаробхӯр ба манзилаи қатъи раҳим аст.[13]
Мазаммати шаробхорӣ дар ривоёт
Дар ривоёти исломӣ, матлабҳое дар бораи зиштии шаробхорӣ ва ҳамчунин тарзи бархӯрд бо афроди шаробхӯр баён шудааст. Аз ҷумла омадааст, ки намози шаробхӯр то чиҳил рӯз пазируфта намешавад ва нӯшидани шароб бадтар аз тарки намоз аст.[14] Ҳамчунин шаробхӯр ба кофир ва бутпараст шабеҳ дониста шуда ва гуфта шуда, ки аз шафоат ва биҳишт маҳрум аст. Дар заминаи равобити иҷтимоӣ низ омадааст, ки салом кардан ба шаробхӯр, иёдат аз ӯ ва ширкат дар ташйии ҷанозааш ҷоиз нест.[15]
Замон ва чигунагии эъломи ҳаром будани шаробхорӣ дар фиқҳи исломӣ
Дар бораи замон ва чигунагии эъломи ҳукми ҳаром будани шаробхорӣ ду дидгоҳи мутафовит вуҷуд дорад: «таҳрими дафъӣ» ва «таҳрими тадриҷӣ». Ихтилофи аслӣ миёни ин ду дидгоҳ ба маккӣ[16] ё мадинӣ[17] будани оятҳои таҳрими хамр бозмегардад.
- Бар асоси дидгоҳи аввал, ҳаром будани шароб дар Макка ва ба сурати якбора эълом шудааст. Тарафдорони ин назар ба оятҳои маккии Қуръон,[18] ривоятҳо,[19] шоҳидҳои таърихӣ[20] ва далелҳои ақлӣ[21] истинод мекунанд.
- Тибқи дидгоҳи дувум, таҳрими шароб ба тадриҷ ва дар чанд марҳила сурат гирифтааст. Ин назарро аҳли суннат ва шуморе аз андешмандони шиа пазируфтаанд.[22] Аҳли суннат дар ин замина ба оятҳое аз Қуръон,[23] сиёсати тадриҷӣ дар ташрии аҳком[24] ва ҳифзи ҷойгоҳи саҳоба[25] истинод мекунанд.
Фалсафаи таҳрими шаробхорӣ дар ривоёти исломӣ
Имтиёзи инсон бо ҳайвон дар ақл аст ва алкогол душмани ақл аст. Ва чун инсон зиёдахоҳ ва зиёдаталаб аст, барои ҳамин агар имрӯз як қошуқ бихӯрад, фардо як қошуқи ӯ ду қошуқ мешавад. Кам-кам як бутриро менӯшад.[26]
Дар ривоёти исломӣ, иллатҳое барои таҳрими шароб баён шудаанд, ки бархе чунинанд:
- Аз байн рафтани нури қалб ва рӯҳи ҷавонмардӣ дар инсон;[27]
- Эҷоди ларзиш ва раъша дар бадан;[28]
- Ҷасорат ва майл ба анҷоми муҳаррамот;[29]
- Гаройиш ба хунрезӣ ва зино;[30]
- Коҳиш ва нобудии ақл.[31]
Ҳадди шаробхорӣ
Ба фатвои фақеҳон, агар шахс болиғ, оқил ва огоҳ ба ҳаром будани шароб бошад ва шароб бинӯшад, ҳадди шаробхорӣ бар ӯ воҷиб мешавад.[32] Ҳадди шаръии шаробхӯр ҳаштод зарба шаллоқ аст.[33] Муҳаққиқи Ардабилӣ, аз фақеҳони имомия дар қарни даҳуми қамарӣ, ин ҳукмро иҷмоӣ медонад.[34]
Шаробхорӣ дар фиқҳ бо ду бор иқрори шаробхӯр ё бо шаҳодати ду марди одил исбот мешавад.[35] Албатта агар касе, ки шароб хӯрдааст, пеш аз шаҳодати шоҳидон тавба кунад, ҳадд аз ӯ соқит мешавад; вале тавбаи баъд аз иқомаи шаҳодат, боиси суқути ҳадд намешавад.[36]
Фақеҳон дар бораи чигунагии иҷрои ҳадди шаробхорӣ мегӯянд, ки замоне метавон ҳаддро ҷорӣ кард, ки шахс аз ҳолати мастӣ хориҷ шуда бошад.[37] Ҳамчунин тибқи фатвои онон, ҳар гоҳ касе баъд аз ҳар бор нӯшидани шароб ҳадд бихӯрад, дар мартибаи севум кушта мешавад;[38] аммо ҳар гоҳ касе чанд бор шароб бинӯшад ва ҳадд бар ӯ ҷорӣ нашавад, барои ҳамаи онҳо як ҳадд кофӣ аст.[39] Агар касе ҳам ноилоҷ шавад барои ҳифзи ҷони худ ё наҷот аз бемории шадид нӯшокии масткунанда бинӯшад, ҳадди шаръӣ бар ӯ ҷорӣ намешавад.[40]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.634
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ало мазҳаб-ил-имомия, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.343
- ↑ Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.571; Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.479; Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.195 ва ҷ.6, саҳ.131–135
- ↑ Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.373; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.157
- ↑ Ояти 219 сураи Бақара; Ояти 90 сураи Моида
- ↑ Барои намуна ниг.: Беҳбаҳонӣ, ар-Расоил-ул-фиқҳия, 1378ҳ.ш., саҳ.79; Нароқӣ, Авоид-ул-айём, 1417ҳ.қ., саҳ.57
- ↑ Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.46; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.454
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.46
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.47
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.63, саҳ.495
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.209
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.53
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.115
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.400–401; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.63, саҳ.488
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.396–398
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.359–361; ҷ.6, саҳ.134; ҷ.18, саҳ.62–63
- ↑ Барои намуна ниг.: Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли-аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.286
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1374ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.135
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Тафсили Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.304; Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1417ҳ.қ., саҳ.502
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.260; Динаварӣ, аш-Шеър ва-ш-шуаро, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.250
- ↑ Маликӣ Миёнҷӣ, Бадоеъ-ул-калом фи тафсири оёт-ил-аҳком, 1400ҳ.қ., саҳ.29
- ↑ Барои намуна ниг.: Субҳонӣ, Масодир-ул-фиқҳ-ил-исломӣ ва манобеиҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.16; Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.328; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли-аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.286
- ↑ Барои намуна ниг.: Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.210; Ибни Абиҳотам, Тафсир-ил-Қуръон-ил-азим, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.39; Замахшарӣ, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.259–260
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.396
- ↑ Ибни Обидин, Ҳошияту Радд-ил-мухтор ала-д-дурр-ил-мухтор, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.202
- ↑ «خاطره آیتالله سبحانی از یادداشت علامه طباطبایی برای کنگره مبارزه با مشروبات الکی»; вебгоҳи хабаргузории Шафақна
- ↑ Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.476
- ↑ Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.476
- ↑ Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.476
- ↑ Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.476
- ↑ Шариф Разӣ, Наҳҷ-ул-балоға, 1414ҳ.қ., саҳ.512
- ↑ Барои намуна ниг.: Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1422ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.544–547; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.453–455
- ↑ Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Мухтасар-ун-нофеъ, 1410ҳ.қ., саҳ.222
- ↑ Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.190
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.456
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.456
- ↑ Барои намуна ниг.: Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.455
- ↑ Барои намуна ниг.: Хӯӣ, Мабони такмилат-ул-минҳоҷ, 1976 м., ҷ.1, саҳ.275; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.456
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.462; Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1422ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.553
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.454
Сарчашма
- Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тарҷумаи тафсири ал-Мизон, Қум, Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи Қум, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ало мазҳаб-ил-имомия, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, таҳқиқи Муҳаммадтақӣ Иравонӣ, Қум, Нашри Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмия, чопи аввал, 1363ҳ.ш.
- Беҳбаҳонӣ, Муҳаммадбоқир, ар-Расоил-ул-фиқҳия, Қум, Муассисаи Алломаи муҷаддид Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, 1378ҳ.ш.
- Динаварӣ, Ибни Қутайба, аш-Шеър ва-ш-шуаро, Қоҳира, Нашри Дор-ул-ҳадис, 1423ҳ.қ.
- Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, тасҳеҳи Муҳаммад Абдуссалом Шоҳин, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, чопи севум, 1407ҳ.қ.
- Зуҳайлӣ, Ваҳба, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ, Димишқ, Дор-ул-фикр, 1404ҳ.қ.
- Ибни Абиҳотам, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Тафсир-ил-Қуръон-ил-азим, Риёз, Мактабату Низор Мустафо ал-Боз, 1419ҳ.қ.
- Ибни Обидин, Муҳаммад Амин, Ҳошияту Радд-ил-мухтор ала-д-дурр-ил-мухтор, шарҳи Танвир-ул-абсор фи фиқҳи мазҳаб-ил-имом Абиҳанифа ан-Нуъмон, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1415ҳ.қ.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, тасҳеҳи Иброҳим Абиёрӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бетаърих.
- Иёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсири Иёшӣ, Теҳрон, ал-Матбаъат-ул-илмия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбар Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуби исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
- Маликӣ Миёнҷӣ, Муҳаммадбоқир, Бадоеъ-ул-калом фи тафсири оёт-ил-аҳком, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, 1400ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа ли-дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Муассисаи Доира-л-маъорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқ бо мазҳаби Аҳлибайт(а), Қум, Муассисаи Доира-л-маъорифи исломӣ, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1424ҳ.қ.
- Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон фи шарҳи Иршод-ил-азҳон, тасҳеҳи Муҷтабо Ироқӣ, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1403ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Мухтасар-ун-нофеъ фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, Қисм-уд-диросот-ил-исломия фи Муассисат-ил-Биъса, чопи севум, 1410ҳ.қ.
- Самарқандӣ, Наср ибни Муҳаммад, Тафсири Самарқандӣ: Баҳр-ул-улум, таҳқиқи Умар Амрӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1416ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Масодир-ул-фиқҳ-ил-исломӣ ва манобеиҳ, Бейрут, Дор-ул-азво, 1419ҳ.қ.
- Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсир би-л-маъсур, Бейрут, Дор-ул-фикр, бетаърих.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1412ҳ.қ.
- Таботабоии Кирилоӣ, Сайид Алӣ, Риёз-ул-масоил фи баён-ил-аҳкоми би-д-далоил, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи севум, 1420ҳ.қ.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Мабони такмилат-ул-минҳоҷ, Наҷаф, Матбаъат-ул-адаб, 1976 м.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақиҳ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмия, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва ъиқоб-ул-аъмол, Қум, Дор аш-Шариф ар-Разӣ, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Қум, Муассисат-ул-биъса, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
- Шариф Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷ-ул-балоға (бар асоси Субҳӣ Солеҳ), Қум, Нашри Ҳиҷрат, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъ ли-аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Нашри Носир Хусрав, 1364ҳ.ш.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсили Васоил-уш-шиа ило таҳсили масоил-иш-шариъа, таҳқиқ ва тасҳеҳи гурӯҳи пажӯҳиши Муассисаи Ол-ил-байт, Қум, Муассисаи Ол-ил-байт, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
- «خاطره آیتالله سبحانی از یادداشت علامه طباطبایی برای کنگره مبارزه با مشروبات الکی»; вебгоҳи хабаргузории Шафақна, санаи боздид: 1 хурдоди 1404ҳ.ш.