Jump to content

Үндана:Ояти 280 сураи Бақара

Аз wikishia
Ояти инзор
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти инзор
Воқеъ дар сураиБақара
Шумораи оят280
Ҷузъ3
Шаъни нузулРибо гирифтани шахсоне аз қабилаи Сақиф аз Валид ибни Муғайра ва ё рибо гирифтани Холид ибни Валид аз қабилаи Сақиф
Макони нузулМадина
МавзуъФиқҳӣ-иқтисодӣ
Дар бораиЗарурати муҳлат додан ба қарздор
Оёти муртабитОятҳои 278 - 279 сураи Бақара


Ояти инзор (форсӣ: آیه اِنظار) дусаду ҳаштодумин ояти сураи Бақара ва аз оятҳои аҳкоми Қуръон аст.[1] Ин оят ба ҳаққи қарздорони нотавон ишора дорад.[2] Фақеҳон бо истинод ба он фалво додаанд, ки бояд ба қарздоре, ки тавони пардохти қарзро надорад, муҳлат дода шавад.[3] Ҳамчунин аз ин оят, ҳаром будани талаби қарз бо ин шароити қарздор,[4] манъи зиндонӣ кардани қарздор[5] ва норавоии иҷбори ӯ ба иҷрои кор барои пардохти қарз[6] истинбот шудааст.[7] Ибораи «Ва ан тасаддақу хайрун лакум» низ далели истеҳбоби бахшидани қарз дар ҳолати нотавонии қарздор аст.[8] Илова бар ин, вуҷуби адои қарз дар ҳолати тавоноии қарздор низ аз оят истифода шудааст.[9]

Дар сарчашмаҳои тафсирӣ, шаъни нузули ояти инзорро бо оятҳои пешин вобаста донистаанд.[10] Дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён ба нақл аз Имом Боқир (а) омадааст, ки Валид ибни Муғайра дар давраи ҷоҳилият ба қабилаи Сақиф қарзд дода буд ва рибо мегирифт. Писараш Холид пас аз мусулмон шудан, қасди талаб кардани амволи худро дошт; вале бо нозил шудани оятҳои 278 ва 279-уми сураи Бақара, аз гирифтани рибо манъ шуд.[11] Баъзе муфассирон низ қарздиҳандагонро қабилаи Сақиф донистаанд, ки пас аз ислом овардан, рибоҳои пешии худро аз Бани Муғайра талаб карданд ва Пайғамбар (с) онҳоро аз гирифтани рибо манъ кард.[12] Чун Банӣ Муғайра қобилияти пардохти асли қарзро надошта ва дархости муҳлат карданд, ояти инзор нозил шуд ва қарздиҳандагонро ба муҳлат додан даъват кард.[13]

Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а), муъсир (مُعسِر) касест, ки беш аз эҳтиёҷоти зарурӣ ва урфии худ ва оилаашро қобилияти таъмин надорад.[14] Баъзе аз муфассирон низ муъсирро нотавон аз пардохти қарз, ба сабаби омилҳое чун камбағалӣ ё ракӯди бозор донистаанд.[15] Муҳаммадтақӣ Маҷлисӣ, аз уламои шиъа (ваф.1070ҳ.қ.), муътақид аст, ки агар қарздор фақат қобилияти таъмини эҳтиёҷоти зарурии зиндагиро дошта бошад, муҳлат додан ба ӯ воҷиб аст.[16] Аммо агар пардохти қарз имконпазир, вале бо душворӣ бошад, муҳлат додан мустаҳаб аст.[17]

Дар тафсири ин оят дар тафсирҳо, ривоятҳое дар фазилати муҳлат додан ба қарздор нақл шудааст.[18] Аз ҷумла, Пайғамбар (с) осонгирӣ бар қарздори дармондаро муҷиби иҷобати дуо ва кушоиши корҳо донистааст.[19] Ҳамчунин дар ривояте омадааст, ки ҳар кас ба қарздори тангдаст муҳлат диҳад ё қарзи ӯро бибахашад, дар қиёмат дар сояи арши Илоҳӣ қарор гирад.[20]

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.56; Фозили Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, 1416ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.95; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.40, саҳ.166
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.377
  3. Барои намуна ниг.: Қутби Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.381; Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.274; Козимӣ, Масолик-ул-афҳом, 1365ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.66
  4. Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.274; Таботабоии Ҳоирӣ, ал-Маноҳил, Муассисаи Ол-ул-байт (а), саҳ.19; Наҷмободӣ, ал-Қазо, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.70
  5. Ибни Ҳайюн, Даоим-ул-ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.71; Мирзои Қумӣ, Расоил-ул-Мирзо ал-Қумӣ, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.636; Мусавии Буҷнурдӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, 1419ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.316
  6. Ироқӣ, Китоб-ул-қазо, 1421ҳ.қ., саҳ.189; Муҳаққиқ Сабзаворӣ, Кафият-ул-аҳком, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.575; Табасӣ, Ҳуқуқи зиндонӣ ва мавориди зиндон дар Ислом, Бустони китоб, саҳ.418
  7. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.167
  8. Барои намуна ниг.: Олиусфур Баҳронӣ, ал-Анвор-ул-лавомеъ, Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-илмия, ҷ.12, саҳ.305 ва 457; Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Мавсуат-ул-фиқҳ-ил-исломий-ил-муқоран, 1432ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.139
  9. Қутби Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.381
  10. Барои намуна ниг.: Саълабӣ Нишобурӣ, ал-Кашф ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.284-286; Ибни Ҷавзӣ, Зод-ул-масир, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.248-249; Абуҳайён, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.711-716; Хайрхоҳи Алавӣ, «Сақиф», 1382ҳ.ш., саҳ.305
  11. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.673
  12. Саълабӣ Нишобурӣ, ал-Кашф ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.284; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.674; Ибни Ҷавзӣ, Зод-ул-масир, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.248; Абуҳайён, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.711; Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.86
  13. Саълабӣ Нишобурӣ, ал-Кашф ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.286; Ибни Ҷавзӣ, Зод-ул-масир, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.249; Абуҳайён, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.716; Хайрхоҳи Алавӣ, «Сақиф», 1382ҳ.ш., саҳ.305
  14. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул‑баён, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.675; Туйсирконӣ, Лаол‑ил‑ахбор, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.193
  15. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул‑баён, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.675; Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул‑ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.86
  16. Маҷлисии Аввал, Ловмеи Соҳибқиронӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.57
  17. Маҷлисии Аввал, Ловмеи Соҳибқиронӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.57
  18. Барои намуна ниг.: Абуҳамза Сумолӣ, Тафсир-ул‑Қуръон-ил‑карим, 1420ҳ.қ., саҳ.121; Айёшӣ, Тафсир ал‑Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.155; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул‑баён, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.676; Файзи Кошонӣ, Тафсир ас‑софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.304
  19. Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008 м., ҷ.1, саҳ.498; Саълаби Нишобурӣ, ал-Кашф ва-л‑баён, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.288; Мейбудӣ, Кашф-ул‑асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.757
  20. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул‑баён, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.676

Сарчашмаҳо

  • Абуҳайён, Муҳаммад ибни Юсуф, Баҳри муҳит дар тафсири Қуръон, таҳқиқ: Муҳаммад Ҷамил Сидқӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1420ҳ.қ.
  • Абуҳамза Сумолӣ, Собит ибни Динор, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим, таҳқиқ: Ҳирзуддин, Абдурраззоқ Муҳаммадҳусайн, Бейрут, Дор-ул-Муфид, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Маъсуд, Тафсир ал-Айёшӣ, Теҳрон, ал-Матбаат-ул-илмия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
  • Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон фи шарҳи иршод-ул-азҳон, муҳаққиқ: Ироқӣ, Оқомуҷтабо, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Ибни Ҳайён, Нуъмон ибни Муҳаммад, Даоим-ул-ислом ва зикр-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром ва-л-қазоё ва-л-аҳком, муҳаққиқ: Файзӣ, Осиф, Қум, Муассиса Ол-ил-байт (а), чопи дувум, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абулфараҷ Абдурраҳмон ибни Алӣ, Зод-ул-масир фи илм-ит-тафсир, таҳқиқ: Маҳдӣ, Абдурраззоқ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Ироқӣ, Оқозиёуддин, Китоб-ул-қазо, Қум, Интишороти Муассисаи маорифи исломӣ, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
  • Козимӣ, Ҷавод ибни Саид, Масалик-ул-афҳом, Теҳрон, Китобфурӯшии Муртазавӣ, чопи дувум, 1365ҳ.ш.
  • Қутби Ровандӣ, Саъид ибни Ҳиботуллоҳ, Фиқҳ-ул-Қуръон, Қум, Китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1405ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлиси Аввал, Муҳаммадтақӣ, Ловомеи Соҳибқиронӣ, Қум, Муассисаи Исмоилиён, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Маҷлиси Аввал, Муҳаммадтақӣ, Равзат-ул-муттақин фи шарҳи Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Муассисаи фарҳангии исломӣ, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Мейбудӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Кашф-ул-асрор, Теҳрон, Амири Кабир, чопи панҷум, 1371ҳ.ш.
  • Мирзои Қумӣ, Абулқосим ибни Муҳаммадҳасан, Расоил-ул-Мирзо ал-Қумӣ, муҳаққиқ: Табарзиён, Аббос, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ (шуъбаи Хуросон), чопи аввал, 1427ҳ.қ.
  • Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Мавсуат-ул-фиқҳ-ил-исломий-ил-муқоран, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1432ҳ.қ.
  • Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Мусавии Буҷнурдӣ, Сайид Ҳасан, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, Қум, Нашри ал-Ҳодӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Сабзаворӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадмуъмин, Кафият-ул-аҳком, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ч.7, 1404ҳ.қ.
  • Наҷмободӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, Қазо, Қум, Нашри Равзат-ул-Аббос (а), чопи аввал, 1393ҳ.ш.
  • Олиусфур Бахронӣ, Ҳусайн, ал-Анвор-ул-лавомеъ фи шарҳи мафотиҳ-уш-шароеъ, муҳаққиқ: Олиусфур, Муҳсин, Қум, Маҷмаъ-ул-буҳус-ул-илмия, чопи аввал, бетаърих.
  • Саълабӣ Нишобурӣ, Абуисҳоқ Аҳмад ибни Иброҳим, ал-Кашф ва-л-баён ан тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир, Урдун, Дор-ул-китоб-ис-сақофӣ, чопи аввал, 2008м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Табасӣ, Наҷмуддин, Ҳуқуқи зиндонӣ ва мавориди зиндон дар Ислом, Қум, Бустони китоб, чопи аввал, бетаърих.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, ч.5, 1417ҳ.қ.
  • Таботабоии Ҳоирӣ, Сайид Муҳаммад, Китоб-ул-маноҳил, Қум, Муассиса Ол-ил-байт (а), бетаърих.
  • Туйсирконӣ, Муҳаммаднабӣ ибни Аҳмад, Лаол-ил-ахбор, Қум, Алломӣ, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, Тафсир ас-софӣ, Теҳрон, Интишорот-ус-садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, ал-Вофӣ, Исфаҳон, Китобхонаи Имом Амирулмуъминин (а), чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ч.3, 1420ҳ.қ.
  • Фозили Ҳиндӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Кашф-ул-лисом, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Хайрхоҳи Алавӣ, Сайид Алӣ, "Сақиф", Доират-ул-маорифи Қуръони карим, ҷ.9, Қум, Муассисаи Бустони китоб, чопи аввал, 1382ҳ.ш.