Сураи Фатҳ
Муҳаммад Фатҳ Ҳуҷурот | |
| Рақами сура | 48 |
|---|---|
| Ҷузъ | 26 |
| Нузул | |
| Тартиби нузул | 112 |
| Маккӣ/Маданӣ | Маданӣ |
| Иттилооти оморӣ | |
| Теъдоди оятҳо | 29 |
| Теъдоди калимаҳо | 560 |
| Теъдоди ҳарфҳо | 2509 |
Сураи Фатҳ (форсӣ: سوره فتح) чилу ҳаштумин сура ва аз сураҳои маданӣ аст, ки дар ҷузъи 26-уми Қуръон ҷой дорад. Номгузории ин сура ба далели он аст, ки дар ибтидои сура, аз фатҳи мубин (пирӯзии дурахшон) сухан мегӯяд. Муҳтавои асосии ин сура дар бораи пирӯзии ниҳоии мусалмонон, подоши имон, ҷиҳод, ихлос, бахшиши лағжишҳои муҷоҳидон, ҳушдор ба кофирон ва мусалмонони сустимон ва дар ниҳоят ҷаҳонӣ шудани дини Худо аст.
Ояти нахуст дар бораи фатҳи мубин ва ояти 18 дар бораи байъати Ризвон аз оёти машҳури сураи Фатҳ аст. Дар фазилати қироати ин сура омадааст, ки ҳар кас онро бихонад, подошаш ҳамчун касе аст, ки дар фатҳи Макка ҳамроҳи Пайғамбар (с) буда ё дар байъати Ризвон бо ӯ байъат кардааст.
Муаррифӣ
- Сабаби номгузорӣ
Ин сураро «Фатҳ» меноманд, ба ин муносибат, ки дар оғози он аз фатҳи мубин (пирӯзии дурахшон) сухан мегӯяд.[1]
- Тартиб ва макони нузул
Сураи Фатҳ ҷузъи сураҳои маданӣ ва дар тартиби нузул, саду дувоздаҳумин сураест, ки бар Паёмбари акрам (с) нозил шудааст. Ин сура дар чиниши кунунии мусҳаф, чилу ҳаштумин сура аст, ки дар ҷузъи 26 Қуръон ҷой дорад.[2]
- Теъдоди оятҳо ва дигар вижагиҳо
Сураи Фатҳ 29 оят, 560 калима ва 2509 ҳарф дорад. Ин сура ба лиҳози ҳаҷм ҷузъи сураҳои масонӣ ва наздик ба як ҳизб аст.[3] Ин сураро дар шумори сураҳои мумтаҳанот овардаанд.[4] Аз вижагиҳои ин сура хабар додан аз ғайб ва пешгӯии оянда аст, ки ҳамаи онҳо низ таҳаққуқ ёфтаанд.[5]
Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар соли 2024 мелодӣ, ки пас аз амалиёти тӯфони ал-Ақсо даргириҳои байни нерӯҳои муқовимат ва Исроил афзоиш ёфта буд, ба мардум барои пирӯзии ҷабҳаи муқовимат хондани ин сураро тавсия кард.[6]
Муҳтаво
Сураи Фатҳ бо меҳварияти башорати пирӯзиҳои бузург ва миннат ниҳодани Худованд бар Пайғамбари акрам (с) ва муъминон, ба ситоиши онон ва ваъдаи подошҳои дунявӣ ва ухравӣ мепардозад.[7] Ин сура навиди афзоиши тавҳидбоварон, арзонӣ доштани оромӣ бар дилҳои муъминон, подоши имон, ҷиҳод ва омурзиши лағжишҳои муҷоҳидонро медиҳад ва дар муқобил, ба кофирон, мунофиқон ва мусалмонони сустимон ҳушдор медиҳад.[8]
Мавзуъҳои сура, монанди сулҳи Ҳудайбия, таҳаққуқи руъёи Пайғамбар (с) дар бораи фатҳи Макка, воқеаи байъати Ризвон, коршканиҳо ва узрҳои беҷои мунофиқон барои ширкат накардан дар ҷиҳод ва ҳамчунин вижагиҳои пайравони Паёмбари Ислом (с) аст.[9]
Достонҳо ва ривоятҳои таърихӣ
Баъзе аз достонҳо ва ривоятҳои таърихии сура иборат аст аз:
- Ишора ба пирӯзӣ дар сулҳи Ҳудайбия. Оятҳои 1-3
- Ҳамроҳӣ накардани баъзе аъроб (бодиянишинҳо) бо Пайғамбар (с). Оятҳои 11-17
- Байъати Ризвон. Ояти 18
- Ҷанг накардани муъминон ва кофирон дар Макка пас аз сулҳ. Ояти 24
- Манъи кофирон аз вуруди муъминон ба Масҷид-ул-ҳаром ва анҷоми қурбонии бидуни ҳузур дар Макка. Ояти 25
- Руъёи Паёмбар дар бораи вуруд ба Масҷид-ул-ҳаром ва анҷоми умрат-ул-қазо. Ояти 27
Шаъни нузули оёти нахустин
Бар асоси ривояти Қутода аз Анас ибни Молик, сураи Фатҳ дар бозгашти мусалмонон аз сулҳи Ҳудайбия, дар ҳоле ки бо қалби андуҳгин ва бидуни анҷоми маносики ҳаҷ озими Мадина буданд ва шакку шубҳа бар шахсони заифулимон ғолиб шуда буд, нозил шуд. Бо нузули ин сура, чеҳраи Пайғамбар (с) ғарқи сурур шуд ва гуфт оёте бар ӯ нозил шудааст, ки барояш аз карон то карони дуңё, дӯстдоштанитар аст.[11]
Оятҳои машҳур
Ояти фатҳи мубин
Ояти нахуст (إِنَّا فَتَحْنَا لَكَ فَتْحًا مُّبِينًا - Инно фатаҳно лака фатҳан мубино), ки ба ояти фатҳи мубин маъруф аст, башорат ба пирӯзии дурахшон медиҳад. Бештари муфассирон ин пирӯзиро сулҳи Ҳудайбия медонанд.[12] Назарҳои дигар ҳамчун фатҳи Макка, фатҳи Хайбар,[13] ё пирӯзии ниҳоии Ислом[14] низ вуҷуд дорад. Баъзе аз муфассирон онро ишора ба кушодани асрори улум барои Пайғамбари Ислом (с) донистаанд.[15]
Ояти байъати Ризвон
Ояти ҳаждаҳум (لَقَدْ رَضِيَ اللَّـهُ عَنِ الْمُؤْمِنِينَ... Лақад разияллоҳу ани-л-муъминин...) ифодагари хушнудии Худо аз муъминонест, ки зери дарахт бо Пайғамбар (с) байъат карданд ва ба поси сидқи нияташон оромӣ ва пирӯзии наздик ба онон подош дода шуд.[16]
Ояти 23
سُنَّةَ اللَّهِ الَّتِي قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلُ ۖ وَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلًا (Суннаталлоҳи-л-лати қад халат мин қабл ва лан таҷида лисуннати-л-лоҳи табдило) Тарҷума: Суннати Худо, ки аз пеш ҳамин буда, ва дар суннати Худо ҳаргиз тағйире нахоҳӣ ёфт.
Ояти 23 сураи Фатҳ бар тағйирнопазирии суннатҳо ва қонунҳои Илоҳии ҳоким бар таърих ва башарият таъкид дорад. Бар асоси дидгоҳи баъзе муфассирон, ин оят нишон медиҳад, ки ҳодисаҳои таърихӣ тасодуфӣ ва иттифоқӣ нестанд, балки бар асоси ҷараёне қонунманд ва аз пеш таъиншуда бо номи суннатҳои Илоҳӣ шакл мегиранд. Ин суннатҳо фаротар аз замон ва макон ва дарки маҳдуди башарӣ ҳастанд ва бар асоси ҳикмати Илоҳӣ устуворанд. Аз ин рӯ, ҷомеъ ва собит буда, бо гузашти замон кӯҳна ё нокоромад намешаванд.[17]
Ояти 29
مُحَمَّدٌ رَسُولُ اللهِ ۚ وَالَّذِينَ مَعَهُ أَشِدَّاءُ عَلَى الْكُفَّارِ رُحَمَاءُ بَيْنَهُمْ... (Муҳаммадун расулуллоҳ, ва-л-лазина маъаҳу ашиддоу ала-л-куффори руҳамоу байнаҳум)
Ояти 29 сураи Фатҳ ба васфи Пайғамбар (с) ва ёронаш дар китобҳои осмонии пешин (Таврот ва Инҷил) мепардозад ва вижагиҳои онон, аз ҷумла шиддат бар куффор ва рамҳат миёни худ, ибодати пайваста ва асари суҷуд дар чеҳраҳояшонро бармешуморад ва рушду нумӯи ононро ба киштзори пурбор ташбеҳ мекунад.
Оёт-ул-аҳком
Сураи Фатҳ дорои оёт-ул-аҳкомест, ки ба аҳкоми фиқҳии хоссе мепардозанд.
- Ояти 27 сураи Фатҳ:[18]
لَقَدْ صَدَقَ اللَّـهُ رَسُولَهُ الرُّؤْيَا بِالْحَقِّ ۖ لَتَدْخُلُنَّ الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ إِن شَاءَ اللَّـهُ آمِنِينَ مُحَلِّقِينَ رُءُوسَكُمْ وَمُقَصِّرِينَ لَا تَخَافُونَ ۖ فَعَلِمَ مَا لَمْ تَعْلَمُوا فَجَعَلَ مِن دُونِ ذَٰلِكَ فَتْحًا قَرِيبًا
Ин оят бо ишора ба таҳаққуқи руъёи Пайғамбар (с) дар бораи вуруди эмин ба Масҷид-ул-ҳаром ба ду амали ҳалқ (тарошидани мӯи сар) ва тақсир (кӯтоҳ кардани мӯ ё нохун) ҳамчун амале, ки муҳримро аз эҳром хориҷ мекунад, ишора дорад. Ин оят аз назари баъзе фақеҳон далеле бар тахйир (ҳаққи интихоб) байни ҳалқ ва тақсир аст, на вуҷуби анҷоми ҳар ду.[19]
Ҳамчунин ояти 17 бо иборати «لَيْسَ عَلَى الْأَعْمَىٰ حَرَجٌ...» ҳукми таклифи ҷиҳодро аз се гурӯҳ (нобино, ланг ва бемор), ки анҷоми он барояшон машаққат дорад, бардошта ва ширкат накардани онон дар ҷиҳодро гуноҳ намедонад.[20]
Фазилат ва хосият
Дар фазилати тиловати сураи Фатҳ, ривоёт бисёр нақл шудааст. Бар ин асос, ҳар кас ин сураро қироат кунад, подоше ҳамсон бо касе хоҳад дошт, ки дар фатҳи Макка ҳамроҳи Пайғамбар (с) буда ё дар байъати Ризвон бо ӯ байъат кардааст.[21] Ҳамчунин аз Имом Содиқ (а) нақл шуда, ки мудавимат бар тиловати ин сура, молу аҳли оиларо аз талаф ва осеб дидан ҳифз мекунад ва қории он дар қиёмат дар шумораи бандагони шоистаи Худо қарор гирифта ва бо шаробе гувор аз биҳишт пазироӣ мешавад.[22] Аз хосияти амалии ин сура низ эмин мондан аз хатарҳо, рафъи тарс[23] ва дар амон мондан аз шарри ҳокими ситамгар[24] зикр шудааст.
Матн ва тарҷумаи сураи Фатҳ
| Матни арабии сураи Фатҳ | ||
بِسْمِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
|
Эзоҳ
- ↑ Сафавӣ, «Сураи Фатҳ», саҳ.772.
- ↑ Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.168.
- ↑ Хуррамшоҳӣ, «Сураи Фатҳ», саҳ.1251.
- ↑ Ромёр, Таърихи Қуръон, 1362ҳ.ш., саҳ.360 ва 596.
- ↑ Сафавӣ, «Сураи Фатҳ», саҳ.772.
- ↑ «آیات فتح و دعای نصر؛ توصیه رهبر انقلاب برای پیروزی جبهه مقاومت», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.252.
- ↑ Сафавӣ, «Сураи Фатҳ», саҳ.772.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.22, саҳ.6-7.
- ↑ Хомагар, Сохтори сураҳои Қуръони карим, 1392ҳ.ш.
- ↑ Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.181; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.7.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.252.
- ↑ Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.166.
- ↑ Муғния, ал-Кошуф, 1424ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.83.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.10.
- ↑ Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.315.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири нур, 1383ҳ.ш.
- ↑ Козимӣ, Масалик-ул-афҳом, ҷ.2, саҳ.248-255
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.105.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.282.
- ↑ Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.165.
- ↑ Садуқ, Савоби аъмол ва уқоби аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.115.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.77.
- ↑ Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.457.
- ↑ Тарҷума аз форсии Абдулмуҳаммади Оятӣ.
Сарчашма
- Баҳронӣ, Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Муассисаи баъсат, 1415ҳ.қ.
- Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Мисбоҳ л-ил-кафъамӣ (Ҷаннат-ул-амон-ил-воқия), Қум, Дор-ур-разо, 1405ҳ.қ.
- Козимӣ, Ҷавод ибни Саъд, Масалик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, бетаърих.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ил-Қумӣ, муҳаққиқ, мусаҳҳеҳ: Мусавии Ҷазоирии Сайид Тайиб, Қум, Дор-ул-китоб, 1404ҳ.қ.
- Қуръони карим, тарҷумаи Абдулмуҳаммади Оятӣ, Теҳрон, Суруш, 1374ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир ва ҷамъе аз нависандагон, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми Қуръон, Теҳрон, Маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, 1371ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ил-кош, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломия, 1424ҳ.қ.
- Муттақӣ, Алӣ ибни Ҳисомуддин, Канз-ул-уммол фӣ-с-сунани ва-л-ақвол, муҳаққиқи Маҳмудумар Димишқӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1419ҳ.қ.
- Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1362ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоби аъмол ва уқоби аъмол, Қум, Дор-уш-шариф-ир-разӣ ли-н-нашр, 1406ҳ.қ.
- Сафавӣ, Салмон, «Сураи Фатҳ», дар Донишномаи муосири Қуръони карим, Қум, Интишороти Салмони Озода, 1396ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷма-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддимаи Муҳаммадҷаводи Баллоғӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ л-ил-матбуот, 1390ҳ.қ.
- Фарҳангномаи улуми Қуръон, Қум, дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум.
- Хомагӣ, Муҳаммад, Маҷмуаи комили сохтори сураҳои Қуръони карим, Қум, Нашри Нашро, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
- Хуррамшоҳӣ, Қавомаддин, «Сураи Фатҳ» дар Донишномаи Қуръон ва Қуръонпажӯҳӣ, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон: Дӯстон - Ноҳид, 1377ҳ.ш.
- «آیات فتح و دعای نصر؛ توصیه رهبر انقلاب برای پیروزی جبهه مقاومت» («Оёти фатҳ ва дуои наср; тавсияи Раҳбари инқилоб барои пирӯзии ҷабҳаи муқовимат»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 19 ноябри 2024, санаи боздид: 27 августи 2025.