Jump to content

Ояти васила

Аз wikishia
Ояти васила
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти васила
Воқеъ дар сураиМоида
Шумораи оят35
Ҷузъ6
Макони нузулМадина
МавзуъЭътиқодӣ
Дар бораиВасилаи наздикӣ ба Худо
ДигарДаъват ба тақво, ҷиҳод ва васила


Ояти васила (форсӣ: آیه وسیله) сию панҷумин ояти сураи Моида аст, ки растагории инсонро дар гарави се шарт медонад: тақво, василаи наздикӣ ба Худо ва ҷиҳод дар роҳи Ӯ.

Мурод аз васила ҳар амале аст, ки сабаби наздикии банда ба Худо шавад. Муфассирон бо такя бар ривоёт, намунаҳои зиёде барои он баршумурдаанд, ки аз ҷумлаи онҳо анҷоми аъмоли солеҳ, тавассул ҷустан ба Пайғамбар ва Аҳли Байти ӯ ва низ савганд додани Худо ба мақоми онон аст.

Матн ва тарҷумаи оят

Ояти 35 сураи Моида ба ояти васила шинохта мешавад.[1] Дар ин оят вожаи васила ба кор рафта ва барои исботи машруияти тавассул ба он истинод мешавад.[2]

Дар ин оят тақво, васила ва ҷиҳод дар роҳи Худо ба унвони се роҳи растагорӣ баён шудааст.[3] Аз назари бархе муфассирон, ҷиҳод дар ин оят шомили ҷиҳод бо кофирон ва ҷиҳод бо нафс буда ва намунае аз васила аст.[4]

Мурод аз василаи бакоррафта дар оят

Васила ба амале гуфта мешавад, ки сабаби тақаррубу наздикӣ ба Худо гардад.[5] Аллома Таботабоӣ, аз муфассирони шиа, василаро навъе иртиботи маънавӣ миёни инсон бо Худо медонад, ки аз роҳи ибодат ҳосил мешавад ва илму амал аз заруриёти он ба шумор мераванд.[6]

Намунаҳои васила

Дар ривоятҳои шиа аз Пайғамбар (с),[7] Имом Алӣ (а)[8] ва Аҳли Байти Пайғамбар[9] ба унвони намунаҳои васила ёд шудааст. Дар Тафсири намуна низ бо истинод ба ривояте аз Имом Алӣ (а),[10] амалҳое ҳамчун намоз, рӯза, инфоқ, садақа, зикри Худо, ҳаҷ, умра, имон ба Худо ва Пайғамбар, ҷиҳод ва силаи раҳим ҳамчун намунаҳои васила шумурда шудаанд.[11] Ҳамчунин шафоати пайғамбарон, имомон ва солеҳон, пайравӣ аз онон ва савганд додани Худо ба мақомашон (бахусус Пайғамбар ва Аҳли Байт) аз дигар намунаҳои васила маҳсуб мешаванд.[12]

Ба гуфтаи нависандаи тафсири Атяб-ул-баён, васила шомили тамоми ақоид, ахлоқ ва аъмоли нек мешавад ва Қуръон, Пайғамбар (с), Аҳди Байт ё мақоми онон дар қиёмат ба унвони намунаи том ва комили он ҳастанд.[13]

Эзоҳ

  1. Ниг.: Орифӣ ва Наҷибӣ, Баррасии татбиқии ояти васила аз назари манобеи тафсирии фариқайн, саҳ.59
  2. Ниг.: Субҳонӣ, Оини ваҳҳобият, Дафтари интишороти исломӣ, саҳ.168
  3. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.364
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.328
  5. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.293, Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.349
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.328
  7. Ниг.: Орифӣ ва Наҷибӣ, Баррасии татбиқии ояти васила аз назари манобеи тафсирии фариқайн, саҳ.66
  8. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.292
  9. Кошонӣ, Тафсир-ул-муин, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, ҷ.1, саҳ.290
  10. Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.149
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.364
  12. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.366
  13. Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.375

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Сайид Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Бунёди Беъсат, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Интишороти исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Тафсир-ул-муин, таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ ва Маҳмуди Маръашӣ, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, батаърих
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Орифӣ, Муҳаммадюнус ва Муҳаммадалии Наҷибӣ, Баррасии татбиқии ояти васила аз назари манобеи тафсирии фариқайн, Мутолиоти татбиқии Қуръон ва ҳадис, №23, поизу зимистони 1403ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Оини ваҳҳобият, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, бетаърих
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
  • Тайиб, Абудулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Ислом, 1378ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.