Азоим

Аз wikishia

Азоим (форсӣ: عَزائِمُ) ё азомус-суҷуд (арабӣ: عَزائِمُ السُجود) ба сураҳои Саҷда, Фуссилат, Наҷм ва Алақ ишора мекунад, ки дар онҳо ояте аст, ки бо шунидан ё хондани он, сарҷда воҷиб мешавад.

Ин сураҳо аҳкоме доранд: хондани онҳо бар ҷунуб ва занони ҳоиз ҳаром аст ва набояд дар намозҳои фарз хонда шаванд.

Зикрҳои хоссе барои саҷдаи воҷиби Қуръон нақл шудааст, аммо бо ин ҳол, барои саҷда ниёзе ба таҳорат, ғусл, рӯ ба қибла будан лозим нест ва зикри хоссе ҳам лозим нест. Гарчӣ пешонӣ бояд бар чизе гузошта шавад, ки саҷда бар он дуруст аст.

Номгузорӣ

Азоим ё азоимус-суҷуд ба чаҳор сураи Саҷда, Фуссилат, Наҷм ва Алақи Қуръон гуфта мешавад, ки дорои ояти саҷдаи воҷиб ҳастанд.[1] Дар бархе аз манобеъ ба ҷои сураи Фуссилат, аз сураи Луқмон ёд шудааст.[2] [lower-alpha 1] Азоим, ҷамъи азима (عزیمه) ва дар луғат ба маънои иродаи ҷиддӣ бар анҷоми коре аст.[3] Ҳамчунин ба маънои фаризаҳое, ки Худо воҷиб кардааст;[4] аз ин рӯ, сураҳои мазкур, ки дар онҳо оёти саҷдаҳои воҷиб омадааст, азоими номида шудаанд.[5]

Оёти саҷдадор

Аз назари фақеҳони шиа, ояти 15 сураи Саҷда, 37 сураи Фуссилат, 62 сураи Наҷм ва 19 сураи Алақ саҷдаи воҷиб доранд.[6] Ҳамчунин ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир, 11 ояти Қуръон дар 10 сура, саҷдаи мустаҳаб доранд.[7] Ин оёт иборатанд аз ояти 206 сураи Аъроф, ояти 15 Раъд, ояти 49 - 50 Наҳл, ояти 109 Исро, ояти 58 Марям, ояти 18 ва 77 Ҳаҷ, ояти 60 Фурқон, ояти 26 Намл, ояти 24 Сод ва ояти 21 Иншиқоқ.[8] Бар асоси ончӣ ба Шайхи Садуқ мансуб шудааст, вуҷуди калимаи «саҷда» дар оят, мӯҷиб мешавад он оят саҷдаи мустаҳаб дошта бошад.[9]

Фуқаҳои шиа бо истинод ба ривоёте аз Имом Содиқ (а) муътақиданд, саҷда фақат дар чаҳор сураи мазкур воҷиб аст.[10] Фақеҳони шофеӣ, ҳанбалӣ ва ҳанафии аҳли суннат бидуни тафкик байни саҷдаи мустаҳаб ва воҷиби Қуръон, теъдоди оёти саҷдадорро 14 маврид ва фақеҳони моликӣ онро ёздаҳ оят медонанд.[11]

Аҳкоми муртабит

Зикри саҷдаи воҷиби Қуръон

«لا اِلهَ اِلَّا اللهُ حَقًّا حَقًّا، لا اِلهَ اِلَّا اللهُ ایماناً وَ تَصْدیقاً، لا اِلهَ اِلَّا اللهُ عُبُودِیةً وَرِقّاً، سَجَدْتُ لَک یا رَبِّ تَعَبَّداً وَرِقّاً، لا مُسْتَنْکفاً وَ لا مُسْتَکبِراً، بَلْ اَنَا عَبْدٌ ذَلیلٌ ضَعیفٌ خائفٌ مُسْتَجیرٌ»[12]

Таърихи бойгонӣ

Сураҳои азоим ва аҳкоми муртабит бо он дар бобҳои таҳорат[13] ва намоз[14] китобҳои фиқҳӣ сухан гуфта шудааст. Аз назари фақеҳон ин сураҳо аҳкоме доранд, аз ҷумла:

  • Хондани онҳо бар ҷунуб[15] ва ҳоиз[16] ҳаром аст. Фақеҳон дар бораи инки оё фақат хондани ояҳои саҷдадор ҳаром аст, ё хондани тамоми сура чунин ҳукме дорад, ихтилофи назар доранд.[17] Аллома Ҳиллӣ гуфтааст, ки ҳатто хондани як ҳарф аз ин сураҳо бар ӯ ҳаром аст.[18] Агар ҷунуб ва ҳоиз оёти саҷдадорро шуниданд, воҷиб аст, ки саҷда кунанд.[19]
  • Ба фатвои фақеҳони шиа, хондани амдии сураҳои дорои саҷдаи воҷиб, дар намозҳои фарз сабаби ботил шудани намоз мегардад.[20] Агар касе сурае аз ин сураҳоро аз рӯи саҳв дар намоз бихонад, дар сурате, ки пеш аз расидан ба ояти саҷдадор ё нисфи сура фаҳмад, бояд сураи саҷдадорро раҳо карда ва сураи дигаре бихонад ва агар пас аз ояти саҷдадор ё нисфи сура бошад, дар бораи чигунагии ба ҷой овардани саҷда ва намоз байни мароҷеъи тақлид ихтилофи назар вуҷуд дорад.[21] Бино ба фатвои имом Хумайнӣ дар ин сурат бояд бо ишора саҷда кунад ва ба хондани сураи саҷдадор иктифо намояд.[22] Ҳамчунин ба фатвои оятуллоҳ Систонӣ ва Сайид Мусо Шубайрии Занҷонӣ агар саҷдаи воҷибро ба ҷой наёварад намозаш саҳеҳ аст гарчи гуноҳ кардааст.[23]
  • Саҷдаи воҷиби Қуръон вуҷуби фаврӣ дорад; аз ин рӯ бо хондан ё шунидани оёти саҷдадори сураҳои Азоим, билофосила саҷда воҷиб мешавад.[24]
  • Дар саҷдаи воҷиби Қуръон, вузӯ, ғусл, рӯ ба қибла будан ва зикри хоссе воҷиб нест, аммо бояд пешонӣ бар чизе гузошта шавад, ки саҷда бар он дуруст аст.[25] Бо ин ҳол, зикрҳои вижае барои саҷдаи воҷиб нақл шудааст.[26]

Эзоҳ

  1. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.114 (зайли вожаи азм).
  2. Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100.
  3. Фирӯзободӣ, ал-Қомус-ул-муҳит, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.112 (зайли вожаи азм); Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.114 (зайли вожаи азм).
  4. Фирӯзободӣ, ал-Қомус-ул-муҳит, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.112 (зайли вожаи азм); Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.114 (зайли вожаи азм).
  5. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.114 (зайли вожаи азм).
  6. Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.577.
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.217.
  8. Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.577 - 578.
  9. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.217.
  10. Барои намуна нигоҳ кунед: Шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.291, ҳадиси 26 ва 27.
  11. Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.425.
  12. Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.584.
  13. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Яздӣ, Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.510 ва саҳ.603
  14. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.578.
  15. Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.510.
  16. Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.603.
  17. Яздӣ, Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.510 ва саҳ.603; Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1378ҳ.ш., масъалаи 355, ҷ.1, саҳ.225 - 227; масъалаи 450, ҷ.1, саҳ.276.
  18. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.333.
  19. Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.583.
  20. Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.580; имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.545, масаъалаи 983.
  21. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.546 - 545, ҳавошии масъалаи 984.
  22. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.545, масъалаи 984.
  23. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.546, ҳавошии масъалаи 984.
  24. Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.578.
  25. Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.582 - 583.
  26. Яздӣ, Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.584.

Ёддошт

  1. Эҳтимол дорад ин таъбир, ки дар каломи бештар аз фуқаҳои қадимӣ бакор рафта аст, манзур сураи Саҷда аст, ки пас аз сураи Луқмон воқеъ шудааст. Дар тартиби Қуръон сураи Луқмон 31 ва сураи Саҷда 32-умин сура аст. Аш-Шайх ал-Тусӣ, ал-Хилоф, ал-ношир: муассисаи алнашрул-исломӣ, поварақии ҷ.1, саҳ.100

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, дафтари нашри исломӣ, 1378ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), тасҳеҳи Сайид Муҳаммадҳусайн Баниҳошимии Хумайнӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1424ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-‎ил-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқи Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Теҳрон, китобфурӯшии Муртазавӣ, 1416ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, тасҳеҳи Алӣ Хуросонӣ ва дигарон, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҳавзаи илмияи Қум, 1407ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқи Ҳасан Хирсон Мусавӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-илмия, 1407ҳ.қ.
  • Фирӯзободӣ, Муҳаммад ибн Яъқуб, ал-Қомус-ул-муҳит, Бейрут, Дорул-кутубил-илмияи маншуроти Муҳаммадалӣ Байзун, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Ҷазирӣ, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад Иваз, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1424ҳ.қ./2003м.
  • Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.