Иститоат (ҳаҷ)
Ин мақола дар бораи иститоат (ҳаҷ) аст. Барои ошноӣ бо иститоат дар истилоҳи илми калом, иститоат (калом)-ро бубинед.
Иститоат (арабӣ: الاستطاعة) ба маънои тавоноии инсон барои сафар ба Макка ва анҷом додани маносики Ҳаҷ аст. Тибқи фатвои фақеҳон, ҳаҷ, ҳангоме бар касе фарз мешавад, ки «иститоат» дошта бошад. Иститоат дар чаҳор чиз: 1- иститоати молӣ, 2- амният, 3- саломатии ҷисмонӣ, 4- замон.
Иститоати молӣ ба маънии тавоноии пардохти харҷи сафар ба Макка ва инчунин хароҷоти таъмини онҳое, ки харҷи онҳо бар гардани шахс аст. Манзур аз иститоат аз ҷиҳати амният, амнияти молиявӣ, ҷонӣ ва обрӯӣ дар тули сафар ва будубош дар Макка аст. Иститоати ҷисмонӣ ва баданӣ, ба тавоноии ҷисмии баҷо овардани аъмоли Ҳаҷ мегӯянд. Иститоати замонӣ низ ба маънои доштани замони кофӣ барои сафар ба Макка ва анҷом додани Ҳаҷ аст.
Яке аз ҳукмҳои фиқҳии иститоат ин аст, ки шахсе, ки харҷи сафари ҳаҷҷашро аз ҳисоби қарз таъмин кардааст, мустатиъ (дорои иститоат) ҳисоб намешавад ва ҳаҷҷаш низ ҳаҷҷи фарзӣ ба ҳисоб намеояд.
Маънои фиқҳӣ
Иститоат дар хусуси ҳаҷ ба маънои тавоноии инсон барои рафтан ба Макка ва анҷом додани аъмоли ҳаҷ аст. Мурод аз тавоноӣ, тавоноии ақлӣ нест; яъне ин гуна нест, ки ҳатто агар касе битавонад бо машаққат ба ҳаҷ биравад, иститоат дошта бошад, балки манзур аз он, тавоноии шаръӣ аст; яъне бархӯрдорӣ аз шароите, ки дар фиқҳ барои вуҷуби ҳаҷ баён мешавад.[1] Ба касе ки иститоат дошта бошад, мустатиъ мегӯянд.[2]
Лузуми иститоат барои воҷиб шудани ҳаҷ
Ба иҷмоъи фақеҳон, ҳаҷ дар сурате бар инсон фарз мешавад, ки иститоат дошта бошад.[3] Ин фатво мустанад ба ояти 97 сураи Оли Имрон аст, ки дар он вуҷуби ҳаҷ ба иститоати машрут шудааст: «وَلِلّهِ عَلَی النَّاسِ حِجُّ الْبَیتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَیهِ سَبِیلً» (ва бар мардум воҷиб аст, ки барои Худо қасди зиёрати хона кунанд, албатта барои касоне ки тавоноии рафтан ба сӯи онро доранд).[4]
Шароити иститоат
Бар асоси фатвоҳои фақеҳон, иститоат дар чаҳор заминаи молӣ, амният, саломати баданӣ ва замон матраҳ аст ва шароити он ба шарҳи зер аст:
- Фард, тавони молии таъмини харҷи сафари ҳаҷро дошта бошад ва битавонад то замоне, ки аз ҳаҷ бармегардад, махориҷи хонаводааш ва касоне ки таъмини харҷи зиндагиашон бар ӯҳдаи ӯст, фароҳам кунад. Ҳамчунин тавоноии идораи зиндагиашро баъд аз бозгашт аз ҳаҷ дошта бошад.[5]
- Рафтан ба Макка барои ӯ мумкин бошад ва хатари ҷонӣ, молӣ ё обрӯӣ[6] ӯро таҳдид накунад.[7]
- Шах аз саломати бадании лозим барои сафар ба Макка ва ба ҷой овардани маносики ҳаҷ бархӯрдор бошад.[8]
- Замони кофӣ барои рафтан ба Макка ва анҷоми ҳаҷ вуҷуд дошта бошад.[9]
Иститоати зан
Ба фатвои фақеҳон, бештари мазоҳиби аҳли суннат, иститоати зан шарти дигаре ҳам дорад ва он ин аст, ки яке аз маҳоримаш битавонад ӯро ҳамроҳӣ кунад, аммо фақеҳони имомия ҳамроҳии маҳоримро шарти иститоати зан намедонанд.[10]
Аҳком
Бархе аз аҳкоми фиқҳии иститоат ба шарҳи зер аст:
- Касе ки бо қарз гирифтан аз дигарон хароҷоти сафари худ ба Маккаро таҳия кардааст, мустатиъ маҳсуб намешавад ва ҳаҷҷаш аз ҳаҷҷи воҷиб кифоят намекунад.[11] Албатта ба фатвои бархе аз мароҷеъи тақлид, агар чунин шахсе битавонад ба осонӣ қарзашро пардохт кунад, ишкол надорад.[12]
- Ба фатвои бархе аз фақеҳон, аз ҷумла: Муҳаққиқи Ҳиллӣ ва соҳиби Ҷавоҳир агар касе ба андозаи иститоати молӣ, мол дорад, аммо феълан наметавонад аз онҳо истифода кунад, бар ӯ воҷиб аст барои ҳаҷ қарз бигирад.[13]
- Агар ҳазинаҳои иститоати молиро ба касе бибахшанд, он шахс мустатиъ маҳсуб мешавад ва ҳаҷ бар ӯ воҷиб аст.[14]
- Касе ки харҷи рафтан ба Маккаро надорад, аммо дигар кас харҷи ӯро қабул кардааст, агар мутмаин бошад, ки ӯ ба қавлаш амал мекунад, мустатиъ маҳсуб мешавад ва ҳаҷ бар ӯ воҷиб аст.[15]
- Касе ки мустатиъ шудааст, аммо ба ҳаҷ нарафтааст то фақир шудааст, бояд ҳар тавр, ки метавонад ба ҳаҷ биравад, ҳарчанд барояш машаққат дошта бошад. Ҳамчунин чунин шахсе агар пир ё нотавон шавад ва умеде ҳам надошта бошад, ки худаш битавонад ба ҳаҷ биравад, бояд аҷир бигирад то аз тарафи ӯ ҳаҷ анҷом диҳад.[16]
Эзоҳ
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.457.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Шаҳиди Сонӣ, ал-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.17, саҳ.223; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.185.
- ↑ Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1411ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.34.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1411ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.34.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.17, саҳ.248 ва 254 ва 255 ва 273 ва 274; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.185.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.185.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.17, саҳ.279 ва 281; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.185.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.17, саҳ.279 ва 281; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.185.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.17, саҳ.279 ва 281; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.185.
- ↑ Ҳусайнии Оҳиқ, «Ҳаҷ (мабоҳиси қуръонӣ ва ҳадисӣ ва фиқҳӣ)», саҳ.586.
- ↑ Фалоҳзода, Мунтахаби маносики ҳаҷ, 1426ҳ.қ., саҳ.11.
- ↑ Фалоҳзода, Мунтахаби маносики ҳаҷ, 1426ҳ.қ., саҳ.11.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.17, саҳ.260; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., саҳ.201.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.17, саҳ.261; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., саҳ.201.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.188.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.191 ва 192.
Сарчашма
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайидмуҳаммадҳасан, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ мутобиқ бо фатовои сездаҳ нафар аз мароҷеъи муаззами тақлид, Қум, интишороти Исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
- Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи сеюм, 1390ҳ.ш.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни-л-Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, муассисаи Исмоилиён, чопи дувум, 1407ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Омилӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Мадорик-ул-аҳком фи шарҳи ибодоти шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Фалоҳзода Абарқуӣ, Муҳаммадҳусайн, Мунтахаби маносики ҳаҷ, Қум, Машъар, 1426ҳ.қ.
- Ҳусайнии Оҳиқ, Марям, «Ҳаҷ (мабоҳиси қуръонӣ, ҳадисӣ ва фиқҳӣ)», Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.12, Теҳрон, бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайниддини Омилӣ, ал-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.