Jump to content

Талбия

Аз wikishia

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Талбия (форсӣ: تلبیه) аз воҷиботи эҳром дар ҳаҷ ва умра аст, ки бо гуфтани ҷумлаҳои махсус, аз ҷумла "Лаббайк" иҷро мешавад. Маъмултарин зикри талбия ҷумлаи "Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ла шарика лака лаббайк, иннал-ҳамда ван-ниъмата лака вал-мулк, ла шарика лака лаббайк" аст, ки бояд ба арабии дуруст ва дар вақти нияти эҳром гуфта шавад ва пас аз он ҳаҷгузор ё умрагузор бояд аз он чи дар эҳром ҳаром аст ҷиддан худдорӣ кунад.

"Лаббайк" дар ҳаҷ ба маънои посухи мусбат ба нидои Худо ва такрори аҳди бандагӣ бо Ӯст. Такрори талбия дар баъзе қисматҳои роҳ аз Миқот то Макка мустаҳаб аст. Талбияе, ки Пайғамбари Ислом ба мусулмонон омӯхт, ҳамду санои Худоро дар бар мегирад. Ӯ ин ибораро дар мавқеъҳои гуногун дар ҳаҷ такрор мекард. Дар ҳамин маврид, такрори талбия дар вақтҳои махсус, монанди охири шаб ва пас аз намоз мустаҳаб аст.

Қабилаҳои Ҷазиратулараб, пеш аз Ислом, талбияҳои махсусе доштанд ва талбияи Қурайш ба таври махсус зикр шудааст.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

"Талбия", дар истилоҳи фиқҳӣ, маънои бар забон рондани ҷумлаҳои махсус, аз ҷумла лаббайк ба Худо дар эҳроми ҳаҷ ва умра аст.[1] "Талбия" аз решаи «ل ب ی» (л б й) ё «ل ب ب» (л б б) ба маънои муқим шудан ва мондан дар як макон, иҷобат, посухи мусбат додан ва лаббайк гуфтан аст.[2]

Бар асоси манбаъҳои таърихӣ ва ҳадисӣ, фариштагон нахустин лаббайкгӯён ба Худо будаанд.[3] Дар манбаъҳо, ба талбияи ҳазрати Одам (а), Иброҳим, Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ, Мусо, Исо, Юнус ва шуморе аз пайғамбарони Банӣ Исроил тасриҳ шудааст ва дар ҳамаи онҳо, ибораи "лаббайк" дида мешавад.[4]

Пеш аз зуҳури Пайғамбари Ислом, ҳар як қабилаи Ҷазиратулъараб талбияи махсусе доштанд.[5] Барои намуна, талбияи Қурайш чунин буд: "Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ла шарика лака илла шарикун ҳуа лака тамликуҳу ва ма малак". Онҳо барои ҳар як аз бутҳои машҳур низ талбияи махсусе доштанд.[6]

Талбияи исломӣ

Талбияе, ки Пайғамбари Ислом ба мусулмонон омӯхт, чунин буд: "Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ла шарика лака лаббайк, иннал-ҳамда ван-ниъмата лака вал-мулк, ла шарика лака лаббайк; Худоё, рӯ ба сӯи Ту овардаам ва даъвату нидои Туро иҷобат мекунам; иҷобат кардане пас аз иҷобат кардан. Шарику ёваре надорӣ. Тамоми ҳамду саноям махсуси Туст. Подшоҳии олам аз они Туст. Ҳеҷ шарике надорӣ. Даъвати Туро лаббайк мегӯям."[7]

Мувофиқи аҳодис, Пайғамбари Ислом ибораи "Лаббайка зал-маъориҷ лаббайк"-ро низ бисёр такрор мекардааст,[8] ва пас аз савор шудан бар маркаб, ҳангоми рафтани баландӣ, фуруд омадан ба сарозерӣ, дар охири шаб ва ҳамчунин пас аз иқомаи ҳар намоз талбия мегуфтааст.[9] Ҳамчунин ҳангоми ғуруби рӯзи тарвия (ҳаштуми зулҳиҷҷа), дар Макка, ба мусулмонон фармуд, ки талбия бигӯянд ва сипас ҳамроҳи асҳобаш талбиягӯён ба сӯи Мино ҳаракат кард.[10]

Ҳикмати талбия

Баъзе аз ҳикматҳои талбия, ки дар аҳодис баён шудааст, чунинанд: посух ба нидои Худо,[11] посух ба нидои ҳазрати Иброҳим (а), ки ба фармони Худо мардумро ба ҳаҷ даъват кард,[12] омурзиши гуноҳон бо талбия,[13] қасди суҳбат кардан барои Худо ва дар роҳи итоати Ӯ, ва худдорӣ аз ҳар гуна гуноҳ.[14]

Ҳукми фиқҳӣ; шарти сиҳҳати эҳром

Бар асоси фиқҳи шиа, эҳром дар ҳаҷ ва умраи таматтуъ, ҳаҷҷи ифрод ва умраи муфрада, ниёзманди як бор талбия аст ва эҳром бе он саҳеҳ нест; бо ин ҳама, дар ҳаҷҷи қирон, ҳоҷӣ метавонад талбия кунад ё он ки ишъор ё тақлид(аломат гузоштан бар қурбонӣ)-ро интихоб кунад. Пас аз талбия гуфтан дар миқот, шахс муҳрим мешавад ва бояд аз муҳаррамоти эҳром дурӣ кунад.[15]

Машҳури фақеҳони шиа талбияро аз аркони ҳаҷ ва умра намедонанд.[16] Шуморе аз фақеҳони мутааххири шиа муътақиданд, агар муҳрим пас аз ният, талбияро фаромӯш кунад ва аз Миқот бигузарад, бояд ба Миқот баргардад ва онро ҷуброн кунад[17] ва агар имконияти бозгашт фароҳам набошад, ба андозаи имконият бояд баргардад.[18] Агар ин ҳам имконнопазир бошад, бояд дар ҳамон маҳалле ки ҳаст, талбия бигӯяд.[19] Шуморе дигар, ҳолати ҷаҳлро ба фаромӯшӣ илова кардаанд ва бар онанд, ки агар дар умраи таматтуъ, бозгашти ҳоҷӣ ба Миқот ё адна-л-ҳил имконнопазир бошад, умраи ӯ ботил ва бар чунин ҳоҷӣ ҳаҷҷи ифрод воҷиб мешавад.[20]

Талбия ба арабии дуруст

Талбия бояд ба забони арабии дуруст иҷро шавад.[21] Дар ҳолати нотавонии муҳрим аз талаффузи арабии дуруст, чанд назар баён шудааст: вуҷуби гирифтани ноиб,[22] вуҷуби тарҷумаи ибораи талбия,[23] талаффузи ибораи талбия ба ҳар шакле, ки мумкин аст,[24] талаффузи ибора ба шакли имконпазир ва ҳамчунин тарҷумаи он ва гирифтани ноиб барои иҷрои он.[25] Баъзе низ муътақиданд, ки дар ҳолати нотавонии комили муҳрим аз талаффузи талбия ба ҳар шакли мумкин, ӯ аз гузордани маносик дар он сол маъзур хоҳад буд ва бояд барои соли оянда талаффузи дурусти арабиро омӯзад.[26]

Алфози талбия

Дар фатвои машҳури фақеҳони шиа, сиғаи талбия бояд чунин гуфта шавад: "Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ла шарика лака лаббайк."[27] Аксари мутааххирон[28] ибораи "Лаббайкаллоҳумма лаббайк, иннал-ҳамда ван-ниъмата лака вал-мулк, ла шарика лака лаббайк"-ро лозим медонанд.[29] Баъзе низ ибораҳои дигареро барои сиғаи талбия баён кардаанд; аз ҷумла: "Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ла шарика лака лаббайк, иннал-ҳамда ван-ниъмата лака вал-мулк, ла шарика лака."[30]

Мавридҳои истиҳбоби такрори талбия

Фақеҳони шиа такрори талбияро барои муҳрим, ба хусус дар баъзе мавридҳо, мустаҳаб шумурдаанд; аз ҷумла: охири шаб ё оғози рӯз, ҳангоми саҳар, дар ҳоли боло рафтан ё фуруд омадан аз баландӣ ё дара, пас аз барпоии намозҳои воҷиб ё мустаҳаб, ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ҳамсафарон.[31] Ҳамчунин фақеҳони шиа ва ҳанбали, талбияро пас аз иртикоби баъзе муҳаррамоти эҳром (аз ҷумла нигоҳ кардан ба оина) мустаҳаб донистаанд.[32]

Эзоҳ

  1. Ибни Идрис, Мустатрафот-ус-сароир, 1411ҳ.қ., саҳ.590; Ал-Мақдисӣ, Ал-уда, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.161
  2. Халил ибни Аҳмад, ал-Айн, 1409ҳ.қ., зери «لبی», ҷ.8, саҳ.341; Ибни Форис, Муъҷаму мақоиси-л-луға, 1409ҳ.қ., зери «لب», ҷ.5, саҳ.199; Ҷаҳизӣ, Ас-сиҳоҳ, 1407ҳ.қ., зери «لبی», ҷ.6, саҳ.2479
  3. Ал-Азрақӣ, Ахбори Макка, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.39; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.56, саҳ.198; Шавконӣ, Фатҳ-ул-қадир, Дору-л-маърифа, ҷ.1, саҳ.64
  4. Шаҳҳота ва Муқотил ибни Сулаймон, Тафсири Муқотил, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.125; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1412ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.236; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.206-207; Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.419; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.189-191; Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.240; Муттақӣ Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1413ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.229; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.213; Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-Ҳалабӣ, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.433
  5. Ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, Бейрут, саҳ.311; Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-Ҳалабӣ, 1400ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.232; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.542; Шаҳҳота ва Муқотил ибни Сулаймон, Тафсири Муқотил, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.124-125; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.310
  6. Ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, Бейрут, саҳ.311-315
  7. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуру-л-фақиҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.326-327; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1412ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.379; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.250 ва 335
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.250; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуру-л-фақиҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.325
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.250; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуру-л-фақиҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.325
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.245; Шайх Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1364ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.92
  11. Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.416; Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуру-л-фақиҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.196
  12. Ҳимярӣ, Қурб-ул-иснод, 1413ҳ.қ., саҳ.239; Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.416
  13. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуру-л-фақиҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.222; Шайх Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1364ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.313; Муттақӣ Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1413ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.32
  14. Муҳаддис Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.167
  15. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.248; Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.666; Хӯӣ, Муътамад-ул-урва, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.528
  16. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.226; Фозили Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.20; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1981 м., ҷ.18, саҳ.3-4
  17. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.668; Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, 1384ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.407; Хӯӣ, Муътамад-ул-урва, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.539-540
  18. Зайнуддин, Калимат-ут-тақво, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.288; Гулпойгонӣ, Маносик-ул-ҳаҷ, 1413ҳ.қ., саҳ.80
  19. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.668
  20. Фозил Ланкаронӣ, Маносики ҳаҷ, 1423ҳ.қ., саҳ.128
  21. Хӯӣ, Муътамад-ул-урва, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.523
  22. Ибни Саид Ҳиллӣ, ал-Ҷомеъ ли-ш-шароеъ, 1405ҳ.қ., саҳ.180
  23. Мӯсавӣ Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1410ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.266
  24. Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, 1384ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.392; Хӯӣ, Муътамад-ул-урва, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.525-526
  25. Фозили Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.270; Нароқӣ, Мустанад-уш-шиа, 1415ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.315
  26. Хӯӣ, Муътамад-ул-урва, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.525-526
  27. Муҳаққиқ Ҳиллӣ, ал-Мухтасар-ун-нофеъ, 1410ҳ.қ., саҳ.82; Нароқӣ, Мустанад-уш-шиа, 1415ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.312; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1981 м., ҷ.18, саҳ.228
  28. Мӯсавӣ Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1410ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.268
  29. Сайид Муртазо, Расоилу-ш-шарифу-л-Муртазо, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.67; Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсуту фи фиқҳ-ил-имомия, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.316
  30. Шайх Садуқ, ал-Муқнеъ, 1415ҳ.қ., саҳ.220; Шайх Садуқ, ал-Ҳидоя, 1418ҳ.қ., саҳ.220; Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.663
  31. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.253; Муҳаққиқ Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1416ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.235; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1981 м., ҷ.18, саҳ.273
  32. Ибни Қудама, Аш-шарҳу-л-кабир, Бейрут, ҷ.3, саҳ.260; Фозил Ланкаронӣ, Маносик-ул-ҳаҷ, 1423ҳ.қ., саҳ.86; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.422

Сарчашма

  • Ал-Азрақӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Ахбори Макка, бо кӯшиши Рашдӣ Солеҳ, Макка, Мактабату-с-сақофа, 1415ҳ.қ.
  • Ал-Мақдисӣ, Абдурраҳмон ибни Иброҳим, Ал-уда шарҳи-л-умда, тасҳеҳ ва таълиқ Солеҳ ибни Муҳаммад ибни Авваза, Қум, Дору-л-кутуб илмия, 1426ҳ.қ.  
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Олу-л-байт, 1414ҳ.қ.  
  • Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маносик-ул-ҳаҷ, Қум, Дору-л-Қуръон, 1413ҳ.қ.  
  • Зайнуддин, Муҳаммадамин, Калимат-ут-тақво: Фатвоҳо, Қум, Меҳр, 1413ҳ.қ.  
  • Ибни Идрис Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, Мустатрафот-ус-сароир, Қум, Ан-нашру-л-исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, бо кӯшиши Маръашлӣ, Бейрут, Дору-л-маърифа, 1409ҳ.қ.  
  • Ибни Саид Ҳиллӣ, Яҳё, ал-Ҷомеъ ли-ш-шароеъ, зери назари шайх Ҷаъфар Субҳонӣ, Қум, Муассисаи саййиду-ш-шуҳадо, 1405ҳ.қ.  
  • Ибни Форис, Аҳмад, Муъҷаму мақоиси-л-луға, таҳқиқи Абдуссалом Муҳаммад Ҳорун, Қум, Мактабу-л-аъломи-л-исломӣ, 1409ҳ.қ.  
  • Ибни Қудама, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Аш-шарҳу-л-кабир, Бейрут, Дору-л-кутуб илмия.  
  • Ибни Ҳабиб, Муҳаммад, ал-Муҳаббар, бо кӯшиши Илза Лихтен Штетер, Бейрут, Дору-л-офоқи-л-ҷадида.  
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ ва таълиқ Алӣ Акбар Ғафорӣ, Теҳрон, Дору-л-кутуб исломӣ, 1375ҳ.ш.  
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору иҳёи-т-тураси-л-арабӣ, 1403ҳ.қ.  
  • Муттақӣ Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисомуддин, Канз-ул-уммол, бо кӯшиши Сақо, Бейрут, Ар-рисола, 1413ҳ.қ.  
  • Муҳаддис Нурӣ, Мирзо Ҳусайн, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбату-л-масоил, таҳқиқи Муассисаи Олу-л-байт, Бейрут, Муассисати Олу-л-байт ли-иҳёи-т-турас, 1408ҳ.қ.  
  • Муҳаққиқ Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон фи шарҳи иршоди-л-азҳон, тасҳеҳ ва таълиқ Муҷтабо Ироқӣ ва шайх Алӣ Паноҳ Иштиҳардӣ ва Ҳусайн Яздӣ, Қум, Интишороти исломӣ, 1416ҳ.қ.  
  • Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Мухтасар-ун-нофеъ, Теҳрон, Қисми омузишҳои исломӣ дар Муассисаи Баъса, 1410ҳ.қ.  
  • Мӯсавӣ Омилӣ, Сайид Муҳаммад ибни Алӣ, Мадорик-ул-аҳком, Қум, Олу-л-байт, 1410ҳ.қ.  
  • Нароқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, Мустанад-уш-шиа, Қум, Олу-л-байт, 1415ҳ.қ.  
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, тасҳеҳ ва таълиқ Қучанӣ, Бейрут, Дору иҳёи-т-тураси-л-арабӣ, 1981 м.  
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Расоилу-ш-шарифу-л-Муртазо, муқаддимаи Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ ва ҷамъоварии Сайид Маҳдӣ Раҷоӣ, Қум, Дору-л-Қуръони-л-карим, 1405ҳ.қ.  
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсири-л-Қуръон, Бейрут, Дору-л-маърифа, 1412ҳ.қ.  
  • Фозил Ланкаронӣ, Муҳаммад, Маносики ҳаҷ, Қум, Амир қалам, 1423ҳ.қ.  
  • Фозили Ҳиндӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Кашф-ул-лисом, Қум, Нашри исломӣ, 1416ҳ.қ.  
  • Халил ибни Аҳмад Фароҳидӣ, ал-Айн, таҳқиқи Маҳдӣ Махзумӣ ва Иброҳим Сомарроӣ, Қум, Дору-л-ҳиҷра, 1409ҳ.қ.  
  • Хумайнӣ, Сайид Руҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Наҷаф, Дору-л-кутуб илмия, 1390ҳ.қ.  
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Муътамад-ул-урвату-л-вускӣ: Китобу-л-ҳаҷ: Моҳазороти Абулқосим Мӯсавӣ Хӯӣ, тақрири Ризо Халхолӣ, Қум, Мадрасаи Дору-л-илм, 1404ҳ.қ.
  • Шавконӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-қадир, Бейрут, Дору-л-маърифа.  
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, бо кӯшиши Баҳру-л-улум, Наҷаф, Мактабату-л-ҳайдарӣ, 1385ҳ.қ.  
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуру-л-фақиҳ, тасҳеҳ ва муқаддимаи Алӣ Акбар Ғафорӣ, Қум, Маншуроти ҷамъату-л-мударрисӣ, 1404ҳ.қ.  
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Муқнеъ, Қум, Муассисати-л-имом-ил-ҳодӣ(а), 1415ҳ.қ.  
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Ҳидоя, Қум, Муассисати-л-имом-ил-ҳодӣ(а), 1418ҳ.қ.  
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, тасҳеҳ ва таълиқ Сайид Ҳасан Мӯсавӣ Хуросон ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дору-л-кутуб исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсуту фи фиқҳ-ил-имомия, тасҳеҳ ва таълиқ Сайид Муҳаммадтақӣ Кашфӣ, Теҳрон, Мактабату-л-муртазовӣ, 1387ҳ.қ.  
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом илӣ танқеҳи шароиъи-л-ислом, Қум, Маъорифи исломӣ, 1416ҳ.қ.  
  • Шаҳҳота, Абдуллоҳ Маҳмуд, ва Муқотил ибни Сулаймон, Тафсири Муқотил ибни Сулаймон, Бейрут, Дору иҳёи-т-тураси-л-арабӣ, 1423ҳ.қ./2002 м.  
  • Яздӣ, Сайид Муҳаммадказим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Ан-нашру-л-исломӣ, 1420ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак-ул-урвату-л-вускӣ, Қум, Дору иҳёи-т-тураси-л-арабӣ, 1384ҳ.қ.  
  • Ҳалабӣ, Алӣ ибни Бурҳон, ас-Сират-ул-Ҳалабӣ, Бейрут, Дору-л-маърифа, 1400ҳ.қ.  
  • Ҳимярӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-иснод, Қум, Олу-л-байт, 1413ҳ.қ.  
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Олу-л-байт, 1412ҳ.қ.  
  • Ҷаҳизӣ, Исмоил ибни Ҳамод, Ас-сиҳоҳ, таҳқиқи Аҳмад Абдулғафури Аттор, Бейрут, Дору-л-илм ли-л-малоин, 1407ҳ.қ.