Маросими бароъат аз мушрикин

Аз wikishia
Маросими бароат аз мушрикин ҳоҷиёни эронӣ дар Беъсаи раҳбарӣ дар Арафот (соли 2023)

Маросими бароъат аз мушрикин (ба арабӣ: لبراءة من المشرکین فی الحج) аз маросимҳои ҳоҷиёни эронӣ дар маносики ҳаҷ аст, ки дар он ҳоҷиён бо шиорҳое алайҳи Амрико, Исроил ва даъвати мусулмонон ба иттиҳод, роҳпаймоӣ мекунанд.

Бароъат ва безорӣ ҷустан аз мушрикин решаи қуръонӣ ва мабнои фиқҳӣ дорад ва нахустин бор баъд аз Фатҳи Макка, ба дастури Пайғамбар (с), Имом Алӣ (а), оёти Бароъатро дар Макка хонд.

Ин маросим дар ҳаҷ, нахустин бор дар соли 1979 бо паёми имом Хумайнӣ баргузор шуд. Давлати Саудӣ бо ин маросим мухолиф буд ва дар соли 1987 ба ширкаткунандагони он ҳамла кард, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани теъдоди зиёде аз ҳоҷиёни эронӣ шуд.

Аҳамият ва хостгоҳ

Маросими бароъат аз мушрикин, як суннати динӣ – сиёсӣ аст, ки ҳарсола дар замони ҳаҷ анҷом мешавад.[1] Раҳбарони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамвора таъкид бар иҷрои ин маросим доранд то ҷанбаи сиёсии ҳаҷ, ҳамчунон ҳифз шавад.[2]

Ин маросим бо ҳадафи эълони бароъат аз сиёсатҳои истикбории куффору мушрикон ва даъват ба ваҳдати мусулмонон дар муқобила бо онон аст.[3] Мавзӯи “нафйи мушрикин” дар оёте аз Қуръон аз ҷумла: ояти 3 сураи Бақара, ояти 4 сураи Мумтаҳана[4] ояти 1 то 3 сураи Тавба ва ояти 19 сураи Анъом мавриди ишора қарор гирифтааст.[5]

Нахустин бор бароъат аз мушрикин пас аз Фатҳи Макка сурат гирифт[6] ва Худованд бо нузули оёти Бароъат (оёти аввал то даҳуми сураи Бароъат) эъломи бароъат аз мушрикинро бар Пайғамбар таклиф кард. Имом Алӣ (а) ин оётро дар маросими ҳаҷҷи соли нуҳуми қамарӣ иблоғ кард.[7] Дар бораи чароии нузули ин оёт гуфтаанд, мушрикон паймоне, ки дар сулҳи Ҳудайбия бо Пайғамбар (с) баста буданд, ки се рӯз Маккаро барои ҳаҷҷи мусулмонон хилват кунанд[8]ро нақз карданд.[9] Дар Тафсири Намуна аз нақзи мукаррари паймон тавассути мушрикон сухан гуфта шудааст.[10]

Барои иттилооти бештар, инҳоро ҳам бубинед: Иблоғи оёти Бароъат

Шеваи иҷро

Дар байни солҳои 1979 то 1987 ҳоҷиёни эронӣ ва баъзан ғайриэронӣ, пеш аз оғози маносики ҳаҷ, дар макони муайяне дар Макка ҷамъ мешаванд ва пас аз шунидани суханронӣ бо мавзӯи таҳлили ҷаҳони Ислом ва воқеаҳои ҷорӣ дар дунё, ба роҳпаймоӣ мепардохтанд.[11]

Аз солҳои даҳаи 2001 ба баъд ин маросим субҳи рӯзи Арафа дар маҳали Беъсаи раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар саҳрои Арафот,[12] бо шиорҳое ҳамчун «марг бар Исроил», «марг бар Амрико», «ё айюҳал-муслимун иттаҳиду иттаҳиду!», ва «тафриқаю ихтилоф пайравӣ аз шайтон аст» аз сӯи ҳоҷиёни эронӣ ва ғайриэронӣ дар пайи тиловати оёте аз Қуръон оғоз мешавад[13] ва дар идома, сарпарасти ҳоҷиёни эронӣ, паёми Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ду забони форсӣ ва арабӣ мехонад. Дар поён низ қатъномае хонда мешавад ва зоирон баъд аз ҳар банд, онро бо такбир таъйид мекунанд.[14]

Мабонии фиқҳӣ

Гузориш шудааст, ки дар ҷой-ҷои маросими ҳаҷ, нафйи ширк ва бароъату безорӣ аз мушрикон вуҷуд дорад. Рамйи ҷамарот ва талбия аз боризтарини ин маросимот аст, ки нафйи ширку бароъат аз он дар он вуҷуд дорад.[15] Имом Хумайнӣ дар ташреҳи бароъат аз мушрикин, ин маросимро ба шаклҳои гуногуне медонад, ки бояд ба ҳасби замон, анҷом шавад. Бар ҳамин асос, беҳтарин замону макон барои иҷрои маросими бароъат аз мушрикин, дар айёми ҳаҷ ва дар ҳарам аст; чароки дар ин сурат бештарин таъсирро хоҳад дошт.[16] Имом Хумайнӣ дар ин дастуруламал ба усули тавалло ва табарӣ истинод кардааст.[17]

Бархе аз аҳли суннат ба ин маросим бо тавваҷуҳ ба мамнуъияти ҷидол дар ҳаҷ ишкол кардаанд ва дар муқобил, фуқаҳои шиа, ин маросим ва шакли куллии онро ғайр аз ҷидол медонанд, ки сабаби мухосимаи мусулмонон нахоҳад шуд.[18]

Таърихча

Гузориш шудааст, ки ин суннат то пеш аз Инқилоби Исломии Эрон, дар маросими ҳаҷ иҷро намешуд.[19] Аз имом Хумайнӣ ба унвони эҳёгари суннати бароъат аз мушрикин дар мавсими ҳаҷ ёд кардаанд, ки пас аз Инқилоби Исломии Эрон, ин суннатро дар маросими ҳаҷ, иҷро намуд.[20] Аз ин рӯ, имом Хумайниро ба унвони поягузори рӯзи бароъат аз мушрикин медонанд.[21]

Ҳаҷҷи хунин

Мақолаи аслӣ: Ҳаҷҷи хунин

Ҳукумати Саудӣ дар давраҳои мухталиф, бо баргузории ин маросим, мухолифат доштааст.[22] Дар соли 1985, пас аз онки ҳоҷиён қасди тарки маросими бароъат аз мушрикин ва рафтан ба самти Масҷидулҳаромро доштанд, мавриди ҳуҷуми неруҳои полис ва амнияти Арабистон қарор гирифтанд. Дар ин ҳодиса, беш аз 500 ҳоҷӣ кушта ва ҳафтсад нафари дигар захмӣ шуданд.[23] Пас аз ин рӯйдод дар соли 1985, то соли 1990 аз баргузории ин маросим ҷилавгирӣ шуд, аммо аз соли 1991 ин маросим дар Мино ва Арафот баргузор мешавад.[24]

Такнигорӣ

Китоби Мабонии динӣ ва сиёсии бароъат аз мушрикон, асари Ҷаводи Вараъӣ. Ин китоб ба забони форсӣ навишта шуда ва интишороти Машъар онро чоп ва мунташир кардааст.[25]

Эзоҳ

  1. “Бароъат аз мушрикин дар ҳаҷ; амали сиёсии мунтабиқ бар дастури Қуръон”, хабаргузории ИКНО.
  2. “Чаро Ҳошимӣ ва Руҳонӣ мухолифи иҷрои маросими бароъат аз мушрикин буданд?”, хабаргузории Форс.
  3. Ҷамъе аз нависандагон, Раҳтӯшаи ҳаҷ, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.363.
  4. “Бароъат аз мушрикин дар ҳаҷ; амали сиёсии мунтабиқ бар дастури Қуръон”, хабаргузории ИКНО.
  5. Вараъӣ, Мабонии динӣ ва сиёсии бароъат аз мушрикин, 1379ҳ.ш., саҳ.51 ва 90.
  6. Даштӣ, “Бароъат аз мушрикин”, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.628.
  7. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.36-37.
  8. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, бе то, ҷ.2, саҳ.54.
  9. Ниг.: Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.89 - 90.
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.272.
  11. Даштӣ, “Бароъат аз мушрикин”, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.630.
  12. Баёт, Ҳаҷҷи 29, 1388ҳ.ш., саҳ.163.
  13. Баёт, Ҳаҷҷи 29, 1388ҳ.ш., саҳ.170–172.
  14. Баёт, Ҳаҷҷи 29, 1388ҳ.ш., саҳ.163.
  15. Вараъӣ, Мабонии динӣ ва сиёсии бароъат аз мушрикин, 1379ҳ.ш., саҳ.91.
  16. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1378ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.98.
  17. Даштӣ, “Бароъат аз мушрикин”, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.628 ва 630.
  18. Ҷамъе аз нависандагон, Раҳтӯшаи ҳаҷ, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.356.
  19. “Имом Хумайнӣ эҳёгари суннати бароъат аз мушрикин”, хабаргузории Ҷоми ҷам онлайн.
  20. Вараъӣ, Мабонии динӣ ва сиёсии бароъат аз мушрикин, 1379ҳ.ш., саҳ.7.
  21. “Манофеи ҳаҷ аз манзари Қуръон ва табаъоти бетадбириҳои Оли Сауд”, хабаргузории ИКНО.
  22. “Маросим “бароъат аз мушрикин” баргузор шуд”, хабаргузории ЭСНО.
  23. Даштӣ, “Бароъат аз мушрикин”, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.630.
  24. Даштӣ, “Бароъат аз мушрикин”, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.632.
  25. Вараъӣ, Мабонии динӣ ва сиёсии бароъат аз мушрикин, 1379ҳ.ш., саҳ.8.

Сарчашма

  • Баёт, Ҳуҷҷатуллоҳ, Ҳаҷҷи 29, Теҳрон, Машъар, 1388ҳ.ш.
  • "Бароъат аз мушрикин дар ҳаҷ; амали сиёсии мунтабиқ бар дастури Қуръон", хабаргузории ИКНО, таърихи дарҷи матлаб: 19 тири 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 4 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Вараъӣ, Ҷавод, Мабонии динӣ ва сиёсии бароъат аз мушрикон, Теҳрон, Машъар, 1379ҳ.ш.
  • Даштӣ, Муҳаммад, “Бароъат аз мушрикин”, Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳояи Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, таҳқиқи Муҳаммадҳусайн Шамсиддин, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1419ҳ.қ.
  • "Имом Хумайнӣ эҳёгари суннати бароъат аз мушрикин", хабаргузории Ҷоми ҷам онлайн, таърихи дарҷи матлаб: 4 обони 1391ҳ.ш., таърихи боздид: 4 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Саҳифаи имом, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1378ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1371ҳ.ш.
  • "Манофеи ҳаҷ аз манзари Қуръон ва табаъоти бетадбириҳои Оли Сауд", хабаргузории ИКНО, таърихи дарҷи матлаб: 12 меҳри 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 4 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • "Маросими “бароъат аз мушрикин” баргузор шуд", хабаргузории ЭСНО, таърихи дарҷи матлаб: 19 мурдоди 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 4 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • "Чаро Ҳошимӣ ва Руҳонӣ мухолифи иҷрои маросими бароъат аз мушрикин буданд?", хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 18 тири 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 11 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.